Перейти к содержимому

Тромп: “Курдҳо фаришта нестанд, ПКК бадтар аз ДОЪИШ аст”

Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, бо баёни ин ки “мо дорем курдҳоро мисли фариштаҳо нишон медиҳем”, изҳор дошт: “Ман вориди ҷанг байни Туркия ва Сурия нахоҳам шуд. Хусусан вақте, ки агар курдҳоро дар назар бигиред – як бори дигар мегӯям, бо ҳамаи эҳтироме, ки барои онҳо қоилам — онҳо фаришта нестанд. Агар ба ПКК нигоҳ кунед, ДОЪИШ ба ПКК эҳтиром мегузорад, медонед чаро? Чун онҳо сарсахттар аз ДОЪИШ ҳастанд.” Тромп афзуд: “Мо ба курдҳо пул додем, пулҳои ҳангуфт. Сарватҳои азим дар ихтиёрашон гузоштаем. Медонед чист? Фавқулода аст. Онҳо дар канори мо ҷангиданд, аммо куллӣ пул додем, то дар канорамон биҷанганд.”

Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, дар конфронси хабарии муштарак бо раисиҷумҳури Итолиё, бо баёни ин ки хиҷолат мекашад бигӯяд, Омрико дар чанд кишвар ҳузур (-и низомӣ) дорад, аз қасди худ барои хуруҷи низомиёни кишвараш аз кишварҳое ғайр аз Сурия низ хабар дод.

Раисиҷумҳури Омрико гуфт: “Мехоҳам низомиёнамонро аз ҷоҳои дигар ҳам хориҷ кунам. Ин масъала аз лиҳози қонунӣ ва диплумотик ниёзманди замон аст. Мо дар кишварҳои бисёр зиёде ҳузур дорем. Хиҷолат мекашам бигӯям чанд кишвар. Рақами дақиқашро медонам, вале хиҷолат мекашам бигӯям, чун бисёр аҳмақона аст. Мо дар кишварҳое ҳузур дорем ва аз онҳо ҳиросат мекунем, ки ҳатто аз мо хушашон намеояд. Онҳо аз мо суистифода мекунанд.”

Тромп дар бораи таҷҳизот ва нерӯҳое, ки ахиран Омрико ба Арабистони Саудӣ эъзом кардааст, гуфт: “Арабистони Саудӣ ҳазинаҳои истиқрори нерӯҳои мо дар ин кишварро қабул кардааст. Онҳо кишвари сарватманде ҳастанд, бояд пул пардохт кунанд. Кишварҳои дигар ҳам бояд пардохт кунанд.”

Раисиҷумҳури Омрико дар бахши дигаре аз ин нишасти хабарӣ, зимни ишора ба ин ки Эрон ба андозаи Омрико аз ДОЪИШ нафрат дорад, хостори он шуд, ки масъулияти мубориза бо ин гурӯҳи теруристӣ, ба Русия ва кишварҳои воқеъ дар худи Ховари Миёна вогузор шавад.

Тромп гуфт: “Русия, Эрон, Сурия ва то ҳадди камтаре Туркия, ҳама ба андозаи мо аз ДОЪИШ нафрат доранд. Он ҷо (Ховари Миёна) бахше аз дунёи онҳост. Мо 7000 мойл бо он ҷо фосила дорем. Ман меҳвари таблиғотамро бозгардондани низомиёнамон ба кишвар қарор додам, алъон ҳам дорам ҳамин корро анҷом медиҳам.”

Ӯ дар посух ба суоли як хабарнигори дигар, боз ҳам ин назароти худашро такрор кард. Ӯ гуфт: “Русия ба андозаи Омрико аз ДОЪИШ нафрат дорад. Эрон аз ДОЪИШ нафрат дорад. Манзурам ин аст, ки мо барои хотири Русия биҷангем? Барои Эрон биҷангем?

Вай изофа кард: “Сурия аз ДОЪИШ нафрат дорад ва мо он ҷо ҳастем ва дорем ДОЪИШ-ро мекушем. Инро фаромӯш накунед, ки мо 7000 мойл аз он ҷо фосила дорем. Русия хеле наздиктар аст. Эрон дуруст ҳамон ҷост. Туркия ҳамон ҷост.”

Тромп ба суоли як хабарнигор мабнӣ бар ин ки оё тасмими Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, барои оғози амалиёт дар Сурия ӯро шигифтзада карда ё хайр, посухи манфӣ дод.

Ӯ дар посух ба суоле дар бораи ин ки оё ӯ ба Ардуғон барои оғози амалиёт дар Сурия чароғи сабз нишон додааст, гуфт: “Ман ба ӯ чароғи сабз нишон надодам. Ин ҳарфе, ки шумо мезанед, инҳирофомез аст. Дақиқан баръакси чароғи сабз буд.”

Вай дар идома барои тавзеҳ гуфт, ки баъд аз гуфтугӯи телефонӣ бо Ардуғон, номае ба ӯ навишта, ки “бисёр шадидуллаҳн” будааст. Ӯ гуфт, мумкин аст ин нома ба зудӣ мунташир шавад. (Ин нома мунташир шудааст. Дар поёни ин гузориш, ин нома оварда хоҳад шуд. К.С.)

Раисиҷумҳури Омрико гуфт, ки таҳримҳои шадиде алайҳи Туркия дар роҳанд. Ӯ гуфт, ки қасд дорад нерӯҳои омрикоиро ба кишвар бозгардонда ва ба ҷангҳои бепоён хотима диҳад.

Раисиҷумҳури Омрико дар посух ба интиқодоти Линдси Гроҳом, сенотури ҷумҳурихоҳи омрикоӣ аз истротежии ӯ дар Сурия гуфт: “Линдси Гроҳом дӯст дорад ҳазор соли дигар дар Ховари Миёна боқӣ бимонад ва бо ҳазорон низомии Омрико бори ҷангҳои дигаронро ба дӯш бикашад. Ман мехоҳам аз Ховари Миёна хориҷ шавам.”

Раисиҷумҳури Омрико ҳамчунин гуфт, ки ПКК аз лиҳози иқдомоти теруристӣ “бадтар аз ДОЪИШ” аст.

Ӯ гуфт: “Ман вориди ҷанг байни Туркия ва Сурия нахоҳам шуд. Хусусан вақте, ки агар курдҳоро дар назар бигиред – як бори дигар мегӯям, бо ҳамаи эҳтироме, ки барои онҳо қоилам — онҳо фаришта нестанд. Агар ба ПКК нигоҳ кунед, ДОЪИШ ба ПКК эҳтиром мегузорад, медонед чаро? Чун онҳо сарсахттар аз ДОЪИШ ҳастанд.”

Вай изофа кард: “Мо дорем курдҳоро мисли фариштаҳо нишон медиҳем. Мо ба курдҳо пул додем, пулҳои ҳангуфт. Сарватҳои азим дар ихтиёрашон гузоштаем. Медонед чист? Фавқулода аст. Онҳо дар канори мо ҷангиданд, аммо куллӣ пул додем, то дар канорамон биҷанганд.”

* * *

Номаи Тромп ба Ардуғон // Тромп ба Ардуғон: “Аҳмақ набош!”

Хабарнигори Fox News номаи Тромп ба Ардуғонро мунташир кард. Раисиҷумҳури Омрико дар ин нома, ба Ардуғон навиштааст, ки набояд “аҳмақ” бошад ва дар Сурия даст ба куштор бизанад, дар ғайри ин сурат, Омрико иқтисоди Туркияро нобуд мекунад.

Ин номаро Триш Регон (Trish Regan) хабарнигори шабакаи Fox News мунташир кардааст. Таърихи ин нома ба 9 октябр яъне ҳамзамон бо оғози амалиёти артиши Туркия дар манотиқи таҳти контроли шибҳинизомиёни курд дар шимоли Сурия бозмегардад.

Тромп дар ин нома навиштааст:

Оқои раисиҷумҳури гиромӣ.

Биё бо ҳам як муомилаи хуб кунем! Ту намехоҳӣ масъули куштори ҳазорон нафар бошӣ ва ман ҳам намехоҳам масъули нобуд кардани иқтисоди Туркия бошам, лозим бошад ин корро мекунам. Қаблан қадре аз таъмашро дар иртибот бо кашиш Бронсун чашидаӣ.

Ман сахт кор кардаам, то баъзе аз мушкилоти шуморо ҳал кунам. Дунёро ноумед накун. Метавонӣ муомилаи фавқулодае кунӣ. Женерол Мазлум (фармондеҳи шибҳинизомиёни курд) омодаи музокира бо туст ва омода аст, то имтиёзоте бидиҳад, ки то ба ҳол надодааст. Нусхае аз номаашро, ки ҳамин ба тозагӣ дарёфт кардаам, ба сурати маҳрамона (бароят) ирсол мекунам.

Агар ин корро ба тарзи дуруст ва инсонӣ анҷом диҳӣ, таърих нигоҳи хубе ба ту хоҳад дошт. Аммо агар чизҳои хубе иттифоқ наафтад, то ҳамеша ба ту ба чашми як шайтон нигоҳ мекунад. Сарсахт набош. Аҳмақ набош!

Баъдан бо ту тамос мегирам.

Иродат.”

Мақомҳои туркияӣ ҳанӯз ба интишори матни ин нома вокунише нишон надодаанд, аммо ба назар мерасад ин нома аз сӯи Кохи сафед бо ҳадафи костан аз интиқодот аз Тромп мунташир шудааст. Мунтақидон мегӯянд, тасмими Тромп барои хориҷ кардани нерӯҳои низомии Омрико аз шимоли Сурия “чароғи сабз” ба амалиёти Туркия дар ин минтақа будааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: