Перейти к содержимому

Тромп ва Теҳрон Ховари Миёнаро такон доданд

Тазаккури Кимиёи саодат: Ин ёддошт фақат барои ошноӣ бо таҳлилҳои коршиносони омрикоӣ аз ҷумла ҳамин оқои Тумос Фридман оварда шудааст, ва ба ҳеч ваҷҳ бо дидгоҳҳои ӯ дар ин ёддошт дар бораи низоми мавҷуд дар Эрон, ки нигоҳе бисёр манфӣ ва омехта бо нафрат аст намебошад. Албатта, аз фарде мисли Тумос Фридман, ки яке аз пару поқурстарин ҳомиёни режими “Исроил” аст, таваққӯе ҷуз ин намеравад, ки нисбат ба низоми ҳоким дар Эрон нигоҳи манфӣ дошта бошад.

Ёддошти Тумос Фридман, сутуннависи номдори рӯзномаи The New York Times

Агар шумо гумон мекунед, ки хуруҷи нерӯҳои омрикоӣ аз Сурия Ховари Миёнаро инфиҷоритар мекунад, ҳақ бо шумост. Аммо чизҳои бештаре ҳам дар роҳ аст. Ин нерӯҳо ҳамчунин музоҳими талошҳои Эрон буданд барои эҷоди як пули заминӣ аз Теҳрон то Бейрут. Ин нерӯҳо сипаре бар гирди Исроил маҳсуб мешуданд. Бинобар ин, ақибнишинии ин нерӯҳо, метавонад ҷанги сояи Эрон-Исроилро офтобӣ кунад. Ин, ҳамон моҷарои воқеан бузурги Ховари Миёнаи имрӯз аст.

Ин ҳам, пешзаминаи ин моҷаро: дар бомдоди 14 сентябр нерӯи ҳавоии Эрон ба самти ҳудуди 20 воҳид аз муҳимтарин майдонҳои нафтии Арабистон мушак партоб кард. Паҳподҳо ва мушакҳои Круз дар иртифои хеле поин ва чунон родоргурез парвоз карданд, ки на партоби онҳо ва на наздикии онҳо ба макон тавассути родорҳои саудӣ ё омрикоӣ ташхис дода нашуданд. Шибҳинизомиёни Ҳусии мавриди ҳимояти Эрон дар Яман масъулияти ҳамларо бар ӯҳда гирифтанд, (аммо) ин ҳамон қадр боварпазир аст, ки Бобо Нуел бигӯяд ӯ ин корро анҷом дода.

Бархе аз назарияпардозони исроилӣ мегӯянд, ин юриши такондиҳанда ҳамон Pearl Harbor-и Ховари Миёна буд. (Ишора ба ҳамлаи Жопун ба бандари Pearl Harbor-и Омрико, ки Вошингтунро вориди ҷанги ҷаҳонии дуввум кард). Шояд ин бузургнамоӣ бошад, шояд ҳам на.

Ҳар касе, ки дар Теҳрон идеяи ин ҳамлаи ҳавоии ҷасуронаро дода, эҳтимолан ҳоло ташвиқи хубе гирифта. Натиҷаи ин ҳамла беҳтар аз ин намешуд. Чаро? Барои ин ки ҳоло садоҳое, ки аз тамоми пойтахтҳои арабӣ ва Исроил ба гӯш мерасад, ҳамон садои якнавохте аст, ки ҳангоми берун шудани мошинатон аз роҳ, аз дастёри худкори мошин ба гӯшатон мерасад: бозсанҷӣ, бозсанҷӣ, бозсанҷӣ!

Акнун ҳамаи кишварҳо дар ҳоли муҳосибаи муҷаддад ва бозсанҷии истротежии амниятии худ ҳастанд. Ва ин масъала бо Исроил шурӯъ мешавад. Бибинед, Узи Эвен (Uzi Even) — яке аз донишмандони бунёнгузори таъсисоти атомии “Димуно” (Dimona) дар Исроил чӣ арзёбие дошт. Ӯ дар Ҳоаретз менависад:

Дар маҷмӯъ 20 паҳпод ва мушаки Круз дар ин ҳамла истифода шуд… Лошаҳои ёфташуда аз ин паҳподҳо дар Арабистони Саудӣ нишон медиҳад, ки эрониҳо дар ҳоли сохтан ва амалиётӣ кардани паҳподҳои чунон пешрафта (бо қобилиятҳои махфикории фавқулода) ҳастанд, ки дар ин ҳавза чизе кам аз тавонмандиҳои Исроил надорад… Дар ин бомбборони ҳамоҳанг, ба 17 ҳадаф мустақиман осеб расид. Бо дар назар гирифтани 20 партобе, ки тиккаҳои онҳо дар маҳалли ҳодиса пайдо шуд, метавон гуфт, ки мизони муваффақияти ин ҳамла 85 дарсад буд; чизе, ки тавонмандии бисёр боло ва қобили эътимод будани фанноварии истифодашударо нишон медиҳад.

Таркиби паҳпод ва мушаки Круз дар задани аҳдофи дақиқ бисёр муассир амал карда ва эҳтимолан барои аҳдофи ғайрисобит низ чунин бошад. Тасовири мунташиршуда мизони диққате, ки дар ин ҳамла ба кор рафтаро нишон медиҳад. Дар як тасвир мушоҳида мешавад, ки ҳар кадом аз тонкерҳои гоз, аз маркази худ ҳадафи исобати мушак қарор гирифта. Тасовир ҳамчунин нишон медиҳад, ки диққати ҳамла то як метр буда, ки бисёр беҳтар аз чизе аст, ки бо ҳидояти моҳвораӣ имкон дорад…

Эрониҳо ё гурӯҳҳои мавриди ҳимояти онҳо нишон доданд, ки метавонанд аҳдофи мушаххасро бо диққати боло ва махсусан аз фосилаи чанд ҳазор километрӣ бизананд. Мо бояд ин воқеиятро бипазирем, ки акнун дар муқобили чунин ҳамлае осебпазир ҳастем. Реоктури атомии Димуно бояд таътил шавад. Акнун мушаххас шудааст, ки ин (нерӯгоҳ) осебпазир аст ва хасорате, ки метавонад ба дунбол оварад, эҳтимолан аз манофеи он фаротар хоҳад рафт.”

Рӯзи кории баде барои Эрон набудааст, он ҳам дар ҳоле, ки ҳатто ҳадаф Исроил набудааст. Ҳоло ба арабҳо нигоҳе биандозем. Саудиҳо ва Амороти Арабии Муттаҳида аз ин ҳамлаи Эрон ду шок дарёфт карданд. Ин ҳамла, ҳамзамон диққати (ҳамалоти) Эрон ва инзивоталабии Дунолд Тромпро ошкор кард.

Тамоси саудиҳо бо Вошингтун эҳтимолан барояшон мисли як души оби сард буда, чаро ки вақте аз Иёлоти Муттаҳида хостанд дар мавриди посухи Омрико (ба Эрон) баҳс кунанд, тоза дарёфтанд, ки раисиҷумҳури мо саргарми пайдо кардани шумораи телефони Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон будааст, ба ин умед, ки шояд битавонад бо ӯ ҳам ба ҳамон тавофуқе бирасад, ки бо Ким Ҷунг Ун, диктотури Куреи шимолӣ расид: як акси ёдгорӣ бо ман бигир, баъд метавонем бо ҳам кор кунем!

Тарҷумаи арабии паёми Тромп ба аъроби халиҷи Форс ин гуна мешавад: “Ёдам рафта буд ба шумо бигӯям. Ман фақат дунболи фурӯши таслеҳотамон ҳастам — на ин ки аз ин таслеҳот барои дифоъ аз шумо истифода кунам. Аммо агар ба Вошингтун сафар кардед, фаромӯш накунед, ки дар ҳутели ман иқомат кунед! Ходимони ҳутел омодаи хидматрасонӣ ҳастанд.”

Саудиҳо ва аморотиҳо паёмро гирифтанд. Онҳо ҳам (мисли Тромп) машғули пайдо кардани шумораи телефони раҳбарони Эрон ва ҳамчунин амири эрондӯсти Қатар ҳастанд. Вақташ аст, ки авзоъи равобит бо ҳамсоягон рӯ ба роҳ шавад.

Ин, дар эътилофи зиддиэронии зимнии Иёлоти Муттаҳида-аъроб-Исроил ҳам тарак эҷод карда ва боис шуда, то Исроил худро дар тақобул бо Эрон — ва нерӯҳои ниёбатиаш дар Лубнон, Сурия ва Ироқ — танҳотар аз ҳар замони дигаре биёбад.

Ҳатто Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири Исроил ҳам ҳамзамон ду бор ҷуръае аз воқеияти Тромпро таҷриба кардааст. Баъд аз амалкарди заъифи Натонёҳу дар интихоботи ахири Исроил, Биби (Биби киноя аз Натонёҳу аст) фаҳмид, ки Тромп чӣ қадр аз бозандаҳо бадаш меояд. Вақте аз Тромп пурсида шуд, ки оё баъд аз интихобот бо Биби сӯҳбат карда, ӯ бо лаҳне сард гуфт, ки бо Натонёҳу сӯҳбат накарда, чун “робитаи мо бо Исроил аст”.

Тарҷумаи ибрии ҳарфҳои Тромп ин гуна мешавад: “Биби? Кӣ ҳаст? Як замоне як ҷавонеро мешинохтам, ки дар дӯконе дар хиёбони 55-и Лексингтун зиндагӣ мекард. Исмаш Биби буд.”

Баъд ҳам, пас аз ҳамалоти эрониҳо ба Арабистон, Тромп эълом кард, ки вақте баҳси ҷанг бо Эрон матраҳ бошад, “мо қатъан мехоҳем аз он дурӣ кунем.” Боз ҳам, тарҷумаи ибрии он ин гуна мешавад: “Омрико аз идомаи таҳрими нафтии Эрон хурсанд аст, аммо қарор нест бо Исроил ва аъроб, барои тағйири низом ё ҳамлаи низомӣ барои тахриби тавонмандиҳои Эрон, ҳамроҳ шавад.”

Бардошти Биби аз чорчӯби фикрии Тромп ба куллӣ ғалат буд. Тафаккури Тромп ин аст, ки “мо ғарқ дар нафту гозем. Худро даргири ҷанги дигарон дар Ховари Миёна намекунем.” Эрониҳо дар Вошингтун ҳатто сафоратхона ҳам надоранд. Аммо Тромпро хуб шинохтаанд.

Бозсанҷӣ, бозсанҷӣ, бозсанҷӣ!

Арабҳои халиҷи Форс билохира роҳе барои канор омадан бо эрониҳо пайдо мекунанд. Аммо Исроил наметавонад. Исроил воқеан мушкиле ба номи Эрон дорад. Ҳавоссатон бошад!

Эрон режими ваҳшатноке аст. Руҳониҳои ҳоким ҳаддиақал ду насл аз эрониёнро маҳрум кардаанд. Карим Саҷҷодпур, коршиноси Ховари Миёна дар маркази Корнегӣ мегӯяд: “Дар ҳоле, ки мардуми Эрон орзу доранд монанди Куреи ҷанубӣ бошанд – ва истеъдоди онро доранд – раҳбарии тундрави Эрон тарҷеҳ медиҳад, ки монанди Куреи шимолӣ ҳукумат кунад.”

Бинобар ин, инқилобиҳои эронӣ барои тавҷеҳи саркӯби дохилии бераҳмонаи худ, ниёз ба даргирии мудовим бо Омрико ва Исроил доранд. Аммо Эрон тамаддуни бузурге аст, ҳатто бо вуҷуди фирори мағзҳо, ҳанӯз истеъдодҳои илмии зиёде дорад.

Эрон акнун талош мекунад бо гурӯҳҳои шибҳинизомии мавриди ҳимояти худ монанди Ҳизбуллоҳ дар Лубнон, шибҳинизомиҳо дар Сурия ва ғарби Ироқ, ки мусаллаҳ ба мушакҳои ҳидоятшавандаи дақиқ ҳастанд, Исроилро муҳосира кунад. Вожаи “дақиқ” воқеан муҳим аст. Дар ҷанги байни Ҳизбуллоҳ ва Исроил дар соли 2006, Ҳизбуллоҳ бо теъдоде аз мушакҳои гунг, контролнашаванда ва “сатҳ ба сатҳ” Исроилро бахусус шимоли Исроилро зад. Дар Ғазза низ ҳамин тавр буд.

Аммо аз соли 2016 Эрон фанновариҳое ба Ҳизбуллоҳ мунтақил кардааст, ки ин гурӯҳро қодир ба сохти мушакҳои бисёр дақиқ ва нуқтазан – монанди мушакҳое, ки ба таъсисоти нафтии саудӣ партоб шуданд – кардааст. Мушаххас нест Ҳизбуллоҳ (алъон) чӣ теъдод (мушаки нуқтазан) дорад, аммо агар фақат 150 адад дошта бошад, метавонад тамоми аҳдофи иқтисодӣ ва низомии муҳим дар Исроилро бизанад. Ин шомили банадарҳо, фурудгоҳҳо, нерӯгоҳҳо, реоктурҳои атомӣ ва шабакаи ширкатҳои нармафзорӣ ва фанноварии Исроил мешавад. Метавонад Исроилро фалаҷ кунад.

Дар партави ин мавзӯъ, Исроил ду чизро ба Ҳизбуллоҳ ва Эрон паём додааст. Нахуст ин ки дар вокуниш ба ҳар гуна ҳамлаи мушакӣ, Исроил тамоми манотиқи Лубнонро, ки хонаводаҳои Ҳизбуллоҳ зиндагӣ мекунанд ва корхонаҳои сохти мушаки он қарор доранд, бо бомб хоҳад зад ва иқтисоди Лубнон ҳам ба ҳамон андоза осеб хоҳад дид.

Ва дигар паём ба Эрон, ки ҳар замон ки Телавив тавассути ноибони шумо зада шавад, мо Теҳронро хоҳем зад. Наметавонед хориҷ аз ин ҷанг биншинед. Ва наметавонед моро аз ҷанг битарсонед.

Бинобар ин, Ховари Миёна мумкин аст акнун ором ба назар бирасад, аммо ин як таваҳҳум аст. Ҳама дар ҳоли бозсанҷӣ (муҳосибаи муҷаддад) ҳастанд: эрониҳо ҷасур шудаанд, арабҳо тарсидаанд ва Исроил ва Эрон танҳо як хатои муҳосиботӣ то ҷанги мушакҳои дақиқ, ки ҳеч кадом таҳаммулашро надоранд, фосила доранд.

The New York Times

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: