Перейти к содержимому

Посухи курдҳо ба ҳамалоти артиши Туркия

Нерӯҳои демукротики Сурия (курдҳо) дар посух ба ҳамалоти артиши Туркия, шаҳри марзии Насибини Туркияро ҳадафи ҳамалоти хумпораӣ қарор доданд.

Соатҳое пеш расонаҳо аз гулӯлаборони шаҳри Насибини Туркия ба дасти нерӯҳои демукротики Сурия хабар доданд. Шибҳинизомиёни курд ҳамчунин дар вокуниш ба ҳамалоти ҳавоӣ ва тӯпхонаии Туркия, чоҳҳои нафт дар устони Ҳасакаро оташ заданд.

Пеш аз ин Кину Гобрил, сухангӯи нерӯҳои демукротики Сурия (Қасад) дар гуфтугӯ бо шабакаи Sky News Arabia бо баёни ин ки артиши Туркия ба ҳеч як аз аҳдофи худ дар Сурия нахоҳад расид, гуфт, ки нерӯҳои Қасад тавоноии посух ба ҳамалоти артиши Туркияро доранд.

Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, соатҳое пеш аз оғози амалиёти низомӣ алайҳи шибҳинизомиёни курд дар шимоли Сурия хабар дод.

Як манбаи расонаӣ дар ин бора ба пойгоҳи хабарии Enabbaladi гуфт, ки ҳавопаймоҳои ҷангии Туркия ҳафт минтақаи марзӣ дар шимоли Сурияро бомбборон кардаанд. Ба гуфтаи вай, ҳавопаймоҳои ҷангӣ силуҳои мавҷуд дар шаҳри Раъсулайн ва атрофи рустои Мишрофо ва рустои Айниисо дар шимоли Риққаро ҳадаф қарор додаанд.

Ӯ ҳамчунин аз гулӯлаборони рустои Ҷарнак дар се километрии шаҳри Қомишлӣ хабар дод ва гуфт, ки бисёре аз сокинони минтақаи Раъсулайн дар ҳоли фирор ба самти шаҳри Таллиабяз ҳастанд. Хабаргузории Анҳо (вобаста ба курдҳои Сурия) низ аз бомбборони рустои Сафаҳ воқеъ дар ғарби шаҳри Раъсулайн хабар дод.

Хабаргузории CNN Туркия низ гузориш дод, ки ҳавопаймоҳои ҷангии артиши Туркия аз пойгоҳи ҳаштуми ҳавоӣ дар устони Диёрбакр ба парвоз даромадаанд. Тибқи охирин гузоришҳо, то кунун 7 тан кушта ва 23 нафари дигар дар ин ҳамалот захмӣ шудаанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: