Перейти к содержимому

Фармондеҳи шибҳинизомиёни курд: “Мо аз равобит бо Омрико пушаймон нестем”

Мазлум Абдӣ, фармондеҳи шибҳинизомиёни курд, бо баёни ин ки мо “аз равобит бо Омрико пушаймон нестем” гуфт: “Ҳамчунин мо аз рад кардани пешниҳоди Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯҳои Қудси Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон пушаймон нестем, аммо мо хору хафиф шудаем.”

Абдӣ, ки дар ҷараёни нишасте аз Вошингтун сӯҳбат мекард, гуфт: “Нерӯҳои демукротики Сурия (ҚАСАД) барои муҳофизат аз миллати худ дар сурати зарурат бо Димишқ ва Маскав музокира хоҳанд кард.

Вай афзуд: “Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико ба дунболи эҷоди созиш миёни мо ва туркҳост ва мо омодаи музокира бо Туркия ҳастем ва шарти мо барои он оташбас аст.”

Фармондеҳи шибҳинизомиёни курд дар идомаи суханонаш гуфт: “Нерӯҳои демукротики Сурия дар ҳоли барномарезӣ барои ҷанги беш аз як сол ҳастанд ва агар Омрико қодир ба эҷоди роҳи ҳалли мусолиматомез байни мо ва Туркия набошад, аз Вошингтун хоҳем хост, то монеъ аз он шавад, ки Туркия аз ҳарими ҳавоӣ истифода кунад; дар ин сурат мо қодир ба дифоъ аз худ хоҳем буд.”

Вай афзуд, ки муҷаввизи Омрико ба Туркия барои истифода аз ҳарими ҳавоӣ, бар асоси тавофуқи маҳрамона миёни ин ду кишвар будааст.

Абдӣ гуфт: “Мо аз равобит бо Омрико пушаймон набуда ва аз рад кардани пешниҳоди Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯҳои Қудси Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон, пушаймон нестем, аммо мо хору хафиф шудаем.”

Гуфтанист, чанде пеш расонаҳои вобаста ба Нерӯҳои демукротики Сурия (курдҳо) аз пешниҳоди сардор Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯҳои Қудси Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон, барои кӯмак ба курдҳо дар сурати қатъи равобити онҳо бо Омрико парда бардоштанд ва навиштанд, ки курдҳо ин пешниҳоди Сулаймониро рад карданд.

Мазлум Абдӣ шаби гузашта (ҷумъа) низ гуфта буд, ки дигар ҳифозат аз асирони ДОЪИШ авлавияти ин нерӯҳо нест ва агар Туркия амалиёт алайҳи онҳоро мутаваққиф накунад, нерӯҳои демукротики Сурия аносури мусаллаҳи ДОЪИШ-ро раҳо хоҳанд кард ва ба ҳифозат аз хонаводаҳои худ хоҳанд пардохт.

Дар ин миён Созмони Милали Муттаҳид рӯзи ҷумъа (дирӯз) эълом кард, ҳудуди 100 ҳазор нафар дар шимоли Сурия баъд аз амалиёти Туркия дар ин минтақа овора шудаанд. Дар баёнияи Созмони Милали Муттаҳид гуфта шуда шумори афроде, ки дар ҳоли искон дар паноҳгоҳҳо ва мадорис ҳастанд, рӯ ба афзоиш аст.

Пеш аз ин, Барномаи ҷаҳонии ғизо эълом карда буд, амалиёти Туркия боис шуда 70 ҳазор нафар аз сокинони шаҳрҳои Раъсулъайн (устони Ҳасака) ва Таллабяз (устони Риққа) овора шаванд. Созмони пизишкони бидуни марз низ эълом карда, ки танҳо бемористони мавҷуд дар Талабяз, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки коркунони он маҷбур ба фирор шудаанд рӯзи ҷумъа баста шудааст.

Раисиҷумҳури Туркия чаҳоршанбе аз оғози амалиёти низомии ҷадиди ин кишвар дар шимоли Сурия хабар дод. Вай исми рамзи ин амалиётро “Чашмаи сулҳ” унвон кард ва муддаӣ шуд, ки маъмурияти нерӯҳои мусаллаҳи Туркия “мумониат аз эҷоди гузаргоҳи теруристӣ дар тӯли марзҳои ҷанубӣ” аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: