Перейти к содержимому

Умри дурӯғ кӯтоҳ аст // Чаро имперотурии “Фюрер” фурӯ рехт?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ҳамон тавр ки инсонҳо бар фитрати ростӣ офарида ва сиришта шудаанд, ҷаҳони ҳастӣ низ бар асоси ростӣ ва дурустӣ ва адолат барпо шудааст. Ба сухани дигар, инсонҳо – қатъи назар аз ақоиду афкор ва гароишҳояшон, чӣ ин ки Худобовар бошанд ва чӣ мулҳид – хештанро чунон меёбанд, ки ростиву дурусткориву адолатро дӯст доранд ва аз зидди ин сифатҳо яъне дурӯғу калаку ситам мутанаффиранд. Касе дар дунё ёфт намешавад, ки бигӯяд, ман дурӯғро дӯст дорам, ё бигӯяд, ман аз адолат хушам намеояд. Ва агар касе ҳам пайдо шавад, ки дурӯғ мегӯяд ва ё зулм мекунад, ҳам ӯ дар умқи замираш аз дурӯғу зулм мутанаффир аст. Ва ба ҳамин далел аст, ки ҳатто дурӯғгӯйтарини афрод суханони дурӯғи худро дар либоси сухани рост арза мекунанд; зеро медонанд дурӯғ харидор надорад, ва ё золимтарини инсонҳо рафторҳои золимонаи хешро дар андоми рафтори одилона ба намоиш мегузоранд. Диктотурҳои дунё ҳаргиз нагуфтаанд ва намегӯянд, ки рафторашон носаҳеҳу золимона аст, балки мегӯянд, кирдорашон одилона ва балки айни адолат аст.

Ҳамчунин аст вазъи ҷаҳони ҳастӣ. Ҷаҳони ҳастӣ низ бар пояҳои ростӣ, дурустӣ ва адолат барпост. Он чӣ дар дунё ҳоким ва пойбарҷост, ин ростӣ аст, дурусткорӣ аст, адолат аст, на дурӯғу калаку зулм. Оё давлатеро дар дунё суроғ доред (ҳатто золимтарини ҳукуматҳо), ки қавонинаш бар мабнои дурӯғу зулм тарҳрезӣ шуда бошанд? Ҳаргиз! Ин аст, ки гуфтем, ҷаҳони ҳастӣ — дуруст мисли худи инсон — бар асоси ростӣ ва дурустӣ ва адолат барпо шудааст.

Шояд бигӯед, агар чунин аст, пас чаро дар тӯли таърих ҳукуматҳои золиму ситампеша, дар қиёс бо ҳукуматҳои адолатпеша, бештар ва ҳатто ғолиби ҳукуматҳо золиму ситамгар будаанд? Посухаш ин аст, ки аввалан, ҳеч як умри чандоне надоштанд (бештарашон то 100 сол ҳам давом наёварданд). Ва сониян, ишколи кор дар ин аст, ки бақои ин ҳукуматҳо — ҳарчанд барои чанд сол (масалан, 100 сол ё камтар ё бештар) – марҳуни ростӣ ва дурустӣ ва адолат будааст, на дурӯғу ситам. Яъне онҳо агар тавонистанд чанд соле боқӣ бимонанд, ба ин далел буд, ки мардум фикр мекарданд онҳо золиму ситамгару дурӯғгӯ нестанд, вагарна агар ҷомеа медонист, ки ин ҳукком ва ҳукуматҳо ситампешаанд, ҳатто як рӯз ҳам давом намеоварданд.

Ҳазрати Алӣ (а) дар ҳамин мавзӯъ як сухани ҷолибе доранд. Мефармоянд:

فَلَوْ أَنَّ اَلْبَاطِلَ خَلَصَ مِنْ مِزَاجِ اَلْحَقِّ لَمْ يَخْفَ عَلَى اَلْمُرْتَادِينَ وَلَوْ أَنَّ اَلْحَقَّ خَلَصَ مِنْ لَبْسِ اَلْبَاطِلِ اِنْقَطَعَتْ عَنْهُ أَلْسُنُ اَلْمُعَانِدِينَ وَلَكِنْ يُؤْخَذُ مِنْ هَذَا ضِغْثٌ وَمِنْ هَذَا ضِغْثٌ فَيُمْزَجَانِ فَهُنَالِكَ يَسْتَوْلِي اَلشَّيْطَانُ عَلَى أَوْلِيَائِهِ

Агар ботил ба таври ошкор чеҳра менумуд ва бо ҳақ даромехта намешуд, ҳақҷӯён онро мешинохтанд. Ва агар ҳақ аз пӯшиши ботил холис мегашт, забони душманон аз он кӯтоҳ мешуд. Аммо қисмате аз ҳақ ва қисмате аз ботилро мегиранд ва бо ҳам меомезанд, ва дар ин ҳангом аст, ки шайтон бар дӯстонаш мусаллат мегардад…” (Наҳҷул-балоға)

Яъне агар ботил аз омехтагӣ бо ҳақ ҷудо бошад ва бо ҳақ омехта набошад, мардум, ки дар сиришту фитрат ҳақҷӯ ва ҳақхоҳ ҳастанд онро мешинохтанд ва мунҳариф намешуданд, вале нобакорон меоянд ҳақро бо ботил омехта мекунанд ва он гоҳ амр бар мардум муштабаҳ мешавад. Яъне мардум ҳақро бо ботил иштибоҳ мегиранд ва ботилро бо унвони ҳақ мехаранд. Агар ботил аз ҳақ ҷудо шавад ва бо он омехта нашавад, ҳаргиз бар мардум махфӣ ва пинҳон намемонад, чун аксарияти мардум толиби ҳақ ҳастанд, на толиби ботил.

Ва ба қавли Мавлоно:

Кай дурӯғе қимат орад бе зи рост?

Дар ду олам ҳар дурӯғ аз рост хост.

Ростро дид ӯ ривоҷеву фурӯғ,

Бар умеди он равон кард ӯ дурӯғ.

Яъне, ба гуфтаи Мавлоно, умри дурӯғ ҳам ба хотири рост аст, зеро дурӯғ дар қомати рост худро ба намоиш мегузорад.

Хуб, он чи то инҷо гуфта омадам, муқаддима буд бар матлабе, ки инак мехоҳам ба арзи азизон бирасонам.

* * *

Оё медонед, чаро имперотурии Ҳитлер, бо он ҳама қудрату тавоноӣ фурӯ рехт ва зуд ба таърих пайваст? Иллати аслиаш на ин буд, ки масалан дар баробари артиши Шӯравӣ ва ҳампаймонҳояш дар он даврон (мисли Омрико ва Ангилис) тоб наёвард. Бале, инҳо ҳам ҷузъи иллат ҳастанд, на ин ки ман аз реша мункири он бошам, аммо иллати аслӣ инҳо набуданд, балки иллати асосӣ ин буд, ки бунёнаш бар асоси дурӯғ устувор буд. Ва ҳар қудрате ҳам агар мисли Ҳитлер асоси корашро дурӯғ қарор бидиҳад, он ҳам дер ё зуд фурӯ мерезад. Суннати илоҳӣ ва суннати таърих дар мавриди қудратҳо ҳамин аст агарчи аз назари қудрату сарвату тавоноӣ даҳ баробари Ҳитлер бошад.

Чанд сол аст, ки фаъолияти дастгоҳи таблиғотии ҳукумати кунунии Тоҷикистонро аз наздик дунбол мекунам. (Албатта, шояд бисёре аз азизон ҳам мисли банда пайгири он бошанд.) Ин дастгоҳ асоси кору фаъолияташро дурӯғу калак қарор додааст. Зиёд дурӯғ мегӯяд, нисбат ба мухолифонаш тӯҳматҳои нораво ва дурӯғ мебофад.

Шак надорам, ки ин дастгоҳ улгуи кору фаъолияташро кору фаъолияти дастгоҳи таблиғотии Ҳитлер қарор додааст. Яъне, инҳо омадаанд осори Мокиёвеллӣ (назарияпардози дӯстдоштаи Губбелз) ва осори худи Губбелзро мутолеа карда ва шеваи ӯ дар таблиғотро барои худ улгу қарор додаанд. Лозим ба ёдоварист, Поул Ҷузеф Губбелз (‏Paul Joseph Goebbels) вазири таблиғоти Ҳитлер буд.

Ҳоло барои тавзеҳи бештар, барои хонанда қисматҳое аз “усули дастгоҳи таблиғотии Губбелз”-ро, ки дар китоби “The Captive Press in the Third Reich” оварда шуда, меоварам, то худаш қазоват кунад:

— Сиёсатҳои таблиғотӣ ва расонаӣ дар кишвар бояд аз сӯи як манбаъ барномарезӣ ва идора шавад.

— Ҳамаи роҳнамоиҳо ва хаттдиҳиҳо бояд тавассути ниҳоди барномарезӣ сурат пазирад.

— Ҳар ниҳоде дар кишвар, ки фаъолиятҳояш ба наҳве ҷанбаи таблиғӣ дошта бошад, бояд тобеи сиёсатҳои воҳиди таблиғотии кишвар бошад.

Поул Ҷузеф Губбелз (Paul Joseph Goebbels) вазири таблиғоти Ҳитлер

— Дар барномарезии тамоми фаъолиятҳои кишвар бояд ҷанбаҳои таблиғотӣ дар назар гирифта шавад.

— Ҳадафи умдаи таблиғот бояд водоштани душман ба натиҷагирии матлубе бошад, ки мавриди алоқаи мост.

— Вазифаи дастгоҳҳои расонаӣ пахши гузоришҳое бар мабнои дурустиву нодурустии онҳо нест, балки таъсироти он аст. Ба иборате, агар хабар ва гузориши дурӯғе низ боиси афзоиши руҳияи мардум шавад, пахши он эроде надорад.

— Фаъолиятҳои таблиғотии душман бояд бо диққат баррасӣ шавад. Ин баррасӣ дар се бахши аслӣ анҷом мегирад: муҳтавои таблиғот, ҳадаф ва ниҳоятан мизони таъсироте, ки бар мардуми мо мегузорад. Бар мабнои натоиҷи чунин баррасиҳост, ки бояд бархе аз фаъолиятҳои таблиғотии душман нодида гирифта шуда ва барои бақия — баста ба қудрату мизони таъсиргузории онҳо — зидди таблиғоти муносибе тарроҳӣ ва иҷро гардад.

— Нуктаи муҳим дар фанни таблиғотии сиёсӣ бар зидди душман ва шикастани руҳияи онҳо, истифодаи муносибе аз ахбори росту дурӯғ аст. Омехта шудани росту дурӯғ боис хоҳад шуд, то бо марҷаъ қарор додани ахбори дуруст, ки вуқӯи онҳо бар ҳамагон мусаллам аст, миқдоре ахбори дурӯғро ба душман қабулонд ва барномаҳои онҳоро мутаваққиф ва ё дучори бӯҳрон ва сардаргумӣ намуд.

— Нақли қавл аз сиёсатмадороне, ки соҳиби шахсият ва эътибор ҳастанд, метавонад муваффақияти корзорҳои таблиғотиро фароҳам кунад.

— Дар амри таблиғот бояд барои ҳаводис ва шахсиятҳои худӣ ва душман, аз лақабҳо ва номҳои мустаъори муносибе истифода намуд. Назири: номидани халабонони худӣ ба “уқобони тезпарвоз” ва халабони душман ба “хуффошони шабкӯр”. Сиёсатмадорон ва раҳбарони душманро низ бояд бо лақабҳои муносибе, ки ҷойгоҳ ва аҳаммияти онҳоро дар назари сарбозони худӣ бишканад ёд бояд кард.

— Ин гуна номгузориҳо бояд бардавом буда ва такрор шаванд.

— Истифода аз пасзаминаҳои таърихӣ ва фалсафӣ набояд он қадр печида бошанд, ки мардуми оддӣ аз дарки онҳо дармонда шаванд.

— Таблиғот бояд дар замонҳои муайяне бо истифода аз қолабҳои мушаххасе такрор шаванд. Ёдовари пирӯзиҳои гузашта дар солгарди онҳо мавқеияти муносиберо барои боло бардоштани руҳияи ҷангҷӯён фароҳам мекунад.

— Таблиғоти дохилӣ бояд чунин бошанд, ки мардум бояд бидонанд, ки дар сурати шикаст чӣ мусибатҳоеро бояд таҳаммул кунанд. (Дуруст мисли ин ки мудом ёдовар шавад, ки дар сурати рафтани мо аз қудрат, ҷанг мешавад ва ғайра… С.И)

— Расонаҳо бояд нигарониҳои ҷанбаиро дар чашми мардум камарзиш нишон диҳанд. Тарс аз камбуди маводди ғизоӣ ва соири хадамоти иҷтимоӣ бояд бо ҳаддиақал бирасад. (Яъне бояд коре кард, ки мардум ба мушкилоти иқтисодӣ ва ин гуна масоил чандон аҳаммият надиҳанд. С.И)

— Таблиғоти дохилӣ бояд ҳама таъсироти ноумедиро ба ҳаддақал бирасонад.

— Хӯи ваҳшӣ ва таҷовузкоронаи душман ба унвони хислате ғайриқобили баргашт ва ислоҳнопазир бояд таблиғ гардад.

(Манбаъ: Hale O. J. The Captive Press in the Third Reich. — Princeton University Press, 1973)

Ин ҷумлаҳо низ аз Губбелз аст:

Дурӯғҳое, ки аз расонаҳо пахш мешаванд, бояд то ҳадди имкон бузург бошанд. Дар ин сурат, мардум қисмате аз онро бовар хоҳанд кард.”

Ҷавҳараи аслии таблиғот ин аст, ки мардум чунон самимона ва аз рӯи алоқа ба мавзӯъ ҷазб бишаванд, ки таслими он шуда ва асосан дар фикри таркаш набошанд.”

Хуб, ин буд қисматҳое аз равиш ва усули таблиғотии Губбелз. Ҳамин касофаткориҳост, ки гуфтам сабаби аслии фурӯрезии имперотурии Ҳитлер буданд. Ва ҳар ниҳоде ҳам, ки ҳамин равишро пеша кунад, саранҷоме ҷуз он чи гиребонгири имперотурии Ҳитлер шуд, нахоҳад дошт. Зеро, ҳамон тавр ки дар боло арз шуд, суннати Худо ва суннати таърих ҳамин аст.

Саломат бошед.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: