Перейти к содержимому

Вокуниши бисёр тунди Ардуғон ба Иттиҳодияи Араб

Раисиҷумҳури Туркия ба баёнияи Иттиҳодияи Араб ва маҳкум кардани иқдомоти артиши Туркия дар Сурия аз тарафи ин иттиҳодия, вокуниши бисёр тунде нишон дод ва Иттиҳодияи Арабро ба шиддат таҳқир кард.

Ба гузориши рӯзномаи Ҳуррият, Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, дирӯз (душанбе, 14 октябр) дар гуфтугӯ бо сардабирҳо ва таҳлилгарони аршади расонаҳои кишвараш, ба тундӣ ба баёнияи Иттиҳодияи Араб вокуниш нишон дод.

Ардуғон гуфт: “Ман аз мавзеи бархе инсонҳо ҳайронам. Магар Сурия як кишвари арабӣ нест? Бале. Аксарият дар ин кишвар бо арабҳост. Магар он ҷое, ки мо дар он меҷангем, минтақаи арабҳо нест? Бале. Арабҳо дар он сарзамин дар аксарият ҳастанд ва мо дар амалиёти “Чашмаи сулҳ” коре мекунем, ки он арабҳои рондашуда, ба диёри худ бозгарданд. Дар ин шароит, чаро бояд ин иқдоми мо мавриди эътирози Иттиҳодияи Араб қарор бигирад? Дидед, ки Фаластин дар ин нишаст ширкат накард ва фақат як сафир фиристод, ки ӯ ҳам натавонист сӯҳбат кунад. Либӣ ва Қатар ҳам аз ин мавзеи Иттиҳодияи Араб ҳимоят накарданд.”

Ардуғон дар идома бо хитоб қарор додани кишварҳои арабӣ афзуд: “Агар ҳамаи шумо ҷамъ шавед, як Туркия намешавед ва дар ҳадди Туркия нестед. Шумо фақат нафту дулор доред ва бо такя ба даромадҳои нафтиатон сӯҳбат мекунед. Аммо Туркия бо такя бар мавзеъҳои сиёсӣ ва истодагии қотеонаи худ ҳарф мезанад. Мо на ба дунболи тақсими Сурия ҳастем ва на ба хоки ин кишвар чашми тамаъ дӯхтаем. Дидед, ки худи режими Сурия ҳам YPG (Ягонҳои мудофеи Халқ)-ро қабул надорад ва алайҳи YPG мавзеъ гирифтааст. Дар чунин шароите чаро бояд алайҳи Туркия мавзеъгирӣ кунед?!

Ардуғон афзуд: “Мо медонем дағдағаи Иттиҳодияи Араб чист. Онҳо муомилагар ҳастанд ва мехоҳанд дулор бидиҳанд ва чизе дар қиболи он бигиранд ва ба ҳамин хотир тамоми мавзеъҳояшон ҳисобгарона аст.”

Гуфтанист, Иттиҳодияи Араб дар нишасти рӯзи ҷумъа дар Қоҳира ҳамлаи Туркияро ба Сурия, “таҷовузи ошкор ва нодида гирифтани ҳокимияти як кишвари арабӣ” талаққӣ карда ва онро маҳкум карда буд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: