Перейти к содержимому

Ханҷари Тромп дар пушти ҳампаймононаш

Тромп, раисиҷумҳури Омрико, бо тасмими ногаҳониаш мабнӣ бар хуруҷ аз шимоли Сурия чӣ басо ҳадияи масмумеро ба раисиҷумҳури Туркия дода ва Ардуғон артишашро вориди доме бисёр хатарнок кардааст, ки хуруҷ аз он барояш бисёр душвор мебошад.

Таҳлили Абдулборӣ Атвон дар рӯзномаи Раъюл-явм

Бисёреҳо Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрикоро ба “ҳамоқат” муттаҳам мекунанд ва сиёсати хориҷиаш бавежа дар минтақаи Ховари Миёнаро сиёсати “шикастхӯрда” тавсиф мекунанд. Ва ин тавсиф чӣ басо дуруст бошад ва баҳсе дар ин масъала нест. Аммо тасмими ногаҳониаш барои хуруҷи нерӯҳои омрикоӣ (ду ҳазор низомӣ) аз шимоли Сурия ва тавсифи ин ҷангҳо ба масхара ва беҳудагӣ ва холӣ кардани пушти ҳампаймонони курдаш, бозтобдиҳандаи “бознигариҳои” истротежик ва эътироф ба шикаст ва коҳиши талафот ва хасоратҳое мебошад, ки то кунун ба 100 милёрд дулор ба далели дахолат ва гирифтор шудан дар ҷанги Сурия расидааст.

Лашкаркашии эҳтимолии Туркия дар ҳар лаҳзае ба шимоли Сурия барои аз байн бурдани нерӯҳои демукротики Сурия, ки аксарияти онро курдҳо ташкил медиҳанд ва дар феҳристи “теруристҳо”-и Туркия қарор дорад, барои расидан ба чандин ҳадаф сурат мегирад, ки боризтарини онҳо эҷоди “минтақаи амн” ба умқи 30 километр ва тӯли 500 километр дар замини Сурия барои искони 3.5 милюн паноҳандаи сурияӣ, ки акнун дар Туркия ҳузур доранд мебошад. Ин лашкаркаши чӣ басо як “моҷароҷӯии” бузург ва “пурҳазина” аз сӯи Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия бошад, ки натоиҷи комилан баръакс хоҳанд дошт.

Тромп, раисиҷумҳури Омрико, бо тасмими ногаҳониаш барои хуруҷ аз шимоли Сурия чӣ басо ҳадияи масмум ва бомбгузоришудаеро ба раисиҷумҳури Туркия дод ва Ардуғон артишашро вориди доме бисёр хатарнок кардааст, ки хуруҷ аз он барояш бисёр душвор аст; дақиқан монанди дом барои Арабистон дар Яман, ва барои Омрико дар Афғонистон ва Ироқ, албатта бояд пазируфт, ки тафовутҳое миёни ҳамаи ин домҳо вуҷуд дорад.

* * *

Хатарҳо алайҳи Туркия аз чандин ҷабҳа ва самту сӯ меояд ва аз ҳамон рӯзи аввали вуруди эҳтимолии нерӯҳои Туркия ин хатарҳо таҳдидаш мекунанд, ки метавон онҳоро дар нукоти зер хулоса кард:

1) Нахуст: нерӯҳои муҳоҷими Туркия худро дар баробари нерӯҳои демукротики Сурия, ки ба шакле олӣ омӯзиш дида ва аз маҳорати ҷангии болое бархӯрдоранд, мебинад. Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ин гурӯҳро бо таҷҳизоти низомии бисёр пешрафта ғарқ карда ва коршиносони низомии омрикоӣ низ бар омӯзиши аносури ин гурӯҳ дар солҳои гузашта бо ҷадидтарин шеваи низомӣ назорат карданд, аммо маҳоратҳои ҷангиро дар ҷараёни даргирии сахту хунин бо ҳимояти омрикоиҳо алайҳи гурӯҳи ДОЪИШ ба даст оварданд; ҷанге, ки тайи он муваффақ ба берун кардани ДОЪИШ аз мақарри аслиаш дар шаҳри Риққа шуданд ва поёни вуҷуди давлати хилофат шуд ва ҳазорон унсури ДОЪИШ-ро дастгир карданд.

2) Дуввум: ҳазинаи иқтисодӣ ва молии зиёди он аст, ки ин амалиёти ҳуҷумӣ метавонад дошта бошад, пас аз он низ идораи манотиқе, ки зери сайтараи Туркия меравад ва ироаи хадамоти умумӣ ба чанд милюн нафар дар ин минтақа, чӣ аз афроди муқим ва чӣ касоне, ки аз Туркия ихроҷ мешаванд. Раҳбарони Туркия барномарезӣ карда буданд, ки бахше аз бори молиро омрикоиҳо таҳаммул кунанд замоне, ки бо ин кишвар бар сари эҷоди минтақаи ҳоил дар Сурия ба тавофуқ расид, аммо хуруҷи омрикоиҳо ин бори молиро ба таври комил бар дӯши тарафи турк меандозад, он ҳам дар замоне, ки иқтисоди ин кишвар аз бӯҳронҳои иқтисодӣ ба шиддат ранҷ мебарад; бӯҳронҳое, ки чӣ басо агар Линдси Гроҳом, сенотури омрикоӣ таҳдиди худро барои эъмоли таҳримҳои иқтисодӣ бар Туркия ба далели ин тасмим (ҳамла ба шимоли Сурия) амалӣ кунад, ташдид шавад.

3) Севвум: эҳтимоли вуруди артиши арабии Сурия ба майдон ва вуруд ба рӯёрӯӣ бо нерӯҳои Туркия. Раҳбарони Сурия ҳушдор доданд, ки дар баробари ҳар гуна нақзи ҳокимияти Сурия тавассути Туркия сукут накарда ва бо ҳар гуна ҳамлае муқобила мекунанд.

4) Чаҳорум: дар сурати муваффақиятомез будани ҳамла ва сайтараи комил бар минтақа, давлати Туркия масъули “бомби соатӣ” мешавад, ки шомили вуҷуди ҳазорон унсури доъишии дастгиршуда дар зиндонҳои курдҳо аст, бо инҳо чӣ гуна таъомул хоҳад кард? Оё онҳоро муҳокима мекунад ва ба зиндон меандозад ва ҳазинаҳои боздошти онҳоро ба ӯҳда мегирад? Ва куҷо инҳоро нигаҳ медорад? Дар шимоли Сурия ё дар худи Туркия? Бавежа он ки бештари онҳо урупоӣ ҳастанд ва урупоиҳо ҳозир ба истирдоди онҳо нестанд.

Ҳолати сукуте, ки бар мақомоти Сурия ва Русия дар қиболи ин ниятҳои Туркия барои ҳамлаи низомӣ ба шимоли Сурия ҳукмфармост, аломати суолҳои зиёде матраҳ мекунад. Оё ин сукут ба далели мувофиқат ва вуҷуди тафоҳумҳое аз пеш аст, ки дар нишасти сеҷонибаи сарони Русия, Туркия ва Эрон ба он расида шуд? Ё он ки ба далели тарҷеҳи фазилати дирангу интизор аст, зеро Ардуғон борҳо таҳдид ба ин лашкаркашӣ кард, вале аз таҳдиди худ бозгашт ва дар охирин лаҳазот ақиб нишаст?

Чандин сенорию дар миёни масъулони Туркия вуҷуд дорад, ки дар бораи онҳо замзама мешавад, ки аз “муомила” ва заду банде бо назорати Русия тайи нишасти ахири сарон дар Маскав дам мезанад, ки мазмуни он чашмпӯшӣ аз ҳамлаи Туркия ба шимоли Сурия дар муқобили чашмпӯшии Туркия аз ҳамлаи эҳтимолии Сурия ва Русия барои бозпасгирии комили устони Идлиб аст, ки чӣ басо мунҷар ба паноҳ овардани аносури гурӯҳҳои мусаллаҳе, ки бар он сайтара доранд шавад, аммо бархе манобеи сурияӣ инро баъид донистанд, ва ба иборате, ин сенориюро ба таври комил рад карданд. Ин манобеи сурӣ гуфтанд, ки артиши арабии Сурия Идилбро бозпас мегирад ва низ бо ҳар гуна ишғоли сарзаминҳои Сурия чӣ дар шимоли ғарб ё шимоли шарқи Сурия муқобила мекунад ва ҳамаи онро озод хоҳад кард ҳамон тавр ки 85 дарсад аз сарзаминҳои Сурияро то кунун озод кардааст.

* * *

Ақибнишинии нерӯҳои Тромп аз Сурия ва хориҷ кардани кишвараш аз ин “ҷанги беҳуда” на фақат ханҷари масмум задан ба пушти курдҳост, ки аз ханҷар заданҳо аз пушт тавассути Омрико дар гузашта ҳаргиз дарс нигирифтанд, балки чӣ басо муқаддимае барои хуруҷи низомӣ аз ҳамаи минтақа аст, чӣ аз Ироқ, чӣ аз Арабистон ва чӣ аз Кувайт ва таътилии ҳамаи пойгоҳҳои омрикоӣ дар минтақаи халиҷи Форс ва амалӣ кардани ваъдаҳое аст, ки Тромп дар таблиғоти интихоботи риёсати ҷумҳурӣ дода буд.

Замоне, ки Тромп мақарри фармондеҳии ҳавоии худро аз пойгоҳи ҳавоии Алъадид дар Қатар ба ҷойи дигар мунтақил мекунад ва новҳои ҳавопаймобари худ ва киштиҳои ҷангиашро аз минтақаи халиҷи Форс ба уқёнуси Ҳинд мебарад ва мегӯяд, ки ҳаргиз ҳеч гуна сарзанише тавассути курдҳо ба далели даст шустан аз онҳо ва холӣ кардани пушташонро қабул намекунад, зеро онҳо дар муқобили ҷанг бо ДОЪИШ зери парчами Омрико ба пулу таҷҳизоти низомӣ даст ёфтанд, ин нишонае аз он аст, ки ин мард тасмим гирифтааст, ки кӯч карда ва аз минтақаи Ховари Миёна ба далели ҷангҳои беҳуда дар он хориҷ шавад ва тарафҳои онро ба ҳоли худашон вогузор кунад, то мушкилоташонро ҳал кунанд.

Инки Тромп бо ин суръат ва ба ин соддагӣ пушти курдҳоро холӣ кунад, бояд ба унвони “фоли шуме” барои ҳампаймонони араб бавежа саудиҳо ва дигар ҳокимони кишварҳои ҳошия бошад, ки ба ҳимоятҳои Омрико дил хуш кардаанд. Ханҷарҳои масмуми Тромп омодааст , то онҳоро дар пушту синаи муттаҳидонаш фурӯ кунад ва масъала фақат авлавитяҳо ва замон аст.

Raialyoum

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: