Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (387)

Қиссаи миро кардани румиёну чиниён дар илми наққошӣ ва суратгарӣ (4)

* * *

Аҳли сайқал растаанд аз бӯю ранг,

Ҳар даме бинанд хубӣ бедиранг.

Онҳо, ки дилро аз зангори касрати бӯву рангу моддиёт пок карда ва сайқали тавҳид задаанд, ҳар лаҳза ва даме аз ҷониби Ҳақ хубиҳоро мушоҳида мекунанд ва ҳақоиқеро шуҳуд мекунанд.

Нақшу қишри илмро бигзоштанд,

Рояти айнуляқин афроштанд.

Ин сӯфиёни софӣ ва ин пайравони тариқи сафову роҳи вафо он олимони раббонианд, ки сурати зоҳири илмро раҳо мекунанд ва парчами айнуляқинро афрошта месозанд. Яъне аз марҳилаи илм (=суратҳои зеҳнӣ) дармегузаранд ва ба айн (шуҳуди Ҳақ) мерасанд.

Рафт фикру рӯшноӣ ёфтанд,

Наҳру баҳри ошноӣ ёфтанд.

Аз инон фикру андеша рахт барбаст, то ин ки ба мақоми рӯшноии дил расиданд ва ба наздиктарин мақоми тақарруб восил шуданд.

Наҳр: муқобили ҳам қарор гирифтан, рӯёрӯи касе шудан, наздикӣ, қурб.

Нукта: Афкори музоҳим ва андешаҳои боздоранда, ки дар ҳадди авҳому хаёлот аст, аз хонаи дили равшанбинон берун рафтааст ва бад-ин сон ба мақоми равшанбинӣ расидаанд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.1001)

Марг, к-ин ҷумла аз ӯ дар ваҳшатанд,

Мекунанд ин қавм бар вай ришханд.

Марг, ки тамоми мардум аз он ваҳшату бим доранд, ин орифони комил ва мардони восилро намеҳаросонад, балки онон ба рӯи марг ришханд мезананд.

Нукта: Башар гирифтори таъаллуқоти моддӣ ва вобастагиҳои дунявӣ аст ва ҳар гоҳ ки фароғате меёбад ва дар худ фурӯ меравад, нахустин душмани ғаддоре, ки бар сари ӯ метозад ва вайро яксара мақҳуру маръуби худ месозад, ваҳшати марг аст: саранҷом рӯзе риштаи умрам чӣ кӯтоҳу чӣ баланд, аз ҳам мегсалад ва бояд аз тахти нишоту ҳаёт ба тахтаи нестӣ ва мамот шавам ва аз ҷаҳони пуршӯру сурур ба хокдони гӯр дароям, танҳо ва бекас, басе баҳорон аз роҳ расад ва гулҳо ва шукуфаҳо бишкуфад ва сабзаҳо бардамад, з-он пас офтоби гарми таммуз бар ҷаҳониён битобад ва боғҳову роғҳо ба хуррамӣ ва нишот оянд ва парандагону мурғон нағмаи шодӣ сар диҳанд ва зиндагии пурталош зи сар гиранд. Он гоҳ лашкаргарони хазон ба яғмои сабзаҳо ва дарахтон тозад ва мурғони хушнаво ошёнҳо барҷой ниҳанд ва рахти сафар барбанданд ва саранҷом зимистон даррасад ва паҳнаи заминро ҷомаи сапед пӯшонад ва… дубора ва… аммо дареғо, ки ин ҳама бе ҳузури ман рух диҳад:

Дареғо, ки бе мо басе рӯзгор,

Бирӯяд гулу бишкуфад лолазор.

Басе тиру диймоҳу урдибиҳишт

Биёяд, ки мо хок бошему хишт.

(Саъдӣ)

Вале ин биму ҳаросу андӯҳу ғам бар дили орифон чира наояд ва ононро мақҳуру маръуб насозад. Зеро инон маргро яке аз мароҳили табиии ҳаёт медонанд ва онро зоише дигар ва таваллуде дубора мешумуранд.

Урафо дунёро ба раҳми (баччадони) тангу торики модарон ташбеҳ кардаанд, ки ҷанин барои расидан ба дунёи паҳновар аз ин раҳм гом берун мегузорад. Ҳамин тавр инсон ҷанини ин дунёст, ки бояд ба ҷаҳоне паҳновартару равшантар гом ниҳад. Аз ин рӯ, онҳо маргро муборак медонанд ва бад-он муштоқ.

Шамс мегӯяд: “Агар ӯ муродҳо аз ин олам дидӣ, муштоқи рафтан будӣ ба он олам. Пас, он марг марг набудӣ, балки зиндагӣ будӣ, чунонки Мустафо (с) мефармояд, ки:

المؤمنون لا يموتون بل يُنقلون

(“Мӯъминон намиранд, балки интиқол ёбанд.”) Пас, нақл (кӯчидан) дигар бувад ва марг дигар бувад. Масалан, агар ту дар хонае торик бошӣ ва танг, натавонӣ тафарруҷ кардани рӯшноиро дар ӯ. Ва натавонӣ, ки пой дароз кунӣ. Нақл кардӣ аз он хона ба хонаи бузургу саройи бузург, ки дар ӯ бӯстон бошаду оби равон. Онро марг нагӯянд… Агар туро рӯшноӣ ва завқе ҳаст, ки муштоқи марг мебошӣ, боракаллоҳу фика муборакатон бод! Моро ҳам аз дуо фаромӯш макун.” (Мавлавинома, ҷ.2, с.783; Мақолоти Шамси Табрезӣ, с.88)

Кас наёбад бар дили эшон зафар,

Бар садаф ояд зарар, на бар гуҳар.

Ҳеч кас бар дили онон ғолиб намешавад, яъне ҳеч кас наметавонад бар дилу ҷони ин сӯфиёни софӣ осебу газанде бирасонад. Агар ту муддаӣ шавӣ, ки метавон бар ҷисми инон садма ворид овард, мегӯем, ки ин осебу садма ҳарчанд бар тани эшон ворид мешавад, вале бар дили онон садмае намерасад, монанди ин ки агар садаф бишканад, гавҳари он масун мемонад.

Зафар: пирӯзӣ, даст ёфтан.

Гарчи наҳву фиқҳро бигзоштанд,

Лек маҳву фақрро бардоштанд.

Ин орифон агарчӣ қоъидаҳои илми наҳву масоили марбут ба мабоҳиси фиқҳиро раҳо кардаанд, вале дар иваз барои “маҳв” ва “фақр” эътибори волое қоил шудаанд.

Нукта: “Маҳв” аз истилоҳоти урафо ва сӯфия аст. Ва мурод аз он, зудудани авсофи нафсонӣ ва изолаи сифоти башарӣ ва найл ба бехешӣ ва ё берун омадан аз худи маҷозӣ ва ғаризӣ аст. Аз ин рӯ, урафо дар таърифи расмии он гуфтаанд: “Рафъи авсофи одат ва изолаи иллат.” (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.31) Низ гуфтаанд: “Нафйи сифоти башарӣ, ҳолати бехудӣ аз худ ва лавозими худӣ. Муқобили исбот ва саҳв.” (Шарҳи Маснавии Шариф, ҷ.1, с.244) Ба таври куллӣ, худро аз сифоти накӯҳида пок кардан ва ба сифоти писандида муттасиф шуданро, маҳву исбот гӯянд. (Тарҷумаи рисолаи Қушайрия, с.115)

Фақр” аз ҷумлаи мақомот ва мароҳили сайру сулук аст ва нахустин гоми тасаввуф ба шумор меравад. Фақр дар бидоят тарки дунё ва дар ниҳоят фаност. Фақир он аст, ки аз сари ҳама чиз гузашта бошад. (Луббул-албоб, с.383)

Фақр ба таври куллӣ бар ду навъ аст: яке, “фақри зотӣ” ва дигаре, “фақри сифотӣ”. Манзур аз “фақри зотӣ” ин аст, ки ҳамаи мавҷудот ва мумкинот, барои падидор шудан ва зуҳур дар арсаи ҳастӣ, ниёзманди зоти Борӣ Таъоло ҳастанд, чунонки дар ояти 15 сураи Фотир омада:

يَا أَيُّهَا النَّاسُ أَنتُمُ الْفُقَرَاء إِلَى اللَّهِ وَاللَّهُ هُوَ الْغَنِيُّ الْحَمِيدُ

Эй мардум! Шумо ба Худо фақиред (ниёзмандед) ва Худост, ки бениёзи сутуда аст.”

Ва манзур аз “фақри сифотӣ” ин аст, ки ҳамаи мавҷудот пас аз зуҳур омадан, бояд роҳи камол бипӯянд ва ороста ба ахлоқи илоҳӣ ва мазҳари асмо ва сифоти ӯ шаванд:

قَالَ رَبُّنَا الَّذِي أَعْطَى كُلَّ شَيْءٍ خَلْقَهُ ثُمَّ هَدَى

Парвардигори мо он касе аст, ки биёфарид офаридагонро ва он гоҳ ба роҳи камол раҳ бинмуд.” (Сураи Тоҳо, ояти 50)

Дар истилоҳи тасаввуф, фақр аз ҷумлаи мақомот аст ва на аҳвол. Дар таърифи фақр гуфтаанд: фақр дар оғоз тарки дунё ва мофиҳост, ва дар анҷом фано шудан аст дар зоти аҳадият. Бинобар ин, фақир касе аст, ки ҳеч надорад, яъне аз сари ҳама чиз гузашта, то ба ҳама чиз расидааст. (Луббул-албоб, с.383)

Ҳамин тавр гуфтаанд: фақри ҳақиқӣ танҳо фуқдони (надоштани) ғино (бениёзӣ) нест, балки фуқдони майлу рағбат ба ҳар гуна ғиност. Яъне фақр бояд аз ҳар фикру ангезае, ки ӯро аз Худо ғофил ва ба дунё машғул медорад, орӣ ва тиҳӣ бошад. (Таърихи тасаввуф дар ислом, с.277)

Пас, барои он ки ба фақри ҳақиқии авлиё расид, бояд аз хеш берун омад ва ҳар чи “ҳаст” ва “буд” аст, аз Ҳақ Таъоло донист ва ҳатто барои худ низ мавҷудият қоил нашуд; чунонки Абдурраззоқи Кошонӣ гӯяд: “Ҳар ки барои Худо аз худаш бурун наёяд ва ба ҳақиқати маънои “асламту ваҷҳия лиллоҳ” нарасида бошад, ҳанӯз муддаии мавҷудияти худ аст. Ва ин шахс ҳанӯз ба мақоми фақр нарасидааст.” (Шарҳу манозилис-соирин, 129-130)

Ҷомӣ низ гӯяд: “Фақрро расме аст ва ҳақиқате. Расми ӯ адами имлок аст, ва ҳақиқати ӯ хуруҷ аз аҳкоми сифот ва салби ихтисоси чизе ба худ.” (Нафаҳотул-унс, с.8)

Боз гуфтаанд: “Дарвешӣ, шиъори авлиё буд ва пирояи асфиё ва ихтиёри Ҳақ Субҳонаҳу ва Таъоло хоссагони хешро.” (Рисолаи Қушайрия, 403)

Ҳоҷ Мулло Ҳодӣ Сабзаворӣ дар каломе пурмаъно мегӯяд: “Ҳар гоҳ фақри ҳақиқӣ ба ниҳоят расид, ғинои ҳақиқӣ аст, ва убудияти ҳақиқӣ ба камол расид, мавлавияти ҳақиқӣ аст ва дар ҳадис аст, ки:

العبودية جوهرة كنهها الربوبية

(Шарҳи асрор, с.67)

Дар бораи фақри ҳазрати амири мӯъминон Алӣ (а) гуфтаанд: ӯ, илова бар доро будани буъди ирфони ботинӣ ва маънавӣ, дорои буъди иҷтимоӣ ва маданӣ буд, ки гӯяд:

إِنَّ اللَّهَ تَعَالَى فَرَضَ عَلَى أَئِمَّةِ (الْحَق) الْعَدْلِ أَنْ يُقَدِّرُوا أَنْفُسَهُمْ بِضَعَفَةِ النَّاسِ، كَيْلَا يَتَبَيَّغَ بِالْفَقِيرِ فَقْرُهُ

Худованд бар пешвоёни ҳақ ва адолат воҷиб гардонида, ки худро бо фақирон (ситамдидагони иҷтимоъ ва ба яғморафтагони ҳуқуқ) баробар ниҳанд, то он ки фақру тангдастӣ ононро ниёзорад.” (Наҳҷул-балоға, хутбаи 209) Бинобар ин, фақри авлиё бо фақри омма фарқ дорад. Фақри авлиё ҳокӣ аз камоли руҳонӣ аст, вале фақри омма ҳокӣ аз сайтараи зулму бедодгарӣ дар равобит ва муносиботи иҷтимоӣ ва аз ин рӯ ҳовии ҳеч гуна камоле нест, балки айни нақсу зиштӣ аст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.706)

Нишони фақри сиддиқон ва фақирони содиқ, гила нагзоридан ва ниҳон доштани осори сахтӣ ва балост, чунонки Иброҳими Хавосс гуфт, ки аломати фақири содиқ:

ترك الشكوى واخفاء اثر البلوى

аст. (Китобул-лумаъ, с.49)

Ва боз дар бораи нишону аломати фақр гуфтаанд: “Номи фақир дар забони аҳли тасаввуф бар касе афтад, ки худро бад-ин сифат бинад ва ин ҳолат бар вай ғолиб бошад, ки бидонад, ки ҳеч чиз надорад ва ҳеч чиз ба дасти вай нест дар ин ҷаҳон ва дар он ҷаҳон, на дар асли офариниш ва на дар давоми офариниш.” (Кимиёи саодат, ҷ.2, с.420)

То нуқуши ҳашт ҷаннат тофтаст,

Лавҳи дилшонро пазиро ёфтаст.

То ин ки лавҳи қалби ин орифони покдил ҳашт дараҷаи биҳиштро дар худ мунъакис кардааст. Хулоса ин ки дар дили ин орифон нақши ҳақиқии биҳиштро метавон ёфт.

Нукта: “Ҳашт ҷаннат” ё ба эътибори ин аст, ки барои биҳишт ҳашт дар қоил шудаанд, ва ё ба эътибори маротибу мақомоти мухталифи он аст, бад-ин қарор: Хулд, Доруссалом, Дорулқарор, Ҷаннати адн, Ҷаннатул-маъво, Ҷаннатун-наъим, Ъиллийин, Фирдавс.

Никелсун дар шарҳи ҳашт ҷаннат ба таъвил рафта ва гуфтааст, ки эҳтимолан роҷеъ аст ба ҳашт сифати илоҳӣ яъне ҳаёт, самъ, басар, калом, илм, қудрат, ирода ва ҳикмат. (Шарҳи Маснавии Мавлавӣ, дафтари аввал, с.468)

Бартаранд аз аршу курсиву хало,

Сокинони мақъади сидқи Худо.

Ин орифон аз аршу курсиву халаъ бартаранд, ва сокинони ҷойгоҳу нишастгоҳи ростии Худо ҳастанд:

Нукта: Ишора ба ояти 55 сураи Қамар:

فِي مَقْعَدِ صِدْقٍ عِندَ مَلِيكٍ مُّقْتَدِرٍ 

Дар ҷойгоҳи ростӣ ва мақоми сидқ ба назди подшоҳи тавоно ҷой гирифтаанд.”

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: