Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (386)

Қиссаи миро кардани румиёну чиниён дар илми наққошӣ ва суратгарӣ (3)

* * *

Сурати бесурати беҳадди ғайб,

З-ойинай дил дорад он Мӯсо ба ҷайб.

Сурати беҳадду бесурати олами ғайб, аз ойинаи дил бар Мӯсо (а) тобид ба тавре ки ӯ даст дар гиребони худ мекард ва дасташ ҳамчун хуршед медурхашид.

Нукта: “Сурати бесурати беҳадд” киноя аз ҷомеияти асмо ва сифоти илоҳӣ аст. (Шарҳи Маснавии маънавии Мавлоно, дафтари аввал, с.467) Дар мисроъи дуввум ишорат аст ба мӯъҷизаи яди байзо, ки дар сураҳои Аъроф (ояти 108), Тоҳо (ояти 22), Шуъаро (ояти 33), Намл (ояти 12), Қасас (ояти 32) ба он тасреҳ шудааст:

اسْلُكْ يَدَكَ فِي جَيْبِكَ تَخْرُجْ بَيْضَاءَ مِنْ غَيْرِ سُوءٍ

Дастатро ба гиребонат андар соз, то сапеди беиллат дарояд...”

Дар китоби Таврот низ омадааст: “Ва Худованд дигарбора вайро гуфт: дасти худро дар гиребони худ бигузор, чун даст ба гиребони худ бурд ва онро берун овард, инак дасти ӯ мисли барф мабрус шуд.” (Сифри хуруҷ, боби чаҳорум, 6)

Гарчи он сурат нагунҷад дар фалак,

На ба аршу курсию на бар самак.

Агарчӣ он сурати беҳадд дар фалак ва дар аршу курсӣ ва замин намегунҷад.

Нукта: Арш: лар луғат ба маънои ҷое аст, ки дорои сақф бошад ва гоҳе ба худи сақф ҳам арш гуфта мешавад. Ва низ ба дорбастҳое, ки барои барпо нигаҳ доштани баъзе аз дарахтон мезананд, арш гуфта мешавад ва дар Қуръон оятҳое аст, ки мегӯяд, Худо бар арш истило ёфт (монанди сураи Аъроф, ояти 54), ки манзур маҷмӯаи ҷаҳони ҳастӣ аст.

Курсӣ: ба маънои аслу асос аст ва гоҳе низ ба ҳар чизе, ки ба ҳам пайваста ва таркиб шуда бошад, курсӣ итлоқ мешавад. Ба ҳамин лиҳоз, ба тахтҳои кӯтоҳ курсӣ гӯянд. Аз он ҷо, ки муаллим ба ҳангоми дарс маъмулан рӯи курсӣ менишаста, аз ин рӯ гоҳе курсӣ киноя аз илм аст ва гоҳе киноя аз салатанат ва мулк. Ба ҳар ҳол, аршу курсӣ киноя аз маҷмӯаи ҷаҳони ҳастӣ аст. Дар сураи Бақара, ояти 255, курсиро ба Худо нисбат додааст, ки ҳамин маъноро ифода мекунад.

Самак: самак ба маънои моҳӣ аст.

(Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.998-999)

З-он ки маҳдуд асту маъдуд аст он,

Ойинай дилро набошад ҳад, бидон.

Зеро фалаку аршу олами фарш маҳдуд аст, вале ойинаи дил ҳадду ҳасре надорад. Ин нуктаро нек дарк кун!

Ақл ин ҷо сокит омад ё музилл

З-он ки дил бо ӯст ё худ ӯст дил.

Ақли ҷузъӣ аз кайфияти таҷаллии ҳазрати Парвардигор бар дил, ё сокит мемонад ва ё агар ҳарфе бизанад, гумроҳ мекунад. Аз он рӯ, ки ё дил бо ӯст ва ё дил худи ӯст.

Музилл: гумроҳкунанда.

Манзури байт: Таҷаллии ҳазрати Ҳақ бар дилҳои пок чунон матлаби душвору мубҳаме аст, ки бо ақлҳои ҷузъӣ наметавон бад-он воқиф шуд. Матлаб ин аст: ё дил таҷаллигоҳи Ҳақ аст, ё дил чизе ҷуз таҷаллии ҷамоли Ҳақ нест.

Акси ҳар нақше натобад то абад,

Ҷуз зи дил ҳам бо адад, ҳам бе адад.

Инъикоси ҳеч нақше аз нақшҳои ҷаҳони ҳастӣ ҷовидона нест. Ва ин собит мекунад, ки падидаҳои ҷаҳон наметавонад абадӣ бошанд, ба ҷуз таҷаллии ҳазрати Ҳақ бар дили инсон, ки ҳам ба сурати сифоти мутакассир зуҳур мекунад ва ҳам ба наҳви ваҳдоният.

Нукта: “Ҳам бо адад, ҳам бе адад” яъне тамоми сифоти илоҳӣ, ҳам аз лиҳози касрат дар мақоми ваҳдоният, ва ҳам аз лиҳози ваҳдат дар мақоми аҳадият, дар дил зуҳур мекунад. (Муқаддимаи Румӣ ва тафсири Маснавии маънавӣ, с.368)

Дар инҷо лозим аст, ки фарқ миёни “аҳад” ва “воҳид” гуфта шавад:

а) Аҳад, ба маънои басотат (басотат нақизи мураккаб аст)-и маҳз ва таназзуҳи томм аз нақсу зиёдат аст, ва “воҳид” ба маънои нафйи мушорикати ду моҳият.

б) Аҳад, хориҷ аз адад ва бениёз аз он аст, дар ҳоле ки воҳид дохил дар адад аст.

г) Аҳад, исме аст барои нафйи он чи аз адад бо ӯ зикр шавад, ва воҳид исме аст барои оғоз кардан дар адад.

д) Аҳад, хосси дороёни ақл аст, ва воҳид бар дороёни ақл ва ғайри онҳо итлоқ мешавад.

(Асосут-тавҳид, с.37)

То абад ҳар нақши нав, к-ояд бар ӯ,

Менумояд бе қусурӣ андар ӯ.

Ҳар нақши наву тоза, ки бар дил мерасад, то абад дар миёни дил он нақш беҳиҷобу ошкоро дида мешавад.

Нукта: Ҳеч як аз инъикосоти ҷаҳони ҳастӣ ва мавзӯоти он наметавонад абадият дошта бошад. Яъне зеҳн наметавонад мавзӯи мавриди тасаввури худро аз замон ва маҳдудиятҳои кайфӣ ва каммӣ барканор намояд, балки танҳо дил аст, ки чунин фаъолиятеро метавонад дошта бошад. (Тафсир ва нақду таҳлили Маснавӣ, ҷ.2, с.640)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: