Перейти к содержимому

Эҳтимоли мухолифати Қазоқистон бо узвияти Эрон дар Иттиҳодияи Уруосиё

Ба қалами Виктория Панфилова дар “Независимая газета

Виктория Панфилова

Қосим-Ҷуморт Токаев ва Ҳасани Руҳонӣ, раисони ҷумҳури Қазоқистон ва Эрон, дар Ирвон (пойтахти Арманистон) ва дар ҳошияи Иҷлоси Иттиҳодияи иқтисодии Уруосиё, масоили марбут ба ҳамкорӣ ва аз ҷумла, аз тариқи Иттиҳодияи иқтисодии Уруосиёро баҳсу баррасӣ карданд. Теҳрон тарҳҳое дар хусуси ба узвият даромадани комил дар ин иттиҳодияро дорад. Аммо, дар Нурсултон аз ин тафаккур ҳимоят намекунанд.

Токаев ва Руҳонӣ дар ҷараёни музокирот дар Ирвон, дар хусуси зарурати таҳкими ҳамкориҳои мутақобил бо Иттиҳодияи иқтисодии Уруосиё сухан гуфтанд. Масоили аслӣ, ки дар ин дидор матраҳ шуд, дар робита бо ҳамкориҳои дуҷониба дар арсаҳои тиҷорӣ–иқтисодӣ ва тронзитӣ–луҷестикӣ ва кишоварзӣ буд. Раисони ҷумҳури ду кишвар дар хусуси зарурати идомаи тавсиъаи равобит миёни ду кишвар дар тамоми арсаҳои мумкин ба тавофуқ расиданд. Ва ин дар ҳолест, ки дар ин авохир, ҳаҷми мубодилоти коло миёни Қазоқистон ва Эрон то 600 то 700 милюн дулор расидааст.

Александр Караваев, узви илмии Институи иқтисодии Окодемии улуми Русия, зимни арзёбии имконоти мавҷуд дар ҳамкории Эрон бо кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии Уруосиё, хотирнишон кард, ки дар чорчӯби шуоъи озоди тиҷорӣ, миёни Эрон ва Иттиҳодияи иқтисодии Уруосиё тиҷорати мутақобил тавсиъа хоҳад ёфт. Караваев дар гуфтугӯ бо нашрияи “Независимия газета” гуфт: “Иттиҳодияи иқтисодии Уруосиё молиёти колоҳои воридотиро барои Эрон дар робита бо 502 коло ва маҳсул коҳиш додааст. Ин маҳсулот шомили писта, хурмо, анҷир, кишмиш, мигу ва ғайра мешаванд. Дар шароити эъмоли таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Эрон, ворид шудани арз ба Эрон барои иқтисоди ин кишвар зарурӣ аст ва ҷойгоҳҳои шуғлии собитеро эҷод мекунад. Эрон низ ба навбати худ, таърифа барои 864 колоро коҳиш додааст. Кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии Уруосиё содироти дору, маводди шимиёӣ, коғаз, маҳсулоти филизӣ, анвоъи таҷҳизоти меконикӣ ва барқӣ ва худравро афзоиш хоҳанд дод. Эҳтимол дорад, ҳаҷми куллии содирот то 73 дарсад афзоиш ёбад.”

Ба эътиқоди ин коршинос, пешрафтҳои мусбате бо Озарбойҷон дар Осторо дар заминаи луҷестикӣ ҳосил шудааст. Шуоъи озоди тиҷорӣ бо Эрон ангезаи лозим барои тавсиъаи зерсохтҳои тронзитӣ–луҷестикии ду кишварро эҷод мекунад. Дар робита бо ташкили шуоъи озоди тиҷорӣ, масири ҷадиди тиҷорӣ–иқтисодӣ эҷод хоҳад шуд, ки дар гоми нахуст, бар тавсиъаи куридури байналмилалии тронзитии шимол–ҷануб таъсири мусбате хоҳад дошт. Роҳи дарёӣ, тавсиъаи куридур аз тариқи дарёи Хазарро пешбинӣ мекунад, ки ба сурати мустақим Эронро ба Русия муттасил мекунад. Дар роҳҳои заминӣ, масири роҳи оҳан аз тариқи Гурҷистон ва Арманистон ва ё аз тариқи Озарбойҷон тавсиъа хоҳад ёфт.

Ба гуфтаи Жонор Тулиндинов, устоди улуми сиёсӣ, Қазоқистон аз тафаккури узвияти Эрон дар ин иттиҳодия ҳимоят намекунад. Ӯ мегӯяд: “Бо таваҷҷӯҳ ба равобити печидаи Ғарб бо Русия ва Эрон, ин раванд сиёсӣ шудани Иттиҳодияи иқтисодии Уруосиё дар баробари чашмони ҷомеаи байналмилалиро ба ҳамроҳ хоҳад дошт, ва чунин раванде боби табъи Қазоқистон нест. Барои Қазоқистон ҳамкории тиҷорӣ–иқтисодӣ бо Ғарб мавзӯи бисёр ҳассосе аст, зеро Иттиҳодияи Урупо масири аслии содироти маводди ҳидру-карбунии Қазоқистон аст ва ширкати “Тенгизшевройл”, ки саҳми омрикоиҳо дар он 75 дарсад аст, бузургтарин ширкати нафтӣ дар Қазоқистон ба шумор меравад. Бояд гуфт, ки яке аз ҳаросҳои Қазоқистон, таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия аст.

Вай дар идома меафзояд: “Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Эрон дар рӯёрӯии мустақим бо Ғарб қарор дорад, ин ҳароси Қазоқистон шиддати бештаре меёбад.”

Независимия газета

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: