Сиёсат

Арабистон ва Ҳусиҳои Яман кумитаи муштараки сиёсӣ ва низомӣ ташкил доданд

Манобеи хабарӣ аз ташкили кумитаи сиёсӣ ва низомии Арабистон ва Ҳусиҳои Яман барои баҳсу баррасӣ дар бораи таваққуфи даргириҳо миёни ду тараф хабар доданд.

Ба гузориши шабакаи Алҷазира, Ҳусиҳо (Ансоруллоҳи Яман) ва саудиҳо барои баррасии оташбас ва таваққуфи даргириҳо бо якдигар ройзанӣ карданд.

Ин шабакаи қатарӣ сешанбешаб ба нақл аз манобеи огоҳ навишт, ки “ду тараф барои баррасии таваққуфи ҳамалот, як кумитаи сиёсӣ ва низомӣ ташкил додаанд.”

Ин хабар дар ҳоле мунташир мешавад, ки ҳамалоти саудиҳо бахусус ба устони Саъда ҳамчунон идома дорад. Ҳавопаймоҳои ҷангии эътилофи саудӣ рӯзи сешанбе дар идомаи ҳамалоти худ ба устони Саъда воқеъ дар шимоли Яман, чанд бор ба шаҳристони Розеҳ дар устони ёдшуда ҳамла карданд.

Шабакаи Алмасира гузориш дод, ки ҳавопаймоҳои ҷангии эътилофи саудӣ дишаб (душанбе) ва имрӯз (сешанбе) борҳо ба манотиқи мухталифи устони Саъда ҳамла карданд.

Яҳё Сареъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман дирӯз душанбе дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки эътилофи саудӣ зарфи 12 соат, беш аз 30 бор ба чанд устон ҳамлаи ҳавоӣ карда, ки бештари ин ҳамалот дар устони Саъда (шимоли Яман) сурат гирифтааст.

Аъзои як хонаводаи 5-нафараи яманӣ низ рӯзи душанбе дар ҳамлаи ҳавоии эътилофи саудӣ ба як худрав дар устони Саъда воқеъ дар шимоли ин кишвар кушта шуданд.

Эътилофи саудӣ-ғарбӣ-саҳюнистӣ аз марти 2013 ба баҳонаҳои воҳӣ, ҷанг алайҳи Яманро оғоз кард, то ба иддаои худаш, зарфи муддати чанд ҳафта ин мавзӯъро файсала диҳад, аммо акнун 5 сол аз ин ҷанг мегузарад ва артиш ва кумитаҳои мардумии Яман дар муқобила бо эътилофи мутаҷовиз на танҳо заъиф нашуда, балки рӯз ба рӯз қавитар намоён мешавад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.