Перейти к содержимому

Бозандагон ва барандагони ҳамлаи Туркия ба шимоли Сурия

“Нерӯҳои демукротики Сурия” ҳанӯз ҳам манотиқи нисбатан густурдаеро дар ихтиёр доранд, аммо ин манотиқ рӯз ба рӯз камтар мешавад. Ба эҳтимоли зиёд, манотиқе, ки феълан ба тасарруфи артиши Туркия ё Сурия дарнамеоянд, дар чорчӯби тафоҳумот миёни Туркия, Русия ва Сурия дар ояндаи на чандон дур, таҳти контроли Димишқ қарор хоҳанд гирифт. Туркия бо ҳамла ба курдҳои Сурия амалан ба аз ҳам пошида шудани барномаи сиёсии курдҳо кӯмак кард.

Таҳлиле дар пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Fararu

Рӯзи чаҳоршанбе, дар ҳоле ки миёни шибҳинизомиёни курд ва артиши Туркия дар шаҳри марзии Раъсулайни Сурия даргирии шадиде дар ҷараён буд, артиши Сурия ором-ором аз рӯди Фурот убур кард ва барои нахустин бор ба манотиқе рафт, ки дар панҷ соли гузашта ба ҳеч ваҷҳ ба он ҷо нарафта буд.

Дар пайи тавофуқи шибҳинизомиёни курд бо давлати Сурия дар бораи истиқрори муҷаддади артиши Сурия дар манотиқи марзӣ, нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар бори дигар вориди манотиқи марзии дурдаст монанди Айнулараб (Кубонӣ), Риққа ва мусалласи марзии Сурия-Ироқ-Туркия шуданд. Вуруди артиши Сурия ба ин манотиқ аз ду ҷиҳат муҳим аст: аввалан, артиши Сурия дар панҷ соли гузашта дар ин манотиқ ҳузур надошт. Чун аксари ин манотиқ зери сайтараи гурӯҳҳои мусаллаҳи курдӣ буд. Сониян, пешравии артиши Сурия ба мувозоти пешравии артиши Туркия дар хоки Сурия иттифоқ меафтад. Ин ду артиш дар ҳоли рақобат барои сайтара бар сарзаминҳои бештаре дар шимоли шарқи Сурия ҳастанд.

Дар шаҳри Манбаҷ нерӯҳои Туркия ва Сурия рӯ дар рӯи ҳам қарор гирифтанд ва ҳатто даргирии мухтасаре миёни онҳо иттифоқ афтод, ки дар асари он як сарбози туркияӣ ҷонашро аз даст дод. Аммо Русия авзоъро контрол кард. Ин кишвар дар минтақаи ҳоил миёни нерӯҳои мусаллаҳи Туркия ва Сурия дар Манбаҷ гаштҳои майдонӣ доир кард, то ҷилави даргирии Туркия ва Сурияро бигирад. Ба назар мерасад, талошҳои Русия ба натиҷа расидааст. Дар ҳоли ҳозир, артиши Сурия дар шаҳри Манбаҷ ҳузур дорад ва артиши Туркия дар атрофи он мустақар шуда, вале ҳеч гуна даргирии бузурге миёни ду тараф гузориш нашудааст.

* * *

Дастовардҳои бузурги артиши Сурия дар оғози ҳафтаи дуввуми ҳамлаи Туркия ба курдҳои Сурия

Амалиёти низомии Туркия дар хоки Сурия каме беш як ҳафта пеш оғоз шуд. Туркия асри чаҳоршанбеи 9 октябр шурӯи амалиёти “Чашмаи сулҳ” дар шимоли шарқи Сурияро эълом кард. Бо гузашти беш аз 8 рӯз аз оғози амалиёт, Туркия ҳанӯз натавонистааст гурӯҳҳои мусаллаҳи курдиро решакан кунад ва бар манотиқи онҳо сайтара ёбад. Маҳофили расонаӣ иддао мекунанд, ки артиши Туркия тавонистааст контроли ду шаҳри Раъсулайн ва Таллабяз ва ҳамчунин даҳҳо русторо ба даст гиранд. Аммо гузоришҳои майдонӣ нишон медиҳад, ки шибҳинизомиёни курд, хусусан дар шаҳри Раъсулайн, ба сахтӣ дар баробари нерӯҳои Туркия муқовимат мекунанд. Ҳарчанд, ки зоҳиран умеде ба муваффақияти ин муқовимат надоранд.

Мазлум Абдӣ, фармондеҳи ин шибҳинизомиён, ки ба “Нерӯҳои демукротики Сурия” маъруф ҳастанд, ду рӯз пас аз оғози ҳамлаи Туркия, бо висотати Русия, бо давлати Сурия ба тавофуқ расид, ки артиши ин кишвар дар манотиқи марзӣ бо Туркия мустақар шавад. Артиши Сурия низ дар ростои иҷрои ин тавофуқ, рӯзи чаҳоршанбе (16 октябр) барои нахустин бор дар манотиқи марзии Сурия ва Туркия мустақар шуд. Пешравиҳои артиши Сурия дар шимоли шарқи Сурия, ки то ҳамин як ҳафта пеш ғайриқобили тасаввур буд, ҳанӯз идома дорад. Ин пешравӣ бидуни ҳеч гуна даргирӣ ва дар тафоҳум бо нерӯҳои курдӣ сурат мегирад. Курдҳои Сурия барои дафъи ҳамлаи Туркия, ба давлати Сурия рӯй оварданд ва бо он алайҳи Туркия муттаҳид шуданд.

* * *

Шикасти сангини барномаи чандсолаи “худмухторӣ”

Аммо ин иттиҳод мумкин аст бидуни ҳазина набошад. Нерӯҳои демукротики Сурия таъкид мекунанд, ки тавофуқ бо давлати Сурия сирфан ҷанбаи низомӣ дорад ва шомили масоили сиёсӣ намешавад. Аз ин рӯ, гурӯҳҳои мусаллаҳи курдӣ феълан пешравии артиши Сурияро дар манотиқи марзӣ осон мекунанд, вале дар айни ҳол аз барҷаста шудани намодҳои ҳокимияти давлати Сурия –монанди барафрошта шудани парчами давлати Сурия бар фарози сохтмонҳои давлатӣ — дар манотиқи ёдшуда, худдорӣ мекунанд. Бо ин ҳол, таҳаввулоти майдонӣ мумкин аст ба қимати аз ҳам пошидани тарҳи худмухтории курдҳои Сурия тамом шавад.

Бо оғози бӯҳрони Сурия дар соли 2011 ва хуруҷи бисёре аз манотиқи ин кишвар аз зери сайтараи давлат, гурӯҳи мусаллаҳи курдӣ мавсум ба “Ягонҳои Мудофеи Халқ” дар устони Ҳасакаи Сурия зоҳир шуд. Инҳо касоне буданд, ки бо маркази Ҳизби коргарони Курдстон (ПКК) дар кӯҳҳои Қиндил иртибототи наздике доштанд ва оғози бӯҳрони Сурияро фурсати муносибе барои ташкили минтақае худмухтор монанди Курдистони Ироқ диданд. Ягонҳои мазбур ба тадриҷ густариш ёфтанд ва на танҳо бар манотиқи курднишин, балки ҳатто бар бисёре аз рустоҳо ва манотиқи арабнишини Сурия ҳам мусаллат шуданд. Аз ин рӯ, баъдҳо дар соли 2015, гурӯҳи “Нерӯҳои демукротики Сурия” ташкил шуд, ки умдатан муташаккил аз нерӯҳои курдии “Ягонҳои Мудофеи Халқ” буд, вале бахше аз арабҳои минтақа ҳам дар он ҳузур доштанд.

Дар соли 2014, дар ҳоле ки гурӯҳҳои мусаллаҳи курдӣ комилан созмонёфта буданд, ДОЪИШ зуҳур кард ва бархе манотиқи курднишин монанди Айнулараб (Кубонӣ)-ро мавриди ҳамла қарор дод. Аз он замон, Эътилофи байналмилалии зидди ДОЪИШ ба раҳбарии Омрико, бо курдҳои Сурия дар баробари ДОЪИШ муттаҳид шуд. “Нерӯҳои демукротики Сурия” аз соли 2015 то ҳамин охирҳо по ба пойи Омрико бо ДОЪИШ меҷангиданд ва ҳимоятҳои таслиҳотӣ ва низомии зиёде аз Омрико дарёфт карданд.

Аммо ҷанг бо ДОЪИШ танҳо як рӯи сикка буд. Рӯи дигари он, барномаи сиёсии курдҳои Сурия буд. Онҳо умедвор буданд, ки иттиҳодашон бо Омрико дар ҷанг бо ДОЪИШ идома ёбад ва пас аз шикасти ДОЪИШ, аз ҳамин иттиҳод барои ташкили минтақаи худмухтор истифода кунанд. Вале Дунолд Тромп омодагии истимрори иттиҳод бо курдҳоро надошт. Ба маҳзи ин ки ӯ дастури хуруҷи нерӯҳои омрикоиро аз шимоли шарқи Сурия содир кард, Туркия амалиёти худро дар ин минтақа шурӯъ кард ва ба орзуҳои сиёсии курдҳои Сурия зарбаи сангине ворид кард, ки мумкин аст фурсати таъсиси як “Иқлими Курдистони ҷадид”-ро аз онҳо бигирад.

Барномаи сиёсии курдҳои Сурия аз ҳамон оғоз дар шароити ҳассосе оғоз шуд ва иқдоме бисёр пурхатар буд. Акнун, ки артишҳои Сурия ва Туркия ҳар ду дар манотиқи таҳти сайтараи курдҳои Сурия ба суръат дар ҳоли пешравӣ ҳастанд, хатарҳои барномаи сиёсии курдҳои Сурия равшантар шудааст. Ҳеч сиёсатмадоре дар миёни курдҳои Сурия пешбинӣ намекард, ки барномаи ташкили минтақаи худмухтор дар шарқи рӯди Фурот ба ин суръат дар масири нобудӣ гом бардорад.

Пеш аз ин, Туркия ду бор ба орзуҳои сиёсии курдҳои Сурия зарба зада буд. Як бор дар амалиёти “Сипари Фурот” дар атрофи шимолии Ҳалаб дар соли 2016 ва бори дуввум дар амалиёти “Шохаи зайтун” дар шаҳри Ифрин дар соли 2018. Амалиёти феълии “Чашмаи сулҳ” аз ду амалиёти қаблӣ муҳимтар ва барои курдҳои Сурия хатарноктар аст. Чун ин амалиёт, умқи манотиқи таҳти сайтараи курдҳо дар шимоли шарқи Сурияро ҳадаф қарор медиҳад.

“Нерӯҳои демукротики Сурия” ҳанӯз ҳам манотиқи нисбатан густурдаеро дар ихтиёр доранд, аммо ин манотиқ рӯз ба рӯз камтар мешавад. Ба эҳтимоли зиёд, манотиқе, ки феълан ба тасарруфи артиши Туркия ё Сурия дарнамеоянд, дар чорчӯби тафоҳумот миёни Туркия, Русия ва Сурия дар ояндаи на чандон дур, таҳти контроли Димишқ қарор хоҳанд гирифт. Туркия бо ҳамла ба курдҳои Сурия амалан ба аз ҳам пошида шудани барномаи сиёсии курдҳо кӯмак кард.

Бо ин ҳол, худи Туркия ҳам ба навъе дар саффи бозандагон қарор гирифтааст. Чун дер ё зуд маҷбур аст бар сари мудирияти манотиқи шимоли шарқи Сурия бо давлати ин кишвар, ки ба шиддат бо он мухолифат кардааст, ба тафоҳум бирасад.

Аз ин рӯ, шояд бузургтарин пирӯзи таҳаввулоти ахир, давлати Сурия бошад, ки бидуни ҳеч гуна душворӣ, контроли сарзаминҳои васеъеро муҷаддадан ба даст гирифт.

Fararu

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: