Перейти к содержимому

Ҷинояте, ки саъй дар ба фаромӯшӣ супурдани он мешавад

Ҳудуди 25 сол аз ҷанги Буснӣ ва Ҳерзегувин бо беш аз 100 ҳазор кушта мегузарад, аммо достони кӯдакони ҳосил аз таҷовузи ҷинсӣ дар ҷанг ҳамчунон дар ҳолае аз рамзу роз боқӣ монда ва ин кӯдакон ба далели “лаккаи нанги таҷовуз” чизе аз гузашта ва волидайни худ намедонанд.

Хабаргузории Reuters дар матлабе, ба кӯдакони ҳосил аз таҷовузи нерӯҳои душман (сербҳо) ва бархе аз нерӯҳои сулҳбони Созмони Милал дар ҷанги Буснӣ пардохтааст. Ин кӯдакон ҳамакнун дар Буснӣ бо унвони “кудакони номаръӣ” шинохта мешаванд. Дар гузориши Reuters омадааст:

Бар асоси таҳқиқоти бархе аз созмонҳои ғайридавлатӣ, ҳудуди 25 то 50 ҳазор зану духтари бусниёӣ дар тӯли ҷанги Буснӣ мавриди таҷовузи сарбозони душман (сербҳо) қарор гирифтанд ва ҳеч кас дар мавриди омори кӯдакони таваллудшуда аз ин таҷовузи ҷангӣ иттилооти мувассақе надорад.

Бештари кӯдакони ҳосил аз таҷовуз дар парваришгоҳҳои Буснӣ раҳо шуда ва гузаштаашон аз онҳо махфӣ шудааст. Онҳо дар Буснӣ бо номи “кӯдакони номаръӣ” машҳуранд.

Хонум Ойна Ҷусис (Ajna Jusic) аввалин кӯдаки сабтшудаи ҳосил аз таҷовуз дар ҷанги даҳаи 1990-и Буснӣ аст. Ӯ барои намоиши ранҷи худ ва афроди мисли худаш, ба теотр паноҳ бурда ва аз табъиз ва зӯргӯии ҷомеа ба кӯдаке бо падари номаълум ва барчасби “фоҳиша” бар рӯи модараш сухан мегӯяд.

Дар ин намоишнома Ойна нақшеро ифо мекунад, ки мегӯяд: “Ҳамеша фикр мекардам модарам аз ман мутанаффир аст, зеро ман ваҳшатноктарин таҷрибаи зиндагии ӯ будам.” Номи ин намоишнома, ки тавлиди муштараки Буснӣ ва Утриш аст, “Ба номи падар” аст.

Саҳнае аз намоишномаи “Ба номи падар” дар теотри ҷанги Соройеву

Бархе аз ин таҷовузҳо тавассути нерӯҳои ҳофизи сулҳи Созмони Милал сурат гирифта буд.

Додгоҳи байналмилалии кайфарии Созмони Милал дар умури Югусловии собиқ таҷовуз дар ин ҷангро ба унвони “абзори ҷангӣ” муаррифӣ кардааст.

Модари Ойна дар соли 1993 тавассути як сарбоз дар шаҳре кучак дар маркази Буснӣ мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор гирифт. Ӯ барои зоймон ба маркази вежаи қурбониёни ҷинсӣ фиристода шуд. Дар он ҷо мушаххасоти Ойна ба унвони кӯдаки таваллудшудаи таҷовуз сабт шуд.

Ойнаи мусалмон ва бусниёӣ, майле ба фош кардани ҳувият ва решаи падарии худ надорад.

Ӯ риёсати бахше аз анҷумани “Кӯдакони фаромӯшшудаи ҷанг”-ро бар ӯҳда дорад ва рисолати созмони худро кӯмак ба кӯдакони таваллудшуда аз таҷовуз дар ҷанг қарор додааст.

Хонум Ойна кӯдаки таваллудшуда аз таҷовуз дар ҷанги Буснӣ дар теотре барои ҳимоят аз кӯдакони номаръии ношӣ аз таҷовуз дар ҷанги даҳаи 1990 ин кишвар

Дар намоишномаҳо кӯдакони “номаръӣ” тарс, фишор, сукути иҷборӣ, ошуфтагӣ ва эҳсоси гуноҳи худро аз пушти баландгӯҳо фарёд мезананд. Дар ин намоишнома достони таваллудшуда аз таҷовузе ривоят мешавад, ки падараш яъне таҷовузкунанда аз “Нерӯи ҳофизи сулҳ” аст.

Дорел Тулон (Darrel Toulon) — коргардони намоишнома, дар ин бора гуфт: “Ин ҷавонон бояд сукути худро шикаста ва ба матни ҷомеа бозгарданд.”

Вай афзуд: “Мо аз зебоии ҳунар барои ғалаба бар зиштии авзоъ истифода мекунем.”

Ойна Ҷусиси 26-сола дар 15-солагӣ ҳақиқати зиндагии худро дарёфт. Ӯ 9 моҳ рози зиндагиашро бо худаш ҳамл кард ва пас аз он солҳо таҳти мушовира ва равондармонӣ қарор гирифт.

Зиндагии ӯ дар соли 2015 ва бо пайвастан ба созмони Кӯдакони фаромӯшшудаи ҷанг” тағйир кард.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: