Перейти к содержимому

Ҷоизаи ҳуқуқи башарии “Сахаров” ба фаъоли уйғур таъаллуқ гирифт

Олитарин ҷоизаи ҳуқуқи башари Иттиҳодияи Урупо имрӯз (панҷшанбе, 24 октябр) ба Илҳом Тӯхтӣ бобати фаъолиятҳои ин иқтисоддон дар заминаи дифоъ аз ақаллияти уйғури Чин таъаллуқ гирифт ва ин ниҳод хостори озодии ӯ аз зиндон шуд.

Ба гузориши хабаргузории Associated Press, Илҳом Тӯхтӣ аз мунтақидони сиёсатҳои Пекин алайҳи уйғурҳо дар минтақаи Синкёнг воқеъ дар шимоли ғарби ин кишвар аст ва соли 2014 ҳукми ҳабси абад гирифт.

Ба рағми ин ки ӯ чеҳрае миёнарав шинохта мешавад, ки бо ҷудоиталабии уйғурҳо мухолиф аст, аммо ба иттиҳоми нафратпарокании қавмӣ ва ҳимоят аз хушунат дар килосҳои дарсаш ва роҳандозии вебсойте дар бораи масоили уйғурҳо маҳкум шуд.

Порлумони Урупо дар маросими эътои ҷоизаи “Сахаров”, Тӯхтиро “садои миёнаравӣ ва оштӣ” тавсиф кард, ки барои иҷрои қонунҳои худмухторӣ дар Чин талош мекард. Раиси порлумони Урупо аз Тӯхтӣ бобати вақфи зиндагиаш дар роҳи ҳимоят аз ҳуқуқи ақаллияти уйғур дар Чин тақдир кард.

Гуфтанист, беш аз як милюн уйғур аз соли 2017 дар кампҳо дар боздошт ҳастанд ва интиқодҳо аз Чин бобати рафтори Чин бо онҳо ва дигар мусалмонон боло гирифтааст.

Ҷоизаи “Сахаров” барои озодии андеша, ки ба ифтихори Андрей Сахаров — донишманд ва мухолиф ва норозии Шӯравии собиқ, таҳти ин унвон номгузорӣ шуда, дар декабри соли 1988 тавассути порлумони Урупо бунён ниҳода шуд. Ин ҷоиза нишонест, ки ба афрод ё созмонҳое, ки зиндагии худро вақфи дифоъ аз ҳуқуқи башар ва озодии андеша менамоянд, эҳдо мешавад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: