Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (385)

Қиссаи миро кардани румиёну чиниён дар илми наққошӣ ва суратгарӣ (2)

* * *

Дар фурӯ бастанду сайқал мезаданд,

Ҳамчу гардун содаву софӣ шуданд.

Румиён дари хонаро бастанд ва машғули сайқал задан шуданд ва монанди осмон содаву софу шаффоф шуданд ва даруни хонаро босафову боҷило карданд.

(Дар байти зайл Мавлоно аввалин мақсади худро аз ин ҳикоят баён медорад:)

Аз дусад ранге ба берангӣ раҳест,

Ранг чун абр асту берангӣ маҳест.

Аз дусад навъ рангу воранг будан ба берангӣ роҳе ҳаст. Ранг монанди абр аст, зеро ки мӯҷиби ҳиҷобу пӯшидагӣ аст, вале берангӣ монанди моҳест, ки ҳиҷоби абрро нуронӣ мекунад ва аз нуронӣ шудани абр метавон ба вуҷуди моҳи тобон пай бурд.

Аз дусад ранге, киноя аз касароти олами модда, ва берангӣ киноя аз ваҳдат аст.

Нукта: Берангӣ асли ҳамаи рангҳост ва ҳамаи рангҳо аз он пайдо шудааст ва саранҷоми ҳамаи рангҳо ба берангӣ бозмегардад. Ваҳдат, асли олам аст ва касратҳо мавҷудияте эътиборӣ доранд ва дубора ба асли худ мераванд. Манзури байт: агар аҳли басират бошӣ, аз намудҳои касир низ метавонӣ ба олами ваҳдат роҳ пайдо кунӣ. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.996)

Ҳар чӣ андар абр зав биниву тоб,

Он зи ахтар дону моҳу офтоб.

Дар абр ҳар чӣ нуру партав дидӣ, онро аз ситораву моҳу офтоб бидон. Бинобар ин, латофату дурахшандагии мавҷуд дар рангҳо аз берангӣ аст.

Зав: нур.

Нукта: Агар осору намудҳои ҳастиро ба унвони ойина бибинӣ, қатъан аз осор ба холиқи осор пай хоҳӣ бурд. Ин навъ дидро урафо истилоҳан “мо биҳи юнзар” гӯянд. Ва агар осору намудҳои ҳастиро мустақил бибинӣ, қатъан ба холиқи осор роҳ нахоҳӣ ёфт. Ин навъ дидро низ “мо фиҳи юнзар” гӯянд. (Ҳамон, с.996-997)

Чиниён чун аз амал фориғ шуданд,

Аз пайи шодӣ дуҳулҳо мезаданд.

Наққошони чинӣ ҳамин ки аз кори худ фориғ шуданд, барои изҳори шодмониву сурури худ таблҳо менавохтанд.

Шаҳ даромад, дид он ҷо нақшҳо,

Мерубуд он ақлро вақти лиқо.

Шоҳ омад ва нақшҳоро мушоҳида кард. Нақшҳои чиниён ақлу ҳушро аз сари бинанда мерубуд ва шоҳ аз дидани он ҳайрат кард.

Баъд аз он омад ба сӯйи румиён,

Пардаро бардошт румӣ аз миён.

Шоҳ пас аз мушоҳидаи наққошии чиниҳо ба суроғи румиён рафт ва онон пардаро аз байни ду утоқ вопас заданд.

Акси он тасвиру он кирдорҳо,

Зад бар ин софишуда деворҳо.

Акси он суратҳо ва бозтоби он амалҳоро дид, ки рӯи он деворҳои сайқалишуда афтодааст.

Ҳар чӣ он ҷо дид, ин ҷо беҳ нумуд,

Дидаро аз дидахона мерубуд.

Ҳар чӣ ки подшоҳ дар он ҷо дид, дар ин ҷо беҳтар намудор шуд, ба ҳадде ки дидаро аз хонаи чашм мерубуд ва мот мекард. (Нақшҳое, ки дар нигорхонаи чиниҳо намоён шуда буд, дар хонаи румиён беҳтару зеботар ошкор шуд.)

Румиён он сӯфиёнанд, эй падар!

Бе зи такрору китобу бе ҳунар.

Мавлоно дар ин ҷо манзури худро аз нақли ин ҳикоят баён медорад: эй падарам! Манзур аз румиён ҳамон сӯфиёнанд, ки аз китобу такрор бениёзанд ва фоқиди ҳунарҳои зоҳирианд. Хулоса, аҳли қилу қол нестанд, балки аҳли ҳоланд.

Лек сайқал кардаанд он синаҳо,

Пок аз озу ҳирсу бухлу кинаҳо.

Вале инон синаҳои худро сайқал додаанд, синаҳои худро аз озу ҳирсу кина рӯфтаву шустаанд.

Он сафои ойина, лошак дил аст,

К-ӯ нуқуши беададро қобил аст.

Сафои он ойина бегумон васфи дил аст, яъне мурод аз ин ки румиён девори хонаро ба ойинаи софе мубаддал кардаанд, васфи сафои дил аст, ки метавонад ба иқтизои ин сафо суратҳо ва нуқуши бемунтаҳоеро намоён созад.

Нукта: Имом Муҳаммади Ғаззолӣ (р) гӯяд: “Дил маҳалли ҳақоиқи ашё аст.” (Эҳёу улумид-дин, ҷ.3, с.12)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: