Перейти к содержимому

ПМТ ҳукми Додгоҳи Олии Тоҷикистонро ғайриқонунӣ донист

Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) дар баёнияе, бо ғайриқонунӣ донистани ҳукми ахири Додгоҳи Олии Тоҷикистон мабнӣ бар “теруристӣ” эълом шудани ин эътилоф, хотирнишон кард, ки ПМТ “на танҳо ин имкон барояш дода нашуд, ки бо вакилаш дар “мурофиаи судие”, ки парвандааш дар он муҳокима шудааст иштирок кунад, балки ҳатто пеш аз қабули ин қарор, ҳеч хабаре дар бораи он надошт.”

Ба гузориши сойти Озодандешон, машрӯҳи баёнияи ПМТ ба ин тартиб аст:

Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) таассуфи амиқи худро аз ин ки мақомоти кунунии Тоҷикистон даст аз ҷангафрӯзӣ, хусумат, нафратпароканӣ ва саркӯби дигарандешон барнамедоранд ва барои чандумин бор аст, ки ба ризояти миллӣ ва Созишномаи истиқрори сулҳи соли 1997 бешармона хиёнат мекунанд, калима ва руҳи демократияро поймол ва ба ӯҳдадориҳои байналмилалӣ ва Сарқонуни Тоҷикистон пушт мекунанд, иброз медорад.

Қарори Суди Олии Тоҷикистон аз санаи 15 августи соли 2019 дар бораи эътироф шудани Паймони Миллии Тоҷикистон ба унвони як созмони “террористӣ”, воқеан ҳайратангез аст ва комилан равшан аст, ки тобу тавони истодагӣ дар баробари ҳеч интиқоди сиёсӣ ва ҳуқуқиро надорад.

Суди Олӣ бо ин қарораш собит кард, ки “террористӣ” эълон кардани ҲНИТ ва “экстремистӣ” донистани Гурӯҳи 24 ва ҳамчунин маҳкумияти Муҳаммадалӣ Ҳайит ва дигар раҳбарони ҲНИТ, маҳкумияти асосгузори ҳизби “Тоҷикистони нав” – Зайд Саидов ва адвокат Бузургмеҳр Ёров, ҳама бо ангезаҳои сиёсӣ ва беасос будаанд.

Мо қарори Суди Олӣ дар хусуси ПМТ-ро ғайриконститутсионӣ мешуморем. Суди Олӣ ҳадди ақал 16 моддаи Сарқонунро вайрон кардааст, аз ҷумла: ҳуқуқи шаҳрвандон дар доштани “равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ” ва манъи ғасби ҳокимият (моддаҳои 6 ва 8), мутобиқати қонунҳои ҷумҳурӣ бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда (моддаи 10), ҳуқуқи шаҳрвандон дар баррасӣ шудани парвандаҳояшон аз тарафи “суди босалоҳият, мустақил ва беғараз” (моддаи 19), ҳуқуқи шаҳрвандон дар “муттаҳҳид шудан” ва дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ (моддаи 28), ҳаққи озодии баён (моддаи 30) ва мустақил будани ҳокимияти судӣ ва итоаташ фақат аз Сарқонун ва манъи дахолат ба фаъолияти он (моддаҳои 84 ва 87).

ПМТ бо камоли таассуф изҳор медорад, ки на танҳо ин имкон барояш дода нашуд, ки бо вакилаш дар “мурофиаи судие”, ки парвандааш дар он муҳокима шудааст иштирок кунад, балки ҳатто пеш аз қабули ин қарор ҳеч хабаре дар бораи он надошт.

Ва ин дар ҳоле аст, ки моддаи 88 Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон судро вазифадор мекунад, ки мурофиаро “ба тарзи мубоҳиса ва дар асоси баробарии тарафҳо” баргузор кунад.

ПМТ мӯътақид аст, ки мақомоти Тоҷикистон ошкоро ба ҳамаи ҷаҳониён собит карданд, ки мавзӯи мубориза бар зидди терроризм, барои онҳо як василаи тиҷорати сиёсӣ бо шарикони стратегӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Илова бар ин, маблағҳое, ки барои мубориза бо терроризм ба Тоҷикистон ҷудо карда мешаванд, аз ҷониби мақомот аз ҷумла барои саркӯби дигарандешон ва рақибони сиёсӣ истифода мешавад.

Мақомоти Тоҷикистон дар ҳоле моро ба “терроризм” айбдор мекунанд, ки мо ва тарафдоронамон худ қурбонии терроризм ҳастем — он ҳам на танҳо аз тарафи ниҳодҳои саркӯбгар, балки аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ низ. Қатли ваҳшиёнаи роҳбарон ва ҷонибдорони ҲНИТ дар зиндони Ваҳдат тавассути зиндониёни доъишӣ, чизе ҷуз натиҷаи коштани тухми кинаву нафрат ва таҳрики террористҳо бар зидди мухолифон бевосита аз сӯи шахси роҳбари давлат нест.

Бар ҳамин асос, ПМТ бори дигар лозим медонад таъкид кунад, ки ӯ ҷонибдори устувори муборизаи мусолиматомез, даст ба даст шудани қудрат, гуногунандешӣ, озодии матбуот, интихоботи озод ва шаффоф ва бунёди давлати воқеан демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистон аст.

Паймони Милии Тоҷикистон

15.10.2019

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: