Перейти к содержимому

Ошноӣ бо китоби “Калом ва ҷомеа”-и Йозеф фан Эсс

Ба қалами Муҳсини Озмуда

Як пажӯҳиши ҷомеъу монеъ, дастикам бояд 3 вежагӣ дошта бошад: нахуст он ки мустанад ва дақиқ бошад, яъне мутаккӣ бар манобеи дасти аввал ва асноди мавриди иттифоқи ҳамагон бошад. Дуввум он ки низомманд ва равишманд бошад яъне пароканда‎гӯӣ накунад ва назму интизом дошта бошад ва ҳаҷми анбӯҳе аз иттилоотро бидуни тарҳу барнома пеши рӯи мухотаб нарезад, масъала ва дағдағааш равшан бошад ва бо равише мушаххасу коромад дар ҳалли ин масъала бикӯшад. Ва севвум ин ки то сарҳадди имкон, ба ҳамаи ҷанбаҳои мавзӯи мавриди баррасӣ, аз ҷанба‎ҳои мухталиф бипардозад, чизеро аз қалам наандозад ва ҳамаи таҳқиқоти собиқро дар назар оварад.

Сурат додани пажӯҳише бо ин вежагиҳо ва хусусиятҳо, дар ҳавзаи муноқишаҳои фикрӣ ва каломӣ дар сада‎ҳои нахустини таърихи тамаддуни исломӣ, коре бисёр сахт ва тоқатфарсост ва бидуни шак Йозеф фан Эсс (Josef van Ess), ислом‎шиноси барҷастаи олмонӣ дар асари гаронмояаш “Калом ва ҷомеа”, дар таҳаққуқи чунин таҳқиқе муваффақ шудааст.

Ин асари 6 ҷилдӣ, ки таърихи андешаи динӣ дар садри ислом аст, ба таври хосс ба зуҳуру бурузи андешаҳои каломӣ аз бистари шароити иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеаи мусалмонон дар сада‎ҳои дуввум ва севвуми ҳиҷрӣ мепардозад. Ҷилди аввали ин китоб баъд аз пешгуфтор ва даромад, аз ду бахши “Хусусиёти бунёдини диёнати ислом дар садаи аввали ҳиҷрӣ” ва “Вилоятҳои исломӣ дар садаи дуввуми ҳиҷрӣ” шакл гирифтааст.

Бахши нахуст, ба масоиле ҳамчун хатми нубувват, таҳаввулоти хосси динӣ дар аввалҳои садаи дуввум, пайдоиши каломи ҷадалӣ ва монанди он пардохтааст. Сипас дар бахши дуввум, ба муаррифӣ ва баррасии ҷараёнҳои каломӣ дар ин сада ҳамчун Қадариён, Занодиқа, Мурҷиаи Сурия, Ҷуҳамиён, Шиаён ва монанди он дар Сурия ва Ироқ пардохтааст.

Ба суфориши Донишгоҳи адён ва мазоҳиб (дар Эрон), гурӯҳе аз мутарҷимони коршиноси забони олмонӣ зери назари Сайидмуҳаммадризо Биҳиштӣ, устоди фалсафаи Донишгоҳи Теҳрон, кори тарҷумаи ин китобро ба ӯҳда гирифтаанд. Ҷилди нахусти ин китоб соли гузашта (2018) бо тарҷумаи Фарзини Бонкӣ ва Аҳмадалии Ҳайдарӣ ва виростории Сайидмуҳаммадризо Биҳиштӣ мунташир шуд.

Ба ин муносибат, Муассисаи пажӯҳишии ҳикмат ва фалсафаи Эрон дар аввалин ҷаласа аз силсилаи нишастҳои нақду баррасии китоб, китоби “Калом ва ҷомеа”-ро баргузид. Дар ҷаласаи нақду баррасии ин китоб, Сайидмуҳаммадризо Биҳиштӣ, Маҳдии Сирдонӣ, Ғуломризо Закёнӣ, Ҳасани Торимӣ ва Ҳамидризо Шариатмадорӣ суханронӣ карданд.

Дар ибтидои ҷаласа Амирҳусайни Худопараст, узви ҳайати илмии Муассисаи пажӯҳишии ҳикмат ва фалсафа, ки иҷрои ҷаласаро бар ӯҳда дошт, барои интихоби китоби “Калом ва ҷомеа” ба унвони аввалин китоб, се далел баршумурд: 1- аҳаммияти китоб, 2- тарҷумаи китоб, 3- ончунон, ки шоиста буда ба он таваҷҷӯҳ нашуда. Инак, гузорише аз суханрониҳои ин донишмандон оварда мешавад:

* * *

Сайид Муҳаммадризо Биҳиштӣ, устоди фалсафа:

1) Эъҷобовар: Аз асли нигориши китоби “Калом ва ҷомеа” чаҳоряк қарн мегузарад ва баъд аз интишор, дар замони кӯтоҳе ҷузъи манобеи муҳим ва китобҳои марҷаъ дар ин арса дар забони олмонӣ шуд. Пешниҳоди тарҷумаи ин китоб аз сӯи Донишгоҳи адён ва мазоҳиб сурат гирифт. Китоб аз чанд ҷиҳат ҳоизи аҳаммият аст:

Нахуст аз ҳайси муҳтаво, ба ин далел, ки пардохтани нисбатан ҷомеъе ба баҳси калом бахусус дар садаҳои дуввум ва севвуми ҳиҷрӣ дорад, ки садаҳои шаклгирии ниҳлаҳои калом (ҷараёнҳои каломӣ) дар олами ислом аст. Дуввум аз ҳайси татаббӯи бисёр густурдае, ки нависанда доштааст.

Ӯ дар муқаддимаи аслии китоб ишора мекунад, ки тақрибан кулли китобро якнафара навишта, ки бисёр эъҷобовар аст. Фан Эсс барои нигориши ин китоб аз сӯи донишгоҳ 10 сол мураххасӣ мегирад ва аз тарафи он ҷо пуштибонӣ шудааст.

Фан Эсс дар нигориши 6 ҷилди китоб, ки 4 ҳазор сафҳа аст ва 4 ҷилди он матн ва 2 ҷилд қитъаҳое аз матнҳои каломӣ ба ҳамроҳи поварақӣ ва ҳошия аст, ба беш аз 5142 манбаъ руҷӯъ кардааст. Ӯ дар таҳқиқоташ диққати фавқулодае дорад ва поварақиҳои ин китоб ганҷ барои кори баъдӣ аст.

Аммо ғайр аз ин талош ҳамроҳ бо ҷустуҷӯи сангин ва нигориши пурзаҳмат, рӯйкарди Фан Эсс ба мавзӯъҳо ҳоизи аҳаммият аст. Аввалан, Фан Эсс талош карда дар 3 ҷилди нахуст ва ниме аз ҷилди чаҳорум, ба шеваи таърихӣ баҳс кунад. Сониян, кӯшида дар баҳс аз як мабҳаси каломӣ, дар ҳадди нисбат додани як раъйи куллӣ ба як ҷамоати бузург набошад, балки саъй карда ба диққат орои мутакаллимонро ҷузъ ба ҷузъ ва бо нисбат додан ба худи онҳо баён кунад.

Аз нимаи ҷилди чаҳорум ба баъд, Фан Эсс илова бар рӯйкарди таърихӣ, як раҳёфти низомманд иттихоз мекунад, ки ҳудуди сесаду анде сафҳа аст. Дар ин сафаҳот, ӯ дар мақоми ҷамъбандӣ аз баҳси муфассали таърихии худ, ба шакле мавзӯӣ баҳс мекунад ва натоиҷе, ки аз татаббӯи таърихии фавқ ахз карда, ироа мекунад. Ин ҷамъ миёни ду рӯйкард, яке аз нуқоти ҳоизи аҳаммияти китоби “Калом ва ҷомеа” аст.

2) Панҷ ҳавзаи каломи исломӣ: Дигар вежагии кори Фан Эсс он аст, ки дар олами исломӣ 5 ҳавзаро аз якдигар мутамойиз кардааст: 1- ҳавзаи Шом ё Сурия, 2- ҳавзаи Миср, 3- ҳавзаи Ироқ, 4- ҳавзаи Ҳиҷоз ва 5- ҳавзаи шарқи Эрон, бавежа ҳавзаи ахир барои мо бисёр арзишманд аст. Яъне Фан Эсс мутакаллимон бо гароишҳои мухталифро дар ин 5 ҳавза баррасӣ карда ва дар канори он доду ситадҳои миёни онҳоро низ мавриди баҳс қарор додааст.

Вежагии ҳоизи аҳаммияти дигари китоб бо таваҷҷӯҳ ба унвони он яъне “Калом ва ҷомеа” қобили ишора аст яъне Фан Эсс кӯшида ба нисбати миёни шароити иҷтимоӣ ва мабоҳиси илми калом таваҷҷӯҳ кунад. Ба назар мерасад аз ин зовия дар ҳавзаи илми каломи исломӣ ё китобе надоштем ё агар доштем бисёр андак ва пароканда буд.

Ба иборати дигар, Фан Эсс дар ин китоб ба дигаргуниҳои иҷтимоӣ, ки дар қуруни дуввум ва севвуми ҳиҷрӣ падид меояд, таваҷҷӯҳ мекунад. Барои мисол, аз ин сухан мегӯяд, ки касоне, ки аз нимаи қарни аввали ҳиҷрӣ то нимаи қарни дуввум дар ҳавзаи калом кор мекунанд, умдатан араб ҳастанд ва баъд ҳам касоне ҳастанд, ки табдил ба ашрофи араб шудаанд.

Дар ҳоле, ки вақте аз нимаи қарни дуввум ба самти қарни севвуми ҳиҷрӣ ҳаракат мекунем, шоҳиди ақшори иҷтимоии дигаре ҳастем, ки ба калом мепардозанд, ғолибан аз маволӣ ҳастанд ва баъд ҳам соҳибони ҳирфаҳо ҳастанд.

Фан Эсс муфассал ба ин баҳс мепардозад, ки ин ҷобаҷоии иҷтимоӣ чӣ таъсире дар андешаҳо дорад. Ин нигоҳи Фан Эсс фатҳи боби ҷадиде ба илми калом аст ва дар суннати мо камтар ба он таваҷҷӯҳ шуда буд.

3) Китобе барои мутахассисон: Мухотаби китоби “Калом ва ҷомеа” аҳли фанн аст ва доварӣ дар бораи мавзӯъҳо низ комилан тахассусӣ аст. Мумкин аст хонандаи мутахассис бо шеваи баҳсу натиҷагириҳои муаллиф ҳамназар набошад, аммо муҳим ин аст, ки Фан Эсс баҳсро ба шевае илмӣ пеш бурда ва дар натиҷа ҷои наққодӣ дорад.

Дар ин китоб, бо нависандае, ки мекӯшад боварҳо ва ақоиди ихтиёркардаи худашро бо ҷарҳу таъдили назароти дигарон ироа кунад мувоҷеҳ нестем, балки бо муҳаққиқе мувоҷеҳем, ки талош мекунад ин андешаҳоро истихроҷ ва ироа кунад. Албатта Фан Эсс ҳам дар китоб довариҳое дорад ва метавон олимона бо доварии ӯ мувоҷеҳ шуд.

Дар мақоми касе, ки бо матни китоб каланҷор рафтааст, назарам ин аст, ки кори Фан Эсс дар ироа, феҳрист кардан ва татаббӯи орои мутакаллимон бисёр қудратманд аст. Аммо шояд мешуд, татаввуроти андешаи мутакаллимонро ҳам мунъакис кард, албатта намедонам то чӣ андоза ин кор имконпазир аст.

Албатта мо фақат матнҳоеро дидем, ки Фан Эсс ба онҳо ирҷоъ дода ва аз он ҷо, ки кулли матнҳоро надидаем, наметавонем бо диққат бигӯем, ки оё ӯ метавонист татаввури андешаҳо дар як фардро истихроҷ кунад ё хайр? Аммо агар ин татаввури андешаҳо ошкор мешуд, як қадам ҷилавтар будем.

* * *

Маҳдии Сирдонӣ, пажӯҳишгари калом ва фалсафа:

1) Руҳияи ахлоқӣ ва тааҳҳуди илмӣ: 

Ошноии ман бо Фан Эсс ба соли 1975 бозмегардад. Дар он мавқеъ Руди Порет, устоди Тубинген буд. Фан Эсс ҳанӯз нигориши ин китобро оғоз накарда буд, аммо ба унвони як устоди дақиқ матраҳ буд. Баъд аз инқилоб (дар Эрон), хабардор шудам, ки ин китоб мунташир шудааст.

Як рӯз оқои Муҳаммади Муҷтаҳиди Шабистарӣ ба ман гуфт, мехоҳем ин китобро тарҷума кунем ва аз ман кӯмак хостанд. Дар он замон ҳанӯз сокини Олмон будам. Эшон қисмате аз ҷилди дуввумро барои тарҷума ба ман дод ва баъд мутаваҷҷеҳ шудем, ки тарҷумаи кулли он ба соддагӣ имконпазир нест. Солҳо баъд, ки дуктур Биҳиштӣ тасмим ба тарҷума ва интишори китоб доштанд, он тарҷумаро ба эшон додам.

Калом ва ҷомеа” китоби сангине аст ва шабеҳи онро ман дар китоби “Таърихи Қуръон”-и Теудур Нёлдеке дидаам. Диққати Фан Эсс дар таҳқиқоти марбут ба ин китоб бисёр зиёд аст ва дар луғатшиносӣ шигифтангез аст. Бинобар ин, тарҷумаи китоб бисёр сахту нафасгир, аммо лаззатбахш аст. Тарҷумаи ҷилди чаҳоруми он 10 сол ба тӯл анҷомид ва дар озари 1394 (ноябр-декабри 2015) тарҷумаи он тамом шуд.

Дар тӯли ин солҳо бо пруфесур Фан Эсс иртибот доштам ва тақрибан бо ӯ дӯст шудам. Дар 10 сафҳаи аввал ба диққат ғалатҳои луғатиро ба ӯ гӯшзад кардам. Ӯ бо диққат ба ин нукот таваҷҷӯҳ ва бисёр сипосгузорӣ кард. Ин руҳияи ахлоқӣ ва тааҳҳуди илмӣ барои ман бисёр омӯзанда буд.

2) Касратгароӣ (плюрализм)-и садаҳои нахустин: Фан Эсс дар нигориши китоб кашфе кардааст. Ӯ нишон медиҳад, ки шаклгирии илми калом дар ислом, бо масеҳият мутафовит аст. Каломи масеҳӣ қабл аз шаклгирии масеҳият падид омада ва пеш аз зуҳури диёнати масеҳӣ баҳсҳое чун моҳияти Исо ва моҳияти Худо сурат гирифта ва дар натиҷа вақте мубаллиғони масеҳӣ ба тарвиҷи масеҳият мепардохтанд, аз ин баҳсҳо матраҳ мекарданд.

Аммо ислом қабл аз калом таблиғ шудааст, яъне футуҳот қабл аз шаклгирии каломи исломӣ ба ҷомеаҳои мухталиф рафтааст. Ислом бо шиори “Ло илоҳа иллаллоҳ” ва тарвиҷи адолат ба ҷомеаҳои мухталиф рафтааст. Аммо баъдан дар манотиқи тамаддунӣ мутаносиб бо фарҳанг, ҷуғрофиё ва таърихи он минтақа калом шакл гирифт. Ин амр то таъсиси Бағдод (141 ҳ.қ. тавассути Мансур халифаи дуввуми аббосӣ) идома дорад. Баъд аз ин таърих, мутакаллимони гуногун мисли Наззом ва Ҷоҳиз бо назариёти мухталифи мутаассир аз фарҳанги минтақае, ки дар он зиндагӣ мекарданд, ба Бағдод меоянд ва даъвоҳои каломӣ оғоз мешавад.

Яке аз ибтикорот ва ибдоъоти ҷомеаи мусалмон, пайдоиши ниҳланависӣ (таърихи ҷараёнҳо ва мазҳабҳо) аст. Дар масеҳият ин иттифоқ науфтодааст. Ин аз ибтикороти мусалмонон аст, ки риштае ба номи ниҳланигориро падид овардаанд. Зеро, ин фарз буда, ки дигарон низ эътиқодоте мутафовит бо мо доранд ва мо бояд онҳоро бишносем. Ин фарз дар масеҳият набудааст. Дар он ҷо маънои растгорӣ пайвастан ба Масеҳ аст ва ҳеч роҳи дигаре нест.

Фан Эсс аз китоби “Мақолоти Ашъарӣ” мисол меоварад. Ашъарӣ чунон содиқона ақоиди дигаронро гузориш медиҳад, ки гӯӣ худаш ин назариётро қабул дорад, бинобар ин, каломи исломӣ аз диди Фан Эсс як нигоҳи касратгаро (плюралистӣ) аст. Ин ки дар Бағдод ин ҳамаи ҷараёнҳои фикрии мухталиф канори ҳам зиндагӣ мекарданд ва гоҳе низ мунозиъа мекарданд, дар ҷомеаи масеҳӣ мисдоқ намеёбад.

Барои мисол, Фан Эсс мегӯяд, қабл аз 400 ҳиҷрии қамарӣ, фарде ба номи Аҳмад ибни Мӯсои Саъдӣ аз Андалус ба Бағдод (Ироқ) барои таҳсил меояд. Ӯ дар сафарномааш навишта, ки дар Бағдод ҷаласоти мунозирае ташкил мешавад, ки дар ин мунозира пайравони ҳамаи адён ҷамъ мешаванд ва бидуни бартариҷӯӣ бо ҳам ба мубоҳиса мепардозанд. Ҳар гоҳ намояндаи яке аз мазоҳиб вориди ҷаласа мешавад, ҳамаи мардум дар баробари ӯ ба эҳтиром меистанд.

* * *

Ҳасани Торимӣ, пажӯҳишгар ва мутарҷим:

1) Як нуқтаи атф: Аз соли 1372 (1993), ки бародарам (Маҳдии Сирдонӣ) дар ин тарҷума (ҷилди чаҳорум) мушорикат кард, бо ӯ дар ин замина баҳс мекардам ва бо аҳаммияти он дар пажӯҳишҳои каломӣ ва мутолеоти исломӣ ошно будам.

Яке аз нукоти барҷастаи китоб, фаҳми матнҳои каломӣ тавассути муаллифи ин китоб аст. Соли 1371 (1992) дар Кунгураи ҷаҳонии Шайх Муфид (дар Эрон), аз наздик шоҳиди эҳтироми исломшиносон ва шарқшиносони ғарбӣ ба пруфесур Фан Эсс будам.

Нуктаи ҳоизи аҳаммияти ин китоб татаббӯоти таърихӣ ва каломии густурдаи муаллиф аст. Барои мисол, ӯ барои нишон додани назариёти мутакаллиме мисли Ибни Ровандӣ, ба китоби “Заҳру-рабиъ”-и Сайиднеъматуллои Ҷазоирӣ низ ишора мекунад ё ба китоби “Ҳақоиқул-имон”-и Зайнуддини Омилӣ, ки имрӯз мушаххас шуда мутааллиқ ба Шаҳиди Сонӣ нест ирҷоъ медиҳад ё ба “Кашфул-маҳаҷҷа”-и Сайид ибни Товус ба дурустӣ ва зебоӣ истинод мекунад.

Ин нишон медиҳад, ки Фан Эсс худро ба қарнҳои дуввум ва севвум маҳдуд накарда ва ба кулли таърихи каломи исломӣ иҳота дорад. Бавежа таваҷҷӯҳи Фан Эсс ба бистари зиндагии калом аҳаммият дорад. Ӯ нишон медиҳад, ки пурсишҳои воқеӣ дар зеҳни мутакаллимон буда ва дар натиҷа кӯшиш барои посух ба онҳо, каломи исломӣ шакл гирифтааст.

Мӯътақидам, интишори тарҷумаи ин китоб таъсире дар равишҳо ва сатҳи интизоре, ки аз муҳаққиқони эронӣ эҷод мешавад, хоҳад гузошт.

Яке аз нукоти ҷолиби китоби Фан Эсс, кашфи ақлонӣ будани каломи исломӣ аст. Ӯ аз вуруди баҳси ҳусну қубҳи ақлӣ ба аҳком баҳс намуда ва ин нуктаро матраҳ карда, ки ба тадриҷ ин фаҳми ақлонӣ дар китобҳои каломӣ коҳиш пайдо кардааст. Албатта Фан Эсс умдатан бо саводи аъзам яъне ҷомеаи каломи аҳли суннат мувоҷеҳ аст.

Масъалаи наҷотмеҳвар будани масеҳият ва ин ки ислом чунин баҳсе надорад ва бо шаҳодатайн шурӯъ мешавад, яке аз мабоҳиси зебои китоб аст.

Манбаъ: Faradeed

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: