Перейти к содержимому

Созмонҳое, ки дар Тоҷикистон “теруристӣ” дониста шудаанд

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Баъд аз эъломи ҳукми Додгоҳи Олии Тоҷикистон аз таърихи 15 августи соли 2019 мабнӣ бар “теруристӣ-экстремистӣ” дониста шудани Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), инак теъдоди гурӯҳу созмонҳое, ки ҳукумати Тоҷикистон расман онҳоро ба унвони созмонҳои теруристӣ медонад, ба 18 адад расидааст. Ин гурӯҳҳо иборатанд аз:

1) Алқоида (тибқи ҳукми Додгоҳи Олӣ аз 30.03.2006);

2) Ҳаракати Исломии Туркистони Шарқӣ (аз 30.03.2006);

3) Ҳаракати Толибон (аз 30.03.2006);

4) Бародарони мусулмон, ҳамон Ихвонулмуслимин (аз 30.03.2006);

5) Лашкари Тайиба (аз 30.03.2006);

6) Даъват ба Ислом (аз 30.03.2006);

7) Тоҷикистони Озод (аз 30.03.2006);

8) Ҷамъияти Таблиғ (аз 30.03.2006);

9) Ҷамияти Исломии Покистон (аз 30.03.2006);

10) Ҳизбут-таҳрир (аз 11.03.2008);

11) Ҷамъияти Ансоруллоҳ (аз 03.05.2012, албатта ин рабте ба Ансоруллоҳи Яман надорад);

12) Созмони Таблиғот (аз 03.05.2012);

13) Салафия (08.12.2014);

14) Гурӯҳи 24 (аз 09.10.2014, албатта ин гурӯҳ як созмони экстремистӣ дониста шуда);

15) Давлати Исломӣ, ҳамон ДОЪИШ (аз 14.04.2015);

16) Ҷабҳатун-нусра (аз 14.04.2015);

17) Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (аз 29.09.2015);

18) Паймони Миллии Тоҷикистон (аз 15 августи 2019).

* * *

Бо ин ки дар ҷаҳони имрӯз аз падидаи шуми теруризм як таърифи дақиқ, ки мавриди қабули ҳамаи кишварҳо буда ва дар Созмони Милали Муттаҳид сабт шуда бошад вуҷуд надорад, аммо миқдори пазируфташуда назди ҳамагон ин аст, ки теруризм “ба истифода аз хушунат ё таҳдид ба истифода аз хушунат барои дастёбӣ ба аҳдофи сиёсӣ, мазҳабӣ ё идеулужик” гуфта мешавад. Ба сухани дигар, агар ҳизб ё гурӯҳе барои расидан ба ҳадафаш хушунатро ба кор гирад, мисли қатлу куштори бахусус ғайринизомиён, ва ё ошкоро бигӯяд, ки ман барои расидан ба мақсадам, истифода аз хушунатро дуруст медонам, якчунин гурӯҳе теруристӣ маҳсуб мешавад.

Бо ин ҳисоб, аз миёни созмонҳое, ки ҳукумати Тоҷикистон теруристӣ шумурдааст, фақат ба 7-тои онҳо метавон вожаи теруристиро ба кор бурд; созмонҳое, ки тақрибан дар бештари кишварҳои ҷаҳон низ теруристӣ дониста шудаанд, ки иборатанд аз: Алқоида, Давлати Исломӣ (ДОЪИШ), Ҷабҳатун-нусра, Ҳаракати Исломии Туркистони Шарқӣ, Лашкари Тайиба, Ҳаракати Толибон ва Ҷамъияти Ансоруллоҳ. Аммо бақияи 11 созмони дигар, ки маълум нест чаро ҳукумати Тоҷикистон онҳоро “теруристӣ” медонад, меъёри теруристӣ дониста шудан ба ҳеч ваҷҳ бар онҳо қобили татбиқ нест; ба ҳамин ҷиҳат аст, ки ин ҳизбу созмонҳо ё фақат дар қаламрави Тоҷикистон “теруристӣ” эълон шудаанд ва ё дар чанд кишвари ангуштшумор.

Масалан, Ҷамъияти Исломии Покистон, ки як ҳизби решадор дар ҷомеаи Покистон ба шумор меравад ва дар порлумони ин кишвар намояндагони зиёде ҳам дорад, дар ҳеч ҷои дунё ба унвони як ҳизби “теруристӣ” ё “ифротӣ” шинохта нашудааст. Дар корномаи ин ҳизб ҳеч нуқтаи сиёҳе ҳам дида намешавад. Воқеан маълум нест, чаро ҳукумати Тоҷикистон ин ҳизбро “теруристӣ” шумурда. Фикр мекунам, давлати Покистон мутталеъ нест, ки ҳукумати Тоҷикистон Ҷамъияти Исломии Покистонро расман ба унвони як созмони теруристӣ эълон карда, ки агар мутталеъ буд, шак надорам эътирози шадиде мекард.

Ҳамчунин, Ихвонулмуслимин, ки ҳукумати Тоҷикистон онро ҳам “теруристӣ” шумурдааст, танҳо дар се чаҳор кишвари дунё (мисли Арабистони Саудӣ, Миср, Амороти Муттаҳидаи Араб) ба унвони як созмони “теруристӣ” шинохта шуда, аммо бақияи кишварҳо ин гурӯҳро — бахусус Ихвонулмуслимини Мисрро — на танҳо теруристӣ намешуморанд, ки ба унвони қурбонии теруризми давлатӣ мешиносанд. Ба илова, Ихвонулмуслимин дар кишварҳое мисли Туркия, Марокаш ва Тунис, дар раъси ҳирами қудрат қарор дорад. Ҳизби адолат ва тавсиаи Туркия ба раҳбарии Раҷаб Тайиб Ардуғон, дар воқеъ ҳамон Ихвонулмуслимин аст мунтаҳо ба номе дигар. Ҳизби Аннаҳзаи Тунис, ки дар интихоботи ахири порлумон дар ин кишвар аксарияти орои мардуми Тунисро ба даст овард, ихвонӣ аст; барои касе ҳам ин воқеият пӯшида нест. Ихвонулмуслимини Марокаш низ дар порлумони ин кишвар аксариятро ташкил медиҳад ва нахуствазир, аз ин гурӯҳ аст. Оё ҳукумати Тоҷикистон аҳзоби ҳоким дар Туркия, Тунис ва Марокашро “теруристӣ” медонад?!

Аҷиб ин аст, ки ҳукумати Тоҷикистон “Ҷамъияти таблиғ”-ро низ “теруристӣ” шумурдааст; ҷамъияте, ки то ҷое, ки медонам, дар ҳеч ҷои дунё, ба ҷуз Тоҷикистон, теруристӣ қаламдод нашудааст. Бахусус бо дар назар гирифтани ин воқеият, ки ин гурӯҳ на танҳо фаъолиятҳои сиёсӣ надорад, балки аланан ва ошкоро мегӯяд, ман коре ба кори сиёсат надорам. Ин гурӯҳ яке аз сарсахттарин мухолифони ба кор гирифтани хушунат барои расидан ба ҳадаф аст.

Теруристӣ шумурдани “Салафия” аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон низ аз аҷоиби рӯзгор аст. Бо ин ки роқими ин сатрҳо ба лиҳози назарӣ бо ин ҷараён мухолифам, аммо “теруристӣ” донистани онро комилан нодуруст мешуморам. Ба назар мерасад, амр дар мавриди “Салафия”, барои ҳукумати Тоҷикистон муштабаҳ шуда. Зоҳиран, барои коршиносони вобаста ба ҳукумат ин нукта пӯшида монда, ки Салафия ҳизб ё гурӯҳи сиёсӣ нест, балки як ҷараёни фикрӣ аст ва имрӯза ба шохаҳои мутаъаддиде тақсим мешавад, мисли: салафияи нассӣ (ки худ ба чанд шоха мунқасим аст), салафияи иҷтиҳодӣ, салафияи ҷиҳодӣ ва ғайра… Он чи аз Салафия, ки дар бархе кишварҳо фаъолияташ мамнӯъ эълон шуда, ин салафияи ҷиҳодӣ аст, мисли Алқоида, ДОЪИШ, Букуҳаром ва амсоли инҳо. Аммо Салафия ба маънои омми он, мазҳаби расмии ду се кишвар аз ҷумла Арабистони Саудӣ ва Қатар аст. Бинобар ин, теруристӣ эълон кардани Салафия ба сурати умумӣ, як ҳамоқати сиёсӣ беш нест.

Ва ҳатто “теруристӣ” донистани Ҳизбут-таҳрир низ аҷибу ғариб аст. Роқими ин сатрҳо, бо ин ки ҳеч миёнае бо ин гурӯҳ надорам ва балки эродҳое ҷиддӣ ба он дорам, аммо “теруристӣ” қаламдод кардани онро воқеан дур аз инсоф мешуморам. Зеро Ҳизбут-таҳрир дар умри наздик ба 70-солаи худ, дар ҳеч ҷое аз дунё даст ба хушунат назадааст. Ба илова, ин ҳизб расман мӯътақид ба истифода аз васоили хушунатомез нест. Бале, танҳо эроде, ки ба он мегиранд – ва шояд ба ҳамин хотир ҳукумати Тоҷикистон онро “теруристӣ” дониста – ин аст, ки ин ҳизб порлумон ба шакли имрӯзиашро як василаи ғайримашрӯъ ва равиши “кофирон” қаламдод мекунад. Аммо ин дидгоҳ оё метавонад муҷаввизи “теруристӣ” унвон шуданашро бидиҳад? Дар дунёи имрӯз хеле аз гурӯҳҳо ва ҷараёнҳо ҳастанд, ҳатто дар ҷаҳони Ғарб, ки “низоми порлумонӣ” ва куллан “ҷумҳурият”-ро аз реша қабул надоранд ва қоил ба низоми подшоҳӣ ҳастанд, ки подшоҳ дар он ҳамакора аст. Шояд ба назаратон аҷибу ғариб намоён шавад, вале якчунин ҷараёнҳое дар дунё ҳастанд. Бар ҳамин асос, агар касе аз Ҳизбут-таҳрир хушаш намеояд, метавонад онро дохил дар якчунин гурӯҳҳое бидонад, на ин ки “теруристӣ” шуморад.

* * *

Бо таваҷҷӯҳ ба он чи гуфта шуд, ҳеч шакку тардиде боқӣ намемонад, ки меъёр дар назди ҳукумати Тоҷикистон барои “теруристӣ” ё “экстремистӣ” шумурдани як гурӯҳ ё ҳизб, ҳаргиз теруризм ва ваҳшатафканӣ набуда, балки салиқаи “Пешво” будааст. Яъне агар фаъолияти як ҳизб ё гурӯҳе мавриди писанди “Пешво” набошад ва онро барои идомаи ҳаёти сиёсиаш таҳдид шуморад, кофист ишорае ба Додситонии кулл (Прокуратураи генералӣ) ва Додгоҳи Олӣ бикунад, то ин ду фавран ҳукм содир кунанд, ки он гурӯҳ ё ҳизб “теруристӣ” будааст. Вагарна, кай ва куҷо Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), дар зарфи як соли фаъолияташ, даст ба хушунат зада ё таҳдид ба истифода аз хушунат барои расидан ба аҳдофаш намудааст? Оё Додгоҳи Олӣ дар ин хусус лоақал як “далелаке” дар даст дорад?!

Ин ки арз кардам, меъёр дар назди ҳукумат ҳаргиз теруризм ва ваҳшатафканӣ набуда, балки салиқа аст, боризтарин далел бар ин муддао, мавзеи ҳукумат дар ҷараёни ҳамла ба гардишгарони хориҷӣ дар роҳи Данғара аст. Зеро, бо ин ки омилони ин ҳамла бо пахши як видео, эълом карданд ин кор кори онҳо ва ба дастури ДОЪИШ будааст ва ба илова, худи ДОЪИШ ҳам расман ин ҷиноятро ба ӯҳда гирифт ва тамоми кишварҳое, ки шаҳрвандонашон дар ин ҳодиса кушта шуданд, эълом карданд, ки ин ҷиноят кори дасти ДОЪИШ будааст, бо ин ҳама аммо ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз мегӯяд, ин кор кори ҲНИТ буда, хиҷолат ҳам намекашад.

Дар сойти Додгоҳи Олии Тоҷикистон ҳукми он ҷинояткорон овезон аст; ҳукме, ки дар он, бидуни ироаи як далели малмус, иддао шуда, ки омилони ин ҷиноят ба дастури ҲНИТ даст ба ин кор зада будаанд, аз ҷумла дар ин ҳукм омадааст:

Тафтишоти пешакӣ муайян намудааст, ки Абдусамадов Ҳусейн Абдусамадович – узви ташкилоти террористӣ-экстремистии “Ҳизби Наҳзати Ислом” соли 2004 таълимоти ифротгаронаи равияи динии “Салафия”-ро омӯхта, солҳои 2016 — 2017 дар ҳайати иттиҳоди ҷиноятии “Давлати исломӣ” дар задухӯрдҳои мусаллаҳона дар Ҷумҳурии Арабии Сурия ва Ироқ бар зидди қувваҳои қонунии ин кишварҳо фаъолона иштирок намудааст. Абдусамадов Ҳ.А. бо ҳамроҳии шаҳрвандон Маҷидов Асомиддин, Сафаров Зафар, Юсупов Аслиддин ва Юсупов Ҷаъфар аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистии “Ҳизби наҳзати ислом” дар асоси нақшаи қаблан дар хориҷи кишвар тарҳрезишуда зери парчами “Давлати исломӣ” рӯзи 29 июли соли 2018 бо мақсади дарёфт кардани сайёҳони хориҷӣ ва ба қатл расонидани онҳо ва бо ин роҳ паст задани нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Душанбе ба сайёҳони хориҷӣ, ки бо дучарха ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат мекарданд, ҳуҷум намуданд.” (Матни комили ин ҳукм аз сойти Додгоҳи Олии Тоҷикистон).

* * *

Оё ин ҳукумат медонад чаро ҳеч давлате то кунун эътироф накардааст, ки ҲНИТ “теруристӣ” мебошад ва эътиное ба ҳукмҳои дурӯғини мақомоти Тоҷикистон намекунад?! Ва ба тариқи авло, дар мавриди ПМТ ҳам чунин хоҳад буд. Оё ин ҳукумат медонад иллати онро?!

Агар намедонад, барояш бо нақли як ҳикояте аз Эзоп (аз нависандагони Юнони бостон) сабабро ёдовар мешавам:

Писараки чӯпоне дар яке аз деҳаҳо зиндагӣ мекард. Ӯ ҳар рӯз субҳ гӯсфандони мардуми деҳотро ба теппаҳои сабзу хуррами наздики деҳа мебурд, то гӯсфандҳо алафҳои тоза бихӯранд. Як рӯз аз болои теппа чашмаш ба мардуми деҳа афтод, ки дар канори ҳам дар васати деҳа ҷамъ шуда буданд. Як дафъа фикре ба зеҳнаш расид ва тасмим гирифт коре ҷолиб бикунад, то каме тафреҳ карда бошад.

Ӯ фарёд кашид: гург! Гург! Гург омад! Мардуми деҳа садои писараки чӯпонро шуниданд. Онҳо барои кӯмак ба писараки чӯпон ва гӯсфандҳояш ба тарафи теппа давиданд, вале вақте бо нигаронӣ ба болои теппа расиданд, писаракро хандон диданд, ӯ механдид ва мегуфт: ман шӯхӣ кардам!

Мардум аз ин кори ӯ нороҳат шуданд ва бо асабоният ба деҳа баргаштанд.

Аз ин моҷаро муддатҳо гузашт. Як рӯзи дигар писарак тасмим гирифт дубора бо мардум шӯхӣ кунад.

Ӯ баланд фарёд кашид: гург омад! Гург омад! Кӯмак… Мардум ҳаросон аз хонаҳояшон ба самти теппа давиданд, вале боз ҳам вақте ба теппа расиданд, писаракро дар ҳоли хандидан диданд. Мардум аз кори ӯ хеле нороҳат буданд ва аз ин ки ба онҳо дурӯғ гуфта буд, хеле асабонӣ буданд.

Аз он рӯз чанд моҳе гузашт. Яке аз рӯзҳо гурги хатарноке ба наздики он деҳа омад ва вақте писаракро бо гӯсфандон танҳо дид, ба тарафи гала омад ва гӯсфандонро бо худаш бурд. Писарак ҳар чи фарёд мезад: гург! Гург омад! Кӯмак кунед… вале касе барои кӯмак наомад. Мардум фикр карданд, ки дубора чӯпон дурӯғ мегӯяд ва мехоҳад онҳоро азият кунад.

Он рӯз чӯпон натиҷаи муҳимме дар зиндагиаш гирифт. Ӯ фаҳмид агар ниёз ба кӯмак дошта бошад, бо мардум бояд содиқ бошад ва рост бигӯяд.

Саломат бошед.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: