Перейти к содержимому

Забони порсӣ ва ҳувияти миллӣ

Иртиботи забони порсӣ бо хатти порсӣ иттифоқӣ нест. Ин ки мо танбал ҳастем ва намехоҳем заҳмати омӯхтани хатти порсиро ба фарзандони худ таҳаммул кунем, далел бар бадии хатти порсӣ нест.

Аз суханрониҳои дуктур Сайидҳусайни Наср, устоди Донишгоҳи Ҷурҷ Вошинтун

Мо усулан ду гуна нерӯи фарҳангӣ дар ҷаҳон дорем ва дар гузашта ҳам доштаем, бавежа дар ҷаҳони кунунӣ, ки кишварҳо забони худро василаи густариши нуфузи худашон қарор медиҳанд. Аз ҷумлаи инҳо, кишварҳое ҳастанд, ки забонро василае медонанд барои ин ки фарҳанги худашонро чира кунанд.

Намунаи боризи ин гуна маворид, кишварҳои Фаронса ва Ангилистон ҳастанд, ки ҳар сол ҳазинаҳои ҳангуфтеро мутаҳаммил мешаванд, то мадориси омӯзиш ва густариши забони худро дар саросари ҷаҳон барпо кунанд. Омили дигаре ҳам ҳаст, масалан забони итолиёӣ ҳеч далеле барои густариши забони худ дар саросари ҷаҳон надошта ва надорад, ба ҷуз як навъ савдои ҷаҳонгирӣ.

Забони порсӣ дар ҳеч як аз ин ду мақула ҷой намегирад. Он чи боис мешавад, ки ҳамаи мо — порсизабонон ва порсидӯстон, алоқаманд ба густариши забони порсӣ бошем, гунае истеъмори фарҳангӣ ва ё савдои ҷаҳонгирӣ нест, балки бозёфтани як фазои забони порсӣ аст, ки аз даст рафтааст, як фазои берунӣ ва як фазои дарунӣ.

Сайидҳусайни Наср, файласуфи соҳибназари эронӣ ва устоди улуми исломӣ дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вошингтун, шогирди Аллома Таботабоӣ, Муҳаммадкозими Ассор ва Сайидабулҳасани Рафеъии Қазвинӣ аст. Ӯ ҳамкори Ҳонри Курбан (Henry Corbin) дар ҳавзаи фалсафаи татбиқӣ ва таърихи фалсафаи исломӣ будааст ва худ чандин асари илмӣ дар ҳавзаи фалсафаи исломӣ ва таърихи он нигоштааст.

Аммо фазои берунӣ: аз даст рафтани сарзаминҳои Эрон дар давраи Қоҷор ва низ тасаллути русҳо бар Осиёи Марказӣ ва сиёсати ҳайратоварест, ки кумунистҳо барои аз миён бурдани ҳавзаи забони порсӣ ба кор бурданд ва тақсимбандии аҷибу ғариб миёни Ӯзбакистон ва Тоҷикистон, ки бар асари он, марокизи бузурги забони порсӣ яъне Самарқанд ва Бухороро хориҷ аз ҳавзаи Тоҷикистон ҷой дод.

Аз тарафи дигар, фурӯпошии имперотурии Усмонӣ, ки тақрибан мунҷар ба таҳрими забони порсӣ тавассути Ототурк ва аз миён рафтани он дар Болкон шуд. Ва саранҷом, сиёсати ҷойгузинии забони ангилисӣ ба ҷои забони порсӣ дар Ҳиндустон, ки боис шуд ин забон қаламрави чандсад сола ва балки ҳазорон солаи худро аз даст бидиҳад.

Ин эҳсос, дар воқеъ як навъ сарфасли нав нест, балки бозёбии як навъ “фазои берунии аз даст рафта” аст. (Ва талоше мушобеҳ аз сӯи Ангилис дар миёнрӯдон, ки ба ҳазфи забони порсӣ ва ташкили кишвари кунунии Ироқ анҷомид).

Фазои дигаре ҳам ҳаст ва он, фазои дарунии мост, ки дар асари таҳаввулоти садаи гузашта он робитае, ки миёни андеша ва руҳи эронӣ ва забони порсӣ вуҷуд дошт, то ҳудуде дар миёни бархе афрод аз миён рафтааст. Дар воқеъ фазои забони порсӣ тақсим шудааст миёни забонҳои дигар; ҳам забон ба маънои сурӣ (шаклӣ) ва ҳам забон ба маънои андеша. Ва ба ҳамин рӯй, дар омӯхтани забони порсӣ ба фарзандони худ гунае ниёз ба густариши дарунии забони порсӣ ҳам эҳсос мешавад. Дар воқеъ амри мантиқӣ ва табиии баргардондани дубораи забони порсӣ ба унвони забони аслии фикру андеша барои касоне, ки порсизабон ҳастанд.

Ноҳамгунӣ миёни забони фикру андеша ва забони муҳовира аз даврони Қоҷория ба ин сӯ идома доштааст. Бисёре аз афроди бисёр боҳуши мамлакати Эрон будаанд, ки танҳо замоне, ки ба чилукабоб фикр мекарданд, дар бораи забони порсӣ ҳам фикр мекардаанд. Аммо дар бақияи маворид, забонҳои фаронса, ангилисӣ, олмонӣ ва ғайра ҷойгузини он шуда буд.

Дар воқеъ густариши забони порсӣ на танҳо як густариши берунӣ аст, балки марбут ба густариши дарунӣ ва як навъ эҳёи забони порсӣ аст, ки битавонад маркаби андешаи афроде бишавад, ки забонашон забони порсӣ аст, вале бо қаламравҳои мухталифи фикру андешаи хориҷ аз қаламрави суннатии Эрон ва фарҳанги Эрон.

Аммо пас аз ин пешгуфтор — чун кори банда фалсафа аст — ва пеш аз вуруд ба баҳси забони порсӣ ва ҳувияти миллӣ ва пайванди инҳо бо якдигар, боисте ду пурсиш матраҳ шавад. Нахуст ин ки мақсуди мо аз ҳувият чист? Дуввум ин ки мақсуди мо аз калимаи миллӣ чист?

Ҳувият

Ҳувият ё чистоӣ, яъне чизе, ки боис мешавад шайъ он чи ки ҳаст бошад. Дар воқеъ омил ё омилҳое, ки боис мешавад чизеро ончунон ки ҳаст бишносем, ва бидуни он, шиносоӣ ва моҳияти он шайъ тағйир мекунад. Ин таърифи фалсафии ҳувият аст. Аз назари забони рӯзмаррае, ки ба кор мебарем, ҳувият дар ин ҷо ба ин маъност, ки шиносоиро таъйин мекунад ва боиси шиносоии мо мешавад.

Миллӣ

Аммо калимаи миллӣ: дар ин ҷо ҳангоме, ки мегӯем миллӣ, моро бармегардонад ба кишвар, ватан ва чизе, ки афроде, ки дар дохили кишвар ҳастанд, он чиз мутааллиқ ба онҳост.

Нуктаи дигар ин ки агар ин мавзӯъро мӯшикофӣ кунем, мебинем ду маънои мутафовит ва лоябалоя бар рӯи ҳам қарор дорад. Вақте сӯҳбат аз миллӣ мешавад, баҳси он ҳисси гароиш ва пайванди афроди ҷомеа ба якдигар барои (… дастикам 2500) сол аст, ки дар воқеъ ҳавзаи фарҳанги эрониро таъйин мекард, яъне агар мо алъон доштем дар бораи ҳувияти миллӣ дар давраи Сафавия ва ё дар давраи Темуриён баҳс мекардем, мақсуди мо аз милли чӣ буд?

Оё шаҳри Кошғар, ҷузъи он миллӣ буд ё на? Қатъан мегуфтем бале.

Яъне он огоҳӣ, ки мо дар Исфаҳон аз шаҳри Кошғар доштем, ҳеч тафовуте бо огоҳии мо аз шаҳри Кошмар (яке аз шаҳрҳои Эрони кунунӣ) надошт, ин “мафҳуми миллӣ” як хатте набуд, ки ҷуғрофиёдонон (ба воситаи истеъморгарон) бар рӯи нақша кашида бошанд, балки як ҳавзаи фарҳангӣ, ҳавзаи андеша ва ҳавзаи як силсила равандҳои ҳунарӣ, салиқаҳо ва бардоштҳо аз ҷаҳони атрофи худамон буд, ки ин мафоҳимро эронӣ мекард ва дар давраи пас аз ислом, моро аз Миср ва Судон, ки арабзабон буданд, ҷудо мекард.

Маънои дуввуми миллӣ, маънои хеле тозатаре аст ва маъное аст, ки аз даруни фарҳанги Эрон берун наомадааст, балки аз даруни Инқилоби Фаронса берун омада ва ба маънои носиюнолизме аст, ки дар садаи 18-ум мутадовил шуд ва ба суръат дар Урупо густариш пайдо карда ва сипас ба Ховари Миёна ва миёни арабҳо, туркҳо ва эрониён низ сироят пайдо кард ва ҷузъи идеулужиҳои бисёр қавии ҷомеаҳои осиёӣ гардид.

Миллӣ ба маънои дуввум, бо маънои нахуст нукоти мутафовит — дастикам агар нагӯем мутазодд — дорад. Ба ин мафҳум, ки миллӣ ба маънои дуввум, таъриферо аз шаҳрванд ироа мекунад дар даруни як воҳиди ҷуғрофиёӣ ва рухдодҳои таърихӣ ва ё ҷангҳо ва омилҳои дигар, ки боис шуданд он марзҳо кашида шавад ва ин хутут ҳамакнун он чунон ки бояду шояд доимӣ ва собит нест. Гарчи Созмони Милал – ки дар воқеъ созмони миёни дувал аст — як навъ ниҳоятеро ба он хутуту ҳудуди марзӣ додааст, аммо таърихи қарни оянда нишон хоҳад дод, ки агар дар Урупо ин хутут аз якдигар бипошад, дар соири манотиқ чӣ пеш хоҳад омад.

* * *

Барои дарки ин ки ҳувияти миллӣ чист, барои мо эрониёни имрӯзин, беандоза муҳим аст, ки имтиёзе миёни ин ду қоил шавем; ва тамоми масъалаи забони порсӣ дар иртибот бо ҳувияти миллӣ, бори ин маънои дугонаро бо худ ҳамл мекунад. Мо ҳанӯз алоқамандем бидонем, ки дар Тоҷикистон ба забони порсӣ чӣ мегузарад. Шояд пурсида шавад, ки ба мо чӣ марбут аст? Аммо мо гумон мекунем, ки хеле ҳам марбут аст. Зеро пайванди мо бо забони порсӣ дар хориҷ аз марзҳои кунунии Эрон боқӣ аст. Пас шоиста аст унвон кунем, ки “ҳувияти миллӣ” аз лиҳози пайванд ба забони порсӣ ду буъди гуногун дорад. Дар баҳси имрӯзи мо, банда ночорам ба буъди аввал бипардозам, яъне сарзамини Эрон, ки ҳамаи мо дар он зода шудаем ва умедворем, ки рӯзе ҳам дар он ҷо дафн шавем.

Ин сарзамине, ки мо ба он итлоқи миллӣ ва миллат мекунем ва онро пайванд медиҳем ба забони порсӣ, набояд фарозу нишеби марзҳояшро дар тӯли таърих аз ёд барад. Нуктаи бисёр муҳимме, ки дар мавриди ҳамаи миллатҳо сидқ намекунад. Масалан, миллати куҳансоли Миср, ки дар тӯли таърихаш тақрибан бешу камии марзҳояш бо ҳудуди имрӯзӣ зиёд тафовут намекунад. Дар ҳоле ки Эрон дар тӯли таърих аз лиҳози марзҳои ҷуғрофиёӣ як навъ фарозу фуруд дошта ва ин пайвандеро, ки мо акнун бо забони порсӣ дорем, дар берун аз марзҳояш бо дигарӣ, ки дар забони порсӣ бо мо шарик ҳастанд, доштааст. Ба ҳамин ҷиҳат, аҳаммияти забон ва пайванди он бо ҳувияти миллӣ, масъалае аст, ки агар дар Афғонистон низ оромише ба даст ояд, маҷоли баррасии бештар дорад; ҳамон гуна ки дар Тоҷикистон чандин бор матраҳ шудааст.

Ҳатто дар мавриди Покистон низ ин нуктаи бисёр муҳимме аст. Бегумон яке аз омилҳои ҳувияти миллии Покистон, забони порсӣ аст. Кишваре, ки нӯҳдаҳуми осори таърихиаш ба як забоне бошад, яқинан ин забон саҳми муҳимме дар ҳувияти миллии он хоҳад дошт. Ин масъала ҳамакнун барои чандин кишвар матраҳ аст, ҳатто барои кишварҳое, ки забони порсӣ ҳаминак дар он ҷо матраҳ нест, монанди Ҷумҳурии Озарбойҷон. Оё мешавад дар бораи ҳувияти Озарбойҷон, бидуни таваҷҷӯҳ ба Ганҷа сухан гуфт? Бегумон намешавад. Оё мешавад аз ҳувияти таърихии Озарбойҷон сухан гуфт, ва аз Низомии Ганҷавӣ ва ё Хоқонӣ сухан нагуфт? Агар мешуд, ин қадр пофишорӣ намекарданд.

Нуктаи дигаре, ки хеле муҳим аст, масъалаи замонӣ аст. Дар масъалаи иртиботи забони порсӣ бо ҳувияти миллӣ, як навъ зарабони замонӣ ҳам вуҷуд дорад. Танҳо масъалаи ҷуғрофиёӣ ва маконӣ нест. Масалан, дар рӯзгори Салҷуқӣ, забони порсӣ муҳимтарин омили якпорчагии шарқи Онотулӣ (Туркияи феълӣ) будааст, дар ҳоле ки феълан нест. Ё бидуни шак дар давраи Гуркониёни Ҳинд, забони порсӣ муҳимтарин омили ваҳдат дар шибҳиқорраи Ҳинд будааст, дар ҳоле ки ҳамакнун чунин нест.

Он чи ки боис мешуд забони порсӣ инчунин густариш пайдо кунад, он маъонии баланду волое буд, ки ин забон бо худаш дошт, ва дар болотарин сатҳи маъонии ирфонӣ буд, ки ҳатто инак дар ин ҷаҳони моддиёт ва ё маънавиёти дурӯғин, ин маъонӣ бар фазои атрофи мо ҳукмфармост. Хамираи ин ашъор ва маъонии зебое, ки бо худ ҳамл мекунанд, боис шуда, ки ҳувияти миллии мо ҳамчунон пойдор бимонад.

Агар бихоҳем бо диққату мӯшикофӣ ба ин қазия бингарем, бояд ба фарозу нишеби ҳудуди ҷуғрофиёӣ ва таҳаввулоти таърихии Эронзамин дар тӯли рӯзгорон нигоҳ кунем. Нуктаи қобили таваҷҷӯҳ дар ин ҷо ин аст, ки он сарзамини марказии Эрон, ки дар тамаддуни соcонӣ ба он “Эронвиҷ” гуфта мешуд — ба маънои кишвари марказии Эрон, кишвар ба маънои қадимии соcонӣ — иттифоқан сарзамине аст, ки ҳамеша ва ҳатто бо таваҷҷӯҳ ба ин таҳаввулоти замонӣ ва маконӣ вуҷуд доштааст. Яъне ин марзҳо он андоза кучак нашудааст, ки Эрони кунуниро дарбар нагирад, ва ҳеч замоне ҳам набудааст, ки забони порсӣ чӣ аз дидгоҳи иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва… аҳаммияте барои як яздӣ, исфаҳонӣ ва ё… надошта бошад.

Ба ҳамин лиҳоз, аз диди мантиқи илмӣ метавонем бигӯем, ки робитаи миёни забони порсӣ ва ҳувияти миллӣ дар баробари кишварҳои дигар, ки ин масъала барои онҳо ҳам матраҳ будааст, муҳимтарин масъала буда ва ҳаст. Пас агар иддао кунем, ки забони порсӣ яке аз аркони асосии ҳувияти миллии Эрон аст, сухани газофе нахоҳад буд. Рукни дигар ҳам, ҷаҳонбинӣ аст, ки саранҷом аз фалсафа бармехезад ва равшан мекунад, ки мо чӣ гуна ба ҷаҳон менигарем.

Аммо ин ки чаро бояд қабул кунем, ки забони порсӣ яке аз аркони аслии ҳувияти миллӣ аст. Дар ин бора боисте ба чанд нуктаи муҳим ишора кунем. Забони порсӣ танҳо забони муҳимми хонаводаи эронизабонҳост, ва забоне аст, ки аз қаламрави худ берун омад ва табдил ба як забони ҷаҳонӣ шуд. Албатта забони порсӣ, забони cомӣ нест, балки аз шохаи забонҳои эронӣ (ба ғалат ҳиндуурупоӣ номида мешавад, агарчи дар ин паҳна густурдааст) мебошад. Барои ҳамин ҳам имкони гунае бардошти ғайриарабӣ аз ваҳйро арза кард. Дар ин забон буд, ки эрониён тавонистанд гунае бардошти равшан аз ҳамаи гӯшаҳои гуногуни фарҳангу ҳунари Эрон, аз фалсафа то хутути бисёр зебое, ки дар канори ин толор ҳам насб шудааст, дошта бошанд. Ва албатта инҳо ҳама ба ҳам муртабитанд.

Нуктаи муҳимми дигар, кӯмаке аст, ки забони порсӣ ба ҳифзи ҳувият ва тамомияти арзии Эронзамин кардааст. Зеро ин забон вежагии боризи тамоми эрониёне буд, ки шиъа ва ё суннӣ шуданд, ё нашуданд. Албатта ин ки чаро забони порсӣ, забони муштараки ин мардумон шуд ва чаро забонҳои дигар натавонистанд чунин кореро анҷом диҳанд, баҳсест, ки забоншиносон боисте ба он бипардозанд. Дар воқеъ забони порсӣ ҳофизи инсиҷоми қаламрави паҳновари ғайриарабии ислом, ҳатто дар давраи килосики он, яъне аз давраи ҳукумати Банӣ Умайя то истилои муғул бар ғарби Осиё, ва низ часби аслии якпорча нигоҳ доштан ин сарзаминҳо, ва бистари интиқоли андеша ва эҳсоси мардумони мазбур буд.

Матлаби муҳимми дигаре, ки боис шуд забони порсӣ чунин аҳаммияте пайдо кунад, ва шояд битавон гуфт аз мӯъҷизаҳои ин забон будааст ин аст, ки забони порсӣ тавонист худашро маркаби матолиби ирфонӣ кунад. Ин ки забони порсӣ маркабу маҳмили матолиби ирфонӣ шуд, худ достоне тӯлонӣ дорад. Чӣ тавр шуд, ки ба ин суръат, яъне дар қарни чаҳорум бо Боботоҳир, ва ашъори Абӯсаид, чунин рубоиёти пухтае ба забони порсӣ суруда шуд?

Ҳар кас дидгоҳи худашро дорад. Назари банда ин аст, ки дар забони араб ду мавзӯъ вуҷуд дорад, ки ин ду, иҷозаи халлоқияту навовариро ба забони арабӣ намедоданд. Яке, вуҷуди як суннати қавии араб дар давраи ҷоҳилият. Дуввум, аҳаммияти каломи ваҳй аст. Дар воқеъ каломи ваҳй ба забони арабӣ, забони башарии онҳоро муталошӣ кард ва ба сурати тозае даровард. Ба ҳамин рӯй дар тӯли таърихи забони арабӣ, ҳамеша сахт буда, ки инсон бо ин забон, ҳамчун як мум амал кунад.

* * *

Забони порсӣ, замоне андешаҳои ирфониро парварид (ҳазораҳои бас дур), ки худ ҳанӯз монанди мум буд (агарчи ҳанӯз ҳам бисёр пӯёст). Ва бузургони тасаввуф дар оянда ва бавежа дар Хуросон, ки бунёнгузори адабиёти ирфонӣ ҳастанд, тавонистанд хеле осону амиқ, мӯҳри андешаи ирфониро бар рӯи он бикӯбанд, ба гунае, ки асараш то ҳамеша барҷой бимонад. Ин мавзӯъ боис шуд, ки забони порсӣ маркабе шавад барои андешаҳои жарфи ирфонӣ ва сайру сафар ба сӯи шарқи Эрон ва Осиё. Ва ин андеша ҳар ҷо, ки рафт, забони порсӣ ва аҳаммияти онро низ бо худ бурд. Ҳар ҷо, ки мерафт, танҳо бо ҳувияти миллӣ пайванд надошт, балки бо худи Эрон низ иртибот барқарор карда буд.

Мо, эрониён хеле дӯст дорем, ки фахр бифурӯшем ба ин ки забони порсӣ то чӣ андоза дар Бангол, Сумотра, ин ҷо ва он ҷо муҳим буд, аммо намепурсем, ки чаро муҳим буд? Як рӯз ҳангоме ки бо Торочанд, сафири Ҳинд дар Теҳрон, ки марди хеле донишманде ҳам буд, дар мавриди забон ва осори забони порсӣ дар Ҳинд гуфтугӯ ва низ гилоя мекардам, ки чӣ ҳайф, дигар мардуми Ҳиндустон осори порсиро намехонанд, ӯ посух дод, ки шумо дубора як Ҳофиз биёфаринед, мо фавран мехонем. Ин ки инҳо ин осорро мехондаанд, ҳатман далеле доштааст.

Бисёре аз бошандагони гиромӣ медонед, ки дар ду соли гузашта, шоире, ки беш аз ҳама китобҳояш ба забони ангилисӣ дар Омрико ба фурӯш рафтааст на Шекспир, на Ҷон Китс, балки Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ аст. Албатта тарҷумаҳое, ки шудааст, тарҷумаҳои хубу дақиқе нест, бимонад, ки хеле ҳам бад аст. Ҳатто Г.Бокс, ки порсӣ ҳам намедонад, замоне, ки тарҷума мекунад ва шаммае аз атри нафасу сухани Атторро метавонад дар ашъораш нишон диҳад, он гоҳ мебинем, ки гироии ин китобҳо шигифтангез аст.

Ҳангоме ки ман барои нахустин бор ин хабарро шунидам ва дар рӯзномаҳо хондам, дар оғоз бовар намекардам. Барои ин ки дар суханрониҳо матлаберо унвон накунам, ки появу асос надошта бошад, ҷустуҷӯи фаровоне кардам. Ҳамагон тасдиқ карданд, ки аз лиҳози унвони китоби шеър, ки дар чанд соли гузашта ба фурӯш рафтааст, китобҳои Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар ҷойгоҳи нахуст қарор дорад. Дарунмояи ин ашъор ва маъонии зебое, ки бо худ ҳамл мекунанд ва мо шӯрбахтона камтар ба ҷавҳараи он таваҷҷӯҳ мекунем, балки бештар ба зоҳири онҳо таваҷҷӯҳ дорем, боис шуда, ки ҳувияти миллии мо тадовум пайдо кунад, чӣ дар даруни қаламравҳое, ки ҳамакнун аз мо ҷудо ҳастанд ва чӣ дар қаламравҳое, ки аз мо ҷудо нестанд, монанди бархе нуқоти Осиёи Марказии кунунӣ, Покистон ва нуқоти дигар.

Банда дар хилоли суханонам ба аҳаммияти забони порсӣ ба унвони як конуни ҳувият дар даруни тамаддуни исломӣ ишора кардам, конуни ҳувияти эронӣ, ки шомили чанд мамлакати кунунӣ мешуд. Лозим ба зикр аст, ки бузургтарин саҳм дар ин кор, пеш аз ин ки мо ба ирфон ва шеъри ирфони бирасем, эҳёи таърихи устураии Эрон, тавассути Фирдавсӣ анҷом гирифта буд. Ва ин худ нуктаи бисёр муҳим ва пураҳаммияте аст. Равшан аст замоне, ки дубора носиюнолизм дар Эрон ва Ховари Миёна по гирифт, таваҷҷӯҳ ба Фирдавсӣ шиддат ёфт.

Бузургии Фирдавсӣ бар касе пӯшида нест ва ҳама пазируфтаанд, ки Фирдавсӣ муҳимтарин шоири миллии Эрон аст. Вале нуктае, ки хеле ҷолиб аст ин аст, ки бидонем чаро қаҳрамонони устураии Фирдавсӣ дар Шоҳнома, номҳояшонро додаанд ба милюнҳо тан дар шибҳиқорраи Ҳинд. Хиёбонҳои шибҳиқорра мамлув аст аз номҳои Ҷамшед, Парвиз ва …. Инҳо ҳама ба хотири Шоҳномаи Фирдавсӣ аст. Ба ҳамин ҷиҳат ин китоб, ки аз як назар бузургтарин рукни ҳувияти миллии мост, пайванди танготанге ҳам бо фарҳангҳои хориҷ аз сарзамини Эрон доштааст ва ин худ мавзӯи бисёр муҳимме аст, ки аз назари иртибот миёни забони порсӣ ва ҳувияти миллӣ шоёни таваҷҷӯҳи бисёр аст.

Нуктаи муҳим ва ҳассоси дигар ин ки он чи ки афроди ҷомеаеро ба ҳам пайванд медиҳад, магар матолибе, ки унвон шуд ва дар мақулаи фарҳанг ҷой мегирад, як омили муҳимми дигар вуҷуд дорад, ва он доштани як таҷрибаи муштараки таърихӣ аст. Таҷрибае, ки афроди як миллат ва ҷомеаро ба якдигар пайванд медиҳад, ба гунае, ки агар ин таъбир ва талаққии муштарак набошад ва ё аз миён биравад, ҷомеа аз ҳам пошида хоҳад шуд. Бегумон агар тардиде дар талаққии муштарак аз таърихи як ҷомеа густариш пайдо карда ва ҳамагонӣ шавад, пояҳои ҷомеа сусту ларзон хоҳад шуд. Бад-ин сабаб вуҷуди як таҷрибаи муштарак ва як ҳисси муштараки таърихӣ барои ҳифз, бақо ва ҳувияти як ҷомеа зарурӣ аст.

Таъбире, ки мо аз гузаштаи худамон дорем, мумкин аст дар бораи афрод ва рӯйдодҳо мутафовит бошад, ин ки масалан оё Шоҳ Таҳмосб подшоҳи бузурге будааст ё на, ва ё Амири Кабир нахуствазири бузурге будааст ё на, инҳо дуруст ва ба канор, аммо таҷрибаи таърихии муштарак боисте як ҳисси муштараки таърихӣ барои так-таки афроди ҷомеа падид оварад. Нуктаи муҳим дар иртибот бо баҳси мо ин аст, ки муҳимтарин таҷрибаи таърихии муштарак ва сарчашмаи ҳисси муштараки таърихӣ барои мардум Эрон, бидуни шак забони порсӣ аст.

Албатта ин талаққии муштарак, дар меъморӣ, мусиқӣ, хатт ва даҳҳо омили дигар ҳам ҳаст, аммо ҳеч кадом аз ин омилҳо ба андозаи забони порсӣ ва адабиёте, ки дар ин забон ҳаст, ойинаи муштараки таърихи мардуми Эрон нест ва аз лиҳози бақои як миллат, ҳеч омиле муҳимтар аз ин нахоҳад буд. Ба назар мерасад омили ҷаҳонбинии динӣ омили муҳимме бошад, вале чӣ дин ва чӣ бединӣ — зеро бединӣ ҳам худ гунае ҷаҳонбинӣ аст — ҳам дар ин таҷрибаи муштараки таърихӣ нуҳуфтааст.

Ба ҳар рӯй, омӯхтани забони порсӣ боисте аз замони кӯдакӣ оғоз шавад, аз замоне, ки ҳанӯз ба марҳилаи омӯзиши ҳикмат, фалсафа ва ирфон нарасидааст. Зеро, пайдоиш ва таквини эҳсоси муштараки таърихӣ, аз замони кӯдакӣ оғоз мешавад.

* * *

Нуктаи дигаре, ки ба баҳси мо марбут мешавад ин аст, ки он чи як миллатро ба ҳам пайванд медиҳад ҷаҳонбинӣ, манишҳо, кирдорҳо, рафторҳо, наҳваи баён ва бархӯрд бо афрод аст, ки ба таври куллӣ наҳваи бархӯрдҳои иҷтимоиро таъйин мекунад. Дар мавриди Эрон ҳеч омиле ба монанди забони порсӣ, наметавонад, ки баёнкунандаи ин рафторҳо ва манишҳо бошад.

Агар инсон сесад китоб дар ин бора бихонад, ҳеч як халаъи китоби “Гулистон”-и Саъдиро пур нахоҳад кард. Ҳамин калимаи “адаб”, калимае паҳлавӣ аст, ки вориди забони арабӣ шудааст. Ин вожа, ҳам маънои доштани адабро медиҳад ва ҳам маънои адабиёт. Яъне ҳам рафторро дар назар мегирад ва ҳам гуфтор дар мавриди рафторро, ки мешавад адабиёт. Ба ҳамин ҷиҳат дар Эрон тадовуми бофти иҷтимоӣ ва ҳувияти миллӣ, бидуни забон ва адабиёти порсӣ қобили тасаввур нест. Ҳар андоза ҳам, ки бихоҳанд барномаҳои телевизиюнӣ ва масоиле аз ин даст бисозанд, аммо ин гуна масоил то сесад соли дигар ҳам ҷои густараи паҳновари забон ва адабиёти порсиро пур нахоҳад кард.

Аз сӯи дигар, забони порсӣ бар хилофи назари касоне, ки дар ин чиҳил-панҷоҳ сол гуфтаанд ва навиштаанд, ки чунину чунон, иттифоқан забони бисёр омодае аст барои баёни хирад, мантиқ ва фалсафа. Инҷониб ба лиҳози риштаи дарсӣ ва мутолеотӣ, борҳо бо устодони фалсафа баҳс доштаам. Инон мегуфтанд, чун дар забони порсӣ ихтилоф миёни “маърифа ва накира” вуҷуд надорад, пас дар ин забон намешавад баҳси дақиқи фалсафӣ кард.

Инҳо агар биёянд ва як бор “Асосул-иқтибос”-и Хоҷа Насируддини Тӯcиро бихонанд, дигар аз ин ҳарфҳо намезананд. Яке аз мушкилоти асосии мо дар ин панҷоҳ-шаст соли гузашта ин буда, ки дар ҳини бозёбии забони порсӣ, ба шоирони дараҷаи понздаҳум низ расидаем, аммо хеле аз осори дараҷаи яки забони порсӣ дар заминаҳои фикрӣ, фалсафӣ ва дониш, ҳанӯз чоп нашудааст. Ё усулан агар ҳам чоп шуда, чопи сангӣ аст, ки ба ҷуз донишварони баландпоя, каси дигаре наметавонад онҳоро бихонад.

Агарчи ки забони порсӣ аз лиҳози баёни забони андеша дар тайи бархе қуруну аъсоре пас аз ислом бо забони арабӣ саҳим буда, аммо саранҷом гӯи сибқатро бавежа дар ин сад соли ахир рубудааст. Дар ин сад сол, умдаи осори фикрӣ-фалсафии мо ба забони порсӣ навишта шудааст. Бинобар ин, доштани ҳувияти миллӣ, бидуни забони порсӣ барои мо нашуданӣ аст. Агар инсон забоне надошта бошад, ки ба кӯмаки он, таҷрибаи инсонии худро аз эҳсос то мантиқ ва фалсафа ва… баён кунад, дигар ҳувият нахоҳад дошт.

Кишварҳое, ки як забони мадрасаӣ ва байналмилалӣ доранд ва дар мадраса ва донишгоҳ бо он забон, ва дар хона бо забоне дигар сухан мегӯянд, натавонистаанд хидмати шоёне ба дониш бикунанд. Таҷрибаи Гоитӣ ва Покистон дар ин замина ду намунаи бориз аст, дуруст бар хилофи изҳороти афроде, ки дар Эрон дар ин замина муддаӣ буданд. Дар Гоитӣ забони ҳамаи мардум фаронса аст ва ҳама монанди булбул ба ин забон такаллум мекунанд, аммо агар шумо донишманде аҳли Гоитӣ ёфтед, ба банда ҳам муаррифиаш кунед!

Дар Покистон вазъ аз ин ҳам бадтар аст. Дар ҷомеа, донишгоҳ ва мадраса ҳамагон ангилисӣ, ва дар хона урду сӯҳбат мекунанд. Ин мавзӯъ, шикофи умдаи фикрӣ миёни забони андеша ва забони сухан эҷод кардааст, ва ин худ бидуни шак мунҷар ба гунае фалаҷи фикрӣ (бӯҳрони ҳувият) шудааст; он ҳам дар кишваре, ки мардумаш забони ангилисиро медонанд ва донишгоҳҳои онҳо ҳудуди ҳафтод то ҳаштод сол аз мо зудтар оғоз кардаанд. Ҳиндустон ҳам ҳамин тавр будааст. Шикоф миёни забони андеша ва забони гуфтугӯ, натиҷае ҷуз тазъифи ҳувияти миллӣ нахоҳад дошт.

Банда намепазирам, ки як забон (ангилисӣ), забони илмии байналмилалӣ аст ва забонҳои дигар бояд сукут ихтиёр кунанд. Забони порсӣ, омодагӣ ва пӯёии лозим барои баёни ҳар гуна матлаби илмӣ, фалсафӣ, ҷомеашинохтӣ ва…ро дорад.

* * *

Иртиботи забони порсӣ бо хатти порсӣ иттифоқӣ нест

Ва аммо, дар бораи мавзӯи тағйири хатт, ба ростӣ чӣ гуна қобили фаҳму дарк аст, ки дар як кишваре монанди Жопун, ки дар забонаш 1800 суратнигора вуҷуд дорад, бо ин ҳол дар хиёбони Омстердоми шаҳри Ню-йорк, худравҳои жопунӣ бештар аз худравҳои омрикоӣ аст. Ҳайф аз он оксижене, ки дар кураи замин дар ҳоли кам шудан аст ва ашхосе вақти худро сарфи матраҳ кардани тағйири хатти порсӣ мекунанд.

Иртиботи забони порсӣ бо хатти порсӣ иттифоқӣ нест. Ин ки мо танбал ҳастем ва намехоҳем заҳмати омӯхтани хатти порсиро ба фарзандони худ таҳаммул кунем, далел бар бадии хатти порсӣ нест. Ҳеч хатте бадтар аз хатти ангилисӣ нест. Ҳарфи “a” дар ангилисӣ 14 садо дорад. Дар муқобили оқоён ва устодони забоншинос, банда набояд дар бораи ин масоил сӯҳбат кунам. Шумо мегӯед enough, аммо наметавонед ба қаринаи он, thoughро талаффуз кунед “доф”, бояд бигӯед “ду”. Усулан забони ангилисӣ иртиботе бо алифбои ангилисӣ надорад.

Масоиле, ки мо дар бораи хатти порсӣ унвон мекунем, асаре ҷуз заъфу тазъифи ҷаҳонбинии мо ва низ заъфи ҳувияти миллӣ надорад, ва дар воқеъ навъе бемории музмини фарҳангӣ аст, ки муддати зиёде аст дучори он шудаем. Мо нерӯ ва тавоноиҳои лозим ҷиҳати ҳифзи забони порсӣ ва ҳувияти миллии худамонро надорем, он вақт ба унвони дояи меҳрубонтар аз модар, ин масоили ғамборро унвон мекунем, ки воқеан мояи таассуф аст. Замоне, ки банда ин масоилро мешунавам, ашк дар чашмонам ҷамъ шуда, дилам ба ҳоли миллатамон месӯзад.

Хатти порсӣ, кучактарин нақсе, ки бузургтар аз нақоиси соири хаттҳои ҷаҳон бошад, надорад. Иттифоқан аз тамоми хаттҳои мавҷуд дар ҷаҳон, камтар нақс дорад. Иртиботи ин хатт на танҳо иртиботи мо бо осори бузурги фикрӣ ва илмии мост, балки иртибот бо фазои фарҳангии мо мебошад. Бо садҳо ҳазор китобе, ки дар китобхонаҳои мо орамидаанд ва мутаассифона бо ин ҳама дуктурои ифтихорӣ, мо ҳанӯз натавонистаем инҳоро таҷдиди чоп кунем. Дар ин ҷо боисте арз кунам, ки чун замзамаи тағйири хатт вуҷуд дошт, ман мутаъарризи он шудам. Зеро ба назари банда, ин амал як навъ худкушии фарҳангӣ аст.

Дар поён арз мекунам, эронӣ будан, як навъи махсус аст. Акнун, ки афрод ба далоили мухталиф аз Эрон кӯчидаанд, як далели қотеъе онҳоро ба Эрон вобаста кардааст, ва мо ҳама инро хуб медонем. Банда касонеро мешиносам (даҳҳо нафар) аз хонаводаи худам, ки танбалӣ карда ва дар ин ҷо (Омрико) ба баччаҳои худ забони порсӣ ёд надодаанд.

Баъдҳо, ки инҳо вориди донишгоҳ шудаанд, худашон воҳидҳои забонии порсиро интихоб кардаанд. Далелаш ҳам ин будааст, ки гунае халаъ вуҷуд дорад ва ин ҷавони донишҷӯ онро ҳисс мекунад. Ин пайванд то ҳангоми марг, вайро ҳамроҳӣ мекунад. Пас биёем, ҳар чи ки ҳастем ва бо ҳар диди фалсафӣ-сиёсӣ, ки дорем, барои ҳифзи забони порсӣ, ки на танҳо идомаи ҳувияти миллӣ дар даруни вуҷуди мост, балки баёнгари фарҳанге аст, ки ҳастӣ ва тору пуди моро сохтааст, бикӯшем.

Мо дар ин ганҷинаи бисёр ғанӣ, ки ниёгонамон онро бино кардаанд ва мо аз он баҳрамандем ва то ба ин ҷо расидаем, саҳим ҳастем. Ҳифзи ин забон ва пайванди мо бо Эрон дар воқеъ ду масъалаи ҷудо аз ҳам нест. Ман умеду орзу дорам ва аз даргоҳи Парвардигор мехоҳам, ки ин шӯро — Шӯрои густариши забону адабиёти порсӣ — битавонад гоме муҳим дар ин роҳ, ки хидмати бузург ба хайли азими эрониёни муқими ин ҷо (Омрико) хоҳад буд ва ҳам хидмате ба худи Эрон ва ба густариши фарҳанги бисёр ғании Эрон дар соири нуқоти ҷаҳон, бардорад.

Худо ёратон бошад!

Манбаъ: Iranboom

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: