Перейти к содержимому

Вақте Тромп аз ин ки мусалмонон ҳамдигарро бикушанд изҳори хушҳолӣ мекунад

Дифои Тромп аз тасмимаш барои холӣ кардани пушти курдҳо нишон дод, ки вай ҳеч гуна эҳсосе нисбат ба онҳо надорад ва бо онҳо ҳеч гуна ҳамбастагӣ надорад, балки ҳатто ҳеч гуна эҳсосе ба мусалмонон ба унвони инсон надорад. Ҳамчунин ин чандон аҷиб нест, ки раисиҷумҳури Омрико ба амд теъдоди муҳоҷирони мусалмонеро, ки иҷоза доранд ба Омрико ворид шаванд ба шиддат коҳиш диҳад.

Ба қалами Дин Убайдулло (Dean Obeidallah) дар нашрияи Daily Beast

Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, дар ҷамъи ҳаводоронаш дар аёлати Текзос, дар бораи ангезаҳояш барои додани чароғи сабз ба артиши Туркия барои убур аз марзҳо ва ҳамла ба курдҳои Сурия, эътирофи хатарноке кард.

Убайдулло (Dean Obeidallah)

Тромп бо ин кораш мехост коре кунад, ки ду тоифа аз мусалмонон сарҳои якдигарро бибуранд. Тромп ба ҳаводорони алоқамандаш – бидуни он ки як ишораи инсонӣ дар бораи ранҷҳои ғайринизомиён бикунад – гуфт: “Дар бархе мавқеъҳо, бояд бигузорӣ бо якдигар мисли ду кӯдак биҷанганд, баъд онҳоро аз ҳам ҷудо кунӣ.”

Ин суханони Тромп пас аз изҳори назарҳое дар рӯзи чаҳоршанбеи гузашта зада шуд, ки вай талош кард нигаронии бисёреро дар бораи осебҳо ба курдҳо аз байн бибарад.

Тромп дар ибтидо бо таҳқир гуфт, ки курдҳо “фаришта нестанд”, сипас талош кард, ки ду тарафи низоъро (туркҳо ва курдҳоро) аз инсонияташон орӣ кунад замоне ки гуфт, ду тараф сад сол аст, ки бо ҳам даргир ҳастанд.

Тромп дар ҷои дигаре гуфтааст: “Ман газофагӯӣ намекунам агар бигӯям, ки ҷангу даргирӣ табиати мо нест, балки яке аз вежагиҳо ва табиати онҳо (мусалмонон) аст.”

Ин суханони Тромп бисёреро шигифтзада кард ба ҷуз ман. Тромп бо ин суханон ба соддагии ҳар чи тамомтар мафҳуми қадимӣ, ки мегӯяд: “Ҳамаро бикуш ва бигузор Худованд барояшон коре кунад”-ро навсозӣ кардааст, то табдил ба ин мақула шавад: “Бигузор мусалмонон сарҳои якдигарро бибуранд ва бигузор Худованд барояшон коре кунад.”

Ин барои нахустин бор нест, ки яке аз вобастагон ба ҷараёни муҳофизакор хостори он мешавад, ки Иёлоти Муттаҳидаи Омрико худашро аз масъалаи Сурия канор бикашад ва бигузорад мусалмонон дар он ҷо ба ҷони ҳам биафтанд.

* * *

Чидани меваи даргирии мусалмонон

Дар соли 2013 Соро Полин (Sarah Palin), сиёсатмадори омрикоӣ ҳамин мафҳумро иброз кард замоне ки аз тасмими Борок Убомо, раисиҷумҳури собиқи Омрико барои эъзоми нерӯ ба Сурия барои поёни ҷанг дар ин кишвар интиқод кард.

Полин дар он замон дар мавзеъгирии инчунинӣ гуфт: “Ду тараф фарёди “Аллоҳ Акбар” сар медиҳанд, пас мо бояд бигузорем Худо худаш коре барои онҳо бикунад.”

Ин дидгоҳ, ки Омрико бояд худашро аз Сурия канор бикашад ва меваҳои даргирии мусалмонон бо якдигарро бичинад, тавассути Дониёл Пойпес (Daniel Pipes), пажӯҳишгари ростгаро ва маъруф ба таассуби кӯркӯронааш алайҳи мусалмонон бо шеваи ҳушмандонатаре иброз шуд.

Пойпес дар мақолае дар соли 2017 дар рӯзномаи National Review, аз ҳамлаи низомии Тромп ба Сурия дар пайи иддаоҳои истифодаи давлат аз силоҳи шимиёӣ ва кушта шудани ҳаштод танро мавриди интиқод қарор дод.

Дар он замон Пойпес навишт: “Ман бар ин боварам, ки ин иқдоми низомӣ иштибоҳ аст; дар ҳеч ҷои Қонуни асосии Омрико наомадааст, ки нерӯҳои омрикоӣ дар ҳамаи ҷангҳое, ки дар ҷаҳон ба роҳ меафтад, бояд дахолат кунанд.” Вай дар идома афзуд: “Бояд аз мушорикат дар ин ҷанг худдорӣ кард ва бигузорем, ки душманони Иёлоти Муттаҳидаи Омрико то ҳадди хастагӣ бо ҳам биҷанганд.”

Ин ҷумлаи поёнии Пойпес чизе нест ҷуз “бигузор мусалмонон ба ҷони ҳам биафтанд.” Ва ин дақиқан ҳамон чизе аст, ки Тромп бо додани чароғи сабз ба Туркия барои анҷоми амалиёти низомӣ дар шимоли Сурия анҷом дод.

Дифои Тромп аз тасмимаш барои холӣ кардани пушти курдҳо нишон дод, ки вай ҳеч гуна эҳсосе нисбат ба онҳо надорад ва бо онҳо ҳеч гуна ҳамбастагӣ надорад, балки ҳатто ҳеч гуна эҳсосе ба мусалмонон ба унвони инсон надорад. Ҳамчунин ин чандон аҷиб нест, ки раисиҷумҳури Омрико ба амд теъдоди муҳоҷирони мусалмонеро, ки иҷоза доранд ба Омрико ворид шаванд ба шиддат коҳиш диҳад.

* * *

Авлавият бо масеҳиён аст

Теъдоди мусалмононе, ки иҷозаи вуруд ба Омрикоро дарёфт кардаанд, аз 40 ҳазор тан дар соли 2016, ба 4 ҳазору 900 тан дар соли 2019 расид.

Тромп дар ростои амалӣ кардани ваъдаҳои интихоботиаш дар ҳафтаи нахусти риёсати ҷумҳуриаш аз ҳайси дарсади муҳоҷироне, ки Омрико онҳоро мепазирад, авлавиятро ба масеҳиён дод.

Саҳми мусалмонон ва масеҳиёни муҳоҷир дар соли 2016 тақрибан мусовӣ буд ба тавре, ки саҳми мусалмонон ба 46 дарсад расид, аммо дар соли 2019 саҳми масеҳиён ба шиддат афзоиш ёфт ва ба 80 дарсад аз маҷмӯи муҳоҷирон расид.

Ин оморҳо ба фаҳми далелҳое, ки боис шуданд Тромп чеҳраи курдҳоро бо дурӯғҳояш тахриб кунад кӯмак мекунад; дурӯғҳое, ки дар онҳо як бор курдҳоро ин гуна тавсиф кунад, ки “фаришта нестанд” ва бори дигар ба хабарнигорон бигӯяд курдҳо “ба мо дар ҷанги ҷаҳонии дуввум кӯмак накарданд ва дасти ёрӣ ба мо дар Нурмондӣ дароз накарданд” ва инро дар ишора ба пиёда кардани нерӯ тавассути нерӯҳои муттафиқин дар савоҳили Нурмондӣ дар шимоли Фаронса гуфт, ки оғози шумориши маъкус барои поёни ҷанги ҷаҳонии дуввум буд.

Ва ин дар ҳоле аст, ки курдҳо кишвари махсус ба худашонро надоштанд ва то ба имрӯз низ надоранд ва суханони Тромп дар бораи онҳо талоши ошкоре барои қонеъ кардани бархе аз омрикоиҳо буд, то ба курдҳои ғайринизомӣ дар сурати кушта шуданашон аҳаммияте надиҳанд.

* * *

Дидгоҳи қуруни вустоӣ

Тромп душанбеи гузашта дар Твиттер навишт: “Ман мушкиле бо кӯмак кардани дигар кишварҳо ба курдҳо надорам, чӣ Русия бошад, чӣ Чин ва ҳатто Нопулеун Бунопорт. Баъзе мехоҳанд, ки аз марзҳои Туркия, ки 7 ҳазор мойл аз мо дур аст ва раисиҷумҳураш душмани мо Башшор Асад аст, ҳифозат кунем. Барои касе, ки ба дунболи кӯмак ба курдҳо ва Сурия аст орзуи муваффақият мекунам, аммо мо 7 ҳазор мойл аз Сурия дурем.”

Ин суханони Тромп, ки гуфт мо 7 ҳазор мойл дурем, бетаваҷҷӯҳӣ ба бӯҳрони инсонии рӯзафзуне аст, ки Тромп масъули ахлоқии вуқӯи он аст ва чунин суханоне ғайриқобили тавҷеҳ аст, ин дар ҳоле аст, ки вай ахиран мушкиле дар ин намебинад, ки ҳазор низомии омрикоӣ ба Арабистони Саудӣ, ки дар масофате дуртар аз Сурия аст эъзом кунад.

Басанда кардани Тромп ва дигар афроди вобаста ба ҷараёни ростгаро ба тамошои бародаркушии мусалмонон ва даъват ба ин ки Худо барояшон коре кунад, мавзеъгирии танаффурбарангезе аст.

Мутаассифона бояд гуфт, ки Тромп ба сиёсати кунунии Омрико дидгоҳи қуруни вустоӣ бахшидааст.

Daily Beast

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: