Перейти к содержимому

Шарҳи истилоҳоти ирфонӣ (ба тартиби алифбо)

Абр

Киноя аз ҳиҷобест, ки монеи вусул бувад.

Аброр

Некон ва хубон. Дар истилоҳ, бандагони хосси Худованданд, ки дараҷаҳое аз “сайри илаллоҳ”-ро паймудаанд.

Абрӯ

Аз он ҷо, ки сифати илоҳӣ ҳоҷиби зоти ӯст, ба “абрӯ” таъбир мекунанд.

Аждаҳо

Мори афсонавии бас бузургу ҳавлнок, ки дар истилоҳ киноя аз “нафси аммора” аст.

Алвон

Ҷамъи лавн ба маънои ранг. Аҳли тариқат аз рангҳо маонии хоссеро ирода кунанд, чунон ки ранги сиёҳ ишора ба мақоми касрат аст ва ранги обӣ (кабуд) ба таъайюнот ва суратҳои мисолӣ ишора дорад.

Амонат

Дар луғат ростӣ ва дурусткорӣ ва амин будан ва низ вадиа аст ва дар истилоҳи аҳли маърифат иборат аз итоати Ҳақ аст ё адолат ё вилоят ё имомат. “Бори амонат” нозир аст ба ояти 72 сураи Аҳзоб, ки урафо дар тафсири он мегӯянд: “Амонат ҳамон аҳду паймони илоҳӣ аст, ки дар рӯзи аласт миёни Холиқу халқ устувор шудааст.” Баъзе ҳам гӯянд, ки амонати илоҳӣ ишқ аст.

Асмои Ҳусно

Номҳои некӯи Худованд. Аҳли маърифат гӯянд: ҳамаи номҳои Худованд ҳусно аст.

Асомӣ

Дар бештари манобеи ирфонӣ мақсуд аз асомӣ ҳамон “асмоуллоҳ” аст.

Асрор

Ҷамъи “сир” ба маънои роз аст. Ва он гуфтугӯи хоссе аст, ки дар миёни муроду мурид барқарор аст. Дар маънои хосстари розҳои байни Худованд ва бандаи ӯст.

Асфор

Дар ирфон мурод сафарҳои руҳонӣ аз халқ ба сӯи Ҳақ, аз Ҳақ ба сӯи халқ, аз халқ дар Ҳақ ва аз Ҳақ дар халқ аст.

Асҳоби тариқат

Дар луғат ба маънои “ёрони роҳ” аст ва дар баёни урафо он касонанд, ки дар “сулуки илаллоҳ” муҷоҳидат кунанд.

Аҳвол

Руҷӯъ кунед ба: ҳол.

Аҳли дил

Аҳли маъно низ гуфтаанд ва мақсуд касоне аст, ки дили онон бо анвори Худои Таоло нуронӣ шуда бошад.

Аҳли назар

Мақсуд аҳли кашфу шуҳуданд.

Бадномӣ

Дар истилоҳи аҳли сулук ба маънои мартаба ва ҳоли маломатӣ аст ва нишонаи қатъи тааллуқ аз ғайри Худост.

Бало

Дар луғат гирифторӣ ва озмоиш аст ва дар лисони урафо иборат аст аз зуҳури имтиҳони Ҳақ нисбат ба бандаи худ, ба сабаби ибтилои вай ба ранҷу машаққат.

Барзах

Дар луғат ба маънои чизе аст, ки дар миёни ду чиз ҳоил бошад. Махсусан он чӣ миёни дунё ва охират ҳоил шавад, барзах номида мешавад.

Басират

Дидан аст ва дар забони урафо нерӯе аст, ки дилро ба нури қудсӣ мунаввар кунад, то ба василаи он ҳақоиқи ашёро мушоҳида намоянд.

Барқ

Дурахшиши ногаҳонии шайъ аст ва дар истилоҳ нуре аст, ки аз лавомеъ дар баробари солик ошкор мешавад ва ӯро ба пешгоҳи қурби Худованд — ба манзури сайри филлоҳ — фаро мехонад.

Баст

Дар луғат фарохӣ ва вусъат ва дар баробари қабз аст ва дар истилоҳи аҳли сулук инбисоти қалб аст дар асари иноёти ҷамол.

Руҷӯъ кунед ба: қабз

Башорат

Дар луғат хабари хуш аст ва дар истилоҳ муждаи васли маҳбуб.

Баҳр

Дар луғат дарёст. Ва киноя аз ҳастии мутлақ ва низ ваҳдати вуҷуд аст. Ҳамчунин дарё ба маънои инсони комил омадааст. Ҳастии мутлақ ҳам ба ин эътибор, ки ҷаҳон амвоҷи ӯст ба кор рафтааст. Аз “баҳри ҳастӣ” таҷаллиёти қудсӣ-илоҳиро ирода кардаанд.

Бедил

Дил аз даст додаро гӯянд, ки дар ошиқӣ ва шайдоӣ бефаросат бошад.

Беморӣ

Дар истилоҳи урафо нооромии дарунии соликро гӯянд.

Берангӣ

Мақом ва оламеро гӯянд, ки дар он тамоми таъайюнот аз миён бархоста, нишоне аз дугонагӣ ва касрат дар миён набошад.

Бехудӣ

Дар истилоҳи аҳли ирфон мақоми сукр аст, ки дар он солик дар шуҳуди Ҳақ аз худ асаре намеёбад.

Биёбон

Ин калима дар истилоҳи аҳли маърифат киноя аз ҳайрату саргардонии солик аст ва нишон аз мақоми “ҳайрат” дорад.

Бода

Дар луғат шароб аст ва дар забони аҳли ирфон ғалаёни ишқи ношӣ аз таҷаллиёти пай дар пай аст, ки аз ин рӯй онро “бодаи ирфон” гуфтаанд.

Бодия

Биёбони бараҳут. Дар истилоҳ, роҳҳои душвор ва тоқатфарсое аст, ки соликони тариқатро дар пеш аст.

Руҷӯъ кунед ба: биёбон.

Бори амонат

Руҷӯъ кунед ба: амонат.

Ботин

Ин калима дар баробари зоҳир аст ва низ аз номҳои Худои Таоло ба шумор аст. Дар луғат пинҳон ва андарун ва дохили ҳар чизро гӯянд.

Боғи ирам

Руҷӯъ кунед ба: ирам.

Бут

Ба арабӣ “санам” хонда мешавад, дар истилоҳи урафо, мақсуду матлуби солик ва низ мазҳарияти ҳастии мутлақ, яъне Худои Таоло аст. Дар ваҷҳи манфӣ дӯстии нафс аст.

Буткада

Маҳалли нигаҳдории бутон, дар истилоҳ, ҳамон мафҳумеро дорад, ки аз бутхона ирода мешавад, мунтаҳо хосстар аз он аст.

Бутхона

Маҳалли нигаҳдории бут ва дар истилоҳ, ботини орифи комил аст, ки дар он шавқу завқ ва маорифи илоҳия бисёр бошад.

Буъд

Дар луғат дурӣ ва дар истилоҳ иборат аст аз дурии банда аз мукошифа ва мушоҳида.

Бӯса

Дар баёни аҳли ирфон ба маънии файз ва ҷазбаи ботин аст.

Ватан

Дар истилоҳ, истиқрори банда аст дар ҳолу мақоми хос.

Ваҳдат

Дар луғат ба маънои ягонагӣ ва яктоӣ аст ва дар истилоҳ, мақсуд аз ваҳдати ҳақиқӣ вуҷуди Ҳақ аст. Ваҳдати вуҷуд яъне он ки вуҷуд воҳиди ҳақиқӣ аст ва вуҷуди ашё таҷаллии Ҳақ ба сурати ашё аст.

Вақт

Вақт он аст, ки банда ба он аз гузашта ва оянда фориғ шавад. Чунон ки вориде аз Ҳақ бар дили вай пайвандад. Ва низ аҳволе монанди таваккул, таслим ва ризо аст, ки бар солик ворид мешавад.

Ваҷд

Шодӣ ва нишот. Дар забони урафо иборат аст аз чизе, ки бидуни ҷаҳду кӯшиш бар қалб ворид шавад. Ва низ гӯянд: барқҳои дурахшандае аст, ки ба суръат хомӯш шавад.

Ваҷҳ

Дар луғат рӯй ва чеҳра аст ва назди аҳли маърифат эътибори зот ва ҷиҳати файёзияти зоти Ҳақ аст.

Вилоят

Дар луғат ба маънои фармонравоӣ ва низ дӯстдорӣ аст. Ва дар истилоҳ қиёми банда барои Ҳақ дар ҳоли фанои аз худ аст ва ба таъбири дигар, фанои банда дар Ҳақ ва бақои вай ба Ҳақ аст.

Водии Айман

Водие аст, ки дар он Мӯсо (а)-ро нидои Ҳақ расид. Ва дар истилоҳи соликон иборат аст аз тариқи тасфияи дил.

Вуҷуд

Вуҷуд ҳамон ҳастӣ аст. Вуҷудро ба дарёи маввоҷе ташбеҳ кардаанд, ки ҳар мавҷе аз он ба сурати мавҷуд ва нафси инсонӣ зуҳур кунад.

Гавҳар

Ба маънои асл, нажод ва санги гаронбаҳост. Ва дар истилоҳ ҳақиқати инсон комил аст.

Гесӯ

Дар истилоҳ риштае, ки дар тариқи талаб соликро ба Ҳақ мерасонад.

Гӯй

Ба маънои чизи гирд ва мудаввар аст ва дар истилоҳ маҷбурӣ ва мақҳурии солик аст таҳти ҳукми тақдир.

Ғамза

Ҳолатеро гӯянд, ки аз бар ҳам задан ва бозкушодани чашми дилрабоён падидор шавад. Ва дар истилоҳ бар ҳам задани чашм киноя аз адами илтифот, ва кушодани чашм ишора ба мардумпарварӣ ва дилнавозӣ аст.

Дайр

Иқоматгоҳи зоҳидон ва роҳибон.

Дайри муғон

Маҳалли иҷтимои руҳониёни зардуштӣ аст ва дар адаби ирфонӣ киноя аз маҷлиси аҳли маърифат аст.

Дарвеш

Дар луғат бенаво ва фақир аст ва дар истилоҳ касе аст, ки нисбат ба дунё ва тааллуқоти он эътино накунад.

Даст

Дар истилоҳ сифати қудрати Ҳақро гӯянд.

Даст афшондан

Изҳори ваҷд ва шодӣ аст ва дар истилоҳи аҳли ирфон киноя аз тарки дунёст.

Дев

Мавҷуди афсонавие дар асотири Эрон, ки намоди зиштӣ ва бадӣ аст. Дар форсӣ муодили шайтон аст ва намудори сифоти разила.

Девона

Девзада, маҷнун. Дар адаби ирфонӣ касеро гӯянд, ки волаҳу саргаштаи ишқ ва водии сулук аст.

Девонагӣ

Дар истилоҳ ниҳояти таслими ошиқ аст дар баробари қазои ишқ.

Дил

Ҳамон қалб аст, ки дар забони урафо маҳалу махзани асрори илоҳӣ аст. Ва низ ба маънои нафси нотиқа омадааст.

Дилбар

Дар луғат он аст, ки дилро бирубояд ва дар забони урафо онро гӯянд, ки дил дар зайли таҷаллиёти вай нуронӣ гардад.

Дилдор

Дар луғат он, ки дил дар гарави ӯст ва маҷозан маъшуқро гӯянд.

Доираи вуҷуд

Дар истилоҳи урафо ба маънои ҷаҳони вуҷуд ва низ мақоми ишқ аст.

Завқ

Дар луғат чашидан аст ва дар истилоҳ ҳолате аст самараи таҷаллӣ ва натиҷаи воридот.

Зикр

Дар луғат ёд кардан аст ва дар ахлоқу ирфон ба забон ё дил Худоро ёд доштан. Ба баёни дигар: зикр истилои мазкур бар дил аст ва ақсоме дорад.

Зоҳид

Касе, ки аз дунё рӯй гардонад. Дар таъбири мазмуми он порсое аст, ки зоҳири шариатро гирифта аз ботини он бехабар аст.

Зуламот

Яъне торикиҳо (ҷамъи зулмат). Гуфтаанд: мақсуд аз он дунёст, ки торик ва зулмонӣ аст.

Зулматобод

Киноя аз олами суфло ва ҷаҳони табиат.

Зулф

Мӯе, ки гирди гӯш ва пеши пешонӣ рӯяд. Ва киноя аст аз ғайби ҳувият, ки ҳеч касро ба он роҳ нест.

Зуннор

Риштаи муттасил ба салиб, ки масеҳиён ба гардани худ овезанд. Дар истилоҳ аломати якрангӣ ва мутобиати роҳи яқин аст.

Зуҳд

Дар луғат аз чизе рӯй гардонидан аст ва дар истилоҳ тарки неъмати дунё ва охират ва берағбатӣ ба он аст, ки бархе ба он мутазоҳиранд.

Зуҳур

Буруз ва намуди чизеро зуҳури он гӯянд ва зуҳури Ҳақ яъне таҷаллии он.

Иблис

Аз решаи иблос ба маънои ноумед кардан аст. Ҳамон аст, ки Одамро дар биҳишт фирефт. Иблис мазҳари такаббуру худбинӣ аст.

Ид

Ба маънои ҷашн ва рӯзи ҷашн аст. Дар истилоҳ чизе аст, ки аз таҷаллии ҷамол бар қалби солик оид шавад.

Иксир

Дар луғат ҳамон кимиёст, яъне ҷавҳаре, ки моҳияти ҷисмеро тағйир диҳад, масалан мисро тило кунад. Дар истилоҳи урафо “инсон”-ро иксир номидаанд (назар ба мақоми хилофатуллоҳияш) ва “инсони комил”-ро иксири аъзам.

Руҷӯъ кунед ба: кимиё.

Илло

Ба маънои ба ҷуз, магар. Ҷузъе аз калимаи таййибаи “Ло илоҳа иллаллоҳ” аст ва мақсуд мақоми имон ба ваҳдонияти зоти Ҳақ аст.

Имом

Дар луғат ба таври мутлақ ба маънои пешво аст. Имом – филҷумла – ҳамон мақоми хилофатуллоҳӣ аст.

Инният

Дар луғат фақат худро дарёфтан аст ва дар истилоҳ таваҷҷӯҳ ба вуҷуди худ аст ҳамроҳ бо ғафлат аз Ҳақ. Ва сазовор аст, ки иннияти (ман-мании) банда аз миён бархезад.

Ирам

Боғе аст, ки Шаддод, мустабидди золиме дар Яман дар саҳрои Яман (ҷануби Ҷазират-ул-араб) барои муориза ва баробарӣ бо биҳишти Худованд бино ниҳод; гоҳ мақсуд аз боғи Ирам биҳишти мавъуд аст.

Ирфон

Шинохт аст ва дар истилоҳ роҳу равише аст, ки толибони Ҳақ ва соликони тариқат барои найл ба мақсуд ва шиносоии Ҳақ бармегузинанд.

Исми Аъзам

Баъзе гӯянд: ҳамаи исмҳои Худованд Исми Аъзаманд. Гурӯҳе — аз ҷумла Мебадӣ — гуфтаанд, ки Исми Аъзам аз халқ пӯшидааст ва розе аст байни валийи Худо ва ӯ. Бархе ҳам гӯянд: Исми Аъзам калимаи “Аллоҳ” аст.

Ихлос

Дар луғат холис гардонидан аст ва дар истилоҳ ба маънои тасфияи амал аз тамоми шавоибу олудагиҳо аст.

Ихтиёр

Дар баробари “ҷабр” аст, вале дар лисони урафо он аст, ки банда он чиро ки Ҳақ ихтиёр мекунад, интихоб намояд.

Ишора

Дар луғат нишон додани касе ё чизе бо чашм ё ангушт; ба рамз гуфтан. Дар истилоҳ хабар додан аз мурод аст бидуни иборату алфоз.

Ишқ

Муҳуббати муфрид аст ва дар ирфон дӯстии Ҳақро гӯянд бо вуҷуди талаби тамом. Аҳли маърифат тамоми ҳастӣ ва вуҷуди коинот ва ҳаракати афлокро зоидаи ишқ медонанд.

Калисо

Ибодатгоҳи масеҳиён. Дар истилоҳ калисо ва куништ киноя аз олами маъно аст.

Канор

Дар луғат оғӯш ва висолро гӯянд ва дар истилоҳи аҳли сулук дарёфти асрор ва давоми муроқабати онро гӯянд.

Карашма

Дар луғат нозу ғамза ва ишора ба чашм аст ва дар истилоҳ таҷаллии ҷалолӣ аст.

Кашф

Дар луғат ба маънои парда баргирифтан ва бараҳна кардан аст ва дар истилоҳи урафо зуҳури он чӣ дар хифо бошад.

Каъба

Дар урф хонаи Худо дар Макка аст ва онон, ки иститоат доранд ба он ҷо мераванд. Дар истилоҳ мақоми васл ва низ илтифот ва таваҷҷӯҳи дилро ба Ҳақ Таоло гӯянд.

Кимиё

Дониши куҳане, ки имрӯза “шимӣ” (химия) хонда мешавад. Гузаштагон гумон мекарданд, ки моддае кашф хоҳанд кард, ки дар тағйири моҳияти ҷисм муассир аст ва масалан мисро тило хоҳанд кард. Ин моддаи хаёлӣ кимиё ном дошт. Дар истилоҳ, киноя аз инсони комил аст.

Кимиёи саодат

Дар истилоҳи аҳли маъно таҳзиби ахлоқ аст ва тазкияи нафс.

Комил

Касе аст, ки аз худ фонӣ ва дар бақои Ҳақ боқӣ шуда бошад.

Коса

Киноя аз аз ҷоми маърифат ва соғари муҳаббат аст, ки соликони илаллоҳро аз бодаи ваҳдат сармаст гардонад.

Куништ

Ибодатгоҳи яҳудиён аст ва дар истилоҳ мақоми зуҳурро гӯянд ва низ киноя аз олами маъно аст.

Курсӣ

Дар луғат мавзеи амру наҳйи Худо ва мулку тадбир ва қудрати ӯст ва низ илми ӯ. Ва дар истилоҳ олами таҷаллии сифоти хосс аст.

Кӯи майкада

Руҷӯъ кунед ба: кӯи харобот.

Кӯи харобот

Мурод мақоми фано ва бехудӣ аст.

Кӯҳ

Руҷӯъ кунед ба: ҷабал.

Қабз

Дар луғат ба маънои гирифтагӣ аст ва дар истилоҳи аҳли сулук ҳолате аст ногувор дар баробари баст. Ва натиҷаи ҳайбати ҷалол аст.

Руҷӯъ кунед ба: баст.

Қаду қомат

Мурод имтидоди ҳазрати илоҳият, барзахи вуҷуб ва имкон аст.

Қаландар

Дар луғат бе муболот ва беқайд аст ва дар истилоҳи аҳли сулук касе аст, ки худро аз ҳар ду ҷаҳон озод карда дар таҷриду тафрид ба камол расидааст ва дар тахриби одоту ибодот мекӯшад.

Қоба қавсайн

Дар луғат ба маънои фосилаи ду сари камон аст ва аз Қуръони Карим (Наҷм/9) гирифта шудааст. Дар истилоҳи аҳли ирфон ишора ба мақоми қурби илоҳӣ аст.

Қутб

Мизон ва милоки чизе, шайх ё меҳтари қавм. Дар истилоҳ раҳбари бузурги аҳли тариқатро гӯянд.

Лаб

Дар истилоҳ ишора ба нафси раҳмонӣ аст, ки ба аъён ифозаи вуҷуд мекунад.

Лайлат-ул-қадр

Руҷӯъ кунед ба: шаби қадр.

Ло

Яъне на, не. Ҷузъе аз калимаи таййибаи “Ло илоҳа иллаллоҳ” аст ва ишора аст ба нафйи ҳамаи аволими ғайри илоҳӣ, аз инният то ибодати асном.

Лоҳут

Оламе аст болотар аз ҳамаи оламҳо, ки ихтисос ба ҳазрати Ҳақ дорад. Дар истилоҳ лоҳут иборат аст аз ҳаёти сорӣ дар олами мумкинот ва раҳмати ҳамвора ҷорӣ ба сӯи ҳамаи оламҳои дигар.

Май

Шароб аст ва дар истилоҳ файзи илоҳӣ аст, ки шомили солик мешавад ва сукри маърифат аст, ки аҳли тариқро даст диҳад.

Майкада

Ҷое, ки дар он май нӯшанд. Дар истилоҳ мақоми муноҷотро гӯянд, ба тариқи муҳаббат.

Майхона

Мақсуд аз майхона олами лоҳут ва низ ботини орифи комил аст, ки дар он шавқ ва завқ ва аворифи илоҳӣ бисёр бошад.

Мақом

Иборат аст аз манзилат ва мартабате, ки банда ба воситаи одоби хосс ва таҳаммули сахтӣ ба он ноил мешавад, дар муқобили ҳол аст.

Малакут

Олами барзах ва мисол аст ва байни олами носут (мулк) ва ҷабарут воқеъ аст. Урафо аз он ба олами ғайб ва маъно таъбир кардаанд.

Марва

Маконе аст дар Макка дар наздикии “Сафо”. Маросиме, ки байни Сафо ва Марва анҷом мегирад ва ба сурати “ҳарвала” аст, “саъй” ном дорад.

Маст

Касе аст, ки сифоти дарунии хешро фурӯ мегирад ва дар сукри маърифат ғарқ мешавад.

Мастӣ

Дар истилоҳ фурӯ гирифтани ишқ сифоти дарунӣ ва беруниро гӯянд.

Маҳбуб

Мавриди муҳаббат ва дӯст доштанӣ. Ба таври мутлақ ҳазрати Ҳақро гӯянд.

Маҳв

Дар луғат ба маънои зоил кардан ва нест гардонидан аст ва дар истилоҳ заволи авсофи одат аст.

Маърифат

Дар луғат ба маънои шинохт аст ва дар истилоҳи орифон шинохти Худованд аст ба нури ботин ва ба истимдоди Ҳақ.

Маъшуқ

Касе аст, ки ба ӯ ишқ меварзанд ва мурод аз маъшуқи ҳақиқӣ зоти Ҳақ Таоло аст.

Меҳнат

Дар луғат ба ранҷ афтодан аст ва дар истилоҳ аз лавозими сулук аст, ҳамроҳ бо сабр.

Меҳроб

Дар луғат ҷои ҳарб ва мубориза аст ва ҷое аст дар масҷид, ки имоми ҷамоат барои намоз меистад. Дар истилоҳи урафо ҳар матлубу мақсуде, ки дили халқ ба он рӯй кунад, меҳроб номида мешавад.

Мишкот

Зарфи булӯрине аст, ки дар он чароғ мениҳодаанд ва дар истилоҳ мурод аз он нафс аст.

Моҳрӯй

Мазҳари таҷаллиёт, хоҳ дар ҳоли бехудӣ бошад ва хоҳ ҳушёрӣ.

Муғон

Пешвои зардуштиёнро “муғ” гӯянд, ки “муғон” ҷамъи он аст.

Руҷӯъ кунед ба: пири муғон ва дайри муғон.

Мужа

Мӯи пилки чашм. Ишора ба найза ва пайкон ва тире аст, ки аз карашма ва ғамзаи маъшуқ ба синаи ошиқ расад ва дар истилоҳ ҳиҷоби солик дар вилоят аст.

Мурид

Касе, ки матлабу мақсадеро ирода кардааст. Дар истилоҳи аҳли сулук мурид касе аст, ки аз иродаи хеш муҷаррад шуда ва аз ғайри Худо бурида бошад.

Мурод

Касе ё чизе, ки мурид дар талаби ӯст ва дар истилоҳ касе аст, ки қуввати вилоят дар ӯ ба мартабаи такмили ноқисон расида бошад.

Муроқабат

Дар луғат пайваста мувозиб будан аст ва дар истилоҳ он аст, ки солик дилу ҷонро аз корҳои нописанду паст барҳазар дорад ва муроқабат кунад.

Муршид

Иршодкунанда. Дар истилоҳ мазҳари ақлро “муршид” ва мазҳари нафсро “далел” гӯянд.

Мутриб

Тарабсоз. Дар истилоҳ файзрасонро гӯянд.

Мушоҳада

Дидан ва шуҳуд кардан аст ва дар истилоҳ шуҳуди таҷаллии зотро гӯянд.

Муштоқ

Касе, ки шавқ ба матлабе дорад ва дар он ҷиҳат ба ниҳояти ишқ ва шефтагӣ расидааст. Назди орифон касе аст, ки шавқи вофир ба лиқои Ҳақ дорад.

Муҳосаба

Дар луғат ба ҳисоби якдигар расидан аст ва дар ахлоқу ирфон марҳалае аст, ки пас аз тавба таҳаққуқ мепазирад ва расидагӣ ба аъмоли неку бади худ аст.

Муҷаррад

Танҳо ва так афтода. Дар истилоҳ он касе аст, ки аз матои дунявӣ ва алоиқи ин ҷаҳонӣ бурида бошад, худро аз разоил пок карда барои сайри илаллоҳ муҳайё шуда бошад.

Мӯй

Дар истилоҳ мақсуд аз мӯй зоҳир кардани ҳувиятро гӯянд. Ва низ тариқи талаб аст ва ҳабл-ул-матини ориф.

Назар

Нигоҳ ва дидан аст. Ва дар истилоҳи аҳли маърифат илтифот ва таваҷҷӯҳ дар ҳақоиқи мавҷудот аст ва низ илтифоти илоҳӣ бар солики роҳи Ҳақ ва таваҷҷӯҳи банда ба Ҳақро ҳам гӯянд.

Насим

Боди мулоим аст ва дар истилоҳ он чӣ хабар аз инояти Ҳақ диҳад.

Нафс

Дар таърифи нафс гуфтаанд: ҷавҳари муҷарраде аст, ки дар зот ба модда ниёз надорад, вале дар феъл ба модда ниёзманд аст. Урафо гуфтаанд: нафс зиндони руҳ ва дунё зиндони нафс аст.

Нестӣ

Дар забони урафо он аст, ки солик дар роҳи Ҳақ фонӣ шавад ва аз ҳастии хеш ҳеч набинад.

Ниқоб

Мавонеъеро гӯянд, ки маъшуқро аз ошиқ дур нигаҳ дорад ва низ садде аст дар сулук, ки соликонро падидор шавад.

Ноз

Дар истилоҳ нерӯ бахшидани маъшуқ аст ошиқонро дар ишқу муҳаббат. Ва низ илтифот ва посухи ниёзи соликро ноз гӯянд.

Нола

Дар истилоҳи аҳли сулук муноҷотро гӯянд.

Ноқус

Занги дайр ва калисоҳоро гӯянд. Ва дар истилоҳ киноя аз тавба ва инобат ва зуҳд ва ибодат аст.

Нур

Дар ирфон Ҳақ Таоло нури ҳақиқӣ ва мутлақ аст, ба ҳукми ояти муборакаи “Аллоҳу нур-ус-самовоти вал-арз…” (Сураи Нур/35).

Об

Дар истилоҳи урафо ба маънои “файз” ва “маърифат” аст.

Обрӯй

Дар мутуни орифона ба маънои “илҳомоти ғайбӣ” аст, ки бар дили солик ворид шавад.

Одам

Одам Абулбашар (а) ҷомеи ҷамии асмои Худованд ва сифоти илоҳӣ аст. Урафо гӯянд, ки инсон олами сағир аст.

Ойина

Мурод қалби инсони комил аст.

Окиф

Окиф шудан ҳамон эътикоф аст.

Руҷӯъ кунед ба: эътикоф.

Ориф

Ба маънои шиносанда аст ва дар истилоҳи аҳли ирфон касе аст, ки ба мартабае аз шуҳуди зот ва асмоъ ва сифоти Ҳақ Таоло расидааст.

Офоқ

Руҷӯъ кунед ба: уфуқ.

Офтоб

Дар истилоҳ, гоҳ ба маънои ҳаёт аст ва гоҳ вуҷуд (мутлақ); ба маънои дониш ва маърифат низ омадааст. Ҳамчунин киноя аз ишроқоти раббонӣ аст.

Ошиқ

Дар истилоҳи аҳли сулук ҷӯяндаи Борӣ Таоло, ки ҷуз маҳбуби ҳақиқӣ ҳеч касро нахоҳад ва наҷӯяд.

Оштӣ

Дар истилоҳи аҳли маърифат қабули ибодати соликро гӯянд, ба василаи воситаҳои қурбат.

Паймона

Дар луғат зарфу косае аст, ки ба он чизҳоро паймона кунанд ва ё дар он биёшоманд. Дар истилоҳ дили ориф аст, ки анвори ғайбӣ дар он мушоҳида шавад.

Парда

Ҳамон ҳиҷоб аст ва мавонеъеро гӯянд, ки миёни ошиқу маъшуқ бошад ва ҳир чиз, ки матлубро бипӯшонад.

Пиёла

Зарфе, ки барои нӯшидани мойеот аз он истифода кунанд ва дар истилоҳи аҳли сулук киноя аз маҳбуб аст, дар он вақт, ки таҷаллии осореро талаб кунанд.

Пир

Гоҳ ба маънои муршид ва гоҳ ба мафҳуми қутб аст. Ба маънои ақл ва ринди хароботӣ низ ба кор рафтааст.

Пири муғон

Пири тариқатро гӯянд ва киноя аз раҳбари комили руҳонӣ аст.

Пири харобот

Иборат аз муршиди комил аст, ки муридро ба тарки русуму одатҳо фаро мехонад ва ба роҳи фақру фано раҳсипор месозад.

Покбозӣ

Он аст, ки солик ҳар чӣ ба даст орад, дар роҳи Худо арзонӣ дорад ва дил ба он машғул насозад.

Рабб-ул-арбоб

Арбоб ҷамъи рабб аст, ва рабб ба маънои парвардигор ва соҳиб аст. Мақсуд аз “Рабб-ул-арбоб” сирфи зоди ақдаси илоҳӣ аст.

Рамз

Амри пӯшида. Дар истилоҳи орифон маъноҳои ботиниро гӯянд, ки дар каломи зоҳир мухтафо аст ва номаҳрамонро ба он дастрасӣ нест.

Рақс

Рақс ҳаракоти хоссе, ки дарвешон бо шароити махсус иҷро мекунанд ва онро “самоъ” низ гӯянд. Дар истилоҳи орифон киноя аз сайри солик аст ба сӯи камол.

Риё

Дар луғат ба маънои дурӯӣ ва тазоҳур ба некӣ аст ва дар истилоҳи урафо он аст, ки дар аъмол ва ибодоти зоҳирӣ ва ботинӣ назар ба халқ дошта бошанд ва аз Ҳақ дур монанд.

Ризо

Дар луғат хушнудӣ аст ва дар истилоҳ рафъи кароҳат ва таҳаммули марорат ва талхии аҳкоми қазо ва қадар. Ба таъбире, ризо — ки мақоми восилон аст — хуруҷ аз ризои нафс ва боз омадан дар ризои Ҳақ аст.

Ринд

Ба маънои зирак ва низ лоуболӣ ва беқайд аст. Дар истилоҳ касе аст, ки ҷамии касарот ва таъайюноти зоҳирӣ, имконӣ, аъён ва сифотро аз худ дур сохта бошад.

Рӯй

Ваҷҳ ва чеҳра аст. Ва дар истилоҳ таҷаллиётро гӯянд, ки солик ба кайфияти он огоҳ шавад ва илми он дар вай бимонад.

Сабо

Боде, ки аз самти машриқ мевазад, муқобили дабур, ки аз мағриб мевазад. Дар истилоҳ иноёт ва нафаҳоти раҳмониро ирода кунанд.

Сабӯ

Кӯза аст. Ва киноя аз ҷоми ваҳдат аст, ки аз манбаи файзи мутлақ ҳар касро саҳме доданд.

Сабр

Дар луғат ба маънои таҳаммул ва шакебоӣ аст ва дар истилоҳ тарки шикоят аз сахтии бало назди ғайри Худо аст.

Савмаа

Ибодатгоҳи роҳибон аст ва дар истилоҳ мақоми тафарруд ва таҷарруд аз ғайри Аллоҳ аст.

Садр

Яъне сина. Ва дар истилоҳ руҳи одамиро гӯянд.

Самоъ

Дар луғат шунидан аст. Ба маънои суруру шодӣ ва пойкӯбӣ ва дастафшонӣ низ омадааст.

Саргашта

Солике, ки дар тариқи висоли Ҳақ шефта ва ҳайрон ва мафтун аст.

Сароб

Обнамо. Дар истилоҳи аҳли маъно киноя аз дунё ва неъматҳои дунявӣ аст.

Сафина

Ба маънои киштӣ ва рамзе аст аз колбуди одамӣ.

Сафо

Дар луғат зулолӣ ва покӣ аст ва дар истилоҳи урафо покии табъ аз зангори кудурат ва разоил аст. Низ маконе аст дар Макка, ки таййи фосилаи ин макон то Марва (макони дигаре дар Макка)-ро ки аз фароизи айёми ҳаҷ аст-”саъй” меноманд.

Руҷӯъ кунед ба: Марва.

Саҳар

Замоне байни нимаи шаб ва тулӯи офтоб. Мақоми розу ниёзи соликро саҳар гӯянд. Низ талаълуи анвори Ҳақро саҳар номидаанд.

Саҳв

Дар луғат ба маънои ҳушёрӣ аст. Саҳв ва сукр ду сифатанд дар банда ва пайваста банда аз Худои худ маҳҷуб аст, то авсофи вай фонӣ гардад.

Саҳоб

Ба маънои абр аст ва киноя аз файзи илоҳӣ.

Сафар

Дар истилоҳ қиём ва таваҷҷӯҳи дил аст ба Парвардигор. Ва бо “сайр” мутародиф аст.

Руҷӯъ кунед ба: асфор.

Саъқ (саъқа)

Он аст, ки одамӣ аз садои шадиди раъд беҳуш шавад. Дар истилоҳи аҳли маъно фанои дар Ҳақ аст, дар мақоми таҷаллии зотӣ.

Сел

Дар истилоҳи аҳли ирфон ғалабаи аҳвол бар дили солик аст.

Сидрат-ул-мунтаҳо

Яъне дарахти Сидри охирин. Дарахте аст дар биҳишти илоҳӣ.

Сина

Дар забони урафо сифати илми илоҳиро гӯянд.

Сирот

Пуле аст, ки рӯзи дар ҳашр халқ бояд аз он бигузаранд ва ба ризвон ворид шаванд.

Соғар

Пиёлаи шароб аст ва мурод аз он дар мутуни ирфонӣ дили ориф аст, ки анвори ғайбӣ дар он мушоҳида гардад.

Соиқа

Оташе аст, ки аз абр бияфтад ва дар истилоҳи урафо оташи муҳаббате аст, ки муҳибро дар як лаҳза бисӯзонад.

Солик

Ба маънои раванда аст ва дар ирфон касе аст, ки пайваста рӯ ба сӯи Худои Таоло сайр кунад.

Соқӣ

Обдиҳанда, касе, ки шароб дар соғар резад. Дар адаби ирфонӣ мурод аз он киноя аз файёзи мутлақ аст ва гоҳе маҷозан ба Имом Алӣ ибни Абӯтолиб (а) гуфта шудааст. Гоҳ муршиди комилро низ — ба истиора — соқӣ гуфтаанд.

Соҳиб-уз-замон

Собиҳи вақт ва ҳол. Касе, ки хориҷ аз ҳукми замон ва мутасаррифоти гузашта ва оянда ба ҳақоиқи умур огоҳ бошад.

Соя

Киноя аз ҷаҳони зоҳирӣ ва дунёи аъроз аст. Таваҷҷӯҳ ва илтифотро низ гуфтаанд.

Сукр (мастӣ)

Дар истилоҳи урафо ба маънои тарки қайдҳои зоҳирӣ ва ботинӣ ва таваҷҷӯҳ ба Ҳақ аст.

Сулук

Ба маънои рафтан аст ва дар ирфон таййи мадориҷи хос аст аз сӯи солики роҳи Ҳақ, то ба мақоми васл ва фано бирасад.

Суруш

Паёмрасон ва ҳотифи ғайбӣ.

Сӯҳбат

Дар истилоҳи аҳли маърифат зидди ваҳдат ва тафарруд аст. Сӯҳбат аз одоби тариқат ба шумор меояд.

Таваккул

Дар луғат такя кардан ва эътимод ба дигарӣ аст. Дар истилоҳ эътимод ба он чӣ назди Худои Таоло аст ва ноумед шудан аз он чӣ дар дасти мардумон аст.

Тавба

Бозгаштан аст ва дар истилоҳ руҷӯъ аз мухолифати фармони Ҳақ Таоло ба мувофиқат аст.

Тавфиқ

Дар луғат мувофиқ кардани асбоб аст ва дар истилоҳ қарор додани Худои Таоло дар кори банда он чӣ дӯст дорад ва ба он хушнуд аст.

Тақдир

Дар луғат андоза гирифтан ва таъйини миқдор аст ва қазо ва фармони муайяни илоҳӣ. Дар истилоҳ тарки ихтиёр аст ва ин ки солик бидонад, ки он чӣ Худо хоҳад, ҳамон шавад.

Талбис

Пӯшонидан ва пинҳон кардан ва макр намудан аст ва чизеро ба хилофи ҳақиқати он ба халқ намоёндан.

Тасбеҳ

Муназзаҳ ва пок донистани Худованд аз сифот ва тааллуқоти моддӣ ва он чӣ дар пешгоҳи худовандӣ лоиқ набошад.

Таҷаллӣ

Дар луғат ба маънои зоҳир шудану ҷилва кардан аст ва дар истилоҳ он чӣ аз анвори ғайбӣ бар дили солик ошкор шавад. Ба таъбире таҷаллӣ иборат аст аз зуҳури афъол ва асмоъ ва сифот ва зоти илоҳӣ дар солик.

Таҷрид

Дар луғат танҳо сохтан ва танҳоиро гӯянд ва дар истилоҳ ба маънои холӣ шудани қалб ва ҷони солик аст аз ғайри Худо.

Тоби зулф

Дар истилоҳ пинҳон кардани асрори илоҳӣ ва низ сахтиҳои тариқатро гуфтаанд.

Тубо

Номи дарахте аст дар биҳишт. Дар истилоҳ “мақоми тубо” мақоми унс бо Худои Таоло аст.

Тур

Тури Сино ё Синин, ки кӯҳи Байт-ул-муқаддас низ номида мешавад ва дар Фаластин воқеъ аст. Худованд дар ин кӯҳ бар Мӯсо (а) таҷаллӣ кард. Низ киноя аз синае аст, ки ба Ислом кушода шавад.

Унс

Дар луғат хӯ гирифтан аст ва дар истилоҳи урафо иборат аст аз лаззат бурдани ботин бо мутолиаи камоли маҳбуб.

Урафо

Ҷамъи ориф.

Уфуқ

Дар луғат каронаи осмон ва ҷаҳон аст ва дар истилоҳ “уфуқи мубин” мақоми қалб аст ва “уфуқи аъло” ниҳояти мақоми руҳ.

Файз

Дар луғат ба маънои бисёри ва бахшиш аст ва дар истилоҳи аҳли маъно илқои чизе аст дар дил аз тариқи илҳом.

Фақр

Дар луғат ба маънои дарвешӣ ва нодорӣ аст ва дар истилоҳи урафо хулувви куллиро гӯянд аз ғайри Худо.

Фано

Дар луғат нестӣ ва маҳв шудан аст ва дар истилоҳ фанои банда дар Ҳақ ба ин маъно аст, ки башарияти банда дар рубубияти Ҳақ маҳв ва фонӣ гардад.

Фиғон

Дар луғат нола ва фарёд аст ва дар истилоҳ зоҳир сохтани аҳволи дарунӣ аст.

Фикр (тафаккур)

Дар забони урафо андеша кардан дар Худои Таоло аст, ба сабаби илтифот дар осори сунъи илоҳӣ.

Хавф

Яъне тарс. Аз ҷумлаи манозил ва мақомоти тариқи охират аст. “Хоиф” он аст, ки сирфан аз Худо ва низ аз аъмолу ниёти бади худ битарсад.

Хаёл

Дар луғат пиндор ва гумон аст ва дар истилоҳ ғалабаи хавотири нафсонӣ бар дил аст.

Хайма

Дар луғат чодур ва саропарда аст ва дар истилоҳи орифон мартабаи ҳиҷоб ва ҷаҳони вуҷуд аст.

Хаммор

Дар луғат ба маънои майфурӯш аст ва дар истилоҳ пири комил ва муршиди восилро гӯянд.

Хизр

Аз бандагони баргузидаи Худои Таоло, ки баъзе вайро аз паёмбарони Банӣ Исроил ва бархе бандае аз бандагони шоистаи Худо донистаанд. Ба фармудаи Қуръони Карим (Каҳф/65) Мӯсо (а) ба амри Худо назди Хизр рафт, то аз ӯ илм биёмӯзад. Албатта дар китоби илоҳӣ номи вай наёмадааст. Дар истилоҳи урафо низ пири тариқате аст, ки зиндаи ҷовид аст ва соликро ба оби ҳаёт-ки зуламт ҷой надорад-иршод мекунад.

Хилват

Дар луғат ҷои холӣ аз ғайр ва низ танҳоӣ маъно медиҳад ва дар истилоҳ он аст, ки фард бо Худои Таоло хилват кунад ва ҷуз ёди Ӯ ғайреро ба дил роҳ надиҳад. Дар шариати Ислом бар хилофи дигар оинҳо дар умуре монанди хилват гузидан, ифроту тафрит роҳ надорад.

Хирқа

Дар луғат ба маънои ҷомаи захим, кӯҳна ва чанд тикка аст, ки аҳли фақр пӯшанд.

Хол

Мабдаъ ва мунтаҳои касрат ваҳдат аст ва хол ишора ба он аст, ки дар истилоҳи аҳли маърифат ҳамон нуқтаи ваҳдат аст.

Хонақоҳ

Он ҷо ки сӯфиён дароянд ва зикр гӯянд, ба ҷаҳру фарёд. Ва чун он чӣ кунанд зоҳир аст, аҳли маърифат пайваста ба онон тохтаанд.

Худбинӣ

Дар луғат худхоҳӣ ва шефтаи худ будан аст. Дар фарҳанги ирфонӣ зидди худобинӣ аст.

Хум

Дар луғат зарфе аст, ки дар он шароб ё сирка резанд ва аз ҷинси сафол аст. Дар истилоҳи аҳли завқ киноя аз бидояти сулук аст, ки солик монанди хум дар ҷӯшу хурӯш аст.

Хумхона

Маҳалли нигаҳдории хумраҳои шароб. Удабои ориф олами таҷаллиёти зоҳирро дар қалб ва ҷойгоҳи истиқрори ишқ ва ғалаботи онро хумхона гӯянд.

Хуршед

Дар истилоҳи аҳли маърифат анвори ҳосил аз таҷаллиёти илоҳӣ ва низ мақоми ваҳдат аст, чунон чӣ моҳ ишора ба касрат аст.

Хуффош

Ҷонвари пистондоре мисли муш, ки метавонад парвоз кунад. Маҷозан ишора ба касоне аст, ки аз дарёфти ҳақоиқ-ҳар чанд равшан-қосиранд.

Ҳаво

Дар луғат ба маънои орзу ва майли нафс аст ва дар истилоҳ гароиш ба майлҳои нафсонӣ ва рӯйгардонӣ аз руҳониёт ва рӯйовардан ба моддиёт аст.

Ҳақ

Дар луғат зидди ботил ва низ сазовор будан аст ва дар истилоҳ иборат аз Вуҷуди Мутлақ аст.

Ҳикмат

Дар луғат ба маънои доноӣ ва маърифат аст ва дар истилоҳ илм ба ҳақоиқи ашё ва авсоф ва хавос ва аҳкоми онҳо, он тавр ки ҳаст.

Ҳиҷоб

Руҷӯъ кунед ба: парда.

Ҳиҷр

Дар луғат дурӣ аст ва дар истилоҳ илтифоти зоҳирӣ ва ботинии солик аст ба ғайри Ҳақ. Ва низ ғайбат аз таҷаллиёти зотӣ.

Ҳол

Дар луғат кайфият ва чӣ гунагӣ аст ва дар истилоҳ вориди қалбиро гӯянд бидуни қасду иктисоб.

Ҳусн

Дар луғат некӯӣ ва ҷамол аст ва дар истилоҳ ҷамъияти камолотро гӯянд дар як зот ва ин ҷуз Ҳақ Таолоро набошад.

Ҳушёрӣ

Дар истилоҳи аҳли сулук ва ирфон мақоми тавҳид ва истиқомати соликро гӯянд ва бо “саҳв” мутародиф аст.

Чалипо

Дар луғат ба маънои хоҷ ва салиб аст, ки масеҳиён ҳамроҳ бо шабеҳи Исо Масеҳ (а) ба гардан меовезанд. Дар адаби ирфонӣ киноя аз зулфи маъшуқ аст ва мазҳари ҷалоли илоҳӣ.

Чанг

Сози бисёр қадимие бо 46 сим, ки бо ангушт навохта мешавад. Дар адаби ирфонӣ усулан ҳар як аз олоти мусиқӣ розу рамзе аст ва мурод аз он илтифоти дил ба олами малакут аст.

Чашм

Дар истилоҳи соликон ва аҳли ирфон ишорат ба шуҳуди Ҳақ аст.

Чеҳра

Дар истилоҳи аҳли ботин таҷаллиётро гӯянд, ки солик ба кайфияти он огоҳ шавад ва илми ӯ дар вай боқӣ бимонад.

Чоҳи Замзам

Чоҳе аст дар Макка ва назди аҳли маъно киноя аз айн-ул-яқин аст.

Чоҳи Канъон

Чоҳе, ки бародарони Юсуф вайро дар он андохтанд ва дар истилоҳи аҳли маърифат киноя аз ҷаҳони торик ва зулмонӣ аст.

Ҷом

Аҳвол ва низ маҷлои таҷаллиёти илоҳия ва мазоҳири анвори номутаноҳиро гӯянд.

Ҷабал

Дар луғат кӯҳ аст ва дар истилоҳ мазҳари Ҳақ Таоло аст, зеро Мӯсо (а) Худойро ба таҷаллӣ дар кӯҳи Тур мушоҳида кард.

Ҷабарут

Дар луғат азамат ва бузургӣ аст ва дар истилоҳ фосилаи ҷаҳони мулк ва малакутро гӯянд, ки аз он ба олами асмоъ ва сифот низ таъбир шудааст.

Ҷазба

Дар луғат кашиш ва гироӣ аст ва дар истилоҳ тақарруб ва наздикии банда ба Худои Таоло бидуни таййи манозил ва мароҳили маъмул дар сулук.

Ҷамол

Дар луғат некӯсурат шудан ва нек гаштан аст ва дар истилоҳ зоҳир кардани камолоти маъшуқ аст ба манзури зиёдатии рағбат ва талаби ошиқ аз роҳи лутф.

Ҷаннат

Дар луғат ба маънои биҳишт аст ва дар истилоҳи урафо мақоми таҷаллиётро гӯянд.

Ҷарас

Дар луғат занг ва дарой ва овози нарм аст ва низ занге, ки дар корвон ба гардани асп ё шутур бибанданд. Дар истилоҳ хитоби илоҳӣ аст бо сифати қаҳр ва ҷалол.

Ҷаҳл

Дар луғат нодонӣ аст ва дар истилоҳи орифон ба маъннои марги диле аст, ки аз фаҳми ҳақоиқ дур аст.

Ҷилва

Руҷӯъ кунед ба: таҷаллӣ.

Ҷон

Мурод аз ҷон руҳи инсонӣ, нафаси раҳмонӣ ва таҷаллиёти Ҳақ аст.

Ҷонон

Дар луғат маъшуқ ва маҳбуб аст ва дар истилоҳ зоти ҷалили илоҳӣ аст ба сифати қайюмӣ.

Ҷони ҷаҳон

Ҳамон ҷонон аст ва мақсуд ҳазрати Ҳақ аст дар мақоми истиғнои мутлақ.

Ҷунун

Дар луғат ба маънои девонагӣ аст ва дар истилоҳ зафари аҳкоми ишқро гӯянд бар сифоти ошиқ, ки мақоми маҳфуз аст.

Ҷуръа

Як ошом аз об ва шароб ва амсоли он. Дар истилоҳ асрор ва мақомоти аҳволеро гӯянд, ки дар сулук аз солик пӯшида монда бошад.

Шаби қадр

Шабе аст, ки Қуръони Карим дар он бар Паёмбари Акрам (с) фуруд омад ва “аз ҳазор моҳ бартар аст”. Дар забони аҳли ирфон шабе аст, ки солик ба таҷаллиёти хос восил мешавад ва вусули вай дар маърифат оғоз мегардад.

Шавқ

Дар луғат орзумандӣ ва майли хотир аст ва дар истилоҳ майли муфрад ва унс бо таҷаллиёт аст.

Шайдо

Шиддати ғалаёни ишқ ва ошиқиро гӯянд, ки ошиқ худро фаромӯш созад.

Шайх

Ба маънои марди куҳансол аст ва ба маънои пир, муршид, мурод ва бузурги тоифа низ омадааст.

Шамъ

Нури Худои Таолоро гӯянд ва низ ба маънои вуҷуди одамӣ, ботин, амали ботинӣ, амали нек ва бади одамӣ аст.

Шароб

Май, бода. Дар адабиёти ирфонӣ ба таври мутлақ киноя аз сукри муҳаббат ва ҷазбаи Ҳақ аст. Ишқ ва завқи сукрро низ ба шароб ташбеҳ кардаанд.

Шароби маърифат

Мақсуд бодаи худоӣ, шароби илоҳӣ ва шароби фазилат аст. Ва низ мақсуд ҳамон маърифат аст, ки Худованд ба ҳар кас хоҳад, ато кунад.

Шатаҳ

Суханоне аст, ки дар ҳоли ваҷд ва бехудӣ аз аҳли маърифат содир гардад ва шунидани он бар арбоби зоҳир сахту душвор ояд ва бадгумонӣ ва инкорро сабаб шавад.

Шаҳид

Ба маънои касе, ки дар роҳи Худо ба шаҳодат расида бошад. Дар адабиёти ирфонӣ касе аст, ки дар партави таҷаллиёти маъшуқ маҳв шавад.

Шифо

Аз муҳимтарин осори донишманди бузурги садаи панҷум, Абӯалии Сино аст ва шомили бахшҳои мантиқ, табииёт, риёзиёт ва илоҳиёт аст.

Шоҳид

Яъне гувоҳ. Дар истилоҳ таҷаллиро гӯянд ва низ ба маънои марди комил, муршид ва валӣ ба кор рафтааст.

Шукр

Адои сипос аст ва дар ахлоқ ва ирфон эътироф ба неъматҳо аст, ба дил ва забон.

Шуҳуд

Ҳозир шудан, дидани чизе. Дар истилоҳ рӯъяти Ҳақ аст ва олами шуҳуд ҳамон олами шаҳодат аст.

Шӯр

Дар луғат ошӯб ва фарёд аст ва дар истилоҳ ҳолате аст махсуси орифон ва соликон, ки натиҷаи давоми ҳузур ва ё ҳоле аст. Ва ғолибан дар самоъ ориз мешавад. Низ номи яке аз ҳафт дастгоҳи мусиқии асили Эрон аст.

Эътикоф

Гӯшанишин шудан, инзиво ихтиёр кардан; дар истилоҳ инзиво дар кунҷи масҷид ба қасди ибодат ва сулук, ҳамроҳ бо қатъи алоқаҳои дунявӣ ва буридан аз ҳавоҳои нафсонӣ.

Ям

Дар луғат ба маънои дарё аст ва дар истилоҳ ба маънои дарёи ҳастӣ аст, ки ҳамон раҳмати восиаи Ҳақ Таоло ба шумор меояд.

Руҷӯъ кунед ба: баҳр, дарё.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: