Перейти к содержимому

Гум шудани мушкилот зери сояи ҷашнҳои пурхарҷ

Акс аз хабаргузории «Ховар»

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дирӯз дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо паёми баланду болои “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат… (то охир, ки ҳудуди як метр аст)” ҷашни Меҳргон баргузор шуд ва камтар пеш аз ин, шоҳиди баргузории ҷашни “Себ” (агар иштибоҳ накунам) будем, қабл аз он ҳам ҷашни “Каду” баргузор гардид, ва ҳамин тавр, ҳафта ё моҳе нест, ки дар кишвари мо як ҷашне барпо нашавад. Шояд ҳеч кишваре дар дунё ба андозаи Тоҷикистон дорои ҷашну маросимҳои ба зоҳир “мардумӣ” аммо дар воқеъ сиёсӣ набошад.

Роқими ин сатрҳо усулан бо ҷашне мисли Меҳргон – ки як ҷашни суннатӣ ва куҳани мост — мухолиф нест, як вақт суибардошт нашавад. Сухани ман инҷо рӯи хусуси Меҳргон нест. Балки ба сурати куллӣ арз мекунам, ки мақомоти Тоҷикистон ё аз бекорӣ аст ва ё шояд ба далели ин бошад, ки мехоҳанд ба навъе худро саргарм кунанд ва ё, намедонам, ба чӣ далел аст, ки зуд-зуд “ҷашн” ихтироъ мекунанд. Ва пӯшида ҳам нест, ки ин ҷашнҳо харҷу масорифи зиёде доранд, ки аз будҷаи давлат – ки дар воқеъ аз они мардум ва мутаъаллиқ ба онҳост – таъмин мешаванд.

Хуб, инки арз шуд, ки ин ҷашнҳо беш аз ин ки “мардумӣ” бошанд, сиёсӣ ҳастанд, ба ин ҷиҳат аст, ки мардум дар ин шароити бисёр сахт, аз давлат ҷашн намехоҳанд; он чи аз давлат интизор доранд, дар навбати аввал ин аст, ки ҳукумат ба мушкилоташон бирасад, шикамашон сер бошад, ҷавонон ба кор таъмин шаванд.

Дирӯз гузорише дар Озодӣ дидам, ки бисёр ваҳшатнок аст. Дар ин гузориш омадааст: “Дар як пурсиши Пажӯҳишгоҳи илмию таҳқиқотии Бонки Миллии Тоҷикистон маълум шудааст, ки наздики 70 дарсади хонаводаҳо дар кишвар, аз ҳисоби наздиконашон дар муҳоҷират зиндагиро пеш мебаранд. Таҳқиқоте, ки бар пояи сӯҳбат бо беш аз 2 ҳазор сокини Тоҷикистон тобистони имсол анҷом шудааст, мегӯяд, боқӣ 30 дарсади аҳолӣ аз ҳисоби дигар — кӯмакҳои хешовандон ва даромад аз ҷойи кор — зиндагӣ мекунанд.”

Оё ваҳшатнок нест?! Ин бад-он маъност, ки ҳукумати Тоҷикистон фақат тавониста 30 дарсад аз кулли ҷамъияти кишварро ба кор таъмин кунад — он ҳам бо ҳуқуқи бисёр андаку ночиз — аммо бақияи 70 дарсади ҷомеа ба далели набудани фурсатҳои шуғлӣ дар дохили кишвар, маҷбур ба муҳоҷират шудаанд ва дар онҷо мояҳтоҷи худро фароҳам ва ба хонаводаҳояшон мефиристанд. Он ҳам бо чӣ мушкилот ва сахтиҳое!

Хуб, бо ин ҳисоб, мардум аз ту “ҷашн” мехоҳанд?! Ё мехоҳанд ту онҳоро ба кор таъмин кунӣ, то на падару модарҳо аз фироқи фарзандонашон ранҷ бикашанд ва на кӯдакон аз ҷудоии падарҳояшон дар азоб бошанд?!

Дар ҳоле, ки Тоҷикистон ба унвони як кишвари фақир дасти бисёре аз шаҳрвандонаш ҳанӯз ба сӯи кӯмакҳои созмонҳои хайрия дароз аст, ту меойӣ “ҷашн”-ҳои ончунонӣ баргузор мекунӣ?! Дар гузорише дигар дар ҳамин Озодӣ омадааст: “Тоҷикистон ба унвони як кишвари дар ҳоли рушд дарёфти ёриҳо аз шарикони рушдро идома медиҳад. Бо вуҷуди ин, сатҳи фақр ва мушкилот дар иқтисоди кишвар ба таври қобили мулоҳиза боқӣ мемонанд. Бонки осиёии Рушд аз соли 2020 то 2022 барнома дорад, ки ба Тоҷикистон 404 млн доллар барои мусоидат ба ҳали чолишҳо ва ниёзмандиҳои кишвар ихтисос бидиҳад...”

“Ҷашн” ба дарди чӣ мехӯрад вақте шикам гурусна аст, кор нест, падару модар аз дурии фарзандаш дар ранҷ аст, кӯдакон аз фироқи падар дар азоб ва арӯсҳои навҷавон аз будан дар канори шавҳарҳо маҳрум?!

Чанд рӯз пеш буд, ки як ҷавон, аз Русия аз тариқи Фейсбук бароям навишт, ки ҳамсараш мехоҳад аз ӯ ҷудо шавад дар ҳоле, ки ӯ намехоҳад занашро талоқ бидиҳад, пурсид, чӣ кор кунам? Гуфтам, чаро мехоҳад ҷудо шавад? Гуфт, як сол мешавад, ки дар Русия машғули кор аст ва дар ин муддат натавониста ба Тоҷикистон равад, чун пули кофӣ ба даст наёварда ва ҳамсараш ҳам зоҳиран хаста шуда, зеро, ба гуфтаи ин ҷавон, баъд аз арӯсӣ танҳо 1 моҳ пешаш буда.

Ман ҳам дигар ҳарфе барои гуфтан надоштам. Хуб, чӣ гӯям?

Ин аст ҳолу вазъи навҷавонон ва ҷавонони мо. Оё айб дар ин ҷавон аст?! Шояд бигӯед, айб дар ӯст. Аммо ӯ – ва мисли ӯ ҳазорон ҷавони дигар – барои саёҳат, ки ба Русия нарафтаанд. Онҳо барои кор рафтаанд. Рафтаанд, то кор кунанд ва чиндирғозе ба даст оваранд ва ба он, шиками худ ва хонавода ва падару модари худро сер кунанд.

Оё барои амсоли ин ҷавон ва арӯсаш, ки дар ин синну сол мехоҳанд дар канори ҳам бошанд, аммо беурзагии ҳукумат дар таъмини шаҳрвандонаш ба кор боис гардида аз муошират бо ҳамсари ҷавонаш маҳрум мондааст, “ҷашн” мефорад?!

Ин ҷавонписар ва ин ҷавондухтар ва ҳазорон нафар амсоли онҳо, аз ҳукумат “ҷашн” намехоҳанд! “Ҷашнашон” дар ин аст, ки дар канори ҳамдигар бошанд. Барои ин ҷавон ҷашне бузургтар аз ин ки дар канори ҳамсараш бошад, ва барои ин арӯс ҷашне бузургтар аз ин ки шавҳари навҷавонашро бибинад, вуҷуд надорад. На ҷашни “Каду” мефорад, на ҷашни “Себ”, на ҷашни “Харбуза” ва “Асал” ва на ҷашни мева ё сабзиҷоте дигар. Онҳо мехоҳанд мисли дигар одамҳои рӯи замин зиндагӣ кунанд, мисли одам зиндагӣ кунанд.

Оё ҳукумат наметавонист пулҳоеро, ки барои ин “ҷашнҳо” харҷ мекунад, барои бартараф кардани мушкилоти мардум харҷ кунад?! Барои таъмини ҷавонон ба кор?!

Метавонист, аммо урзаашро надорад. Чун эҳсосеро, ки он наварӯс, ки 1 сол аст аз дидори шавҳараш маҳрум мондааст надорад.

Худоё! Худат ба доди ин мардум бирасӣ!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: