Перейти к содержимому

Исроил беш аз ҳар замоне осебпазир аст

Масъулияти ҳамлаи моҳи гузашта ба таъсисоти нафтии Оромку (дар Арабистони Саудӣ)-ро Ҳусиҳо дар Яман бар ӯҳда гирифтанд. Бо ин ҳол, Иёлоти Муттаҳида ва Исроил ва мақомоте дар Арабистони Саудӣ Эронро масъули ин ҳамалот медонанд. Эрон ҳар гуна иттиҳоме дар ин заминаро рад кардааст. Бо ин ҳол, ин ҳамалот сабаб шуданд, ки дар мавориди мухталиф, осебпазирии зерсохтҳои саудӣ ва исроилӣ дар баробари ҳамалоти эҳтимолии Эрон мавриди баррасӣ қарор бигиранд.

Ба қалами Узи Эвен, шимидон, физикдон, сиёсатмадор ва устоди донишгоҳи Теалавив  

Ин ҳамла аз сӯи эрониён таъсироти мустақиме бар амнияти мо дорад. Ин масъала ҳанӯз ба таври шоиста мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст. Ман қасд дорам дар ин ҷо ин баррасиро анҷом диҳам:

Узи Эвен, шимидон, физикдон, сиёсатмадор ва устоди донишгоҳи Теалавив

1) Дар ин ҳамалот дар кулл 20 мушаки “Круз” ва ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин истифода шуд. Чунин амалиёте ба сатҳи болое аз ҳамоҳангӣ, иртиботи ҳамзамон, новбарӣ ва интихоби ҳадаф ниёз дорад. Эрониҳо пештар дар ҷараёни як размоиши низомӣ дар моҳи июл тавоноии худ дар иҷрои чунин амалиётро бо шумори зиёде аз ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин (наздик ба 50 фарванд) исбот карданд. Эрониҳо ҳамчунин тавоноии қобили таваҷҷӯҳи худ дар ҳавзаи иртибототро замоне, ки контроли як ҳавопаймои бидуни сарнишини пешрафтаи омрикоиро дар даст гирифта ва онро дар хоки худ фуруд оварданд ва аз он барои ниёзҳояшон нусхабардорӣ карданд, нишон доданд. Лошаҳои ҳавопаймои бидуни сарнишини кашфшуда дар Арабистони Саудӣ нишон медиҳад, ки эрониҳо ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини пешрафта (бо мутурҳои ҷет ва қобилиятҳои родоргурез) тавлид мекунанд ва дар ин замина аз тавоноиҳои Исроил ақиб намондаанд.

2) Дар ҳамла ба таъсисоти саудӣ, 17 ҳадаф мавриди исобат қарор гирифт, ки бо таваҷҷӯҳ ба 20 мушаке, ки лошаи онҳо дар маҳалли ҳамла ёфт шуд, метавон гуфт, ки мизони муваффақияти ин ҳамла 85 дарсад буд; чизе, ки тавонмандии бисёр боло ва қобили эътимод будани фанноварии истифодашударо нишон медиҳад. Агар бихоҳем муқоиса кунем, бояд ба ин масъала ишора кард, ки дар ҳамалот бо мушакҳои “Круз” тавассути Иёлоти Муттаҳида, дарсади муваффақияти исобати мушакҳо ба аҳдофи мавриди назар, 60 дарсад буд. Дар ҳамалоти мушакии Русия алайҳи ДОЪИШ дар Сурия ҳам, бархе аз мушакҳо дар биёбон саргардон шуданд. Фанноварии эронӣ қобили эътимод ва пешрафта аст ва эрониҳо тавоноии тавлид ва истифодаи ҳамзамони шумори зиёде аз ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ва мушакҳои “Круз” дар амалиётро доранд.

3) Истифодаи таркибӣ аз ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ва мушакҳои “Круз” (барои аломатгузории аҳдоф, ҳидояти ниҳоӣ ё арзёбии хасорат) дар ҳадафгирии дақиқи аҳдофи собит ва эҳтимолан ғайрисобит исбот шудааст. Тасвирҳои моҳвораӣ мизони диққати амал дар ин ҳамларо ба хубӣ нишон медиҳанд: дуруст васати ҳамаи тонкерҳои куравишакли захираи гози мойеъ ҳадаф гирифта шудааст. Тасвирҳо ҳамчунин нишон медиҳанд, ки диққат (ва хатои) ҳамла то як метр буда, ки бисёр беҳтар аз чизе аст, ки бо ҳидояти моҳвораӣ имкон дорад.

4) Артиши Арабистони Саудӣ ҳавопаймои муҷаҳҳаз ба родор дорад, ки қоидатан бояд ҳамлаи қарибулвуқӯъро ташхис медод, аммо ин иттифоқ науфтод. Иёлоти Муттаҳида ҳам нишонаҳои вуқӯи қарибулвуқӯи ҳамла ва маншаи онро дарёфт накард. Ин масъала метавонад яке аз ин ду маъноро дошта бошад: ё сомонаи дифоии Арабистони Саудӣ ба шиддат заъиф аст, ё ин ки мушакҳои эронӣ родоргурез будаанд. Дар ҳар сурат, ҳамла муваффақиятомез ва муассир буд. Гузашта аз махзанҳои захираи гози мойеъ, ки имкони таъмири онҳо дар замони кӯтоҳ вуҷуд дорад, бурҷҳои полоиши нафт ҳам осеб диданд. Саудиҳо иддао кардаанд, ки дар чанд ҳафта муҷаддадан тавлид бо ҳамаи зарфиятро аз сар хоҳанд гирифт, аммо ба таври қатъ таъмирот замони бештаре хоҳад бурд.

5) Ҳамаи ин масоил метавонад бар Исроил низ таъсир бигузорад. Эрониҳо ё нерӯҳои наздик ба онҳо нишон доданд, ки тавоноии ҳамлаи бо диққати бисёр зиёд ва аз фосилаи садҳо километрӣ ба аҳдофи хоссро доранд. Исроил бояд ин воқеиятро бипазирад, ки акнун дар баробари чунин ҳамалоте осебпазир аст. Исроил тавоноии анҷоми ҳамалоти мушобеҳ ва ҳатто ворид овардани хасорат ба Эронро дорад, аммо пас аз он, чӣ мешавад?

Ба назар мерасад, ки Исроил чорае ҷуз анҷоми як саре иқдомоти эҳтиёткорона барои мувоҷеҳа бо чунин ҳамлае надорад. Барои намуна, холӣ кардани тонкерҳои амуниёк (аммиак) дар Ҳифо, ки тақрибан 20 сол тӯл кашид, иттифоқи мусбате аст. Тағйири ҷойгоҳи терминоли сӯхтии Пи Глилут (Pi Glilot) дар маконе дуртар аз Телавив ҳам иқдоми хубе буд. Дафни тонкерҳои гозу сӯхт дар зери замин ҳам метавонад муассир бошад. Исроил бояд аз нерӯгоҳҳои барқ дар баробари ҳамалоти эҳтимолии бештар муҳофизат кунад.

Аммо муҳимтар аз ҳамаи инҳо ин аст, ки Исроил бояд амалиёт дар реоктури Димуно (маҳалли нигаҳдории бомбҳои атомӣ)-ро ҳар чӣ сареътар мутаваққиф кунад, чаро ки акнун мушаххас шуда, ки ин реоктур осебпазир аст ва осебҳои ҳар гуна хасорати эҳтимолӣ ба он, хеле бештар аз фоидааш хоҳад буд.

Haaretz

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: