Перейти к содержимому

Имронхон дар Теҳрон барои барқарории оштӣ байни Теҳрон ва Риёз

Имронхон, нахуствазири Покистон, вориди Теҳрон шуд, то перомуни коҳиши таниш миёни Эрон ва Арабистон нақши миёнҷигарро ифо кунад. Ин дуввумин сафари Имронхон ба Эрон дар як соли гузашта аст, ки бо таваҷҷӯҳ ба тамоюли Теҳрон ва Риёз барои коҳиши танишҳо, метавонад натоиҷи муҳимме ба ҳамроҳ дошта бошад.

Вазорати хориҷаи Покистон, рӯзи шанбе, бо судури баёнияе эълом кард, ки ҳадафи аслии сафари Имронхон, ироаи ибтикоре дар заминаи барқарории сулҳ миёни Теҳрон ва Риёз аст.

Дар ин баёния омадааст: “Ибтикори имкони гуфтугӯ миёни Подшоҳии Арабистони Саудӣ ва Эрон, ду кишвари бародари Покистон, талоше аз ҷониби нахуствазири Покистон барои тазмини сулҳ дар минтақа аст.”

Ва ин дар ҳоле аст, ки Имронхон дар нишасти хабарии муштарак бо Руҳонӣ дар Теҳрон, бо баёни ин ки кишвараш нақши миёнҷигарӣ миёни Теҳрон ва Риёзро нахоҳад дошт, балки Покистон нақши фароҳамкунандаро дар равобит миёни Эрон ва Арабистон ифо мекунад, аз дархости Тромп, раисиҷумҳури Омрико аз вай барои фароҳам кардани заминаи гуфтугӯ миёни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Омрико дар сафараш ба Ню-йорк хабар дод ва гуфт: “Имрӯз ҷузъиёти дархости раисиҷумҳури Омрикоро баррасӣ кардем. Албатта мо медонем, ки сахтиҳое дар ин замина вуҷуд дорад, аммо барои лағви таҳримҳо алайҳи Эрон ва имзои дубораи Барҷом аз ҷониби ҳамаи аъзои 1+5 аз ҳеч талоше дареғ намекунем.”

Ба гузориши хабаргузории Ирно, Имронхон дар ин нишасти хабарӣ ҳамчунин гуфт: “Ман мехоҳам аз давлати Эрон ба хотири ҳимояте, ки аз мардуми Кашмир кард ташаккур кунам. 8 милюн кашмирӣ дар муҳосира қарор доштанд ва мо аз мавзеъгирии Эрон дар хусуси ин фоҷеаи инсонӣ, ки дар Ҳинд иттифоқ афтод сипосгузорӣ мекунем.”

Имронхон, бо мусбат арзёбӣ кардани музокироти худ дар Теҳрон бо Руҳонӣ идома дод: “Ман бо як зеҳнияти мусбат ба Арабистон сафар хоҳам кард ва як бори дигар таъкид мекунам, ки ман ба унвони як фароҳамкунандаи замина ба Арабистон хоҳам рафт, ҳамон гуна, ки дар гузашта низ Покистон мизбони мақомоти Эрон ва Арабистон дар Исломобод буд

Нахуствазири Покистон тасреҳ кард: “Моил ҳастем ин нақши фароҳамкунандаро барои аз байн бурдани ихтилофот байни ду кишвари бародари Эрон ва Арабистон идома диҳем.”

Раҳбари Эрон: “Поёни дурусти ҷанги Яман таъсироти мусбате дар минтақа хоҳад дошт”

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон, асри якшанбе (13 октябр) дар дидор бо Имронхон, нахуствазири Покистон, равобити Эрон ва Покистонро “бисёр амиқ ва мардумӣ” донист ва бо таъкид бар лузуми истифода аз ин бистар барои афзоиши ҳамкориҳои ду давлат хотирнишон кард: “Ҷумҳурии Исломии Эрон аз муддатҳо қабл тарҳе чаҳормоддаӣ барои таваққуфи ҷанг дар Яман ироа кардааст ва поёни ин ҷанг, метавонад таъсироти мусбате дар минтақа ба дунбол дошта бошад.”

Ба гузориши хабаргузории Форс, Оятуллоҳ Хоманаӣ бо таҳсини дағдағаи давлати Покистон дар хусуси истиқрори сулҳу амният, минтақаи ғарби Осиёро бисёр ҳассос хонд ва бо таъкид бар муроқибати ҳамагон аз бурузи ҳодиса, аз нақши мухарриби бархе кишварҳои минтақа дар ҳимоят аз гурӯҳҳои теруристӣ дар Ироқ ва Сурия ва эҷоди ҷангу хунрезӣ дар Яман ибрози таассуф кард ва афзуд: “Мо ангезае барои душманӣ бо ин кишварҳо надорем, аммо онҳо таҳти иродаи Омрико ҳастанд ва дар ҷиҳати хости Омрико алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон амал мекунанд.”

Вай бо таъкид бар ин ки Ҷумҳурии Исломии Эрон оғозгари ҳеч ҷанге набудааст, хотирнишон кард: “Албатта агар касе шурӯъкунандаи ҷанг дар муқобили Эрон бошад, бидуни тардид пушаймон хоҳад шуд.”

Дар ин дидор, Имронхон, Эрону Покистонро ду кишвари бародар хонд ва гуфт: “Ҳамкориҳои Теҳрон ва Исломобод бояд густариш ёбад ва мо барои равобит рӯйи Эрон ҳисоби вежа боз кардаем, чаро ки Эронро як шарики муҳим бахусус дар ҳавзаи тиҷорӣ талаққӣ мекунем.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: