Перейти к содержимому

Ҳушдори Эрон дар мавриди эҳёи муҷаддади ДОЪИШ аз сӯи Омрико

Алӣ Шамхонӣ,  дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон, дар дидор бо Александр Лаврентев, намояндаи вежаи раисиҷумҳури Русия, бо ишора ба тарҳи мармузи Омрико барои эҳёи муҷаддади ДОЪИШ ва густариши ноамнӣ дар ғарби Осиё, бар лузуми ҳушёрӣ ва ҳамоҳангии кишварҳои минтақа барои муқобила бо иқдомоте, ки метавонад мӯҷиби бесаботӣ ва ноамнӣ шавад таъкид кард.

Ба гузориши хабаргузории Jamaran, Шамхонӣ зимни мухолифат бо таҷовузи низомии Туркия ба Сурия тасреҳ кард: “Ҳар гуна иқдоме, ки мӯҷиби ташдиди ноамнӣ ва бӯҳрон дар минтақа шавад, бояд ба суръат мутаваққиф гардад.”

Шамхонӣ гуфт: “Бӯҳронҳои минтақа аз ҷумла бӯҳрони Сурия ва Яман роҳкори низомӣ надошта ва бояд аз тариқи диплумосӣ ва гуфтугӯҳои сурӣ-сурӣ ва яманӣ-яманӣ ҳаллу фасл шавад.”

Вай ҳар гуна таҷовуз ва таҳмили ҷанг ба кишварҳои минтақаро иқдоме дар ростои сиёсатҳои ноамнкунандаи Омрико ва режими саҳюнистӣ дар минтақа унвон кард ва хотирнишон сохт: “Мардуми ранҷдидаи кишварҳое, ки солҳо даргири ҷангу хунрезӣ будаанд, дигар таҳаммули пазириши бӯҳронҳои ҷадидро надоранд.”

Дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон, ноамнӣ дар оброҳҳои байналмилалиро ба унвони яке аз омилҳои хатарноки эҷоди бӯҳрон дар минтақа ном бурд ва тасреҳ кард: “Посухи пушаймонкунандае ба омилҳои ҳамла ба киштии эронӣ дар дарёи Сурх, ки дар садади эҷоди мавҷи ҷадиде аз ташаннуҷофаринӣ дар минтақа ҳастанд хоҳем дод.”

Намояндаи вежаи раисиҷумҳури Русия низ бо ироаи гузорише аз таҳаввулоти сиёсӣ ва низомии шимоли Сурия ва гуфтугӯҳое, ки Маскав бо тарафҳои даргир дар ин бӯҳрон доштааст, изҳор дошт: “Тадовуми ҳамкории ду кишвар дар абъоди сиёсӣ ва амниятӣ метавонад чун гузашта зимни ҷилавгирӣ аз тавсиъа ва эҳёи теруризм, тазминкунандаи субот ва амнияти пойдор дар минтақа бошад.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: