Перейти к содержимому

Истротежии риёкоронаи Тромп: холӣ кардани пушти курдҳо ва эъзоми нерӯҳо ба Арабистони Саудӣ

Чӣ тавр мешавад тасмими Омрико ба хуруҷ аз Сурия ва холӣ кардани пушти курдҳои Сурияро бо тасмим ба эъзоми 2 ҳазор низомии омрикоӣ ба Арабистони Саудӣ танҳо ба фосила 4 рӯзро бо ҳам ҷамъ кард?

Таҳлиле аз Том Ругон (Tom Rogan) дар нашрияи Washington Examiner

Президент Тромп бидуни ҳеч шакку тардиде ин ҳафта собит кард, ки дидгоҳи вай барои истиқрори нерӯҳои низомии Омрико дар дигар нуқоти дунё, бо “риёкорӣ” омехта аст.

Рӯзи душанбе, Тромп нерӯҳои омрикоиро аз шимоли Сурия берун кашид. Ҳарчанд он нерӯҳо машғули амалиёти муборизотии фаъол набуданд. Тромп мегӯяд, дигар ҳозир нест Омрикоро ба ҷангҳои печидаи хориҷӣ ворид кунад. Аммо чанд рӯз пас аз ин иқдом, рӯзи ҷумъа (дирӯз), Пентогун аз эъзоми 2 ҳазор нерӯи артиши Омрико ба Арабистони Саудӣ хабар дод.

Ман воқеан дар талош ҳастам бибинам, ки чӣ гуна ин ду тасмим метавонанд дар ростои як ривояти истротежик қобили ҷамъ бошанд.

Аз сӯе, Тромп мегӯяд Омрико набояд даргири ҷангҳои печидаи хориҷӣ дар варои марзҳои худ бошад. Тромп истидлол мекунад, ки Омрико наметавонад решаи солҳо хусумати фирқаӣ (нажодӣ)-и Туркия ва курдҳоро бартараф кунад.

Фарз мекунем ин гуфтаи Тромп дуруст бошад, аммо бояд бибинем Тромп чӣ гуна бо ҳамин истидлол эъзоми 2 ҳазор нерӯи низомии Омрико ба Арабистони Саудӣ барои муқобилаи эҳтимолӣ бо таҳдидоти ношӣ аз Эронро тавҷеҳ мекунад? Дар ҳоле, ки решаҳои душмании Арабистони Саудӣ ва Эрон низ аз назари моҳият, фирқагароёна аст, ва ба маротиб қадимитар аз душмании курдҳо ва Туркия аст. Решаи ин хусумат ҳатто наздик ҳам нест: решаи душмании Арабистони Саудӣ ва Эрон ба 1339 сол пеш ва ба набарди Карбало бармегардад.

Твиттҳои ахири Тромп дар тавҷеҳи берун кашидани нерӯҳои низомии Омрико аз Ховари Миёна

Тромп мегӯяд, ин кори Омрико нест, ки бо истифода аз нерӯи низомии худ решаи хусумати чанд даҳаии ду душман (Туркия ва курдҳо)-ро хунсо кунад. Аммо дар ҳамон ҳафта, Тромп мегӯяд, ин масъулияти Омрикост, ки ҳазорон сарбози дигари омрикоиро роҳии сарзамини Ҳиҷоз кунад, то аз муттаҳиди худ дар баробари як душмани бо решаи беш аз ҳазорсола (Арабистони Саудӣ ва Эрон) дифоъ кунад.

Ин як риёкории тамомаёр аст.

Ман аз равобити наздики Омрико ва Арабистони Саудӣ ҳимоят мекунам (ки лозим аст аз нусхаи ҷадид ва дуввуми ДОЪИШ ҷилавгирӣ шавад), аммо Арабистони Саудӣ ба маротиб камтар аз курдҳои сурияӣ ба ҳимояти нерӯҳои омрикоӣ ниёз дорад. Аз ин гузашта, дар ҷое, ки саудиҳо як артиши қудратманд бо қобилиятҳои мавҷуд дар ҳаво, замин ва дарё доранд, Ягонҳои мудофеъи халқ дар Сурия (шибҳинизомиёни курди Сурия) танҳо дорои чанд ягони соддаи мусаллаҳ бо силоҳҳои сабук, чанд василаи нақлияи зиреҳӣ ва маъдуд силоҳҳои нимасангин ҳастанд.

Дастикам дар солҳои ахир, курдҳо нисбат ба саудиҳо, бисёр бештар ба Омрико ёрӣ расондаанд. Дар ҷое, ки курдҳо дар мубориза бо ДОЪИШ мутаҳаммили ҳазорон талафот шуданд, саудиҳо ба садҳо ҷавони худ иҷоза доданд, ки ба манотиқи таҳти тасаллути ДОЪИШ сафар карда ва ба онҳо бипайванданд.

Ҳеч истротежии фарогире барои он чи Тромп дар Ховари Миёна анҷом медиҳад вуҷуд надорад. Ӯ ба соддагӣ бо як даст мебахшад ва бо дасти дигар мегирад; ва мабнои ҳамаи ин иқдомоти ӯ дар “ҳавову ҳавас”-и фардии ӯст.

Тасмими ахири давлати Тромп барои эъзоми 2 ҳазор низомии омрикоӣ ба Арабистони Саудӣ, барои курдҳо ва дигар муттаҳидони минтақаии Вошингтун ҳомили ин паём аст: бале, Иёлоти Муттаҳида ба муттаҳидони худ аҳаммият медиҳад, аммо фақат дар сурате, ки онҳо миқдори зиёде нафт бифурӯшанд ва анбӯҳе аз силоҳҳои омрикоӣ бихаранд.

Washington Examiner

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: