Сиёсат

Имронхон: “Исроил дар талош аст, то миёни Эрон ва Арабистон ҷанг оғоз шавад”

Нахуствазири Покистон бо таъкид бар талоши худ барои азсаргирии равобит миёни Теҳрон ва Риёз, режими саҳюнистиро омили аслии тахриби равобити ин ду кишвар донист ва гуфт: “Исроил дар талош аст, то ҷанг миёни Эрон ва Арабистон оғоз шавад.”

Ба гузориши шабакаи Geo TV, Имронхон, нахуствазири Покистон эълом кард: “Мо талоши худ барои барқарории равобит миёни Эрон ва Арабистонро афзоиш хоҳем дод.”

Вай тасреҳ кард: “Омили аслии тахриби равобит миёни Эрон ва Арабистон Исроил аст.”

Имронхон гуфт: “Исроил дар талош аст, то ҷанг миёни Эрон ва Арабистон оғоз шавад, то аз ин тариқ ба манофеи худ дар минтақа бирасад.”

Нахуствазири Покистон таъкид кард: “Мо ҳамеша мухолифи сиёсатҳои харобкоронаи Исроил будаем ва дар ин шароит низ тамоми талоши худро барои эҷоди иртиботи муҷаддад миёни Теҳрон ва Риёз анҷом хоҳем дод.”

Гуфтанист, Имронхон тайи рӯзҳои ахир ба Эрон сафар ва бо раҳбар ва раисиҷумҳури ин кишвар дидору гуфтугӯ карда буд.

Нахуствазири Покистон дар мулоқотҳои худ талош кард барои ҳалли мушкилоти мавҷуд дар равобити Эрон ва Арабистон иқдом намояд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.