Перейти к содержимому

Эҳтимоли эҳёи ДОЪИШ дар шимоли Сурия пас аз ҳамлаи Туркия

Нигаронкунандатарин натиҷаи эҳтимолии ҳамлаи Туркия ба шимоли Сурия, фароҳам омадани замина барои эҳёи ДОЪИШ дар натиҷаи ошуфтагӣ дар манотиқи шимол ва шимоли шарқии ин кишвар аст.

Таҳлиле дар пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Irdiplomacy

Ҳамлаи ҷадиди Туркия дар шимоли Сурия метавонад як бори дигар нақшаи даргириҳо дар ин кишвари ҷангзадаро тағйир диҳад ва фориғ аз афзоиши нуфузи Туркия дар манотиқи марзии муштарак, зарбае саҳмгин ба нерӯҳои курд ворид оварад. Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, бори дигар муттаҳидони аслии нерӯҳои омрикоӣ дар ҷанг алайҳи ДОЪИШ-ро раҳо ва сирфан ба гуфтани ин ки шароитро зери назар дорад, иктифо кардааст.

Туркия эълом кардааст ҳадафаш аз ин ҳамла, поксозии теруристҳо аз минтақа ва ҳамвор кардани масир барои эҷоди “минтақаи ҳоил” дар шимоли Сурия буда. Аммо шакке нест, ки дар ин миён курдҳои Сурия ҳам ҳадафи ҳамалот қарор хоҳанд гирифт. Чаро ки Туркия онҳоро муттаҳидони ПКК ва душмани худ медонад. Аз соли 2016 то кунун, ин севвумин ҳамлаи Туркия ба шимоли Сурия ба шумор меравад, ки бо ҳадафи аслии маҳдудсозии қудрати курдҳо дар минтақа сурат гирифтааст.

Дар ҳақиқат, Туркия аз муддатҳо пеш ба дунболи эҷоди як “минтақаи ҳоил” дар марзи муштарак бо Сурия буд ва ҳатто Иёлоти Муттаҳидаро ба эҷоди “маҳдудаи амн” ба вусъати 32 километр дар сарзаминҳои Сурия тарғиб карда ва борҳо ҳушдор дода буд, ки ҳатто агар лозим бошад, ба сурати якҷониба дар ин замина иқдом хоҳад кард. Давлати Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, ба дунболи он аст фазое дар марзҳои Сурия эҷод кунад ва имкони истиқрори 2 милюн паноҳҷӯи сурияӣ, ки дар ҳоли ҳозир дар Туркия ҳастандро дар онҷо фароҳам оварад. Ӯ ахиран дар бораи пешравии бештар дар сарзаминҳои Сурия то шаҳрҳои Дейраззур ва Риққа сухан гуфта, то зоҳирин аз ин тариқ, фазои бештаре барои бозгашти паноҳҷӯён ба кишварашон фароҳам кунад.

Дар ҳамин ҳол, нерӯҳои демукротики Сурия таҳти раҳбарии курдҳо, дар солҳои гузашта ва бавежа пас аз оғози ҷанги дохилии Сурия дар соли 2011, контроли бештаре бар шимолу шарқи Сурия ба даст овардаанд. Ин нерӯҳо, ки дар ҷанг алайҳи ДОЪИШ ба навъе шарики эътилофи таҳти раҳбарии Иёлоти Муттаҳида ба шумор мерафтанд, танҳо баранда дар ҷанги дохилии Сурия буданд, чаро ки тавонистанд ургонҳои ҳукуматии хосси худро эҷод ва барои ба даст овардани худмухторӣ ва на истиқлол, талош кунанд. Аммо ҳамаи дастовардҳои нерӯҳои курд метавонад таҳти таъсири пешравии низомии Туркия қарор бигирад. Шӯрои демукротики Сурия ҳушдор дода, ки ҳамлаи низомии Туркия ба мавҷи ҷадиде аз оворагиҳо хоҳад анҷомид.

Соли гузашта, ки Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз тасмими худ барои хориҷ кардани нерӯҳои омрикоӣ аз Сурия сухан гуфт, курдҳо паёмадҳои аввалини хиёнати шарики худ яъне Омрикоро дар саҳнаи ҷанг мутаҳаммил шуданд. Дар пайи нигаронӣ аз як фоҷеаи тамомаёр, ҳанӯз ҳам шуморе аз нерӯҳои омрикоӣ дар шимоли шарқӣ ва шарқи Сурия боқӣ мондаанд, аммо ақибнишинии комили нерӯҳои омрикоӣ халаъе эҷод хоҳад кард, ки дар баробари пешравии Туркия ва эҳёи ДОЪИШ осебпазир хоҳад буд.

Эҳтимоли талошҳои Эрон ва Русия барои контрол бар ин манотиқ ҳам вуҷуд дорад. Курдҳо бо нигаронӣ аз ҳамин чашмандоз, масири музокира бо давлати Башшор Асадро дар пеш гирифта ва бо истиқрори нерӯҳои Сурия ва Русия дар марз мувофиқат карда буданд. Музокирот ба натиҷа нарасиданд, аммо эҳтимоли ба натиҷа расидани он дар сурати ақибнишинии бештари нерӯҳои омрикоӣ аз минтақа, вуҷуд дорад.

Як мақоми аршади Вазорати умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳида, барномаи Туркия барои истиқрори 2 милюн паноҳҷӯи сурияӣ дар “минтақаи ҳоил”-ро девонагии маҳз тавсиф кардааст. Аммо Тромп ба ақибнишинии нерӯҳои омрикоӣ аз ин минтақа пеш аз оғози амалиёти Туркия дастур дода ва ба нигарониҳо дар бораи ҳамвор шудани масир барои ҳамлаи нерӯҳои Туркия ба курдҳо доман задааст.

Муттаҳидони ғарбии Туркия ҳам то кунун аз барномаҳои ин кишвар дар идомаи ҳамла дар шимоли Сурия ба таври ошкор ҳимоят накардаанд. Аммо воқеият ин аст, ки ҳеч як иқдоми ҷиддӣ дар баробари ин барномаи Туркия анҷом надоданд. Зоҳиран танҳо нигаронии Ғарб ин аст, ки истиқрори арабҳои умдатан сурияӣ дар минтақаи шимоли шарқӣ бо аксарияти ҷамъияти курд, моҳияти ҷамъиятшиносии минтақаро барои ҳамеша тағйир диҳад. Аммо нигаронкунандатарин натиҷаи эҳтимолии ин ҳамла, фароҳам омадани замина барои эҳёи ДОЪИШ дар натиҷаи ошуфтагӣ дар манотиқи шимол ва шимоли шарқии Сурия аст.

Фориғ аз курдҳо, давлати Башшор Асад ҳам мумкин аст аз ин ҳамлаи Туркия мутаҳаммили осеби ҷиддӣ шавад. Агарчи давлати Сурия контроли чандоне бар он манотиқ надорад, аммо ҳамлаи Туркия ба ин маъно хоҳад буд, ки контроли он манотиқ аз дасти нерӯҳои ғайрихасмона ба дасти Туркия ва шӯришиҳое, ки ба дунболи барандохтани Асад буданд, хоҳад афтод. Димишқ аз дербоз ба Онкоро ба унвони як қудрати ишғолгар менигаристааст. Ба рағми бе натиҷа мондани музокироти пешини курдҳо бо давлати Башшор Асад, акнун метавонад беҳтарин замони тавофуқ барои ҳар ду тарафи муомила бошад.

Irdiplomacy

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: