Перейти к содержимому

Раҷабиён: “Сиёсат барои ман фаротар аз бақо ва шукуфоии миллатам намеравад”

Дориюши Раҷабиён, рӯзноманигори тоҷик, зимни ҳимоят аз пешниҳоди Муҳиддин Кабирӣ мабнӣ бар зарурати гузор ба дабираи порсӣ дар Тоҷикистон, изҳор кард: “Агар ҳамин посухро Эмомъалии Раҳмон ҳам бидиҳад, башиддат аз ӯ ҳимоят хоҳам кард. Аслан, ҳозирам ъузвияти ҲХДТ-ро ҳам бипазирам, агар гоме дар ростои бақои тоҷикон (яъне гузор ба дабираи порсӣ) бардорад. Сиёсат барои ман фаротар аз бақо ва шукуфоии миллатам намеравад.”

Раҷабиён дар ёддоште менависад:

Чанд рӯз пеш (25-уми меҳр; 17.10.19) дар ъарсаи сиёсии Тоҷикистон ғулғулае бапо шуд, ки ба гӯши сиёсатгурези тоҷикон нарасид. Ё беҳтар аст бигӯям, камтар расид.

Барои нахустин бор пас аз солиёни сол раҳбари як ҳизби сиёсӣ гуфт, ки тоҷиконро чорае ҷуз гузор ба дабираи порсӣ нест.

Солҳо буд суроғи раҳбари як ҳизби сиёсиро мегирифтам, ки ин заруратро дарёфта бошад ва бидонад, ки танҳо роҳи раҳоии тоҷикон аз ин хиффату хорӣ, камсаводӣ, азхудбезорӣ, бардагӣ, худкеҳтарбинӣ («комплекс неполноценности»)… гузор ба хатти худист, ки моро ба худамон пайванд медиҳад. На танҳо дониш, балки дарке аз худамон медиҳад ва моро ба худамон мерасонад. Ноком мондам.

Дар замоне ҳам, ки дар Тоҷикистон интихобот шаклу шамоили инсонитар дошт, бо шумори бисёре аз раҳбарони сиёсӣ гуфтугӯ кардаму аз ҳамаи онҳо ин пурсишро доштам, ки “Оё фикр намекунед, ҳоло ки сояи Шӯравӣ аз сари Тоҷикистон дур шуда, тоҷикон ба хатти порсӣ баргарданд, чун тамоми дониши ҷаҳонӣ ба забони мо ба ҳамон дабираи худӣ мунташир мешавад?” Ҳатто як тан ҳозир набуд ин заруратро бипазирад. Ва ман ба ин натиҷа расида будам, ки нухбагони сиёсии Тоҷикистон (чи давлатию чи мухолиф) далели аслии раҳсипории миллату кишвари мо ба сӯи диёри фано (нобудӣ) ҳастанд.

Аз Муҳйиддини Кабирӣ ҳам, ки ба Ландан саре зада буд, ҳамин пурсишро кардам. Посухе диплумотик дода буд, ки “бигзор ҳар ду хат бошад”. Манзур, ҳам пириллику ҳам порсӣ. Аз диди ман, чи он замону чи акнун, посухи сарбаҳавое буд. Ё “каҷ дору марез” буд. Посухе буд ъорӣ аз тааммул. Чун як забон бо ду хат дар як кишвар давом намеоварад, магар ин ки манзур марҳилаи гузор бошад. Ва агар манзур марҳилаи гузор аст, бояд бо шумори дақиқи солҳои равоии духаттӣ мушаххас шавад. Яъне сухане буд, ки ба тавзеҳи бештар бо зикри барномарезии дақиқ ниёз дошт.

Масалан, пешниҳоди давраи духаттиро мо дар гурӯҳи “Забони порсӣ” ҳам кардаем. Тоҷикистон метавонад барои 10 сол ду хатти порсию пирилликро ба як мизон дошта бошад. Аммо донишмӯзоне, ки тоза ба дабистон мераванд, аз рӯзи нахуст ба хатти порсӣ мехонанд. Ва замоне ки таҳсилоташон ба поён мерасад, Тоҷикистон батамом порсинивис шудааст ва ин насли ҷавон омодаи кору пайкор ба дабираи порсист. Барномаест қобили иҷро; дар муқоиса бо гузори якшабаву бебарномаи тоҷикҳо ба ду хатти бегона зери ситами Истолин…

На, манзур баёни ин маворид набуд.

Манзур сипосгузорӣ аз як сиёсатмадори Тоҷикистон аст, ки дар садаи 21-уми мелодӣ бидуни тарсу ҳарос аз ину он, ва бавежа аз Русия, мегӯяд: пешрафти тоҷикон аз роҳи дабираи порсӣ мегузарад.

Дуруст аст, ки мани маздаясниро борҳо ба далоиле ъузв ё тарафдори Ҳизби Неҳзати Исломии Тоҷикистон муъаррифӣ кардаанд. Аммо ин бор ҳам бо пазириши ин риск аз Муҳйиддини Кабирӣ ниҳояти ҳимоятро мекунам. Чун фикр мекунам, ки ӯ тоза посухи дақиқ ба пурсиши ман дар Ландан дар соли 2015-ро додааст: Танҳо роҳи бақои тоҷикон гузор ба хатти худӣ (порсӣ) аст. Ва ӯ ҳамин ҳоло танҳо раҳбари сиёсии фаъъол аст, ки ин хостаи ҳаётии тоҷиконро бар забон рондааст.

Агар ҳамин посухро Эмомъалии Раҳмон ҳам бидиҳад, башиддат аз ӯ ҳимоят хоҳам кард. Аслан, ҳозирам ъузвияти ҲХДТ-ро ҳам бипазирам, агар гоме дар ростои бақои тоҷикон (яъне гузор ба дабираи порсӣ) бардорад. Сиёсат барои ман фаротар аз бақо ва шукуфоии миллатам намеравад.

Ҳар сиёсатмадори тоҷике, ки баростӣ ба фикри бақои тоҷикон аст, арҷманд аст. На танҳо барои ман, балки барои торихе, ки ин лаҳазотро ҳам аз қалам намеандозад. Ва тоҷикон бидуни хатту забони порсӣ бақое надоранд.

Оқои Кабирӣ, даст марезод! Сипоси торихи тоҷикон нисорат бод!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: