Перейти к содержимому

Кабирӣ: “Роҳи дигаре ҷуз бозгашт ба хатти порсӣ надорем.”

Муҳиддин Кабирӣ бо баёни ин ки “роҳи дигаре ҷуз бозгашт ба хатти порсӣ надорем” гуфт: “Ин пешниҳод ҳеч рабте ба дӯст доштани ин хатт ё бадбинӣ нисбат ба хатте дигар надорад, балки ман ба унвони як тоҷик, як тоҷикистонӣ, ки хайри миллаташро мехоҳад, мехоҳам миллатам як миллати бедору огоҳе бошад, босаводу пешрафта бошад. Агар инро мехоҳем, пас бояд василаҳои расидан ба донишу текнулужиро фароҳам созем, ки якеаш хатт аст.”

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон, дар ҷараёни гуфтугӯи навбатии худ бо мардум, ки асри имрӯз (17 октябр) баргузор шуд, дар посух ба пурсиши яке аз ҳаммиҳанон мабнӣ бар ин ки назари ӯ дар робита бо баҳси забони порсӣ, ки имрӯзҳо дар ҷомеа доғ аст чист, изҳор дошт: “Баҳс, сари забони порсӣ нест, (балки) баҳс сари хатти порсӣ аст. Чун забони мо, чӣ касе бихоҳад ё нахоҳад, забони порсӣ аст. Ин ки ин забонро ба се забони порсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ тақсим кардаанд, ҳеч маънӣ надорад. Ин як тақсимбандии сиёсӣ аст. Як гурӯҳ ҳамон тавр ки барои мо бо қалам ва рӯи коғаз (нақша) марз сохтанд; Тоҷикистони имрӯзаро сохтанд, ки маҷбурем ин харитаи (нақшаи) сиёсиро қабул кунем, ҳамин тавр барои мо як забони сиёсӣ сохтанд, ки миллат ва таърих инро қабул надорад. Дар Афғонистон ҳам забони дариро сохтанд. Забони мо забони порсӣ аст бо гӯиши тоҷикӣ.”

Вай афзуд: “Бинобар ин, баҳс, сари забон нест, балки сари хатт аст, ки имрӯз дар ҷомеа доғ аст. Ҳоло ман ба сурати мухтасар назарамро дар ин хусус бигӯям, албатта дар як фурсати дигар муфассалтар мегӯям. Назарам ин аст, ки мо роҳе надорем ҷуз ин ки баргардем ба хатти порсӣ, чӣ мехоҳем чӣ намехоҳем. Агар воқеан мехоҳем, ки миллат аз ин бунбаст – бунбасти илмӣ, фарҳангӣ ва текнулужӣ берун ояд, ки алъон дар он аст, бояд худро аз хатти имрӯза раҳо кунем.”

Кабирӣ дар идома хотирнишон кард: “Ин (пешниҳод) ҳеч рабте ба дӯст доштани ин хатт ё бадбинӣ нисбат ба хатте дигар надорад. Ҳеч рабте, масалан, ба русгароӣ ё эронгароӣ надорад, (балки) ман ба унвони як тоҷик, як тоҷикистонӣ, ки хайри миллаташро мехоҳад, мехоҳам миллатам як миллати бедору огоҳе бошад, босаводу пешрафта бошад. Агар инро мехоҳем, пас бояд василаҳои расидан ба донишу текнулужиро фароҳам созем, ки якеаш хатт аст.”

Раҳбари ПМТ афзуд: “Хатти имрӯзаи мо (сириллик) ва ин забони ниматоҷикӣ – ки маълум нест чӣ забоне аст — оё воқеан моро ба донишу текнулужии мавриди назар мерасонад, ё баръакс дар ин бӯҳрон бештар ғӯтаварамон месозад? Фикр мекунам, роҳи дигаре (ҷуз бозгашт ба хатти порсӣ) надорем. Чун бо хатти феълӣ (сириллик) танҳо 9 милюн тоҷик ё тоҷикистонӣ сару кор доранд. Порсизабонҳои дунё, ки шояд ҳудуди 200 милюн (бештар ё камтар) бошанд, наметавонанд моро ба ин хатт бихонанд, шояд забонамонро бифаҳманд, аммо адабиёти моро ва китобҳои илмии моро наметавонанд бихонанд. Ва мо низ чун хатти порсӣ намедонем, яъне аксари мо ба ин хатт огоҳ нест, онҳо (дастовардҳои порсизабонҳои дунё)-ро наметавонем бихонем. Он сесад-чорсад милюн русзабон, ки хатти мо мисли хатти онҳо сириллик аст ҳам моро намефаҳманд, чун забонамон фарқ мекунад.”

Кабирӣ дар идома бо баёни ин ки “пас мо бояд забону хаттеро барои худ интихоб кунем, ки ҳаддиақал 100 милюн инсон ба он бинависанд ва гуфтугӯ кунанд ва илму дониши муосир ба он тарҷума шуда бошад, дониш тавлид шуда бошад, фикр тавлид шуда бошадгуфт: “Ин хатту забон ё порсӣ аст ва ё ин ки агар касоне, ки аз хатти порсӣ ё забони порсӣ бадашон меояд ё аз Эрон метарсанд, ки мо зери нуфузи Эрон меравем ё аз Афғонистон бадашон меояд, инҳо роҳи дигаре надоранд ҷуз ин ки мо ё хатту забони чиниро қабул кунем — ман инро ба касоне мегӯям, ки ҳоло хеле Тоҷикистонро бо ин кишвар рабт медиҳанд — ё биёем ба забони русӣ бигузарем, ё ба забони ангилисӣ бигузарем, ё ба забони испониёӣ бигузарем. Аз ин забонҳои матраҳи дунё, ки дониш меофаринанд, илм тавлид мекунанд, андеша тавлид мекунанд, якеашро бояд интихоб кунем.”

Раҳбари ПМТ афзуд: “Касе, ки тоҷик аст, касе, ки як миқдор миллаташро дӯст медорад, таърихашро дӯст медорад, ҳатто ӯ агар аз Эрони имрӯза ҳам хушаш намеояд ва ба забони порсӣ ҳам чандон рӯи хуш надошта бошад, бояд ки яке аз ин забонҳоро интихоб кунад. Ва наздиктарини ин забонҳо барои мо, тоҷикҳо хатту забони порсӣ аст, чун ҳам забони худамон аст, ҳам хатте аст, ки мо беш аз ҳазор сол ба он навиштаем ва ба он илм омӯхтаем, ба он зиндагӣ кардаем.”

Кабирӣ дар идома ёдовар шуд: “Аз ҳама муҳим, ин хатт хатти худамон аст. Касе, ки мегӯяд, ин хатт арабиасос аст, ӯ иштибоҳ мекунад. Ин хатти арабӣ аст, ки порсиасос аст. Инро ҳар касе, ки каме бо дониши забоншиносӣ ва хаттшиносӣ ошност, медонад. Пас, ин бозгашт ба худамон аст.”

Раҳбари ПМТ хотирнишон кард: “Ин нуктаро ҳам бигӯям, то мабодо эродгирон ишкол нагиранд, ман тарафдори бозгашти сареъ ва бидуни барнома нестам. Чун бас аст миллатро (ба бесаводӣ кашондан), ду маротиба дар солҳои 20-у 30-ум (-и қарни 20) бесаводашон кардем. Якбора гузаштан ба хатти дигар, ин боз бесаводии умумиро ба бор меоварад. Мо бояд як барнома дошта бошем, ки тибқи он, ҳадди ақал ду насл бояд дар мактабҳо ва донишгоҳҳо хатти порсиро аввал хуб биомӯзанд. Сипас як марҳилаи духаттиро сипарӣ кунем: хатти сириллик ва порсиро. Агар он вақт дидем, ки метавонем ба хатти порсӣ бигузарем ва ҳеч мушкили сиёсиву фарҳангӣ рух нахоҳад дод, миллат тасмим хоҳад гирифт.”

Кабирӣ афзуд: “Мо ҳамчунин метавонем бо ду хатт пеш биравем ва аз имконотҳои ҳар ду хатт: ҳам сириллик ва ҳам порсӣ истифода барем. Таҷрибаи бисёрзабонӣ дар дунё зиёд дорем, якеаш ҳамин Шветсария (Суис) аст, ки дар он чаҳор забони расмӣ амал мекунад, ки ба ҳар чаҳор забон менависанд ва сӯҳбат мекунанд.”

Навори комили ин гуфтугӯ:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: