Перейти к содержимому

Аслитарин монеъ барои гузор ба дабираи порсӣ дар Тоҷикистон чист?

Дар ҳоле, ки талоши зиёде аз сӯи Тоҷикистон барои бозгашт ба дабираи порсӣ сурат гирифта ва иттифоқи назар низ миёни нухбагони ин кишвар дар ин замина вуҷуд дорад, аммо ба назар мерасад дабираи русӣ бо пуштибонии сиёсии Маскав, омили аслии адами муваффақияти ин талошҳо будааст.

Ба гузориши Tasnimnews, бо фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, тақрибан тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ сиёсатҳои гузор ба дабираи ғайри сирилликро дар пеш гирифтанд. Дар ин росто, бисёре аз кишварҳо забонҳои миллии худро расмӣ эълом карда ва ба мурури замон иқдом ба тағйири дабира намуданд. Дар Осиёи Марказӣ Туркманистон ва Ӯзбакистон ин фарояндро тай карда, Қазоқистон низ дар ҳоли гузор аст. Бо ин ҳол, аз сӯи Тоҷикистон ба унвони як кишвари порсизабони эронитабор, ҳамчунон ҳаракати ҷиддӣ дар ин замина мушоҳида нашудааст.

Тайи солҳои пас аз истиқлол ва бо раҳо шудан аз даврони сахту нафасгири ҷанги дохилӣ ва бозсозии пас аз он, давлати Тоҷикистон иқдомоти мутаъаддидеро барои эҳёи фарҳанг ва ҳувияти миллии тоҷикҳо сурат додааст. Бо ин ҳол, ба назар мерасад модоме, ки масъалаи алифбо, ба унвони яке аз омилҳои зербиноии фарҳанг ҳал нашавад, наметавон интизор дошт таҳаввули бунёдин ва воқеӣ ба вуқӯъ бипайвандад. Чаро ки хатт, бозгардонандаи тоҷикҳо бо мерос ва гузаштаашон аст ва ҳамчунин пайванддиҳандаи онҳо ба дигар ҳамзабонони худ дар Эрон ва Афғонистон ба ҳисоб меояд. Илова бар ин, бо тағйири алифбо, дастрасӣ ба як ҳаҷми васеъ ва густурда аз адабиёти мактуб барои тоҷикон ба наҳве фароҳам мешавад, ки ҳатто метавонад як ҷаҳиши асосӣ ба вуҷуд биёварад.

Бо ин вуҷуд, ва ба рағми он ки давлати Тоҷикистон бо эҳёи алифбои ниёгон ва омӯзиши он дар бархе пояҳои мактабҳо иқдомоти қобили таваҷҷӯҳе сурат додааст, аммо ҳамчунон шоҳиди он ҳастем, ки натиҷаи малмусе дарбар надоштааст. Таҳлилгарони тоҷик яке аз иллатҳои ин мавзӯъро ҳузур ва нуфузи алифбои русӣ бо пуштибонии сиёсии Маскав медонанд.

Чанд рӯз пеш хабаре дар расонаҳои тоҷик мабнӣ бар тахсиси будҷаи 168 милюн рублӣ аз сӯи Русия барои тавсиъаи мадориси омӯзиши забони русӣ мунташир шуд. Ин хабарро Виктор Водолатский, муовини раиси Думои Русия ба хабарнигорон гуфтааст. Вай ба ҳамроҳи Вячеслав Володин, раиси Думо ба Душанбе сафар кардааст.

Виктор Водолатский, муовини раиси Думои Русия

Пеш аз ин низ Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия гуфта буд, ки ин кишвар дар назар дорад 5 мадрасаи русзабони дигар дар Тоҷикистон таъсис кунад. Ҳамчунин беш аз 50 муаллими омӯзиши забони русӣ низ дар соли таҳсилии 2018-2019 дар мадориси Тоҷикистон машғул ба кор шудаанд. Нахустин гурӯҳи муаллимони русзабон дар як ҷамъи 29-нафара дар ибтидои соли таҳсилии 2017-2018 вориди Тоҷикистон шуданд. Ин муаллимон дар мадорисе дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хатлон, Суғд ва дигар ноҳияҳо машғул ба тадрис шуданд. Дар ҳоле ки 3 тан аз онҳо дар ҳамон сол ба Русия бозгаштанд, 26 нафари дигар дар ин кишвар монданд ва дар соли таҳсилии баъд низ 26 муаллими дигар ба ҷамъи онҳо афзуда шуд.

Ин барномаи русҳо дар ҳоле аст, ки беш аз 1 милюн нафар аз тоҷикҳо ба унвони коргари муҳоҷир дар Русия ба сар мебаранд ва ҳамчунон забони русӣ ба унвони забони дуввум дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Алифбои мавриди истифода дар забони тоҷикӣ низ ҳамакнун алифбои русӣ аст.

Пеш аз ин низ Хайруддин Абдуллоҳ, аз фаъолони тоҷики ҳавзаи забон ва адабиёт гуфта буд, Русия дар ҳавзаи забон ва алифбо, ҳамчунон пайрави сиёсатҳои замони Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ аст. Вай изҳор дошта буд, ки пас аз ҳар иқдоми давлати Тоҷикистон дар заминаи эҳёи забон ва алифбои порсӣ, фишорҳое аз сӯи Русия дар заминаҳои мухталиф, бавежа масъалаи муҳоҷирон, бар Тоҷикистон ворид меояд, то монеъ аз ин кор шавад.

Хайруддин Абдуллоҳ, нависанда ва пажӯҳишгари тоҷик дар ҳавзаи забон ва адабиёт

Нуктаи дигаре, ки дар мавриди забон ва алифбои порсӣ дар Тоҷикистон ҷалби таваҷҷӯҳ мекунад, иттифоқи назар перомуни он дар миёни гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ аст. Тақрибан тамоми гурӯҳҳои сиёсии имрӯзи Тоҷикистон ҳомии бозгашт ба алифбои ниёгон ҳастанд.

Дар ҳамин росто, Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони Миллии Тоҷикистон низ дар гуфтугӯи 17 октябр бо мардуми Тоҷикистон, дар посух ба суоле дар ин замина гуфта буд: “Баҳс, сари забони порсӣ нест, (балки) баҳс, сар хатти порсӣ аст. Чун забони мо, чӣ касе бихоҳад ё нахоҳад, забони порсӣ аст. Ин ки ин забони моро ба се забони порсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ тақсим кардаанд, ҳеч маънӣ надорад. Ин як тақсимбандии сиёсӣ аст. Як гурӯҳ ҳамон тавр ки барои мо бо қалам ва рӯи коғаз марз сохтанд ва моро маҷбур карданд, ки имрӯз онро бипазирем, барои мо як забони сиёсӣ низ сохтанд, ки албатта миллат ва таърих онро қабул надорад. Забони мо забони порсӣ аст бо гӯиши тоҷикӣ.”

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони Миллии Тоҷикистон

Кабирӣ дар идома бо таъкид бар ин ки ҳеч роҳе ҷуз бозгашт ба хатти порсӣ барои Тоҷикистон вуҷуд надорад, меафзояд: “Агар воқеан мехоҳем, ки миллат аз ин бунбаст – бунбасти илмӣ, фарҳангӣ ва текнулужӣ берун ояд, ки алъон дар он аст, бояд худро аз хатти имрӯза раҳо кунем. Хатти имрӯзаи мо (сирилик) ва ин забони ниматоҷикӣ, оё воқеан моро ба донишу текнулужии мавриди назар мерасонад? Ё баръакс дар ин бӯҳрон бештар ғӯтаварамон месозад? Фикр мекунам, роҳи дигаре (ҷуз бозгашт ба хатти порсӣ) надорем. Чун бо хатти феълӣ (сириллик) танҳо 9 милюн тоҷик ё тоҷикистонӣ сару кор доранд. Порсизабонҳои дунё, ки шояд ҳудуди 200 милюн бошанд, наметавонанд моро ба ин хатт бихонанд; шояд забонамонро бифаҳманд, аммо адабиёти мо ва китобҳои илмии моро наметавонанд бихонанд. Мо низ чун аксаран хатти порсӣ намедонем, онҳо (дастовардҳои порсизабонҳои дунё)-ро наметавонем бихонем. Он сесад-чаҳорсад милюн русзабон, ки хатти мо монанди онҳо сириллик аст ҳам моро намефаҳманд, чун забонамон фарқ мекунад. Мо бояд забон ва хаттеро барои худ интихоб кунем, ки ҳадди ақал 100 милюн инсон ба он бинависанд ва гуфтугӯ кунанд ва илму дониши муосир ба он тарҷума шуда бошад, дониш тавлид шуда бошад, фикр тавлид шуда бошад.”

Кабирӣ дар интиҳо бо ишора ба шойеоте, ки дар ин замина дар бораи Эрон ва Эронгароӣ матраҳ мешавад, тасреҳ мекунад: “Касе, ки тоҷик аст, касе, ки як миқдор миллаташро дӯст медорад, таърихашро дӯст медорад, ҳатто ӯ агар аз Эрони имрӯза ҳам хушаш намеояд ва ба забони порсӣ ҳам чандон рӯи хуш надошта бошад, бояд, ки яке аз ин забонҳоро интихоб кунад. Наздиктарини ин забонҳо барои мо тоҷикҳо хатту забони порсӣ аст. Чун ҳам забони худамон аст, ҳам хатте аст, ки мо беш аз ҳазор сол ба он навиштаем ва ба он илм омӯхтаем ва бо он зиндагӣ кардаем. Аз ҳама муҳим, ин хатт, хатти худамон аст. Касе, ки мегӯяд ин хатт арабиасос аст, ӯ иштибоҳ мекунад. Ин хатти арабӣ аст, ки порсиасос аст. Инро ҳар касе, ки каме бо дониши забоншиносӣ ва хаттшиносӣ ошност, медонад. Пас, ин бозгашт ба худамон аст.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: