Перейти к содержимому

Тавофуқи курдҳо бо Димишқ // Артиши Сурия вориди Манбаҷ шуд

Курдҳо аз дастёбӣ ба тавофуқ бо давлати Сурия барои истиқрори нерӯҳои артиши Сурия дар марз бо Туркия хабар доданд. Ин дар ҳолест, ки дақоиқе пеш расонаҳо аз вуруди артиши Сурия ба шаҳри Манбаҷ хабар доданд.

Ба гузориши расонаҳои минтақа, аз шаби Душанбе артиши Сурия дар марз бо Туркия мустақар хоҳад шуд. Дар ҳамин росто, Идораи минтақаи худгардони курдҳои Сурия эълом кард: “Аз ҳамон ибтидо низ тарҳи мо дар Сурия ҷудоӣ набуда, балки мо ҳамчунон хостори ҳалли сиёсӣ ҳастем.”

Идораи минтақаи худгардони курдҳои Сурия изофа кард: “Барои муқобила бо таҷовузи Туркия, мо бо давлати Сурия, ки вазифаи ҳимоят аз марзҳо ва ҳаққи ҳокимияти кишварро дорад, тавофуқ кардем.”

Аз сӯи дигар, хабарнигори шабакаи Алмаёдин хабар дод, ки истиқрори артиши Сурия дар шаҳри Манбаҷ оғоз шуда ва то наздикии марз идома хоҳад ёфт.

Дар баёнияи Идораи худгардони курдҳои Сурия ҳамчунин омадааст: “Туркия тайи панҷ рӯзи гузашта ваҳшиёнатарин ҷиноятҳоро дар ҳаққи ғайринизомиён муртакиб шуда ва нерӯҳои демукротики Сурия бо тамоми шуҷоат дар баробари ин таҷовуз муқовимат карда, шуҳадо ва маҷрӯҳон барои ҳифозат аз ҳаққи ҳокимияти Сурия тақдим шуда, аммо Туркия ҳамчунон ба таҷовузи худ идома дод. Барои ҷилавгирӣ ва мумониат аз ин таҷовуз, тавофуқе бо давлати Сурия, ки вазифаи он ҳимоят аз марзҳои кишвар ва ҳифозат аз ҳаққи ҳокимияти Сурия аст, ҳосил шуд.”

Баёния афзудааст: “Бар асоси ин тавофуқ артиши Сурия дар тӯли марзҳои Сурия-Туркия мустақар хоҳад шуд, то дар канори нерӯҳои демукротики Сурия (курдҳо) ҷилави ин таҷовузро гирифта ва манотиқеро, ки артиши Туркия ва муздуронаш вориди он шударо озод кунад. Ин тавофуқ фурсатро барои озодсозии дигар манотиқ ва шаҳрҳои ишғолшудаи Сурия аз сӯи артиши Туркия ҳамонанди Ифрин ва дигар шаҳрҳо ва манотиқи сурии дигарро фароҳам мекунад.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: