Перейти к содержимому

Забони форсиву баҳсҳо атрофи он

Ёддошти Ҳумайро Бахтиёр

Чанд рӯз мешавад, ки назари Муҳиддин Кабирӣ, мухолиф ва сиёсатмадори тоҷик перомуни забон ва хатти форсӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди баҳс қарор мегирад.

Бо шиносоӣ аз назари эшон, як рӯзи порлумон ёдам омад. Ин сафҳае аз хотирот, ки ҳоло инҷо мекорам, 10-11 сол қабл мавзӯи гузоришам дар родиюи «Имрӯз» буд. Ҳоло фикр мекунам, ки бомаврид аст, агар он хотираро дар ихтиёри дӯстон гузорам.

Бояд бигӯям, ки давоми фаъолияти рӯзноманигориам бори дуввум шоҳиди ҳамчунин назар аз Муҳиддин Кабирӣ мешавам.

Агар иштибоҳ накунам, тобистони соли 2008 буд ва ман рӯзноманигори родиюи «Имрӯз» муваззаф будам, ки ҳар ҳафта аз рафти иҷлосияи порлумон гузорише таҳия кунам.

Яке аз масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи онрӯза ворид намудани тағйиру иловаҳо ба «Қонун дар бораи забони давлатӣ» буд. Баррасии масъала аз тарафи кумитаи забони порлумон шурӯъ гардид. Дақиқан ёдам нест чӣ гуна, аммо якбора баҳс ба вуҷуд омад.

Раиси порлумон он замон Саъдулло Хайруллоев, масъаларо барои қабул ба овоз монданӣ шуд. Муҳиддин Кабирӣ, ки он замон вакили мардумӣ буд, дархости сухан кард.

Албатта суханҳо як ба як дар ёдам нест, аммо, муҳтаво хеле хуб дар зеҳнам ҷо гирифтааст, зеро каме беш ҳам бошад, баъди фаъолияти рӯзноманигорӣ, ба масъалаи забони тоҷикӣ ва форсӣ таваҷҷӯҳ мекардагӣ шудам.

Бармегардам ба ҷаласа, ҷаноби Кабирӣ аз раиси порлумон ва вакилони мардумӣ даъват дошт, то вожаи забони форсӣ дар баробари забони тоҷикӣ ба қонун илова карда шавад.

Муҳиддин Кабирӣ нигаронӣ аз он дошт, ки агар вакилони мардумӣ вожаи «форсӣ»-ро комилан аз қонун хатт зананд, пас, миллат даъвои меросбари фарҳангу таърихи форс буданро аз даст хоҳад дод. Ҷаноби Кабири гуфта буд, ки агар забони тоҷикӣ бидуни ишораи вожаи «форсӣ» дар қонун боқӣ монад, пас, давлати Тоҷикистон, мантиқан ҳаққи меросбари ниёкон буданро ҳам аз даст медихад, зеро, истилоҳи «забони тоҷикӣ» баъди солҳои 30 пайдо шуд ва мутобиқи қонуни нав миллати тоҷик танҳо ба ашъори баъди солҳои 30 ҳаққи маънавӣ пайдо хоҳад кард…

Албатта ба чунин суолгузориҳо нигоҳ накарда, тарҳи қонун чун одат дар порлумон, бидуни ворид кардани тағйирот қабул гардид.

Онҳое, ки хабарнигори порлумонӣ буданд, ҳамеша мавзӯи «доғ»-ро барои гузориш мунтазир мешуданд. Баҳси ҷаноби Кабирӣ дар порлумон мавзӯи «гарму рӯзмарра» барои рӯзноманигорон шуд.
Баъд аз ҷаласа бо чанде аз ҳамкасбон назари эшонро гирифтем, ки гуфт, ба ин қонун овози рад додааст. Зеро, намехоҳад ба қонуне райъ диҳад, ки миллатро аз таърихи худ ҷудо мекунад ва баъзе шоирон — Ҳофизу Саъдиву Хайёмро номбар кард, ки мутаассифона сабаби ном гирифтан ёдам намондааст. Агар хотираам хеле заъиф нашуда бошад, Муҳиддин Кабирӣ қабули қонунро дар он шакл чинояти маънавӣ хонд.

Он солҳо шабакаҳои иҷтимоӣ набуд, аммо дар бойгонии расонаҳо ин баҳс ва ин мавзӯъ ҳатман бояд бошад, ҳадди ақал дар родиюи «Имрӯз»

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: