Перейти к содержимому

Нуфузи рӯ ба афзоиши Чин дар Осиёи Миёна

Дар солҳои ахир расонаҳои минтақа аз нуфузи рӯ ба афзоиши Чин дар Осиёи Миёна менависанд. Дар ин гузориш, ишорае шудааст ба ҳузури Чин дар ин минтақа аз назари омору арқом.

Қирғизистон

Ба гузориши хабаргузории Форс, бадеҳӣ (қарз)-и Ҷумҳурии Қирғизистон ба Чин қобили таваҷҷӯҳ аст ва дар соли 2008 ин шохис дар сатҳи 10 милюн қарор дошт ва имрӯз ба 1.7 милёрд дулор расидааст.

1.7 милёрд дулор, 30 дарсад аз тавлидоти нохолиси Қирғизистон мебошад.

Пекин вомҳое барои иҷрои пружаҳо дар заминаи энержӣ ба Қирғизистон дода, ки 386 милюн дулор барои навсозии нерӯгоҳи ҳароратии “Бишкек”, 400 милюн дулор барои сохти хатти интиқоли барқи “Датка-Кемин” ва 250 милюн дулор барои сохти полоишгоҳ дар шаҳри “Қора-Болта” аз он ҷумла мебошанд.

Вомҳои маъмулӣ ва билоивази дигар барои сохти ҷоддаҳо, барномаҳои фарҳангӣ, сохти донишгоҳҳо ва ҳатто тавсиъаи зерсохтҳои артиши Қирғизистон ҳазина мегардад.

Илова бар ин, ширкатҳои мухталифи чинӣ дар бахши истихроҷи маъдан дар Қирғизистон фаъолиятҳое анҷом медиҳанд.

Дар соли 2017 дар шаҳри Бишкек мактаби чинӣ ва донишгоҳи қирғизӣ-чинии “Ҷоддаи абрешими ҷадид” оғоз ба кор кард.

Бар асоси иттилооти расмӣ дар соли 2018, ба Қирғизистон 35 ҳазор муҳоҷири кории чинӣ ворид шуданд, аммо тибқи иттилооти ғайрирасмӣ ин шохис чанд баробар бештар аст.

Дар ибтидои соли ҷорӣ таҷаммӯъҳои бузурги зидди чинӣ баргузор шуд ва дар натиҷаи он даҳҳо шаҳрванди Қирғизистон ба ҷурми таҳрики нафрати қавмӣ боздошт шуданд.

Қазоқистон

Чин ва Русия бузургтарин шарикони тиҷории Қазоқистон ҳастанд ва мубодилоти тиҷорӣ байни Пекин ва Нурсултон дар соли 2018 ба сатҳи 12 милёрд дулор расид.

Қазоқистон ба Чин нафт, гоз, филизот ва гандум содир мекунад.

Тибқи иттилооти ниҳодҳои давлатии қазоқ, дар 28 соли гузашта Чин дар Қазоқистон ҳудуди 20 милёрд дулор сармоягузорӣ кардааст.

Дар моҳи апрели соли ҷорӣ дар чорчӯби ҳамоиши “Як камарбанд як масир” Қазоқистон ва Чин қарордоди 55 пружаи муштарак ба арзиши 27 милёрд дулор дар заминаи энержӣ, санъат ва зерсохтҳо имзо карданд.

Бар асоси иттилооти ғайрирасмӣ Чин дар Қазоқистон 80 милёрд дулор сармоягузорӣ кард ва ин кишвар дар якчаҳоруми истихроҷи нафти Қазоқистон саҳм дорад.

Бадеҳии Қазоқистон ба Чин 12 милёрд дулор аст.

Дар моҳи сентябри соли 2019 дар шаҳрҳои бузурги Қазоқистон таҷаммӯъҳои зидди чинӣ баргузор шуд ва теъдоди зиёде аз шаҳрвандони қазоқ барои ҳузур дар он боздошт шуданд.

Ӯзбакистон

Дар Ӯзбакистон беш аз 10 ширкат бо сармояи чинӣ фаъол мебошанд ва дар соли 2017 Иттиҳодияи санъатии Чин ва Ӯзбакистон таъсис шуд.

Мубодилоти тиҷорӣ байни 2 кишвар дар сатҳи 6.4 милёрд дулор аст.

Чин дар Ӯзбакистон беш аз 8 милёрд дулор сармоягузорӣ карда ва 2 кишвар беш аз 50 пружаи муштаракро иҷро мекунанд.

Пекин алоқаманд ба иҷрои пружаҳои мухталиф дар бахши ҳамлу нақл аст, ки дар ин замина сохти роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Ӯзбакистон ба арзиши 2 милёрд дулор, бисёр муҳим аст.

Илова бар ин, Чин ва Ӯзбакистон тавофуқномаи эҷоди Анҷумани сармоягузории муштарак бо будҷаи як милёрд дулорро таъсис карданд.

Тоҷикистон

Душанбе ба Чин бадеҳӣ (қарз)-и 1.2 милёрд дулорӣ дорад ва ин нисфи кулли бедеҳии хориҷии Тоҷикистон аст.

Чин дар Тоҷикистон алоқаманд ба тавсиъаи зерсохтҳои энержӣ ва истихроҷи маъдан аст.

Манобеи ғайрирасмӣ мегӯянд, ки давлати Тоҷикистон ба як ширкати чинӣ муҷаввизи навсозии нерӯгоҳи ҳароратии “Душанбе-2”-ро додааст.

Чин ҳамчунин ба корхонаҳои санъатии боқимонда аз Шӯравии собиқ кӯмак мекунад.

Дар моҳи октябри соли 2019 порлумони Тоҷикистон ҳукми ироаи муҷаввиз барои истихроҷи нуқра ба ширкатҳои чиниро содир кард.

Тарси мардуми Тоҷикистон аз ҳукумат боис шуда, ки шаҳрвандони тоҷик монанди шаҳрвандони Қирғизистон ва Қазоқистон бар алайҳи Чин тазоҳурот барпо накунанд.

Туркманистон

Мубодилоти тиҷорӣ байни Чин ва Туркманистон дар соли 2018 дар сатҳи 8.4 милёрд дулор буд ва равобити тиҷорӣ дар муқоиса бо омори соли 2017, рушди 22 дарсадиро доштааст.

90 дарсад аз мубодилоти тиҷории дуҷонибаи содироти гози Туркманистон ба Чин, аз тариқи лӯлаи интиқоли гози “Чин-Туркманистон” аст.

Туркманистон будҷа ва ҳазинаҳои худро эълом намекунад ва баррасии он имконпазир нест.

Гуфта мешавад, ки Туркманистон вомҳои вежае аз Чин барои истихроҷи гоз дар майдони гозии “Галкиниш” дарёфт карда, аммо иттилооти расмии муртабит мунташир нашудааст.

* * *

Дар маҷмӯъ вобастагии кишварҳои Осиёи Миёна ба Чин қобили таваҷҷӯҳ аст. Кишварҳое монанди Қирғизистон ва Тоҷикистон тавоноии пардохти бадеҳиҳои худ ба Чинро надоранд. Давлатҳои ин кишварҳо маҷбур ба судури муҷаввиз барои ширкатҳои чинӣ дар ҷиҳати фаъолият дар маъданҳо ҳастанд.

Илова бар ин, дигар кишварҳои минтақа ба далели доштани бадеҳӣ, бо фишори давлати Чин дар масоили мухталиф мувоҷеҳ мешаванд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: