Перейти к содержимому

Оё ин омору арқом намегӯянд, бояд ба хатти порсӣ бозгардем?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ду рӯз пеш, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ПМТ, аз лузуми гузор ба хатти порсӣ сухан ба миён овард ва гуфт, мо “роҳи дигаре ҷуз бозгашт ба хатти порсӣ надорем”. Ӯ, далели ин заруратро яке ин донист, ки агар “воқеан мехоҳем, миллат аз бунбасти илмӣ, фарҳангӣ ва текнулужӣ, ки алъон дар он аст берун ояд, бояд худро аз хатти имрӯза (сириллик) раҳо кунем”, ва таъкид кард, ки ин пешниҳод “рабте ба дӯст доштани ин хатт ё бадбинӣ нисбат ба хатте дигар надорад; ҳеч рабте, масалан, ба русгароӣ ё эронгароӣ надорад, (балки) ман ба унвони як тоҷик, як тоҷикистонӣ, ки хайри миллаташро мехоҳад, мехоҳам миллатам як миллати бедору огоҳе бошад, босаводу пешрафта бошад. Агар инро мехоҳем, пас бояд василаҳои расидан ба донишу текнулужиро фароҳам созем, ки якеаш хатт аст.”

Ва ҳамон тавр ки интизор мерафт, ин пешниҳод бо вокунишҳои бисёр тезу тунди мухолифони ин тарҳ рӯ ба рӯ шуд. Аҷиб он ки онҳо дар радди ин пешниҳод, дуруст бар хилофи ҷаноби Кабирӣ, “истилол” мекунанд, ки гузор ба ин хатт на танҳо мӯҷиби пешрафти мо дар арсаи илму донишу текнулужӣ нахоҳад шуд, ки баръакс сабаби пасрафт дар ин арсаҳо хоҳад гардид. Мегӯянд, ду кишвари Эрон ва Афғонистон, ки ба ин хатт менависанд, ҳарфе барои гуфтан дар ин арсаҳо надоранд, ки мо ҳам ба қофилаи онҳо бипайвандем ва мисли он бигардем.

Ҷои бас таассуф аст, ки расонаҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла расонаҳои давлатии Тоҷикистон бахусус дар чанд соли ахир, дар бораи пешрафтҳо ва дастовардҳои илмии Эрон чизе намегӯянд, ки албатта ин далел дорад. Онҳо дӯст надоранд аз Эрон ба унвони кишваре ёд шавад, ки дар арсаи илму дониш ва текнулужӣ, дар минтақа ҳарфи аввалро мезанад. Инро дӯст надоранд. Балки дӯст доранд ин кишвар ҳамчун кишваре пасрафта, ақибмонда ва торик ёд шавад.

Дар ин ёддошт, бо такя бар омору арқом, ки дар баъзе аз расонаҳои мӯътабари ҷаҳонӣ омадааст, шаммае дар ин хусус менависам, то бибинем, агар ба хатти порсӣ бармегардем, чӣ мешавад!

1) Ҷойгоҳи Эрон дар риштаҳои STEM (улум, текнулужӣ, муҳандисӣ ва риёзиёт):

Бар асоси омори Низоми рутбабандии Лойден (CWTS Leiden Ranking) дар соли 2017, Эрон дар риштаҳои чаҳоргонаи STEM дар радабандии ҷаҳонӣ рутбаи панҷумро касб кардааст. Аз назари теъдоди фориғуттаҳсилони фаннӣ ва муҳандисӣ низ Эрон пас аз Русия ва Омрико ҷойгоҳи севвуми дунёро дар ихтиёр дорад.

2) Мақолоти илмӣ:

Тибқи омори пойгоҳи SCOPUS (ва бар асоси Низоми рутбабандии SCIMAGO), Эрон бо рушди илмии қобили таваҷҷӯҳ дар 10 соли гузашта, ҳамакнун рутбаи аввали минтақаи Ховари Миёнаро дар теъдоди мақолоти илмӣ дорост.

Бар асоси гузориши пойгоҳи ISI, дар 6-моҳаи нахусти соли 2018, Эрон бо сабти беш аз 25 ҳазору 500 мақолаи илмӣ, дар зумраи 15 кишвари бартари дунё аз назари шумори мақолоти илмӣ қарор гирифтааст.

3) Тавлиди илм:

Ба гузориши пойгоҳи WOS, Эрон дар соли 2017 бо 9/8 дарсад рушд, рутбаи аввалро аз миёни 25 кишвари бартари ҷаҳон дар тавлиди илм касб кардааст.

Бар асоси гузориши Муассисаи NATURE INDEX, дар январи 2018, Эрон дар як даҳаи гузашта бо 22 дарсад нархи рушди солона дар муқоиса бо соири кишварҳои ҷаҳон, бузургтарин ҷаҳиши илмиро дар ҳавзаҳои улум, фанноварӣ ва муҳандисӣ ба сабт расонда.

Дар соли 2017, Эрон рутбаи нахусти тавлиди илмро дар ҷаҳони ислом касб карда ва беш аз 22 дарсад аз кулли тавлидоти илмии кишварҳои исломиро ба худ ихтисос додааст.

4) Содироти фанноварии (текнулужии) пешрафта:

Бар асоси оморҳои ҷаҳонии содироти фанновариҳои пешрафта (High tech), Эрон дар ҳоли ҳозир ба яке аз қудратҳои навзуҳур дар ҳавзаи фанноварии пешрафтаи фазоӣ, мушакӣ ва ҳастаӣ ва абарроёнаҳо табдил шудааст.

* * *

Соми Клип, рӯзноманигор ва муҷрии машҳури ҷаҳони араб

Соми Клип, рӯзноманигор ва муҷрии машҳури ҷаҳони араб, дар ёддоште бо унвони “Чаро мо арабҳо аз Эрон хушамон намеояд?”дар нашрияи Дунял-ватан (Alwatanvoice.com) дар соли 2016 (ки тарҷумаи онро дар ҳамон сол дар пойгоҳи Кимиёи саодат гузошта будам), ба омору арқоми қобили таваҷҷӯҳе дар ҳамин замина ишора кардааст.

Ин рӯзноманигори машҳур дар ин ёддошт, бо тарҳи ин суол, ки “чаро мо арабҳо аз Эрон хушамон намеояд? Оё мехоҳед бидонед, чаро Ғарб ва “Исроил” аз Эрон метарсанд ва чаро кишварҳои арабӣ аз нақшофаринии он ҳаросон ҳастанд?”, навиштааст:

Ба ин омор таваҷҷӯҳ кунед:

* Бар асоси омори Thomson Reuters, Эрон аз лиҳози тавлиди илм, рутбаи 17-умро аз ибтидои соли 2013 то кунун дошта ва тавонистааст 2925 мақолаи тахассусии илмӣ тавлид кунад;

* Эрон маркази нахусти ҷаҳон дар нархи рушди тавлиди мақолоти илмии мунташиршударо дорад, ки ҳар 3 сол ин тавлид дубаробар мешавад;

* Аз соли 1996 то 2008, Эрон тавлиди илмии худро 18 баробар кардааст;

* Шумори донишҷӯён ҳаминак (соли 2016) дар Эрон наздик ба 4 милюн нафар аст ва аксари онҳо ҳам бонувон ҳастанд;

* Дар соли 2012, Эрон беш аз 38 ҳазор унвон китоб мунташир кард, беш аз 250 милюн нусха китоб чоп кард ва ҷойгоҳи нахусти интишори китоб дар Ховари Миёна ва 10-уми ҷаҳонро дорад;

* Эрон то кунун ду моҳвора ба дасти донишмандони дохилиаш сохта ва маймун ба фазо фиристода ва зинда баргардондааст;

* Мақолае дар 18 апрели 2008 дар Newsweek бо ин унвон мунташир шуд: “Донишгоҳи Ҳорворд эълом кардааст, ки боризтарин фориғуттаҳсилҳо дар ҷаҳон, аз Эрон ҳастанд”;

* Масъулони Донишгоҳи машҳури Истандфурд (Stanford University) дар соли 2003 ҳайратзада шуданд вақте диданд, боризтарин донишҷӯёни риштаи электруник, ки тавонистаанд мадраки дуктуро аз ин донишгоҳ дарёфт кунанд, ҳамагӣ аз Донишгоҳи улуму текнулужии (санъатии) Шарифи Эрон омадаанд...”

Соми Клим дар бахше дигар аз ёддошти худ, бо баёни ин ки “ҳамаи ин дастовардҳо дар ҳоле ба даст омадааст, ки Эрон муҳосира шуда ва дар тангно қарор гирифтааст”, менависад: “Ман ба араб будани худ ифтихор мекунам ва фикр мекунам, ҳар кишвари арабӣ — чӣ Арабистон, чӣ Қатар, чӣ Сурия, чӣ Аморот, чӣ Миср, чӣ Алҷазоир, чӣ Судон, чӣ Мағриб, чӣ Яман ё ҳатто Ҷибутӣ ва Сумолӣ ва Ҷазоири Қамар — ки худро соҳиби аҳаммият медонад ва дар пушти сари худ таърихи арабӣ дорад, аммо бояд бидонад, ба ҷои доду фарёд аз нақши Эрон ва эҷоди нерӯҳои низомӣ барои ҷилавгирӣ аз нақшофаринии он дар ин ё он кишвар, бояд пулҳои худро дар роҳи хидматрасонӣ ба мардум ва донишу пешрафту текнулужӣ сарф кунад.

Ғарб аз Эрон метарсад, барои ин ки хеле содда, Эрон рақиби илмии он хоҳад шуд, барои ин ки аз ин ба баъд ба кишварҳои арабӣ ва бетараф пешниҳоди сохти нерӯгоҳҳои барқи ҳастаӣ — даҳҳо баробар арзонтар аз мушобеҳҳои урупоӣ — хоҳад дод, барои ин ки кишваре бо ин тавоноиҳо, метавонад нақши меҳварии бузурге ифо кунад, ки қабл аз ҳар чиз “Исроил”-ро озор медиҳад.

“Исроил”, ки ба танҳоӣ беш аз ҳама аз Эрон сархӯрда ва калофа аст. Аммо Ғарб дар охир пазируфт ва аз мавозеи худ кӯтоҳ омад ва бо Эрон ба музокира нишаст, барои ин ки дид, донишу тавоноии низомии он то чӣ андоза боло ва пешрафта аст, бо он аз мавзеи қудрат музокира мекунад, чаро ки ҳар чӣ бошад, худаш беш аз ҳар касе ниёз ба пул дорад, на мисли музокиракунандагони залили мо дар Камп-Дэвид ва Модрид ва Услу ҳатто то ба имрӯз.

Бале, Эрон бомби ҳастаӣ дорад, аммо ин бомбҳо илму шинохту пешрафт ҳастанд, бомби илмии ҳастаии Эрон мубораки он бошад ва эй кош мо ҳам шонси онро дошта бошем, ки рӯзе ба ҷойи шикоят аз он, аз нақши Эрон истифода кунем.” (Поёни ёддошти Соми Клип)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: