Перейти к содержимому

Роҳҳои тақвияти имон

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Он чӣ як мусалмонро аз анҷоми гуноҳ бозмедорад, фақат илму огоҳӣ нест. Яъне чунин нест, ки агар шумо бидонед фалон амал гуноҳ аст, сирфи ҳамин донистан ва огоҳӣ кофӣ бошад, ки шуморо аз анҷоми он боздорад. Чунин нест. Балки ин имон аст, ки шуморо аз иртикоби гуноҳ бозмедорад. Имон ғайр аз илму огоҳӣ аст, албатта шакке ҳам нест, ки огоҳӣ муқаддимаи ҳусули имон дар шумост.
Ин ки мебинед, баъзеҳо бо ин ки медонанд Худо ҳаст, медонанд Худо наззоргари онҳост, медонанд фалон амал гуноҳ аст, аммо бо ин ҳама, мебинед даст ба гуноҳ мезананд ва гуноҳ кардан барояшон мисли об хӯрдан осон аст, сабабаш адами имон ва ё ҳадди ақал заъфи имон аст. Бинобар ин, мусалмон бояд ҳамеша дар фикри тақвияти имонаш бошад.

Хуб, тақвияти имон ба чист?

Роҳҳои зиёде дорад, вале ба муҳимтарини онҳо ишора мекунам.

1) Яке ин аст, ки мусалмон луқмааш бояд пок бошад ва ҳаром вориди шикамаш нашавад. Зеро ҳамин ки ҳаром вориди шиками мусалмон шуд, масалан шароб нӯшид, ришва гирифт, моли касеро баноҳақ тасоҳуб кард, бо роҳи фиреб молашро ба фурӯш расонд ва ғайра… дар ин сурат, дигар руҳу равонаш хароб мешавад, имон вориди дили якчунин инсоне намешавад, чаро ки имон, ҷояш дили соф аст, дили пок аст.

Ҳаромхӯрӣ инсонро на танҳо аз имон маҳрум мекунад, балки ҳатто ӯро сангдилу бераҳм низ месозад. Кораш ба ҷое мерасад, ки ҳозир мешавад паёмбареро ҳам бикушад, чунонки дар ривоёт дар баёни сабаби паёмбаркушии Бани Исроил — бо ин ки медонистанд онон паёмбаронанд — ҳаромхӯрии онҳо зикр шудааст.

2) Яке дигар аз роҳҳои тақвияти имон барои мусалмон, хондани Қуръони Карим аст:

إِنَّمَا الْمُؤْمِنُونَ الَّذِينَ إِذَا ذُكِرَ اللّهُ وَجِلَتْ قُلُوبُهُمْ وَإِذَا تُلِيَتْ عَلَيْهِمْ آيَاتُهُ زَادَتْهُمْ إِيمَانًا وَعَلَى رَبِّهِمْ يَتَوَكَّلُونَ

Мӯминон ҳамон касонеанд, ки чун Худо ёд шавад, дилҳояшон битарсад, ва чун оятҳои ӯ бар онон хонда шавад, бар имонашон афзуда гардад…” (Сураи Анфол, ояти 2)

Аз ин рӯ, ҳатто як рӯз ҳам аз хондан ва қироати Қуръон набояд ғофил монд. Қуръон ба инсон нуронияти хоссе мебахшад. Азизоне, ки Қуръон мехонанд, инро таҷруба кардаанд. Вақте Қуръон мехонед, як эҳсоси аҷибе бароятон даст медиҳад, як оромиши васфнопазире дар шумо падид меояд. Агар арабӣ медонед, ки чӣ хуб, аммо агар арабӣ намедонед, бояд бо тарҷумаи Қуръон ошно шавед ва он гоҳ вақте Қуръон мехонед, ба маъонӣ ва мазомини он таваҷҷӯҳ кунед.

Ин мудовимат бар хондани Қуръон аст, ки имонатонро тақвият ва он гоҳ шуморо аз анҷоми гуноҳ бозмедорад. Гуноҳ кардан бароятон нафратангез менумояд.

Албатта, роҳҳои дигари тақвияти имон ҳаст, ки дар фурсате дигар баён хоҳам кард.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: