Перейти к содержимому

Вақте инсон аз якрангӣ ва якнавохтӣ хаста мешавад…

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Таъйини молиёт аз сӯи ҳукумат барои муколимоти савтии барномаҳое мисли Вотсопп дар кишвари кучаки Лубнон дар рӯзи панҷшанбеи гузашта, сабаб шуд, то мардуми ин кишвар ба хиёбонҳо бирезанд. Ва бо ин ки ҳукумат билофосила ин тарҳро лағв кард, аммо эътирозҳо на танҳо фурӯкаш накарданд, ки бар онҳо афзуда шуд ва ҳаминак сар то сари ин кишвар шоҳиди эътирозҳои мардумӣ аст ва тазоҳуркунандагон хостори истеъфои ҳукумат — аз раисиҷумҳур то нахуствазир ва кобинааш – ва баргузории интихоботи муҷаддад ҳастанд.

Бар хилофи тазоҳуротҳо ва таҷаммӯотҳои пеш аз ин ва дар се чаҳор даҳаи ахир, тазоҳуроти кунунӣ тавассути ҳеч гурӯҳу ҳизбе роҳандозӣ ва ҳидоят намешавад, аз ин рӯ, коршиносон ва таҳлилгарон мегӯянд, ин нахустин тазоҳурот ҳадди ақал дар 30 соли ахир дар ин кишвар аст, ки на рангу бӯи тоифаӣ дорад ва на аз сӯи кишвари муайяне ҳидоят мешавад.

Лозим ба ёдоварист, касоне, ки бо Лубнон ва бофти ҷамъиятии ин кишвар ва хусусиятҳои он ошно ҳастанд, медонанд, ки ин кишвар бо ин ки демукросӣ дар он ҳоким аст ва интихоботҳо дар он воқеан озоду шаффоф баргузор мешаванд, аммо ба гунае аст, ки ҳама чиз дар ин кишвар дар ихтиёри табақаи хоссе аст ва мардум ҳангоми интихоботҳо чоре надоранд ҷуз ин ки раъйи худро ба намояндагони ҳамин табақа бидиҳанд. Тавзеҳ ин ки: ҷомеаи Лубнон, ки муташаккил аз миллиятҳо ва тоифаҳои рангоранг аст, сарнавишти ҳар тоифаро танҳо аҳзобу гурӯҳҳои муайяне рақам мезананд. Масалан, мусалмонони суннии ин кишвар чорае ҷуз фармонбардорӣ аз хонаводаи Ҳарирӣ ва ҳизбаш – Ҳизби “Мустақбал” – надоранд. Зимоми умури мусалмонони шиъа ҳам дар ихтиёри ду гурӯҳ: “Ҳизбуллоҳ” ва Ҷунбиши “Амал” аст. Сарнавишти масеҳиёни ин кишварро ду гурӯҳ: Ҷараёни Ҳурр (Озод) ва “Нерӯҳои Лубнонӣ” рақам мезанад. Дурзиҳо тобеи шахсе ба номи Валид Ҷунбулот ва ҳизбаш: Ҳизби сусиёлист-тараққихоҳи Лубнон ҳастанд.

Хулоса, ин кишвар даҳаҳост аз сӯи ҳамин чаҳор-панҷ ҳизбу гурӯҳ идора мешавад ва аз чанги онҳо берун нашуда. Ва агар тазоҳуроте ҳам барпо мешуд, онро яке аз ҳамин аҳзоб роҳ меандохт. Яъне вақте барои яке аз онҳо саҳме дар давлат дода намешуд, масалан вазире аз онҳо таъйин намешуд, тарафдорони худро ба хиёбонҳо мерехтанд ва эътироз мекарданд. То кунун ҳар тазоҳуроту эътирозоте, ки дар ин кишвар барпо мешуд, ҳамин гуна буд.

Дар воқеъ, дар се чаҳор даҳаи ахир, ҳатто тасаввури ин ки тазоҳуроте дар ин кишвар баргузор шавад бе он ки пушташ яке аз ин аҳзоб бошанд, намерафт. Тасаввураш ҳатто маҳол буд. Аммо эътирозоти кунунӣ чунин нест, пушти он ҳеч ҳизбу гурӯҳе наистода ва тазоҳуркунандаҳо низ алайҳи кулли табақаи ҳокима шиор сар медиҳанд. Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки ҳамаи ин гурӯҳҳо ғофилгир шуданд.

* * *

Дар робита бо сабаби ин тазоҳуроти худҷӯшу фарогир, бо ин ки таъйини молиёт барои муколимоти савтӣ мисли Вотсопп ҷараққаи онро зад, аммо ба назарам — ва бисёре аз коршиносон низ ҳамин назарро доранд – иллати аслии он, чизе дигар аст. Сабаби асосии он ин аст, ки мардум дар ин се чаҳор даҳа, воқеан хаста шуда буданд; хаста аз якрангӣ, хаста аз дидани чеҳраҳои якнавохт, хаста аз инҳисори рақобатҳои сиёсӣ дар чанд ҳизби муайян ва ҳатто хаста аз кашмакашҳои бепоёни ин аҳзоб байни якдигар ҳангоми интихоботҳо ва ташкили ҳукуматҳо, ба ҳадде ки ба таври мисол, барои ташкили ҳукумати феълӣ, мардум ҳудуди 2 сол шоҳиди ҷанҷолу кашмакаш миёни ин аҳзоб барои ин ки чӣ касе бояд вазир шавад ва чӣ касе нашавад ва кадом ҳизб бояд саҳми бештаре дошта бошад ва кадоминаш камтар, буданд. Мардум аз инҳо хаста шуда буданд. Вагарна, ҷомеаи Лубнон чандон ҳам ҷомеаи фақир нест, ки молиёт барои муколимот камарашро бишканад, чунин ҳам нест. Аз ин рӯст, ки мегӯям, таъйини молиёт барои Вотсопп фурсате буд, то дигар он ҳама уқдаҳо, ки дар дарунашон мутароким ва ҷамъ шуда будро берун бирезанд, ва ба ҳамаи ин табақот “на” бигӯянд.

* * *

Ин табиати башар аст, ки фитратан, аз якрангӣ ва якнавохтӣ хаста мешавад. Дар ҷое хонда будам, ки як нависанда ҳукуматҳоро ба чаҳор фасли сол ташбеҳ кардааст, ки бисёр ҳам ташбеҳи баҷост. Навиштааст, ҳамон тавр ки башар аз табиати якнавохт хаста мешавад ва аз ин рӯст, ки пас аз баҳор тобистон меояд, пас аз тобистон поиз (тирамоҳ) ва пас аз он ҳам зимистон, ҳамин тавр аз ҳукумати воҳид ва чеҳраҳои якнавохт низ, ҳатто агар ҳукумати бисёр муваффақе ҳам бошад, хаста мешавад, ӯ мехоҳад ҳукуматҳо мисли фаслҳои сол иваз бишаванд. Фасли баҳор, ки фасли бисёр хуш аст ва фасли рӯиданҳо, аммо се моҳ аст, вақте беш аз он бошад, хастакунанда мегардад.

Чанд рӯз пеш, дар мақолае таҳти унвони “ПМТ ва насли севвуми пас аз истиқлол” навишта будам, ки ҷомеаи Тоҷикистон дар остонаи зуҳури насли севвум аст, ва ин насл, мисли насли аввалу дуввуми пас аз истиқлол нест, ӯ дигар таҳаммули ин якнавохтиро, ки 30 сол аст дар кишвари мо соя афканда надорад. Ӯ, на шоҳиди ҷанги шаҳрвандии даҳаи 90 қарни пешин будааст, ки касе бихоҳад ӯро битарсонад ва на розӣ аст кишвараш дар қарни 21-ум ба як кишвари подшоҳӣ ва салтанатӣ – албатта бо зоҳири демукротик ва ҳуқуқбунёд – табдил гардад. Ин насл чаҳондидатар аз ду насли пеш аз худ аст, ӯ ба аён мебинад, ки агар фалон кишвар кишваре пешрафта аст, ба ин далел аст, ки аз назари сиёсӣ кишваре воқеан демукротик аст ва ҳукуматҳояш даст ба даст мешаванд, ва агар кишваре пасрафта ва ақибмонда ва фақир аст, ба ин далел аст, ки аз назари сиёсӣ мушкил дорад, ҳукуматаш худкома ва диктотурӣ аст, ӯ инро ба аён мебинад. Бинобар ин, дар даврони насли севвуми пас аз истиқлол, ба эҳтимоли зиёд ҷомеаи мо шоҳиди тағйиру таҳаввулоти решаӣ хоҳад шуд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: