Перейти к содержимому

Баёнияи муштараки 12 гурӯҳи фаластинӣ алайҳи ҳамлаи низомии Туркия ба Сурия

Гурӯҳҳои мухталифи фаластинӣ дар навори Ғазза баёнияе муштарак содир намуда, бар лузуми таваққуфи ҳар чи зудтари таҷовузи низомии Туркия ба хоки Сурия таъкид карданд.

Ба гузориш пойгоҳи Алаҳд, гурӯҳҳои фаластинӣ дар баёнияи муштараки худ, Иттиҳодияи Араб ва Созмони Ҳамкории Исломиро ба таҳаррукоти фаврӣ барои таваққуфи ин ҳамла фаро хонда, бар ҳокимияти Сурия бар хокаш таъкид карда ва ақибнишинии нерӯҳои Туркия аз сарзаминҳои Сурияро хостор шудаанд.

Онҳо ҳамчунин дар бораи пружаҳое, ки мунҷар ба тақсими Сурия мешавад, ҳушдор доданд ва онро як вуруде барои таҷзияи минтақа ва иҷроӣ шудани тарҳи Омрико мавсум ба “Муомилаи қарн” донистанд.

Гурӯҳҳои имзокунандаи ин баёнияи муштарак иборатанд аз:

— Ҷабҳаи мардумӣ барои озодии Фаластин;

— Ҷабҳаи демукротик барои озодии Фаластин;

— Ҷабҳаи мардумӣ барои озодии Фаластин — Фармондеҳии кулл;

— Ҷунбиши озодсозии миллии Фаластин “Фатҳ”;

— Ҷабҳаи озодсозии арабӣ;

— Ҷабҳаи муборизаи мардумии фаластинӣ;

— Ҷабҳаи арабии Фаластин;

— Ҳизби Ашшаъби Фаластин;

— Ҷабҳаи озодсозии Фаластин;

— Ҷабҳаи демукротики Фаластин “Фидо”;

— Ҷунбиши ибтикори Фаластин;

— Пешгомони ҷанги озодсозии мардумӣ “Нерӯҳои соиқа”.

Ҷунбиши Ҷиҳоди Исломии Фаластин ҳам дирӯз бо судури баёнияе “гуфтугӯ”-ро беҳтарин роҳ барои ҳалли масоили минтақа унвон кард ва хостори таваққуфи таҷовузи низомии Туркия ба хоки Сурия шуд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: