Перейти к содержимому

Русия ва Арабистони Саудӣ беш аз 30 санади ҳамкорӣ имзо карданд

Дар ҷараёни музокироти раисиҷумҳури Русия ва подшоҳи Арабистони Саудӣ беш аз 30 санади ҳамкорӣ байни ду кишвар ба имзо расид.

Дидори Владимир Путин ва малик Салмон, подшоҳи Арабистони Саудӣ дар кохи подшоҳии Риёз баргузор шуд ва дар ҷараёни он, асноди ҳамкорӣ ба арзиши беш аз 2 милёрд дулор имзо шуд.

Бар асоси гузориши расонаҳои давлатии Русия, маншури ҳамкории баландмуддати кишварҳои тавлидкунандаи нафт аз ҷумлаи асноде буд, ки ба имзои тарафайн расид.

Ширкати давлатии фазоии Русия бо унвони “Рускосмос” ва Кумисиюни фазоии Арабистони Саудӣ низ ёддошти тафоҳуме барои таъмини молии фазонавардӣ ва системи “Глонасс” (системе, ки русҳо дар муқобили GPS эҷод карданд) имзо карданд.

Барномаи ҳамкории истротежики Русия-Арабистони Саудӣ дар сатҳи олӣ низ аз асноди дигаре буд, ки Вазорати энержии Русия ва Вазорати энержии Арабистон онро имзо карданд.

Протоколи ҳамкории Русия ва Арабистони Саудӣ дар арсаи энержӣ аз асноди дигаре буд, ки дирӯз имзо шуд.

Ширкати русии “Газпром нефт” низ бо ширкати Оромкуи Арабистони Саудӣ тафоҳумномаи ҳамкорӣ имзо кардааст.

Кирилл Дмитриев, мудири Сандуқи сармоягузории Русия пештар эълом карда буд, ки дар ҷараёни ин сафар беш аз 10 тавофуқнома ба арзиши болиғ бар 2 милёрд дулор байни Риёз ва Маскав ба имзо хоҳад расид.

Вай ёдоварӣ кард: “Русия ва Арабистони Саудӣ дар замони ҳозир бар рӯйи 25 пружа ба арзиши 10 милёрд дулор дар ҳоли музокира ва фароҳам овардани шароити лозим барои иҷроӣ шудани ин пружаҳо ҳастанд

Гуфтанӣ аст, дирӯз (14 октябр) раисиҷумҳури Русия бо Салмон, подшоҳи Арабистони Саудӣ дидор кард.

Ин сафар аз муддате пеш дар дастури кори Кремлин қарор доштааст ва раисиҷумҳури Русия бо дастури кори баррасии авзоъ дар Ховари Миёна ва шимоли Офриқо, ки аз аҳаммияти болое бархӯрдор аст, ба Риёз рафтааст.

Путин пас аз ҳузур дар Арабистон, ба Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳам хоҳад рафт.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: