Перейти к содержимому

Оё теруристӣ эълон шудани Паймони Миллии Тоҷикистон чизеро тағйир медиҳад?

Таҳлиле дар хабаргузории Tasnimnews

Додгоҳи Олии Тоҷикистон бино бар ҳукме, ки ахиран онро эълом кардааст, аз таърихи 15 августи 2019 Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ)-ро як гурӯҳи ифротӣ ва теруристӣ эълом карда ва тамоми фаъолиятҳои онро дар Тоҷикистон ғайриқонунӣ донист. Ин амр дар пайи номаи додситони кулли ин кишвар ва ворид овардани ин иттиҳомот аз сӯи Додгоҳи Олӣ баррасӣ ва таъйид шудааст. Бар ин асос, тамоми фаъолиятҳои ин гурӯҳ ва ҳаводорон ва тарафдорони он дар Тоҷикистон мамнӯъ шуда, сойтҳои вобаста ба ин гурӯҳ масдуд ва интишори тамоми муҳтавоҳои чандрасонаӣ ҳамчун видео ва тасовир ва ҳатто адабиёт ва баргаҳое дар мавриди онҳо дар қаламрави ин кишвар мамнӯъ мешавад.

Бо вуҷуди ин, ҳамчунон ин суоли асосӣ боқӣ аст, ки оё асосан бо судури чунин ҳукме аз сӯи Додгоҳи Олии Тоҷикистон чизе қарор аст тағйир кунад?

Дар навбати нахуст бояд ишора кард, ки дар ин баёнияи мунташиршуда ҳеч санад, мадрак ва ҳатто далели равшане барои теруристӣ эълом шудани як эътилофи сиёсӣ унвон нашудааст. Додситони Тоҷикистон ҳам иллати ироаи чунин дархостеро матраҳ накарда ва мушаххас нест Додгоҳи Олӣ низ бар чӣ асос ва бар пояи чӣ додаҳое иқдом ба судури чунин ҳукме намудааст?! Ин мавзӯъ ангезаҳои сиёсӣ будани ин иқдомро афзоиш медиҳад.

Аз тарафи дигар низ агар бипазирем ба далели ҳузури Ҳизби наҳзати исломӣ дар ин эътилоф, Додгоҳи Олӣ чунин ҳукме дода бошад, боз ҳам се масъалаи калидӣ ҳамчунон боқӣ аст:

1) Нахуст, умумият бахшидани “иқдоми теруристӣ” аз як ҳизб ба як эътилоф бо ҳузури 4 гурӯҳи сиёсӣ бар мабнои чӣ раванди ҳуқуқӣ ва қонунӣ сурат гирифтааст?

2) Ва дуввум, асосан теруристӣ эълом шудани Ҳизби наҳзати исломӣ низ худ маҳалли тардиди ҷиддӣ аст ва ҳамчунон қобили пазириш намебошад. Ҳеч кишваре низ то кунун ин иддаои давлати Тоҷикистонро дар бораи Ҳизби наҳзат напазируфтааст;

3) Ва севвум, асосан давлати Тоҷикистон то кунун таърифи мушаххасе аз “теруризм” ироа надодааст, ва мо мебинем, ки баъзан дар канори ДОЪИШ ва Алқоъида, як эътилофи сиёсии опозисиюнӣ қарор мегирад, ки ҳеч синхияте бо якдигар надоранд. Аз ин рӯ, агар бар ин асос низ ҳукме содир шуда бошад, фоқиди эътибори кофӣ барои иҷроӣ шудан аст.

Аз сӯи дигар, бавузуҳ равшан аст, ки ҳеч кишваре ҳамон тавр, ки теруристӣ эълом шудани Ҳизби наҳзатро напазируфт, табиатан ба тариқи авло ин ҳукми давлати Тоҷикистон алайҳи Паймони Миллиро низ нахоҳад пазируфт. Бавежа агар кишварҳои урупоӣ мавриди таваҷҷӯҳ бошад. Масъалаи ахири Шарофуддин Гадоев, узви раҳбарии Паймони Миллии Тоҷикистон, ки дар як фароянди амалиётӣ ва иттилоотӣ аз Русия ба Тоҷикистон бозгардонда шуд, ва дар ниҳоят давлат водор ба озодии вай ва бозгашти ӯ ба Ҳуланд шуд, худ нишонае равшан барои ин мавзӯъ аст.

Бархе дидгоҳҳои сиёсӣ ин мавзӯъро далелу баҳонаи мустаҳкамтаре барои бархӯрди давлат бо фаъолиятҳои эҳтимолии Паймони Миллӣ дар дохили Тоҷикистон медонанд. Бавежа тайи як соли ахир, ки Паймони Миллӣ фаъолиятҳои расонаии худро густурдатар карда ва бо наздик шудан ба интихобот дар соли 2020, ин фаъолиятҳо метавонад чолишҳое барои давлат эҷод кунад. Бо ин вуҷуд, бояд ишора кард, ки дар амал низ ин мавзӯъ баъид аст ба натиҷае хосс ва мутафовит мунҷар шавад. Чаро ки то пеш аз ин низ ҳар шахсе ба воситаи кучактарин иртиботе бо аъзои Паймони Миллӣ, пайгирии фаъолиятҳои онҳо ва ҳатто бурузи кучактарин нишонае аз ин маворид — ҳамчун лойк кардани як матлаби вобаста ба ин гурӯҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ — маҳкум ва зиндонӣ шуда. Аз ин рӯ, модоме, ки ҳеч раванди шаффофи ҳуқуқӣ ва қонунӣ барои бархӯрдҳои сахт вуҷуд надорад ва ҳамаи фарояндҳо умдатан ташрифотӣ аст, ҳузур ё адами ҳузури чунин ҳукме дар мақоми амал, таъсиргузор нест. Амалан посухи аслӣ ба ин пурсиш он аст, ки оё давлати Тоҷикистон воқеан ба “аҳкоми қонунӣ” барои иқдомоти сиёсии худ ниёз дорад?

Дар ҳамин росто, Паймони Миллӣ низ бо интишори баёнияе ин ҳукмро ғайриқонунӣ дониста ва онро рад мекунад. Ин эътилофи сиёсӣ дар баёнияи худ тасреҳ мекунад, ки ин иқдом бо ангезаҳои сиёсӣ сурат гирифта ва виҷҳаи қонунӣ надорад ва меафзояд: “Мо ҳукми Додгоҳи Олиро дар хусуси Паймони Миллии Тоҷикистон ғайриқонунӣ мешуморем, чаро ки ҳадди ақал 16 моддаи Қонуни Асосиро дар он нақз намудааст.”

Паймони Миллӣ ҳамчунин бо ишора ба моддаҳои 6, 8, 10, 19, 28, 30, 84 ва 87 аз Қонуни Асосии Тоҷикистон, ки умдатан марбут ба ҳуқуқи шаҳрвандон ва равияҳои қонунӣ аст, таъкид мекунад, ки “мубориза бо теруризм барои онҳо (давлат) василае барои тиҷорати сиёсӣ бо шарикони истротежик ва ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.”

Темур Варқӣ

Темур Варқӣ, сухангӯ ва масъули иттилоърасонии Паймони Миллӣ низ дар мусоҳибае бо ишора ба ин ки ин ҳукм танҳо виҷҳаи Тоҷикистонро дар маҷомеи ҷаҳонӣ хадшадор мекунад, изҳор медорад: “Бисёр моил будам бидонам, ки вакили мудофеи Паймони Миллии Тоҷикистон дар муҳокима чӣ касе буд ва кадом бандҳои Ойинномаи ПМТ ё амалкардҳои он теруристӣ хонда шудаанд? Хуб мешуд посух ин суолҳоро ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардуми Тоҷикистон дарёфт мекарданд.”

Варқӣ ҳамчунин бо ишора ба ин ки пеш аз ин чунин аҳкоме дар нишастҳои Созмони Милал дар Женев, ва нишастҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо (САҲА) дар Варшав, ба шиддат рад шудааст, таъкид мекунад, ки “ин ҳукм дар воқеъ эътирофи давлат ба қудрати ПМТ аст.”

Tasnimnews

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: