Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (388)

Пурсидани Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мар Зайдро, ки имрӯз чунӣ ва чун бархостӣ?, ва ҷавоб гуфтани ӯ, ки “асбаҳту мӯъминан ё Расулаллоҳ!” (1)

* * *

Хулосаи достон

Рӯзе Паёмбар (с) ба Зайд ибни Ҳориса фармуд: бомдодро чӣ гуна оғоз кардӣ? Зайд гуфт: бомдодро дар ҳоле оғоз кардаам, ки бандае боимону яқинам. Паёмбар (с) фармуд: агар қалби ту ҳамчун боғе сарсабзу ботароват аст, нишоне аз он бинумо. Зайд гуфт: рӯзҳо аз фарти талаб ва шабҳо аз сӯзиши ишқи Ҳақ хобу ором надорам. Паёмбар (с) фармуд: аз дигар сӯи ҷаҳони ҳастӣ чӣ армуғоне барои ақлҳову фаҳмҳои мардумони ин сӯй овардаӣ? Зайд гуфт: мардум осмони лоҷувардин мебинанд, вале ман дар ҳамон осмон “ҳашт биҳишт” ва “ҳафт дӯзах”-ро ошкоро мебинам. “Ту мӯ мебинӣ ва ман печиши мӯ”. Ман ҳамаи мардумро ба як чашм мебинам ва фарқе миёни онон намениҳам ва… Зайд ҳамчунон ба кашфи асрор машғул буд, ки Паёмбар (с) бад-ӯ ишорат фармуд, ки дигар аз асрори олами ғайб нагӯяд ва ба ҳадди ақлҳои мардум таваҷҷӯҳ дорад.

* * *

Ин ривоят он гуна ки дар Маснавӣ омада, дар китобҳои ривоӣ, таърихӣ ва тафсирӣ ба гунае дигар омадааст. Тоза, марде, ки ҳазрати Паёмбар (с) бо ӯ гуфтугӯ кардааст, номаш Ҳорис ибни Молики Ансорӣ аст, на Зайд ибни Ҳориса. Ибни Касир дар тафсири худ зайли тафсири оятҳои 2 то 4 сураи Анфол ривоятеро ба нақл аз Табаронӣ овардааст ба ин тартиб:

وَقَالَ الْحَافِظ أَبُو الْقَاسِم الطَّبَرَانِيّ حَدَّثَنَا مُحَمَّد بْن عَبْد اللَّه الْحَضْرَمِيّ حَدَّثَنَا أَبُو كُرَيْب حَدَّثَنَا زَيْد بْن الْحُبَاب حَدَّثَنَا اِبْن لَهِيعَةَ عَنْ خَالِد بْن يَزِيد السَّكْسَكِيّ عَنْ سَعِيد بْن أَبِي هِلَال عَنْ مُحَمَّد بْن أَبِي الْجَهْم عَنْ الْحَارِث بْن مَالِك الْأَنْصَارِيّ أَنَّهُ مَرَّ بِرَسُولِ اللَّه صَلَّى اللَّه عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فَقَالَ لَهُ: كَيْف أَصْبَحْتَ يَا حَارِث؟ قَالَ: أَصْبَحَتُ مُؤْمِنًا حَقًّا. قَالَ: اُنْظُرْ مَا تَقُول فَإِنَّ لِكُلِّ شَيْءٍ حَقِيقَةً فَمَا حَقِيقَةُ إِيمَانِكَ؟ فَقَالَ: عَزَفَتُ نَفْسِي عَنْ الدُّنْيَا فَأَسْهَرْتُ لَيْلَى وَأَظْمَأْتُ نَهَارِي وَكَأَنِّي أَنْظُرُ إِلَى عَرْش رَبِّي بَارِزًا وَكَأَنِّي أَنْظُرُ إِلَى أَهْل الْجَنَّةِ يَتَزَاوَرُونَ فِيهَا وَكَأَنِّي أَنْظُرُ إِلَى أَهْل النَّارِ يَتَضَاغَوْنَ فِيهَا فَقَالَ: يَا حَارِثُ عَرَفْتَ فَالْزَمْ ثَلَاثًا

Табаронӣ бо санад аз Ҳорис ибни Молики Ансорӣ ривоят мекунад, ки «вай аз назди Расули Худо (с) рад шуд, Паёмбар (с) ба ӯ фармуд: Чӣ гуна ба бомдод даромадӣ, эй Ҳорис! Гуфт: Дар ҳоле ба бомдод даромадам, ки мӯъмини ҳақиқӣ ҳастам. Фармуд: Бибин, чӣ мегӯӣ, ҳар чизе нишонае дорад, пас нишонаи имони ту чист? Гуфт: Нафсамро аз дунё барканор сохтам, пас шабонро ба бедорӣ ва рӯзонро ба ташнагӣ сипарӣ кардам ва гӯӣ ки ошкоро ба арши парвардигорам менигарам ва гӯӣ ки ба биҳиштиён нигоҳ мекунам, ки бо якдигар дидор мекунанд ва гӯӣ ки ба дӯзахиён менигарам, ки аз шиддати дард ба худ мепечанд ва бар сари якдигар фарёд мекашанд. Паёмбар (с) фармуд: Ба мақоми маърифат (ирфон) расидӣ, эй Ҳорис, пас пайваста бар он бош!» (Тафсири Ибни Касир, 3/13, Ашшомила)

* * *

Гуфт Пайғамбар сабоҳе Зайдро:

Кайфа асбаҳт, эй рафиқи босафо?

Паёмбар (с) дар як бомдод ба Зайд гуфт: Эй рафиқи босафо, чӣ гуна субҳ кардӣ?

Гуфт: абдан мӯъминан. Боз ӯ-ш гуфт:

Ку нишон аз боғи имон, гар шукуфт?

Зайд гуфт: Субҳ кардам дар ҳоле, ки бандае мӯъмин будам. Боз ҳазрати Паёмбар (с) ба Зайд гуфт: Агар боғи имонат шукуфта шуда, пас нишони он боғ ку?

Гуфт: ташна будаам ман рӯзҳо,

Шаб нахуфтастам зи ишқу сӯзҳо.

Зайд ба ҳазрати Расул (с) гуфт: Рӯзҳо ташна будам ва шаб аз ишқу сӯзҳо нахобидам, (балки рӯзҳо рӯзадор будам ва шабҳо дар ҳолати қиёму таҳаҷҷуд.)

То зи рӯзу шаб гузар кардам чунон,

Ки зи испар бигзарад нӯки синон.

Ин тазкияҳо ва таҳзибҳо идома ёфт, то он ки аз рӯзу шаб чунон гузаштам, ки найза аз сипар мегузарад. (Яъне ба мофавқи замон гом ниҳодам ва аз олами моддаву муддат даргузаштам ва ба мақоми таҷрид восил шудам. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.1007))

Синон: найза.

Ки аз он сӯ ҷумлаи миллат якест,

Садҳазорон солу як соат якест.

Зайд гуфт: Эй Расули Худо! Ман ба мақоме расидам, ки дидам ҳамаи мавҷудот таҷаллиёти ҳазрати Ҳақ аст. Ва дар ин мартиба, садҳо ҳазор сол бо як соат фарқе намекунад. (Зеро масъалаи имтидоду кашиши замон, дар моварои табиат ва мақоми ваҳдат ба куллӣ мунтафӣ аст.)

Ҳаст азалрову абадро иттиҳод,

Ақлро раҳ нест он сӯ з-ифтиқод.

Дар ин мартиба, азалу абад бо ҳам иттиҳод доранд ва ақли ҷузъӣ ба ҷиҳати фуқдони истеъдоди лозим наметавонад бад-ин мақом роҳ ёбад.

Ифтиқод: ҷустани ҳар чизи гумшуда, гум кардани чизе, дар инҷо мурод фуқдони қобилият ва истеъдоди лозим аст.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: