Перейти к содержимому

Чаро Раҳмон пазируфт номи чанд рӯзноманигор вориди феҳристи “теруристҳо” шавад?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Бо ба чашм хӯрдани номи Мавҷуда Соҳибназарова, Ҳумайро Бахтиёр, Шӯҳрати Раҳматулло, Амруллоҳи Низом ва чанд рӯзноманигори дигар дар феҳристе, ки аз сӯи ҳукумати Тоҷикистон ба унвони феҳристи “афроди алоқаманд ба теруризм” тартиб дода шудааст, ин пурсиш матраҳ мешавад, ки оё Раҳмон аз вуҷуди номи рӯзноманигорон дар зимни ин феҳрист хабар дорад ё надорад?

Шояд бигӯед, чи басо хабар надошта бошад, зеро муаррифии чанд рӯзноманигор ба унвони “терурист”, паёмадҳои бисёр ногувор ва дарди сарҳоеро барои Раҳмон ва ҳукуматаш фароҳам хоҳад овард. Ин рӯзноманигорон, дуруст аст, ки мухолифи ӯ ва ҳукуматаш ҳастанд ва аз опозисиюнанд, аммо инон на боре даст ба амалиёти “теруристӣ” – мисли инфиҷору қатлу ин ҷур корҳо – задаанд ва на ҳатто таҳдид ба истифода аз хушунатро дар муборизаи худ раво медонанд. Ва дар ҳеч ҷои дунё ва ҳеч давлате ҳам, мухолифи сиёсиро бахусус агар рӯзноманигор бошад, то модоме ки даст ба амали харобкорона назанад, “терурист” эълон намекунанд.

Аммо воқеият ин аст, ки бисёр баъид ба назар мерасад Раҳмон аз ин иқдом мутталеъ набошад, чаро ки дар Тоҷикистон ҳеч мақоме бидуни огоҳ кардани ӯ, ҷуръат намекунад тасмиме бигирад.

Бо ин ҳол, чаро Раҳмон иҷоза дода рӯзноманигорон “терурист” эълон шаванд? Оё ӯ то ба ин ҳадд аҳмақ аст ва намедонад? Ба назарам, ӯ чандон аҳмақ нест. Яъне ӯ медонад ва лоақал эҳтимолашро додааст, ки ин иқдом чи басо барояш дарди сар дуруст кунад.

Далели ин иқдом инҳо нест. Далелро бояд дар ҷое дигар суроғ гирифт, на дар надонамкорӣ. Далелаш равонӣ аст, то сиёсӣ. Далелаш ин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон, бахусус дар чанд соли ахир, гирифтори навъе бемории равонӣ шудааст. (Лозим ба ёдоварист, бемории равонӣ лузуман девона будан нест.) Беморие, ки гиребонгири бисёре аз диктотурҳо ва худкомаҳо шуда ва мешавад. Беморие, ки вақте касе ба он гирифтор шавад, дигар таҳаммули камтарин мухолифатро нахоҳад дошт ва бар рӯи ҳар мухолифе барчаспи “терурист”, “душмани миллат”, “хоин” ва аз ин қабил ановин хоҳад ниҳод.

Иҷоза бидиҳед, як каме ин масъаларо бо истиснод ба назари равоншиносон тавзеҳ бидиҳам. Ҷон Клоуд (John Cloud) дар мақолае таҳти унвони “Равоншиносии диктотурӣ” (The Psychology of Dictatorship), бо баёни ин ки диктотурҳо ба навъе бемории равонӣ мубтало ҳастанд, менависад: “Аксари раҳбарон дар кишварҳои демукротик касонеро вориди ташкилоти худ мекунанд, ки аз иқдомоти онҳо интиқод кунанд, аммо диктотурҳо зиндагии худро ба гунае ҳидоят мекунанд, ки чунин афроде дар он камтарин нақшро ифо кунанд.”

Ба навиштаи Клоуд, мусибат танҳо дар ин нест, ки онҳо таҳаммул надоранд ва ҳамеша саъй дар мутақоъид кардани атрофиён ба иқдомоти худ мекунанд, балки ҳатто худашон ҳам бовар доранд, ки иқдомҳояшон дуруст аст. Клоуд яке ду мисол мезанад ва менависад: “Замоне ки Истолин фардеро хиёнаткор тавсиф мекард, на танҳо шароитеро ба вуҷуд меовард, ки дигарон ин масъаларо бовар кунанд, балки зеҳни худашро ҳам барои пазириши ин масъала омода мекард. Ҳамин масъала дар Муаммар Қаззофӣ низ дида шуда буд. Раҳбари собиқи Либӣ на танҳо ба хубӣ медонист, ки мухолифоне дар давлаташ ҳастанд, балки аз вуҷуди мухолифон дар сар то сари кишвараш низ хабар дошт, аммо аз ҳамон оғози баҳори арабӣ мураттабан такрор мекард, ки тамоми мардуми Либӣ ҳомӣ ва пуштибони ман ҳастанд ва барои дифоъ аз ман мемиранд. Ин тафаккури Қаззофӣ ҳатто то охирин лаҳзаи кушта шудан тавассути ҳамон мухолифон ҳамроҳи ӯ буд.”

Ба бовари бисёре аз равоншиносон, раҳбарони диктотур тавоноии онро надоранд, ки иртиботашон бо муҳит ва ҷомеаро ба дурустӣ ва мантиқӣ баррасӣ кунанд. Клоуд менависад, дар гузорише, ки тавассути се пажӯҳишгар дар Донишгоҳи Колифурниё дар соли 2003 анҷом шуда омадааст, ки диктотурҳо зеҳнияти худро тағйир медиҳанд ва шахсан барои худ тафаккуре ҷадид халқ мекунанд: “Ин тамоюл дар афроди қудратманд вуҷуд дорад, ки барои худ эътибореро дар назар бигиранд, ки дар олами воқеият вуҷуд надорад ва дар ҳамин ҳол дунёи перомуни худро бисёр роҳаттар тасаввур мекунанд.”

Клоуд менависад, Саддом Ҳусайн намунаи бориз барои ин масъала аст; ӯ ҳатто вақте ки ба Бағдод ҳамла шуд низ, аз иддаоҳои дарунхолиаш даст барнадошт.

Реноно Брукс (Renana Brooks), устоди равоншиносии Донишгоҳи Вошингтун мегӯяд, диктотурҳо тамоюл доранд, ки қудрат ва тавоноии худро беш аз воқеиятҳо нишон диҳанд. Онҳо дар ҳақиқат худро як қаҳрамон мебинанд ва замоне, ки ин бовар ба чолиш кашида мешавад, дигар наметавон монеъи иқдомоти онон шуд, чаро ки дар ин шароит, шахсияти аслии онон зери суол меравад.

Ба бовари равоншиносон, барои баъзе диктотурҳо ин беморӣ ба тадриҷ ҳосил мешавад, на ин ки аз ибтидо чунин бошанд. Клоуд менависад: “Мушкил замоне ки қудратро ба таври комил дар ихтиёр доранд, рушд меёбад. Барои мисол, Руберт Мугобе, раисиҷумҳури асбақи Зимбобве, дар ҷавонӣ як зоҳиди боадаб будааст ва атрофиёни ӯ мегӯянд, ки ӯ дар он замон аслан тафаккуроти худкома надошт, аммо рафта-рафта дигаргун гардид ва ба суханони дигарон гӯш намедод ва ба тадриҷ ба як ҳокими мустабидд табдил шуд. Дар воқеъ қудрати комил ӯро ба чунин беморие гирифтор кардааст.”

* * *

Ба далели вуҷуди ҳамин беморӣ дар диктотурҳост, ки ҳаргиз аз сарнавишти ҳокимони мустабидди пеш аз худ дарси ибрат намегиранд. Дар баҳори арабӣ, вақте худкомае ба дасти мардумаш хору залилона сарнагун мешуд, ҳокими мустабидди кишвари ҳамсоя, бо ин ки ба чашмони худ инро мушоҳида мекард, аммо ин бовари козиб аз ӯ ҷудо намешуд, ки чунин сарнавиште ба суроғи ӯ намеояд ва ӯ “дигар” аст.

Ҳакимони таърих, аз ҷумла ҳакимони худамон, ба такрор дар осори худ ҳикоятҳое аз сарнавишти мустабиддон овардаанд, ва ҷолиб он ки ба лаҳне гуфтаанд, ки то ба гӯши ҳокими замонашон бирасад, аммо ҳарфи ҳукамо ба гӯши ҳеч як ворид намешуд.

Ин ёддоштро бо ҳикояте аз “Гулистон” ба поён мерасонам, то магар ба гӯши ҷаноби Раҳмон бирасад. Саъдӣ меоварад:

Яке аз мулуки Аҷамро ҳикоят кунанд, ки дасти татовул (1) ба моли раъият дароз карда буд ва ҷавру азият карда, то ба ҷое, ки халқ аз макоиди (2) феълаш ба ҷаҳон бирафтанд ва аз курбати (3) ҷавраш роҳи ғурбат гирифтанд. Чун раъият кам шуд, иртифоъи вилоят нуқсон пазируфт ва хазона тиҳӣ монд ва душманон зӯр оварданд.

Ҳар кӣ фарёдраси рӯзи мусибат хоҳад,

Гӯ дар айёми саломат ба ҷавонмардӣ кӯш.

Бандаи ҳалқабагӯш ар нанавозӣ, биравад,

Лутф кун, лутф, ки бегона шавад ҳалқабагӯш.

Боре ба маҷлиси ӯ китоби “Шоҳнома” ҳамехонданд дар заволи мамлакати Заҳҳок ва аҳди Фаридун. Вазир маликро пурсид:

— Ҳеч тавон донистан, ки Фаридун, ки ганҷу мулку ҳашам (4) надошт, чӣ гуна бар ӯ мамлакат муқаррар шуд?

Гуфт:

— Ончунон ки шунидӣ, халқе бар ӯ ба таъассуб (5) гирд омаданд ва тақвият карданд, то подшоҳӣ ёфт.

Вазир гуфт:

— Эй малик! Чун гирд омадани халқе мӯҷиби подшоҳист, ту мар халқро парешон барои чӣ мекунӣ? Магар сари подшоҳӣ кардан надорӣ?

Ҳамон беҳ, ки лашкар ба ҷон парварӣ,

Ки султон ба лашкар кунад сарварӣ.

Малик гуфт:

— Мӯҷиби гирд омадани сипоҳу раъият чӣ бошад?

Гуфт:

— Подшоҳро карам бояд, то бар ӯ гирд оянд ва раҳмат, то дар паноҳи давлаташ эмин нишинанд ва туро ин ҳар ду асло дар ҷибиллат (6) нест:

Накунад ҷаврпеша султонӣ,

Ки наёяд зи гург чӯпонӣ.

Подшоҳе, ки тарҳи зулм афканд,

Пойдевори мулки хеш биканд.

Маликро панди вазири носеҳ мувофиқи табъи мухолиф наёмад, рӯй аз ин сухан дар ҳам кашиду ба зиндонаш фиристод.

Басе барнаёмад, ки бани амми (7) султон ба мунозаъат хостанд ва мулки падар хостанд. Қавме, ки аз дасти татовули ӯ ба ҷон омада буданд ва парешон шуда, бар эшон гирд омаданд ва тақвият карданд, то мулк аз тасарруфи ин бадар рафт ва бар онон муқаррар шуд.

Подшоҳе, к-ӯ раво дорад ситам бар зердаст,

Дӯстдораш рӯзи сахтӣ душмани зӯровар аст.

Бо раъият сулҳ кун в-аз ҷанги хасм эмин нишин,

З-он ки шоҳаншоҳи одилро раъият лашкар аст.

* * *

Пайнавишт:

1) Дасти татовул дароз кардан: киноя аз зулм ва ситам кардан.

2) Макоид: ҳилаҳо, кайдҳо, макрҳо, худъаҳо.

3) Курбат: ҳузн, андӯҳ, дилгирӣ.

4) Ҳашам: хешон ва бастагон ва хидматгузорон.

5) Таъассуб дар ин ҷо ба маънои ҳимоят ва ёрӣ додан аст. Халқе бар ӯ ба таъассуб гирд омаданд, яъне мардумоне барои ҳимоят ва ёрии ӯ пиромунаш ҷамъ шуданд.

6) Ҷибилл: сиришт.

7) Бани амм: писарамуҳо.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: