Перейти к содержимому

Нуруддин Ризоӣ Лаҳистонро дар истидоди Ҳаётов айбдор донист

Нуруддин Ризоӣ, масъули равобити хориҷии Гурӯҳи 24, бо ишора ба истирдоди Мустафо Ҳаётов аз Лаҳистон ба Тоҷикистон, гуфт: “Фикри мо ин аст, ки дар ин ҷо як ҳамкорӣ, ҳамоҳангӣ ва сӯҳбатҳои пушти парда байни Лаҳистон ва Тоҷикистон шудааст. Лаҳистон дар ин ҷо комилан равшан аст, ки ҳуқуқи ин бародарро шикастааст ва ҷони як инсонро дар хатар гузоштааст. Ҳоло Тоҷикистон чӣ замонате дода, чӣ гуфтугӯе шуда ва оё бо кафолат рафта, ва ё ваъда додаанд, ки зиндонӣ намешавад ва мавориди дигар, мо иттилое надорем. Аммо ба ҳар ҳол он чи мусаллам аст ин аст, ки ин ҳамкорӣ сурат гирифта.”

Ба гузориши хабаргузории Тасним, аз соли 2014 ба баъд, ки гурӯҳҳои опозисиюни тоҷик назири Гурӯҳи 24 ва ё Ҳизби наҳзати исломӣ водор ба муҳоҷират ва фаъолият дар хориҷ аз ин кишвар ва ҳатто ҳавзаи Шӯравии собиқ шуданд, истирдоди мухолифони сиёсии тоҷик як масъала шудааст. Давлати Тоҷикистон тайи ин солҳо талош карда, то ба роҳҳои гуногун афроди опозисиюнро бозгардонад.

Бо ин ҳол, мушоҳидаи сарнавишти мухолифони сиёсии дохили ин кишвар, ки ҳамакнун умдатан дар зиндон ва ё дар озодии машруту маҳдуде қарор доранд, мӯҷиб гардид, то кишварҳои дигар, ба вежа дар Урупо, аз тариқи эътои паноҳандагии сиёсӣ, як лояи ҳифозатӣ барои ин гурӯҳҳо эҷод кунанд. Бо ин ҳол, масъалаи истирдоди мухолифон ҳамчунон вуҷуд дорад.

Охирин намунае, ки дар ин росто мавриди таваҷҷӯҳи расонаҳо қарор гирифт, масъалаи марбут ба Мустафо Ҳаётов, яке аз аъзои фаъоли Гурӯҳи 24 аст. Масъалаи Ҳаётов аз он ҷое ҷолиби таваҷҷӯҳ аст, ки вай барои муддати беш аз як сол дар Лаҳистон ва Олмон дар пайи дарёфти паноҳандагии сиёсӣ буд, ки бо мушкилоти ҳуқуқӣ мувоҷеҳ шуд. Аммо баногоҳ дар як бозаи 10 рӯза вай нопадид шуда ва ба якбора дар маркази шаҳри Душанбе видеое мунташир мекунад, ки дар он нисбат ба Гурӯҳи 24 эъломи бароат карда ва изҳор медорад, ки аз бозгашт ба ватан бисёр хушнуду хушҳол аст. Сенориюе, ки пеш аз ин низ дар бораи теъдоди дигаре аз мухолифон рӯй дода буд.

Мустафо Ҳаётов дар бахше аз видеои мунташиршудааш дар Фейсбук зимни таъкид бар ин ки вақте фаҳмид ин корҳо фоидае надорад, тасмим мегирад, ки ба кишвараш бозгардад ва мегӯяд: “Вақте ба кишвар баргаштам, ақвому хешовандонам дар фурудгоҳ ба истиқболи ман омаданд, ва ростӣ, чанд рӯз бо хешовандонам будам ва хеле хушҳолам, ки дар ватани азизам қарор дорам.”

Ин мавзӯъ дар ҳолест, ки вакили мудофеи ӯ дар Лаҳистон дар таърихи 26 сентябр (пас аз нопадид шудани Ҳаётов) ба Родию Озодӣ гуфта буд, ки Ҳаётов аз ҳукми додгоҳ дар бораи ихроҷаш ба Тоҷикистон бисёр нороҳат буд, чаро ки мегуфт, “дар ватан бо ӯ бадрафторӣ ва шиканҷа” хоҳад шуд ва “беш аз 12 сол зиндон” ӯро таҳдид мекунад.

Дар ҳамин замина, хабаргузории Тасним гуфтугӯеро бо оқои Нуруддин Ризоӣ, масъули равобити хориҷии Гурӯҳи 24 дар бораи сарнавишти Мустафо Ҳаётов, чигунагии истирдоди вай ва вокунишҳои эҳтимолии Гурӯҳи 24 дошта, ки дар идома машрӯҳи онро мехонед:

Тасним: Мустафо Ҳаётов аз чӣ замоне ба Гурӯҳи 24 мулҳақ шуд ва чӣ навъ фаъолиятҳое дар ин гурӯҳ дошт?

Ризоӣ: Мо аз соли 2014 дар Русия бо Мустафо Ҳаётов ошно шудем ва дар ҳамон сол буд, ки ӯ ба Гурӯҳи 24 пайваст. Пас аз он дар соли 2016 ва ба унвони масъули бахши эълонот дар шабакаҳои иҷтимоӣ назири Фейсбук, Твиттер, Одноклассники ва мавориди дигар дар Гурӯҳи 24 мансуб шуд.

Тасним: Моҷарои муҳоҷирати Ҳаётов ба Урупо барои раҳоӣ аз истирдоди эҳтимолӣ тавассути Русия ба Тоҷикистон ва дарёфти паноҳандагии сиёсӣ тавассути ӯ чӣ буд?

Ризоӣ: Ӯ аввалан аз тариқи Укройн вориди Лаҳистон шуд. Дар Лаҳистон ду бор дар пайи дархости паноҳандагии сиёсӣ ҷавоби радд гирифт ва баъд аз он буд, ки ба Олмон сафар кард, то дар он ҷо дубора дархости паноҳандагӣ бидиҳад. Аммо Олмон бар асоси Созишномаи Дублин ӯро дубора ба Лаҳистон бозгардонд. (Тавофуқномаи Дублин бар ин қоида устувор аст, ки ҳар паноҳҷӯе мебоист ба маҳзи вуруд, дар ҳамон нахустин кишвари узви Иттиҳодияи Урупо тақозои паноҳандагӣ бидиҳад. Ба ин тартиб, кишварҳои дигари узви иттиҳодия метавонанд он паноҳҷӯро ба кишвари мабдаъ дар Иттиҳодияи Урупо бозгардонанд). Дар ин ҷо буд, ки мустақиман ӯро дастгир карданд ва бурданд дар як кампи баста. Мустафо Ҳаётов барои муддати як солу се моҳ дар он ҷо буд.

Тасним: Дар ин муддат Гурӯҳи 24 чӣ иқдомоте барои раҳоии Ҳаётов сурат дод?

Мустафо Ҳаётов

Ризоӣ: Дар ин замон, талоши зиёде аз сӯи Гурӯҳи 24 бавежа дар ҳамкорӣ бо созмонҳои ҳуқуқи башарӣ сурат гирифт, то на танҳо ӯро аз он ба истилоҳ “зиндон” озод кунанд, балки Ҳаётов ба унвони паноҳандаи сиёсӣ пазируфта шавад. Аммо ин натиҷа надод. Дар муқобили сафоратҳои Лаҳистон дар чандин кишвар, дафтарҳои Созмони Милали Муттаҳид дар кишварҳо ва мақаррҳои намояндагии Иттиҳодияи Урупо дар бархе шаҳрҳо, баъзе эътирозоте сурат гирифт ва гуфтугӯҳо дар ин замина зиёд шуд.

Дар ниҳоят кӯшиши мо дар конфронси солонаи ҳуқуқи башари Варшав, дар Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо (САҲА) буд, ки ман дигар шахсан ва ошкоро ин қазияро матраҳ кардам ва намояндагони Лаҳистон ҳам он ҷо ваъда доданд, ки қазияро ҳатман пайгирӣ мекунанд ва иҷоза намедиҳанд, ки масъалаи истирдод амалӣ шавад. Вале ин сӯҳбати ман рӯзи 20-уми сентябр буд ва ӯро рӯзи 25-уми сентябр истирдод карданд.

Тасним: Пас аз истирдод чӣ иттифоқе барои Ҳаётов афтод? Дар ин муддат чӣ иқдомоте сурат додед?

Ризоӣ: Аз рӯзи 25-ум оқои Мустафо Ҳаётов, барои муддати 10 рӯз, яъне то 5 октябр, комилан нопадид буд ва мақомоти Лаҳистон ҳам ҳеч посухе ба мо намедоданд, ки ӯро ба куҷо истирдод карданд. Дар натиҷа мо расман ба онҳо нома навиштем, ки ӯ аз ин таърих бо мо дар иртибот нест ва ин вазъият моро нигарон кардааст, ва хоҳиш кардем, ки ба мо бигӯянд ӯ куҷост. Онҳо дар ҳамин ҳадд посух доданд, ки “мо ӯро ихроҷ кардем!”, ва дигар ҷавобе надоданд. Тоҷикистон ҳам дар ин муддат дар ин замина сукут карда буд. Баъд аз 10 рӯз хуб ҳамон видеои фейсбукӣ мунташир шуд.

Фикри мо ин аст, ки дар ин ҷо як ҳамкорӣ, ҳамоҳангӣ ва сӯҳбатҳои пушти парда байни Лаҳистон ва Тоҷикистон шудааст. Лаҳистон дар ин ҷо комилан равшан аст, ки ҳуқуқи ин бародарро ҳамчун ҳуқуқи башарро шикастааст ва ҷони як инсонро дар хатар гузоштааст. Ҳоло Тоҷикистон чӣ замонате дода, чӣ гуфтугӯе шуда ва оё бо кафолат рафта, ва ё ваъда додаанд, ки зиндонӣ намешавад ва мавориди дигар, мо иттилое надорем. Аммо ба ҳар ҳол он чи мусаллам аст ин аст, ки ин ҳамкорӣ сурат гирифта.

Тасним: Дар ин шароит Гурӯҳи 24 чӣ барномае барои Ҳаётов дорад?

Ризоӣ: Ҳадафи ҳаракати сиёсии Гурӯҳи 24 дар оянда аввал ин аст, ки ин бародари мо зери шиканҷа, бадрафторӣ ва таҳдид қарор нагирад ва ӯро зиндонӣ накунанд. Дуввум, масъалаи Лаҳистон аст; чаро ки аз ин ба баъд кори мо бо Лаҳистон аст, на бо Тоҷикистон. Яъне Лаҳистон ҳамон шахс ё ниҳоде, ки тасмим гирифта то Ҳаётовро ба Тоҷикистон таслим кунад ё депорт кунад, мо бо ӯ сару кор дорем ва бояд посухгӯ бошад. Қазия алъон рӯи мизи додгоҳи ҳуқуқи башари Урупо аст, ки мақарри он дар Фаронса мебошад. Қазияро матраҳ кардем ва ба зудӣ парванда боз мешавад ва ба зудӣ афроде, ки дар ин қазия даст доштаанд, чӣ шахс ва ниҳод ва ё ҳатто худи ҳукумат, мо бо он сару кор хоҳем дошт.

Тасним: Ахиран яке аз мавзӯоти мушобеҳе, ки рӯй дод, масъалаи Шарофуддин Гадоев буд. Вай аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шуд, пас аз он ӯ низ видеое мунташир кард, ки дар он аз давлату кишвар тамҷид мешуд ва дар ниҳоят дидем, ки бо пайгирии урупоиҳо ва дигар гурӯҳҳои опозисиюн, Гадоев озод шуд ва ба Ҳуланд бозгашт. Оё эҳтимоли ин ки чунин иттифоқе барои Ҳаётов ҳам биафтад вуҷуд дорад?

Ризоӣ: Хуб, аз тарафи мо тамоми талошу кӯшишҳо барои озодии ӯ сурат мегирад, аммо эҳтимоли рӯй додани чунин иттифоқе заъиф аст. Тафовути аслии ин ду парванда он аст, ки Шарофуддин Гадоев паноҳандагии Ҳуландро дошт, аммо Ҳаётов паноҳандагии Лаҳистонро надорад. Ва ин мавзӯъ корро душвор мекунад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: