Перейти к содержимому

Ориф аз забони Абӯалӣ ибни Сино

(Шарҳе мухтасар бар “Мақомот ул-орифин”-и Абӯалӣ ибни Сино ба қалами устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бӯалӣ файласуф аст, на ориф, вале як файласуфи хушк нест, махсусан дар охирҳои умраш тамоюлоти ирфонӣ пайдо карда ва дар “Ишорот‏” — ки зоҳиран охирин асараш аст — фаслеро ба “Мақомот ул-орифин” ихтисос додааст. Мо тарҷеҳ медиҳем, ки ба ҷои ин ки аз китобҳои урафо чизе нақл кунем, хулосае аз ин фасл, ки фавқулъода зебо ва олист, биёварем:

تعريف المعرض عن متاع الدنيا وطيباتها يخص باسم الزاهد، والمواظب على فعل العبادات من القيام والصيام ونحوهما يخص باسم العابد، والمتصرف بفكره الى قدس الجبروت مستديما لشروق نور الحق فى سره يخص باسم العارف وقد يتركب بعض هذه مع بعض

Он ки аз танаъуми (баҳраҳои) дунё рӯй гардондааст, зоҳид номида мешавад. Он ки бар анҷоми ибодот аз қабили намозу рӯзаву ғайра мувозибат дорад, ба номи обид хонда мешавад. Ва он ки замири худро аз таваҷҷӯҳ ба ғайри Ҳақ боздошта ва мутаваҷҷеҳи олами қудс карда, то нури Ҳақ бад-он битобад, ба номи ориф шинохта мешавад. Албатта гоҳе ду то аз ин ановин ё ҳар се дар як нафар ҷамъ мешавад.”

Агарчи Бӯалӣ дар ин ҷо зоҳиду обиду орифро таъриф кардааст, вале зимнан зуҳду ибодату ирфонро низ таъриф кардааст. Зеро таърифи зоҳид ва обид ва ориф мусталзими таърифи зуҳду ибодату ирфон аст. Пас, натиҷаи матлаб ин мешавад, ки зуҳд дар ибодат иборат аст аз эъроз (рӯй гардонан) аз муштаҳаёти (хоҳишҳои) дунёӣ, ва ибодат иборат аст аз анҷоми аъмоли хоссе аз қабили намозу рӯзаву тиловати Қуръону амсоли инҳо, ва ирфон иборат аст аз мунсариф сохтани зеҳн аз ғайри Аллоҳ ва таваҷҷӯҳи комил ба зоти Ҳақ барои тобиши нури Ҳақ бар қалб.

Ба нуктае муҳим дар ҷумлаи ахир ишора шудааст, ва он ин ки “гоҳе баъзе аз инҳо бо баъзеи дигар мураккаб мешаванд”, пас мумкин аст‏, ки фард дар они воҳид ҳам зоҳид бошад ва ҳам обид, ва ё ҳам обид бошад ва ҳам ориф, ва ё ҳам зоҳид бошад ва ҳам ориф, ва ё ҳам зоҳид бошад ва ҳам обид ва ҳам ориф, вале Шайх (Бӯалӣ) тавзеҳе надодааст. Албатта манзураш ин аст, ки ҳарчанд мумкин аст фард зоҳиду обид бошад, аммо ориф набошад, вале мумкин нест, ки ориф бошад ва зоҳиду обид набошад.

Тавзеҳи матлаб ин аст, ки миёни зоҳиду обид, умуму хусуси мин ваҷҳ аст, (яъне) мумкин аст фарде зоҳид бошад обид набошад, ва ё обид бошад ва зоҳид набошад, ва ё ҳам обид бошад ва ҳам зоҳид чунон ки ҳамаи инҳо возеҳ аст. Вале миёни ҳар як аз зоҳиду обид бо ориф умуму хусуси мутлақ аст, яъне ҳар орифе зоҳиду обид ҳаст, вале ҳар зоҳид ва ё обиде ориф нест.

Албатта дар қисмати баъд гуфта хоҳад шуд, ки зуҳди ориф бо зуҳди ғайриориф ду фалсафа дорад. Фалсафаи зуҳди зоҳиди ғайриориф як чиз аст, ва фалсафаи зуҳди зоҳиди ориф чизе дигар аст, ҳамчунон ки фалсафаи ибодати ориф як чиз аст, ва фалсафаи ибодати ғайриориф чизе дигар аст, балки руҳу моҳияти зуҳди ориф ва ибодати ориф, бо руҳи моҳияти зуҳду ибодати ғайриориф мутафовит аст.

الزهد عند غير العارف معاملة ما كأنه يشترى بمتاع الدنيا متاع الآخرة، وعند العارف تنزه ما عما يشغل سره عن الحق وتكبر على كل شى‏ء غير الحق. والعبادة عند غير العارف معاملة ما كأنه يعمل فى الدنيا لاجرة يأخذها فى الآخرة هى الأجر والثواب، وعند العارف رياضة مالهممه وقوى نفسه المتوهمة والمتخيلة ليجرها بالتعويد عن جناب الغرور الى جناب الحق

Зуҳди ғайриориф навъе доду ситад аст, гӯӣ колои дунёро медиҳад, ки колои охиратро бигирад, аммо зуҳди ориф навъе покиза нигаҳ доштани дил аст аз ҳар чи дилро аз Худо боздорад. Ибодати ғайриориф низ навъе муомила аст аз қабили кор кардан барои музд гирифтан, гӯӣ дар дунё муздурӣ мекунад, ки дар охират музди хешро, ки ҳамон аҷру савобҳост дарёфт кунад. Аммо ибодати ориф навъе тамрину варзиши руҳ барои инсироф аз олами ғурур ва таваҷҷӯҳ ба соҳати Ҳақ аст, то бо такрори ин тамрин бад-он сӯ кашида шавад.”

العارف یرید الحق الاول لا لشى‏ء غیره ولا یؤثر شیئا على عرفانه وتعبده له فقط لانه مستحق للعبادش ولانها نسبة شریفة الیه لا لرغبة أو رهبة

Ориф Ҳақ (Худо)-ро мехоҳад на барои чизе ғайри Ҳақ, ва ҳеч чизро бар маърифати Ҳақ тарҷеҳ намедиҳад ва ибодаташ Ҳақро танҳо ба хотири ин аст, ки ӯ шоистаи ибодат аст, ва бад-он ҷиҳат аст, ки ибодат робитаест шариф (ба худии худ), на ба хотири майлу тамаъ дар чизе ё тарс аз чизе.”

Мақсуд ин аст, ки ориф аз назари ҳадаф “муваҳҳид” аст; танҳо Худоро мехоҳад ва лекин ӯ Худоро ба воситаи неъматҳои дунявӣ ва ё ухравиаш намехоҳад, зеро агар чунин бошад, матлуби ӯ ин неъматҳост ва Худо муқаддима ва васила аст, пас маъбуду матлуби ҳақиқӣ ҳамон неъматҳо ҳастанд ва дар ҳақиқат маъбуду матлуби ҳақиқӣ нафс аст, зеро он неъматҳоро барои ирзои нафс мехоҳад. (Аммо) ориф ҳар чиро бихоҳад, ба хотири Худо мехоҳад. Ӯ агар неъматҳои Худоро мехоҳад, аз он ҷиҳат мехоҳад, ки он неъматҳо аз ноҳияи ӯст ва инояти ӯст, каромат ва лутфи ӯст. Пас, ғайриориф Худоро ба хотири неъматҳояш мехоҳад ва ориф неъматҳои Худоро ба хотири Худо мехоҳад.

Ин ҷо пурсише пеш меояд, ки агар ориф Худоро барои чизе намехоҳад, пас чаро ӯро ибодат мекунад? Магар на ин аст, ки ҳар ибодате барои манзуре аст? Шайх посух медиҳад, ки ҳадафи ориф ва ангезаи ориф бар ибодат, яке аз ду чиз аст. Яке, шоистагии зотии маъбуд барои ибодат, яъне аз он ҷиҳат ӯро ибодат мекунад, ки ӯ шоистаи ибодат аст, назири ин ки инсон камоле дар шахсе ё шайъе мебинад ва ӯро мадҳу ситоиш мекунад. Агар бипурсанд ангезаи ту аз ин ситоиш чист? Ин ситоиш барои ту чӣ фоидае дорад? Мегӯяд: “Ман ба тамаъи фоидае аз ин шахс ё аз ин шай‏ъ ситоиш накардам, фақат аз ин ҷиҳат ситоишаш кардам, ки ӯро баҳақ лоиқи ситоиш дидам.” Ҳамаи таҳсинҳои қаҳрамонон дар ҳар риштае, аз ин қабил аст.

Ҳадафи дигари ориф аз ибодат, шоистагии худи ибодат яъне шарофат ва ҳусни зотии ибодат аст. Ибодат аз он ҷиҳат, ки нисбат ва иртиботест миёни банда ва Худо, корест дар хӯри анҷом додан. Пас, лозим нест, ки илзоман ҳар ибодате ба хотири тамаъе ё тарсе бошад. Ҷумлаи маъруфе аз Алӣ алайҳис-салом нақл шудааст, ки:

الهى ما عبدتک خوفا من نارک ولا طمعا فى جنتک بل وجدتک اهلا للعبادش فعبدتک

(“Худоё! Туро на аз тарси дӯзахат парастидам ва на ба тамаъи биҳиштат, балки туро шоистаи парастиш ёфтам, пас бипарастидамат.”), ибодат ба хотири шоистагии маъбудро баён мекунад.

Урафо рӯи ин матлаб зиёд такя мекунанд, ки агар ҳадаф ва матлуби инсон дар зиндагӣ ва ё дар хусуси ибодот, ғайр аз зоти Ҳақ чизе бошад, навъе ширк аст. Ирфон сад дар сад бар зидди ин ширк аст. Дар ин замина суханҳои латифи бисёр гуфтаанд. Мо дар ин ҷо ба тамсиле олӣ ва латиф, ки Саъдӣ дар “Бӯстон” зимни достоне аз Маҳмуди Ғазнавӣ ва Аёз овардааст, қаноат мекунем:

Яке хӯрда бар шоҳи Ғазнин гирифт,

Ки ҳусне надорад Аёз, эй шигифт!

Гулеро, ки на ранг бошад, на бӯй,

Ғариб аст савдои булбул бар ӯй.

Ба Маҳмуд гуфт ин ҳикоят касе,

Бипечид аз андеша бар худ басе,

Ки ишқи ман, эй хоҷа, бар хӯйи ӯст,

На бар қаду болои некӯйи ӯст.

Шунидам, ки дар тангное шутур

Бияфтоду бишкаст сандуқи дур.

Ба яғмо малик остин барфишонд

В-аз он ҷо ба таъҷил маркаб биронд.

Саворон пайи дурру марҷон шуданд,

Зи султон ба яғмо парешон шуданд.

Намонд аз вушоқони гарданфароз

Касе дар қафои малик ҷуз Аёз.

Нигаҳ кард, к-эй дилбари печ-печ,

Зи яғмо чй овардаӣ? Гуфт: ҳеч

Ман андар қафои ту метохтам,

Зи хидмат ба неъмат напардохтам.

Саъдӣ пас аз овардани ин достон, манзури аслии худро ин тавр баён мекунад:

Гарат қурбате ҳаст дар боргоҳ,

Ба хилъат машав ғофил аз подшоҳ.

Хилофи тариқат бувад, к-авлиё

Таманно кунанд аз Худо ҷуз Худо.

Гар аз дӯст чашмат ба эҳсони ӯст,

Ту дар банди хешӣ, на дар банди дӯст.

* * *

Аввалин манзил

اول درجات حرکات العارفین ما یسمونه هم الارادة وهو ما یعترى المستبصر بالیقین البرهانى أو الساکن النفس الى العقد الایمانى من الرغبة فى اعتلاق العروة الوثقى فیتحرک سره الى القدس لینال من روح الاتصال

Аввалин манзили сайру сулуки орифон он чизе аст, ки онро “ирода” меноманд, ва он иборат аст аз навъе шавқу рағбат, ки дар асари бурҳон ё таъаббуду имон дар инсон барои чанг задан ба дастгираи боистеҳкоми ҳақиқат падид меояд, он гоҳ руҳу замир ба ҷунбиш меояд, то ба иттисол ба ҳақиқат даст ёбад.”

Барои баёни аввалин манзили сайру сулук, ки аз як назар ҳамаи ирфон дар он мавҷуд аст, ночорем андаке тавзеҳ бидиҳем… Фирори ҳар ҷудошуда ва танҳову ғарибмонда, ба сӯи ватани аслии худаш аст. Урафо мӯътақиданд, ки ин майл дар тамоми зарроти ҳастӣ ва аз он ҷумла инсон ҳаст, вале дар инсон гоҳе “комин‏” (пинҳон) ва махфӣ аст, шавоғил (андармониҳо) монеи фаъолияти ин ҳисс аст. Дар асари як силсила танбеҳот, ин майли ботинӣ зуҳур мекунад. Зуҳуру бурузи ҳамин майл аст, ки аз он ба “ирода” таъбир мешавад. Ин ирода дар ҳақиқат навъе бедории як шуъури хуфта аст…

Мавлавӣ дар дебочаи Маснавӣ сухани худро бо даъват ба гӯш фаро додан ба дарди дилҳои “най” оғоз мекунад, ки аз ҷудоӣ ва дур шудан аз найистон менолад ва шикоят мекунад. Мавлавӣ дар ҳақиқат дар аввалин абёти Маснавӣ аввалин манзили ориф яъне “ирода” ба истилоҳи урафоро тарҳ мекунад, ки иборат аст аз шавқу майл ба бозгашт ба асл, ки тавъам бо эҳсоси танҳоӣ ва ҷудоӣ аст. Мегӯяд:

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад,

Аз ҷудоиҳо шикоят мекунад.

К-аз найистон то маро бубридаанд,

Дар нафирам марду зан нолидаанд.

Сина хоҳам шарҳа-шарҳа аз фироқ,

То бигӯям шарҳи дарди иштиёқ.

Ҳар касе, к-ӯ дур монд аз асли хеш,

Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш.

Мақсуди Бӯалӣ дар иборати боло ин аст, ки “ирода” майлу иштиёқест, ки дар инсон падид меояд пас аз эҳсоси ғурбату танҳоӣ ва бетакягоҳӣ, барои чанг задан ва муттасил шудан ба ҳақиқате, ки дигар бо ӯ на эҳсоси ғурбату танҳоӣ аст ва на эҳсоси бетакягоҳӣ.

* * *

Тамрин ва риёзат

ثم إنه لیحتاج الی الریاضة، والریاضة متوجهة الی ثلثة أغراض: الاول تنحیة مادون الحق عن مستنّ الایثار، والثانی تطویع النفس الأمّارة للنفس المطمئنّة… والثالث تلطیف السرّ للتنبّه

Пас аз ин, навбати амалу тамрину риёзат мерасад. Риёзат мутаваҷҷеҳи се ҳадаф аст: аввал дур кардани ғайри Худо аз сари роҳ, дуввум ром сохтани нафси аммора барои нафси мутмаинна, севвум нарму латиф сохтани ботин барои огоҳӣ.”

Пас аз марҳилаи ирода, ки оғози парвоз аст, марҳилаи тамрину омодагӣ мерасад. Аз ин омодагӣ бо луғати “риёзат” таъбир шудааст, мафҳуми заҷр додани нафсро дорад. Дар баъзе мактабҳо асосан заҷр додани нафс ва таъзиби он асолат дорад ва аз ин рӯ қоил ба заҷру таъзиби нафс ҳастанд. Намунаашро дар муртозони Ҳинд ми‏бинем. Вале дар истилоҳи Бӯалӣ, калимаи “риёзат” мафҳуми аслии худро дорад.

“Риёзат” дар асли луғати араб ба маънои тамрину таълими аспи навҷавон аст, ки роҳу расми хушроҳӣ ба он ёд дода мешавад. Сипас дар мавриди варзишҳои бадании инсонҳо ба кор рафтааст. Дар ҳоли ҳозир низ дар забони арабӣ ба варзиш риёза мегӯянд, ва дар истилоҳи урафо ба тамрину омода сохтани руҳ барои ишроқи нури маърифат итлоқ мешавад.

Ба ҳар ҳол, “риёзат” дар ин ҷо тамрину омода сохтани руҳ аст ва мутаваҷҷеҳи се ҳадаф аст. Яке аз он се ҳадаф марбут ба умури хориҷӣ аст, яъне аз байн бурдани шавоғилу (андармониҳову) мӯҷиботи ғафлат. Дуввум марбут аст ба интизоми қувваҳои дарунӣ ва аз байн бурдани ошуфтагиҳои руҳӣ, ки аз он ба ром сохтани нафси аммора барои нафси мутмаинна таъбир шудааст. Ва севвум марбут аст ба навъе тағйироти кайфӣ дар ботини руҳ, ки аз он ба “талтифи сирр” таъбир шудааст.

والأول یُعین علیه الزهد الحقیقی، والثانی یُعین علیه عدة اشیاء: العبادة المشفوعة بالفكرة، ثم الألحان المستخدمة لقوی النفس الموقعه لما لحن به من الكلام موقع القبول من الأوهام، ثم نفس الكلام الواعظ من قائل زكیّ بعبارة بلیغة ونغمة رخیمة وسمت رشید، وأما الغرض الثالث فیُعین علیه الفكر اللطیف والعشق العفیف الذی یأمر فیه شمائل المعشوق لیس سلطان الشهوة

Зуҳд, ба ҳадафи аввал аз се ҳадафи риёзат кӯмак мекунад. (Яъне зуҳд сабаб мешавад, ки монеаҳо ва шавоғилу мӯҷиботи ғафлат аз сари роҳ бардошта шавад). Ва аммо ҳадафи дуввум (яъне ром шудани нафси аммора барои нафси мутмаинна ва пайдоиши интизом дар дарун ва бартараф шудани ошуфтагиҳои равонӣ), чанд чиз аст, ки ба он кӯмак мекунад. Яке, ибодат, ба шарти он ки бо ҳузури қалб ва тафаккур тавъам бошад. Дигар, овози хушоҳанги муносиб бо маонии руҳонӣ, ки тамаркузи зеҳн эҷод кунад, ва суханеро, ки бо он адо мешавад (масалан ояти Қуръон, ки тиловат мешавад ва ё дуо ва муноҷоте, ки қироат мешавад ва ё шеъри ирфонӣ, ки хонда мешавад) дар қалб нуфуз диҳад. Севвум, сухане пандомӯз, ки аз гӯяндае покдил бо баёне фасеҳу балиғ ва лаҳне нарму нофиз ва ҳайате роҳнамоёна шунида шавад. Аммо ҳадафи севвум (яъне нарму латифу рақиқ сохтани руҳ ва берун кардани ғилзатҳо ва хушунатҳо аз дарун), он чи ба он кӯмак мекунад, яке, андешаҳои латифу зариф аст (тасаввури маонии дақиқ ва андешаҳои нозуку рақиқ мӯҷиби зарофату риққату латофати руҳ мегардад), дигар, ишқи тавъам бо иффат ба шарти он ки аз навъи ишқи руҳӣ бошад, на ишқи ҷисмӣ ва шаҳавонӣ, ва ҳусну эътидоли шамоили маъшуқ ҳоким бошад, на шаҳват.”

ثم إنه اذا بلغت به الارادة والریاضة حدّاً ما، عنت له خلسات من اطلاع نور الحق علیه لذیذة كأنها بروق تومض الیه ثم تخمد عنه وهو المسمی عندهم أوقاتاً ثم إنه لیكثر علیه هذه الغواشی اذا أمعن فی الارتیاض

Сипас ҳар гоҳ ирода ва риёзат ба мизони муайяне бирасад, порае “хилса”-ҳо (рубоишҳо) барояш падид меояд, ба ин наҳв, ки нуре бар қалбаш тулӯъ мекунад дар ҳоле, ки сахт лазиз аст ва ба суръат мегузарад, гӯӣ барқе меҷаҳад ва хомӯш мегардад. Ин ҳолот дар истилоҳоти урафо “авқот” номида мешаванд, ва агар дар риёзат пеш равад, ин ҳолот фузунӣ мегирад.”

إنه لیتوغّل فی ذلك حتی یغشاه فی غیر الارتیاض. فكلما لمح شیئاً عاج منه الی جناب القدس یتذكر من أمره أمراً فغشیه غاش فیكاد یری الحق فی كل شیء

Ориф он қадр дар ин кор пеш меравад, то он ҷо, ки ин ҳолот дар ғайри ҳолати риёзат низ гоҳ ба гоҳ даст медиҳад, басо ки як нигоҳи мухтасар ба чизе руҳашро мутазаккири олами қудс мекунад ва ҳолат ба ӯ даст медиҳад, кор ба ҷое мерасад, ки наздик аст Худоро дар ҳама чиз бибинад.”

ولعله الی هذا الحد یستعلی علیه غواشیه و یزول هو عن سكینته فیتنبّه جلیسه

Ориф то вақте, ки дар ин марҳила ва ин манзил аст, ин ҳолот, ки ориз мешавад, бар ӯ ғалаба менамояд ва оромиши оддии ӯро ба ҳам мезанад, қаҳран агар касе паҳлӯяш нишаста бошад, мутаваҷҷеҳи тағйири ҳолати вай мегардад.”

ثم إنه لتبلغ به الریاضة مبلغاً ینقلب وقته سكینة فیصیر المخطوف مألوفاً والومیض شهاباً بیّناً ویحصل له معارفة مستقرة كأنها صحبة مستمرة ویستمتع فیها ببهجته، فاذا انقلب عنها انقلب حیران اسفاً

Сипас кори муҷоҳидату риёзат ба он ҷо мекашад, ки “вақт” табдил ба “сакина” мешавад, яъне он чи гоҳ-гоҳ буд ва оромишро ба ҳам мезад, тадриҷан дар асари такрору унси руҳ бо он, тавъам бо оромиш мегардад. Он чи қаблан ҳолати бегона дошт ва монанди як “рубоиш” зуҳур мекард, табдил ба амри маънус мешавад. Барқи ҷаҳанда табдил ба шӯълаҳои равшан мегардад. Навъе ошноии собит барқарор мегардад. Гӯӣ ӯ ҳамеша ҳамнишини Ҳақ аст. Бо беҳҷату сурури он баҳраманд мегардад. Ҳар гоҳ он ҳолат аз ӯ дур мешавад, сахт нороҳат мегардад.”

ولعله الی هذا الحد یظهر علیه ما به فاذا تغلغل فی هذه المعارفة قلّ ظهوره علیه فكان وهو غائب ظاهراً وهو ظاعن مقیماً

Шояд ба ин марҳила, ки ориф бирасад, боз осори ҳолати дарунӣ (баҳҷат ва ё таассуф) бар ӯ зоҳир шавад, ва агар касе наздики ӯ бошад, аз рӯи аломатҳо он ҳолотро эҳсос кунад. Агар ин ошноӣ бештару бештар шавад, тадриҷан осораш дар зоҳир намоён намегардад. Вақте, ки ориф ба марҳилаи комилтар бирасад, ҷамъи маротиб мекунад, дар ҳоле, ки ғоибу пинҳон аст аз мардум (руҳаш дар олами дигар аст) дар ҳамон ҳол зоҳир аст, ва дар ҳоле, ки кӯч карда ва ба ҷои дигар рафта, назди мардум муқим аст.”

Ин ҷумла моро ба ёди ҷумлаи мавлои муттақиён меандозад, ки дар сӯҳбаташ бо Кумайл ибни Зиёд роҷеъ ба авлиёи Ҳақ, ки дар ҳамаи асрҳо ҳастанд, фармуд:

هَجَمَ بِهِمُ الْعِلْمُ عَلی حَقیقَةِ الْبَصیرَةِ وَباشَروا روحَ الْیَقینِ وَاسْتَلانوا مَا اسْتَوْعَرَهُ الْمُتْرَفونَ وَاَنِسوا بِمَا اسْتَوْحَشَ مِنْهُ الْجاهِلونَ وَصَحِبُوا الدُّنْیا بِاَبْدانٍ اَرْواحُها مُعَلَقَّةٌ بِالْمَحَلِّ الْاَعْلی

Илму маърифати тавъам бо басирате ҳақиқӣ аз даруни қалби онҳо бар онҳо ҳуҷум овардааст, руҳи яқинро ламс кардаанд, он чи, ки бар аҳли лаззат сахту душвор аст, барои онҳо рому нарм аст, ва ба он чи ҷоҳилон аз он ваҳшат доранд, маънусанд, бо баданҳои худ бо мардум маҳшуру мусоҳибанд, дар ҳоле, ки руҳҳои онҳо ба бартарин ҷойгоҳҳо пайвастааст.” (Наҳҷул-балоға, ҳикмати 147)

(Дар идома Бӯалӣ мегӯяд:)

ولعله الی هذا الحد انما یتیسّر له هذه المعارفة احیاناً ثم یتدرّج الی ان یكون له متی شاء

Шояд то ориф дар ин манзил аст, пайдоиши ин ҳолат барои ӯ амре ғайриихтиёрӣ бошад, вале тадриҷан дараҷа ба дараҷа боло меравад, то он ҷо, ки ин ҳолат таҳти забту ихтиёри ӯ дармеояд.”

ثم إنه لیتقدم هذه الرتبة، فلا یتوقف أمره الی مشیئته بل كلما لاحظ شیئاً لاحظ غیره وان لم تكن ملاحظته للاعتبار فیسنح له تعریج عن عالم الزور الی عالم الحق، مستقر به ویحتف حوله الغافلون

Сипас аз ин ҳам пештар меравад, кораш ба ҷое мерасад, ки дидани Ҳақ мутаваққиф бар хости ӯ нест, зеро ҳар вақт ҳар чиро мебинад, пушти сари он чиз Худоро мебинад, ҳарчанд ӯ ба назари ибрат ва танаббуҳ ба ашё нигоҳ накунад. Пас барояш инсироф аз ғайри Худо ва таваҷҷӯҳи куллӣ ба зоти Ҳақ пайдо мешавад ва худро наздик мебинад, дар ҳоле, ки мардуме, ки даври ӯ ҳастанд, ба куллӣ аз ҳолати ӯ ғофиланд.”

فاذا عبر الریاضة الی النیل صار سرّه مرآة مجلوة محاذیاً بها شطر الحق ودرت علیه اللذات العلی وفرح بنفسه لما بها من أثر الحق وكان له نظر الی الحق ونظر الی نفسه وكان بعد متردداً

То ин ҷо ҳама марбут ба марҳилаи риёзату муҷоҳида ва сайру сулук буд, ва акнун “ориф ба мақсад расидааст. Дар ин ҳол замири хешро монанди ойинае мебинад софу сайқалӣ, ки дар он Ҳақ намоён шудааст, ва дар ин ҳол лаззоти маънавӣ ба таври тавсифнашуда бар ӯ резиш мекунад. Ҳангоме ки ба худ менигарад ва вуҷуди хешро ҳаққонӣ ва раббонӣ мебинад, фараҳу инбисот ба вай даст медиҳад. Дар ин ҳангом миёни ду назар мураддад аст: назаре ба Ҳақ, ва назаре ба худ; монанди касе, ки дар ойина менигарад, (ки) гоҳе дар сурати мунъакис дар ойина дақиқ мешавад ва гоҳе дар худи ойина дақиқ мешавад ва гоҳе дар худи ойина, ки он суратро мунъакис сохтааст.”

ثم إنه لیغیب عن نفسه فیلحظ جناب القدس فقط، وان لحظ نفسه فمن حیث هی لاحظة لا من حیث هی بزینتها. وهناك یحق الوصول

Дар марҳилаи баъд, худи ориф низ аз худаш пинҳон мегардад, Худоро мебинаду бас. Агар худро мебинад, аз он ҷиҳат аст, ки дар ҳар мулоҳизае, лиҳозкунанда низ ба наҳве дида мешавад; дуруст монанди ойина, ки дар ҳоле ҳам, ки таваҷҷӯҳ ба сурат аст ва ба ойина таваҷҷӯҳе нест, боз назар ба сурат мусталзими назар ба ойина ҳаст ҳарчанд мусталзими таваҷҷӯҳ ба ӯ ва дидани камолоташ нест. Дар ин марҳила аст, ки ориф ба Ҳақ восил шуда ва сайри ориф аз халқ ба Ҳақ поён ёфтааст.”

* * *

Ин буд хулосае аз қисмате аз намати “Ишорот”.

Нуктае, ки лозим аст ‏ёдоварӣ шавад ин аст, ки урафо ба чаҳор сайр мӯътақиданд:

سیر من الخلق الی الحق، سیر بالحق فی الحق، سیر من الحق الی الخلق بالحق، سیر فی الخلق بالحق

(Сайр аз халқ ба сӯи Ҳақ, сайр ба Ҳақ дар Ҳақ, сайр аз Ҳақ ба сӯи халқ ба Ҳақ, сайр дар халқ ба Ҳақ).

Сайри аввал аз махлуқ аст ба Холиқ. Сайри дуввум дар худи Холиқ аст, яъне дар ин марҳила бо сифоту асмои илоҳӣ ошно мешавад ва бад-онҳо муттасиф мегардад. Дар сафари севвум бори дигар ба сӯи халқ бозмегардад бидуни он ки аз Ҳақ ҷудо шавад, яъне дар ҳоле, ки бо Худост ба сӯи халқ барои иршоду дастгирӣ ва ҳидоят бозмегардад. Сайри чаҳорум сафар дар миёни халқ аст бо Ҳақ. Дар ин сайр ориф бо мардум ва дар миёни мардум аст ва ба сомондиҳии умури онҳо мепардозад барои он ки онҳоро ба сӯи Ҳақ савқ диҳад.

Онч и аз “Ишорот”-и Бӯалӣ талхис кардем, марбут ба сафари аввал аз ин чаҳор сафар буд. Бӯалӣ роҷеъ ба сафари дуввум ҳам андаке баҳс кардааст ва мо лузуме намебинем онҳоро дунбол кунем. Ҳамчунон ки Хоҷа Насируддини Тӯcӣ дар шарҳи “Ишорот” гуфтааст, Бӯалӣ сафари аввали ирфониро дар 9 марҳила баён кардааст. Се марҳила марбут аст ба мабдаи сафар, ва се марҳила марбут аст ба убур аз мабдаъ ба мунтаҳо, ва се марҳилаи дигар марбут аст ба марҳилаи вусул ба мақсад. Бо тааммул дар каломи Шайх ин нукта равшан мешавад. Мақсуди Бӯалӣ аз “риёзат” , ки тарҷумааш “варзиш” аст, ҳамон тамринҳо ва муҷоҳидатҳое аст, ки ориф анҷом медиҳад. Ин муҷоҳидатҳо зиёд аст ва ориф бояд манозилеро дар ин хилол тай кунад. Бӯалӣ ин ҷо ба иҷмол баён кард, вале урафо ба тафсил дар ин бора баҳс мекунанд. Аз кутуби ирфонӣ он тафсилотро бояд ҷустуҷӯ кард.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: