Перейти к содержимому

“На”-и Конодо ба тромпӣ шудан

Адами истиқболи ҷомеаи Конодо аз шиорҳои мушобеҳи шиорҳои Тромп ва шикасти муҳофизакорон, беш аз ҳар чизи дигар нишон дод, ки бисёр сахт аст, ки битавон тромпӣ шудани Конодоро тасаввур кард.

Пас аз ҳудуди як моҳи рақобати танготанг миёни ду ҳизби сиёсии либерол ва муҳофизакор дар Конодо, саранҷом либеролҳо муваффақ ба касби бештарин оро дар 43-умин интихоби порлумони ин кишвар шуданд.

Дар айни ҳол, нуктаи қобили таваҷҷӯҳ ин аст, ки либеролҳо агарчи бештарин орои ин интихоботро касб карданд, аммо онҳо дар ин интихобот, бар хилофи даври қаблӣ, муваффақ нашуданд беш аз ниме аз ороро ба даст оваранд ва бар ҳамин асос маҷбур ба ташкили давлати эътилофӣ бо дигар аҳзоб ҳастанд.

Ба иборати дигар, аз миёни 338 курсии порлумони Конодо, ниёз буд то як ҳизб ба сурати якдаст ниме аз ин теъдод, яъне 177 курсиро ба даст оварад, аммо ҳеч кадом аз аҳзоб муваффақ ба касби ин теъдод курсӣ нашуданд ва ҳизби ҳокими либерол танҳо 156 курсиро касб кард, агарчи пирӯзи интихобот шуд.

* * *

Нақшаи сиёсии интихоботи Конодо

Конодо ба таври куллӣ дорои 6 ҳизби асосӣ аст ва рақобатҳои интихоботии ахир низ бо рақобати ин 6 ҳизб ҷараён дошт.

Ҳизб нахуст ва ҳокими феълӣ дар Конодо ҳизби либерол аст, ки ба раҳбарии Ҷостин Труду, нахуствазири феълӣ, аз соли 2015 қудратро дар ихтиёр доштааст. Ин ҳизби либерол нақши қобили таваҷҷӯҳе барои масоили обуҳавоӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва эътилофсозӣ қоил аст.

Дар муқобили ҳизби либерол, ҳизби муҳофизакор қарор дорад, ки муҳимтарин рақиби ҳизби либерол ба шумор меравад ва дар интихоботи ахир низ ба унвони ҳизби дуввум муваффақ ба касби 121 курсӣ шуд.

Ҳизби севвуми Конодо низ бо номи Bloc Québécois 32 курсӣ ва ҳизби чаҳорум бо номи New Democrats 24 курсӣ ва ҳизби Сабзҳо низ танҳо 3 курсиро ба даст овард.

Бо ин ҳол, 6-умин ҳизби Конодо яъне ҳизби “Мардум”, ки дорои равияи зидди муҳоҷиратӣ ва ба шиддат муҳофизакорона ва пупулистӣ аст ва шиори интихоботии худро “На ба муҳоҷират” унвон карда буд, дар шикасти бесобиқа ҳеч курсӣ дар порлумон ба даст наовард.

Бар ин асос, интизор меравад, ки се ҳизб: либерол, New Democrats ва Сабзҳо, ки аз назари равияи фикрӣ наздикии бештаре бо ҳам доранд, бо эътилофи худ як давлати эътилофиро дар баробари муҳофизакорон ташкил диҳанд.

* * *

Шикасти номзади наздик ба Тромп

Он чи дар интихоботи порлумонии ахири Конодо қобили таваҷҷӯҳ буд, шикасти номзади муҳофизакорон, яъне Эндру Шир (Andrew Scheer) дар ин интихобот буд.

Ҳизби муҳофизакор ба раҳбарии Эндру Шир наздикии бисёр зиёде ба Дунолд Тромп дар Омрико аз худ нишон медод ва раҳбарони қаблии ин ҳизб аз ҷумла Эстивен Ҳорпер (Stephen Harper) равобити бисёр гарме бо маҳофили тундрави саҳюнистӣ ва бавежа Натонёҳу доштанд. Аз ҷумла қатъи робитаи Конодо бо Эрон ва таътилии сафорати Эрон низ дар давраи ҳокимияти муҳофизакорон ва нахуствазир Эстивен Ҳорпер рӯй дод, ки бо истиқболи гарми Натонёҳу, нахуствазири вақти режими саҳюнистӣ рӯ ба рӯ шуд, ҳарчанд сиёсатҳои зидди эронии давлати Конодо дар даврони ҳокимияти либеролҳо низ ҳамчунон идома ёфт.

Бо ин ҳол, муҳофизакорони конодоии наздик ба ҷумҳурихоҳон дар Омрико дар ҳоле вориди ин давр аз интихобот шуданд, ки шиорҳои худро бар коҳиши мизони вуруди муҳоҷирон, коҳиши мизони молиёти қишрҳои бо даромади боло ва таъкид бар истиқлоли амали бештари Конодо дар баробари сиёсати хориҷии кишварҳои урупоӣ қарор дода буданд. Ин шиорҳо ҳамон шиорҳое аст, ки Дунолд Тромп, раисиҷумҳури феълӣ ва ҷанҷолии Омрико низ бар онҳо таъкид дорад, аммо ин шиорҳои муҳофизакорона дар Конодо харидори чандоне надошт ва дар воқеъ конодоиҳо ба сиёсатҳои тромпӣ дар кишварашон посухи “На” доданд.

* * *

Чаро Конодо тромпӣ нашуд?

Дар айни ҳол, адами иқболи ҷомеаи Конодо ба шиорҳои мушобеҳи шиорҳои Тромп ва шикасти муҳофизакорон, беш аз ҳар чизи дигар нишон дод, ки бисёр сахт аст, ки битавон тромпӣ шудани Конодоро мутасаввир шуд.

Дар воқеъ аҳзоби муҳофизакор ва шиорҳои зидди муҳоҷиратии пупулистҳо дар Конодо, ба сахтӣ фурсати арзи андом дар ин кишварро хоҳанд дошт, ки албатта ин мавзӯъ ба далели бофти муҳоҷирпазири Конодост.

Шикасти ҳизби пупулисти “Мардум” бо шиорҳои зидди муҳоҷиратӣ ва бидуни ҳатто касби як курсӣ, нишон дод, то чӣ андоза мавзӯи муҳоҷират дар Конодо метавонад таъйинкунанда бошад.

Аз ин манзар, тардиде нест, ки тадовуми ҳокимияти либеролҳо дар Конодо чолише умда барои давлати Тромп тайи солҳои оянда хоҳад буд ва дар сурати пирӯзии муҷаддади Тромп дар интихоботи ояндаи риёсати ҷумҳурӣ, аммо чолишҳои Вошингтун бо танҳо ҳамсояи шимолии худ бавежа дар иртибот бо убури хутути лӯлаи нафт ва бархе ҷанҷолҳои тиҷорӣ ҳамчунон идома хоҳад дошт.

Mehrnews

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: