Перейти к содержимому

Эрон дар барзахи миёни курдҳо ва Туркия

Кучактарин ҳимояти Эрон аз Туркия дар қиболи ҳамла ва таҷовуз ба курдҳои Сурия, бо вокуниши тунди курдҳо аз Сурия то Туркия, Ироқ ва бахусус ҷомеаи курди Эрон мувоҷеҳ мешавад. Аз ин рӯ барои он ки ин ҳассосиятҳо ҳам аз ҷониби курдҳо рӯй надиҳад, Эрон саъй дорад ҳатталмақдур худро вориди парвандаи курдҳо накунад, то на аз ҷониби давлати Туркия ва на аз ҷониби ҷомеаи курдӣ ба мушкил бархӯрд накунад.

Ба қалами Абдурраҳмони Фатҳуллоҳӣ, коршиноси масоили минтақа, дар пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Irdiplomacy

Абдурраҳмони Фатҳуллоҳӣ, коршиноси эронии масоили минтақа

Ин рӯзҳо, ки Дунолд Тромп худро даргири масъалаи истизоҳ ва корзори интихоботӣ мебинад, барои коҳиши дардисарҳои худ аз як сӯ ва амал ба ваъдаҳои интихоботиаш аз сӯи дигар, дастур ба хуруҷи нерӯҳои низомии омрикоӣ аз шимоли Сурия додааст. Инҳо илова бар он аст, ки эҳтимолан бо сангинтар шудани достони “Украинагейт” ва пуррангтар шудани истизоҳи Тромп, ки ҳатто то марзи эҳзори расмии Мойк Пенс, муовини аввали вай ҳам кашида шудааст, раисиҷумҳури Омрико тамоюли зиёде пайдо кунад, ки дубора афкори умумӣ ва низ зеҳни сохтори сиёсии Иёлоти Муттаҳидаи Омрикоро аз масъалаи истизоҳ мунҳариф кунад. Аз ин рӯ хуруҷи нерӯҳои низомии Омрико аз манотиқи таҳти нуфузи курдҳои Сурия дар шарқи Фурот, метавонад як тиру чанд нишони ҳамзамони Тромпро муҳаққақ кунад.

Бимонад, ки курдҳои Сурия тайи солҳои ҷанг дар ин кишвар рӯи муттаҳиди ба шиддат ғайриқобили эътимод (Омрико) ҳисоб боз карда буданд, аммо ба назар мерасад, ки акнун муносиботи вежаи Онкоро–Вошингтун баъд аз печу тобҳои фаровони ношӣ аз хариди сомонаи S-400 ва талоши Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия барои дар ихтиёр гирифтани сомонаи S-500 ва ба дунболи он ихтилофи ду кишвари Туркия ва Омрико бар сари фурӯши ҳавопаймоҳои F-35 ба тарафи туркӣ, масири дигареро барои ду тараф гушудааст.

Дар ин росто акнун Кохи сафед бо холӣ кардани шимоли шарқи Сурия ва нодида гирифтани барномаҳои худ бо курдҳои ин кишвар, роҳ барои афзоиши умқи нуфузи Онкоро дар муҳимтарин ва ҳассостарин ва ба иборате, чолишбарангезтарин минтақаи таҳти нуфузи курдҳо ба унвони таҳдиди шумораи яки Туркия боз кардааст.

Агарчӣ Дунолд Тромп Онкороро таҳдид кардааст, ки агар артиши Туркия хориҷ аз маҳдуда ва барнома дар шимоли шарқи Сурия вориди амал шавад, иқтисоди ин кишвар (Туркия)-ро нобуд хоҳад кард ва ҳамин таҳдид ҳам арзиши лири Туркияро ба поинтарин ҳадди худ дар моҳи ҷорӣ (октябр) расонд, аммо дар ниҳоят ин суханон нисбат бо таҳаввулоти майдонӣ танҳо як ташари сиёсӣ аз ҷониби раисиҷумҳури Омрикост. Чаро ки агар курдҳои Сурия аз аҳаммияти роҳбурдӣ барои Вошингтун бархӯрдор буданд, Тромп ба нерӯҳои низомии омрикоӣ барои хуруҷ аз шимоли шарқи ин кишвар дастур намедод.

Ҳатто агар бипазирем, ки Тромп бидуни ҳамоҳангӣ бо ҳайати ҳокимаи Иёлоти Муттаҳида даст ба хуруҷи низомии нерӯҳояш аз Сурия зада, наметавон пазируфт, ки ин тасмими раисиҷумҳури Омрико сирфан як иқдоми фардӣ ва такравона будааст, чун ба ҳар ҳол сохтори сиёсии Омрико аз моҳҳо ва ҳатто солҳо пеш нисбат ба нигоҳи Тромп дар қиболи хуруҷи нерӯҳои низомӣ аз бархе манотиқ монанди Сурия огоҳӣ дошта, аз ин рӯ наметавон гуфт, ки ин иқдоми Тромп бидуни чароғи сабзи ҳайати ҳокима дар Омрико буда ва ин бад-он маъност, ки Кохи сафед дар пушти парда даст ба муомилаи бузургтаре бо Туркия задааст. Ҳарчанд, ки ин воқеиятро ҳам бояд бипазирем, ки хуруҷи нерӯҳои низомии Иёлоти Муттаҳидаи Омрико аз шимоли шарқи Сурия ба маънои поёни ҳузури омрикоиҳо дар Сурия нахоҳад буд.

Аммо дар ин миён масъалае, ки набояд аз нигоҳҳо дур бимонад нигоҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо мақулаи курдҳо ва бахусус курдҳои Сурия аст.

Дар ин росто парвандаи курдҳо ҳамвора барои Теҳрон аз абъоди гуногун маҳалли чолиш будааст. Аз ин рӯ Эрон ҳатталмақдур дар қиболи он даст ба асо ва муҳофизакорона бархӯрд кардааст магар дар мавоқеъе, ки бо амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон рабт пайдо кунад, мисли он ҷо, курдҳои Ироқ бо баргузории ҳамапурсии Иқлими Курдстон дар сентябри 2017 дар назар доштанд, ки амнияти миллии Эронро ба таври мустақим ва ғайримустақим таҳтушшуъо қарор диҳанд. Дар он сурат Теҳрон бархе мулоҳизоти сиёсӣ ва диплумотикро канор мегузорад ва дар як пӯстандозӣ, аз ҳолати муҳофизакорӣ ва даст ба асоӣ хориҷ шуда ва вориди фози бархӯрди қаҳрӣ мешавад. Аммо дар соири маворид аз Курдистони Туркия то Курдистони Сурия ҳамвора Эрон саъй доштааст худро канор бикашад, то аз ҳошияҳо ва паёмадҳои он масун бимонад. Бахусус, ки дар тӯли солҳои гузашта давлати мустақар дар Онкоро ҳамвора Ҷумҳурии Исломии Эронро аз ҳомиёни ПКК медониста, ҳамон тавр ки назири ин иттиҳомоти Туркия ба Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои урупоӣ низ ворид шудааст.

Пайрави ин нукот, дар шароити кунунӣ ва дар сояи таҳаввулоти минтақаи Ховари Миёна хусусан бо таваҷҷӯҳ ба ташдиди тахосуми Эрон ва Арабистони Саудӣ, ки бо ҳамла ба таъсисоти нафтии Оромку ба авҷи худ наздик шудааст, яқинан Теҳрон ба як муттаҳиди минтақаӣ ниёзманд аст ва чӣ муттаҳиде беҳтар аз Туркия, ки яқинан яке аз се зилъи сегонаи қудрат дар ғарби Осиё дар канори Эрон ва Арабистони Саудӣ аст. Аз ин рӯ ба ҳар мизон, ки Теҳрон битавонад Онкороро дар таҳаввулоти ҷории минтақа — аз “Исроил” то Яман, Лубнон, Фаластин ва бахусус Сурия — ба самти худ бикашонад, ба ҳамон мизон вазни сиёсӣ ва диплумотики Эрон дар Ховари Миёна бештар хоҳад шуд.

Аз ин рӯ Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҳам дар масъалаи курдҳои Туркия (ПКК) ва ҳам дар қиболи парвандаи курдҳои Сурия дар тӯли беш аз 7 соли ҷанги дохилӣ дар ин кишвар, ба таври ҷиддӣ, ончунонки дар дигар манотиқи Сурия, бавежа манотиқи марказӣ ва ҷанубии ин кишвар вориди амал шуд, дахолат накард, то мабодо бо убур аз хатти қирмизҳои Онкоро дар қиболи курдҳои Туркия ва Сурия, равобит ва муносиботи истротежик ва бисёр ҳоизи аҳаммиятм Эрон ва Туркия, бахусус дар ин рӯзҳои ҳассос дучори хадша нашавад.

Дар ин росто ҳатто нигоҳи муҳофизакоронаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар қиболи Туркия дар таҳаввулоти Сурия ба қадре пурранг аст, ки доманаи он аз курдҳои Сурия убур карда ва ҳатто тайи моҳҳои ахир Эрон ба ночор дар хусуси масъалаи Идлиб ва ҳимояти Онкоро аз Ҷабҳатуннусра низ сукут кардааст ва дар ин робита шоҳиди вокуниши амалӣ дар поён додан ба парвандаи Идлиб ҳам нестем, то ин парванда (Идлиб) ҳам, ки ҷузъи хатти қирмизҳои Туркия аст, дубора равобити Онкоро–Теҳронро таҳтушшуъо қарор надиҳад.

Вале ин поёни достон нест. Чун илова бар ҳассосияти Онкоро дар қиболи курдҳои Сурия ва Туркия, Эрон дар он сӯ бо ҳассосиятҳои ҷомеаи курдӣ низ мувоҷеҳ аст. Ин ҳассосият барои Ҷумҳурии Исломии Эрон замоне ҷиддитар мешавад, ки бахше аз Курдистон дар хоки Эрон қарор дорад. Аз ин рӯ кучактарин ҳимояти Эрон аз Туркия дар қиболи ҳамла ва таҷовуз ба курдҳои Сурия, бо вокуниши тунди курдҳо аз Сурия то Туркия, Ироқ ва бахусус ҷомеаи курди Эрон мувоҷеҳ мешавад. Аз ин рӯ барои он ки ин ҳассосиятҳо ҳам аз ҷониби курдҳо рӯй надиҳад, Эрон саъй дорад ҳатталмақдур худро вориди парвандаи курдҳо накунад, то на аз ҷониби давлати Туркия ва на аз ҷониби ҷомеаи курдӣ ба мушкил бархӯрд накунад.

Танҳо вокунише, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон дар қиболи таҳаввулоти ахир баъд аз хуруҷи нерӯҳои омрикоӣ аз шимоли шарқи Сурия ва ҳамлаи низомии артиши Туркия ба курдҳо доштааст, интишори баёнияи 8 октябри Вазорати умури хориҷа мабнӣ бар адами таҷовузи Туркия ба хоки Сурия ва мухолифат бо ҳар гуна ҳамла ба курдҳои ин кишвар буд, ки ин даст мавозеъ ҳамвора ҷузъи мавозеи усулӣ ва роҳбурдии Ҷумҳурии Исломии Эрон буда, ки дарбардорандаи мантиқи дурусти диплумотик мабнӣ бар адами таҷовуз, ҳамла ва дахолати дигар бозигарони хориҷӣ дар умури кишваре монанди Сурия ва ҳаллу фасли масоил аз тариқи гуфтугӯҳои сурӣ–сурӣ аст, ҳамон тавр ки назири ҳамин мавозеъ барои бӯҳрони Яман, Афғонистон, Фаластин ва дигар муноқишот низ матраҳ будааст.

Пайрави ин нукот, Ҷумҳурии Исломии Эрон то ба акнун, монанди Иёлоти Муттаҳидаи Омрико даст ба интихоби ниҳоии худ миёни курдҳо ва давлати Туркия назадааст ва ба назар намерасад, ки даст ба интихоб ҳам бизанад. Чун ба ҳар ҳол ногуфта пайдост, ки дар сояи истиқрори Эрон дар Ховари Миёна ва ба дунболи он иқтизооти жеупулитик ва жеуистротежики курдҳо дар Эрон, Туркия, Сурия ва Ироқ аз як сӯ ва ниёзи мубрами Теҳрон ба давлати Онкоро дар дигар сӯ, наметавон ба роҳатӣ, ки Дунолд Тромп ҷониби Ардуғонро гирифт, даст ба интихоб зад. Чаро ки интихоби ҳар як аз тарафайн ба маънои аз даст рафтани бахше аз манофеи Эрон дар минтақа хоҳад буд. Пас Ҷумҳурии Исломии Эрон камокон бозии худро бо давлати Онкоро ва курдҳои Сурия ва Туркия хоҳад дошт, то аз сӯи ин бозӣ, манофеи ҳаддиаксариро касб кунад.

Irdiplomacy

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: