Перейти к содержимому

Ваҷҳи муштараки хиёнати Омрико дар робита бо Курдистон ва Яман

Таҳлиле аз Нӯҳ Милман (Noah Millman) дар ҳафтаномаи Week

Дунолд Тромп саранҷом даст ба коре зад, ки мунҷар ба ноумедии бисёре аз атрофиёни вай шуд. Раисиҷумҳур амалан ба Туркия барои ҳамла алайҳи мавозеи яке аз наздиктарин муттаҳидони мо дар ҷанг бо ДОЪИШ чароғи сабз нишон дод. Ин иқдоми Тромп мӯҷиби эътирозҳои густурдае дар гурӯҳҳои мухталиф — аз раҳбарони «евангелист” гирифта то сенотурҳои ҷумҳурихоҳ — шуд.

Нӯҳ Милман (Noah Millman)

Асабонияти мухолифони ин тасмим комилан қобили дарк аст, аммо ҳеч кас набояд аз ин иқдом шигифтзада шуда бошад, чаро ки бо таваҷҷӯҳ ба вежагиҳое, ки аз Тромп суроғ дорем, чунин иқдоме аслан дур аз интизор набуд. Тромп моҳҳост, ки нисбат ба хуруҷ аз Сурия ибрози тамоюл карда. Ӯ ҳатто пеш аз ин дар ҳавзаи тиҷорат ҳам ҳамдилии чандоне нисбат ба шариконаш нишон надодааст. Ризояти ӯ аз иқдоми Туркия ва дарки манофеи ин кишвар, дақиқан ҳамон коре аст, ки вай дар моҷарои дахолати саудиҳо дар Яман низ анҷом медиҳад. Дар ҳар дуи ин маворид, ӯ бо қарор гирифтан дар канори як қудрати минтақаӣ, қиёми мардумӣ дар кишварҳои ҳамсояи ин қудратҳоро саркӯб кард; қудратҳое, ки аз сирояти ин қиёмҳо ба хоки худашон метарсиданд.

Албатта ин муқоиса мумкин аст каме аҷиб ба назар бирасад, чаро ки курдҳо солҳо ҳампаймони шумораи яки Омрико будаанд, дар ҳоле ки Ҳусиҳо амалан душмани Омрико ба ҳисоб омада ва ҳатто ба Эрон нисбат дода мешаванд. Илова бар ин, Омрико ба таври ҷиддӣ аз ҷанги Арабистон алайҳи Яман ҳимоят карда, дар ҳоле, ки дар баробари Туркия чунин мавзеи муҳкаме нагирифта ва танҳо эълом дошта, ки мо пеши роҳи нерӯҳои Туркияро намегирем. Дар ин байн, саудиҳо бо амалкарди худ Ҳусиҳоро ба маротиб бештар аз он чи дар ибтидо буд ба Эрон наздик карданд. Дар зимн, ҳимояти Омрико аз ҷанги Яман дар ибтидо ба маротиб камтар аз он чи буд, ки имрӯз Тромп дар қиболи ин даргирӣ аз худ нишон медиҳад.

Ба зудӣ хоҳем дид чӣ иттифоқе барои курдҳои Сурия рух медиҳад, аммо бешак канор кашидани мо аз минтақа боис мешавад курдҳо ба дунболи ҳомиёни минтақаии қобили итминонтаре бигарданд. Ва чӣ кишваре беҳтар аз Эрон!

Дар дараҷаи аввал набояд фаромӯш кард, ки талошҳои бодавоми Омрико барои маҳор ё ҳатто сарнагунии ҳукумати Эрон, иллати аслии ҳузури мо дар Сурия будааст. Пеш аз зуҳури ДОЪИШ, худи Омрико даргири ҷанги ниёбатӣ барои сарнагунии давлати Сурия ба нафъи маҷмӯае аз гурӯҳҳои мухолиф буд; гурӯҳҳое, ки иттифоқан бисёре аз онҳоро исломгароёни аҳли суннат ташкил медоданд. Ҳама медонем, ки ҳадафи ин талоши Омрико беш аз он ки истиқрори демукросӣ дар Сурия буда бошад, талоше барои коҳиши нуфуз ва қудрати Эрон будааст, чаро ки бо сарнагунии Асад Ҷумҳурии Исломии Эрон амалан яке аз муттаҳидони таъсиргузори худашро аз даст медод. ДОЪИШ он қадр хатарнок ба назар мерасид, ки мо авлавияти худро, ки сарнагунии Асад буд дар канор гузошта, ба фикри аз баён бурдани ДОЪИШ ба унвони як таҳдид шудем.

Курдҳо беҳтарин муттаҳидони мо дар мубориза бо ДОЪИШ ба ҳисоб меомаданд, чаро ки аз ҳамоҳангии матлубе бархӯрдор буданд. Гузашта аз ин масъала, дар он мақтаъ ҳеч нерӯи беҳтаре вуҷуд надошт, ки битавон рӯи он ҳисоб боз кард. Дар маҷмӯъ курдҳо як нерӯи воқеан мустақил дар даргириҳои Сурия буданд; ба ҳамин хотир пирӯзиҳои онҳо аслан ба манзилаи пирӯзии Асад ё Эрон ба ҳисоб намеомад.

Табиӣ буд, ки қарор гирифтан дар канори курдҳо дар он мақтаъ, ба маънои дур шудан аз Туркия буд, чаро ки ин кишвар даҳаҳост дар ҳоли ҷанг бо шӯришиёни Ҳизби коргарони курд (ПКК) аст. Дар натиҷа, интизор мерафт ҳатто пас аз ғалаба бар ДОЪИШ, сарбозони омрикоӣ ҳамчунон барои ҷилавгирӣ аз дахолати туркҳо ва афзоиши нуфузи Эрон дар шимоли Сурия дар ин минтақа бимонанд.

Бар асоси он чи гуфта шуд, ҳеч тавҷеҳи табиӣ барои поёни ҳузури Омрико дар ин минтақа вуҷуд надошт. Курдҳо аз аксари кишварҳои минтақа беҳтар ҳастанд. Онҳо як гурӯҳи қавмии мутамойиз ба ҳисоб меоянд, ки дар кишварҳои мухталиф баъзан ҳуқуқашон ҳам нақз шудааст, мардумони курд ба сурати зотӣ аз ҳувият ва руҳияи размии бисёр хубе бархӯрдоранд, ки дар мубориза онро ба кор мегиранд. Бо вуҷуди ин руҳия ва пирӯзиҳое, ки онҳо барои кишварҳои дигар ба армуғон овардаанд, худашон ҳаргиз натавонистанд кишвари мустақилли худро эҷод кунанд. Курдҳо шояд барои ДОЪИШ як рақиби сарсахт буда бошанд, аммо бидуни шакк тавони истодагӣ дар баробари қудрати минтақаие мисли Туркияро надоранд ва ба ҳамин хотир аст, ки як ҳомии қудратманди фароминтақаӣ мисли Омрико бояд аз онҳо ҳимоят кунад.

Мусалламан ифои чунин нақши ҳимоятгаронае аз сӯи Омрико барои тарафдорони достонҳои ошиқона моҷарои ҷаззобе аст, аммо дар олами воқеъ чандон мантиқӣ ба назар намерасад, чун ҳимоятҳои баландмуддати Омрико аз курдҳо дар баробари кишварҳои дигари минтақа метавонад паёмадҳои хоссеро ҳам ба ҳамроҳ дошта бошад.

Бо ин вуҷуд воқеият ин аст, ки Омрико дар мавориди бисёре, вақте дид дигар манофеъе дар ҳимоят аз як кишвар ё гурӯҳе надорад, ба онҳо пушт кардааст. Ба унвони мисол, мавзӯи Лаҳистонро дар ҷанги ҷаҳонии дуввум ба ёд биёваред, ки чӣ гуна адами ҳимояти Омрико аз он танҳо барои даргир нашудан дар ҷанги бузург мунҷар ба ишғоли хоки он кишвар ва дар ниҳоят ҷанги ҷаҳонии дуввум шуд.

Агарчи Тромп нишон дода, ки бар хилофи бисёре аз ҳамҳизбиҳояш хоҳони ҷанг нест ва ҳатто аз он метарсад, аммо сиёсатҳои ахири Вошингтун, чӣ ҳимояти ибтидоӣ аз курдҳо ва ҳоло пушт кардан ба онҳо, нишон аз ин дорад, ки Омрико имрӯз ба шакли аҷибе муштоқи як ҷанги дигар аст. Шояд имрӯз далели мантиқии мо барои пуштибонӣ аз ҷанги Арабистони Саудӣ дар Яман ва ҳамлаи Туркия ба Сурия ин бошад, ки ҳар дуи ин кишварҳо ҷузъи рақибони минтақаии Эрон маҳсуб мешаванд. Бо ин вуҷуд, агар воқеан истротежии мо ин бошад, бояд бигӯем, ки ин бор ҳам ҳимоят аз туркҳо барои ҳамла ба мавозеи “Ягонҳои мудофеи халқ”, монанди ҷанги фоҷеабори Яман мунҷар ба ин мешавад, ки курдҳо ба оғӯши Эрон паноҳ бибаранд, дақиқан ҳамон тавр ки Ҳусиҳо бурданд.

Давлати Омрико агар каме боҳуштар буд, мебоист ин мавзӯъро пешбинӣ мекард ва ба Онкоро ҳам нисбат ба хатарҳои наздикии курдҳо ба Эрон ҳушдор медод. Шояд ҳатто беҳтар буд барои эҷоди таъодул байни манофеи Туркия ва Эрон, барои истиқлоли курдҳо фазосозӣ мешуд. Албатта фазосозӣ барои истиқлоли курдҳо мусталзими ин аст, ки ҷойгоҳи Эрон аз сӯи Омрико ба унвони яке аз бозигарони аслии минтақа ба расмият шинохта шавад.

Ба ҳар рӯй, то замоне, ки сиёсатҳои хасмонаи мо алайҳи Эрон идома дошта бошад ва ин кишвар дар конуни таваҷҷӯҳоти мо дар минтақа бошад, мо ду роҳ бештар надорем: ё аз равишҳои хасмонаи кишварҳое мисли Арабистон ва Туркия алайҳи курдҳо ва яманиҳо ҳимоят кунем, ё ин ки бо ҳузури низомӣ дар минтақа сарбозони худамонро дар маърази хатар қарор диҳем.

Week

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: