Сиёсат

Дар Этюпӣ (Эфиопия) ҳам эътирозот роҳ афтод

Эътирозот пас аз он баргузор шуд, ки Ҷовир Муҳаммад, сиёсатмадори барҷастаи Этюпӣ ва рақиби сиёсии нахуствазир эълом кард пулис манзили ӯро муҳосира кардааст. Нахуствазири Этюпӣ Оби Аҳмад ахиран барандаи ҷоизаи сулҳи Нубели 2019 шудааст.

Ба гузориши Euronews, дар ҷараёни хушунатҳо ва даргириҳои хунбор дар устони Урумиёи Этюпӣ дар ду рӯзи панҷшнба ва ҷумъа дастикам 67 нафар кушта шуданд.

Эътирозот пас аз он баргузор шуд, ки Ҷовир Муҳаммад, сиёсатмадори барҷастаи Этюпӣ ва рақиби сиёсии нахуствазир эълом кард пулис манзили ӯро муҳосира кардааст. Ба ин тартиб ҳазорон тан аз тарафдорони ӯ ба хиёбонҳо омаданд ва дар эътироз ба сиёсатҳои давлати Оби Аҳмад, нахуствазири ин кишвар шиор доданд. Аммо ин эътирозҳо, ки ибтидо алайҳи сиёсатҳои Оби Аҳмад ва ваъдаҳои ислоҳоти ӯ буд, дар ниҳоят ба даргириҳои қавмӣ ва мазҳабӣ табдил шуд ва бино бар эъломи пулис, дастикам 67 кушта барҷой гузошт.

Ҷовир Муҳаммад, рӯзноманигор ва таҳлилгари сиёсӣ мутаъаллиқ ба қавми Уруму бузургтарин қавми ин кишвар аст.

62 тан аз кушташудагон ҳаводорони Ҷовир Муҳаммад ва 5 нафар низ аз нерӯҳои пулис буданд. 13 тан аз мӯътаризон дар асари шиллики гулӯла ва бақия дар асари ҷарроҳатҳои ношӣ аз партоби санг ё заработи силоҳҳои сард кушта шудаанд.

Ҷовир Муҳаммад рӯзи ҷумъа эълом кард, ки дар интихоботи соли ояндаи ин кишвар Оби Аҳмад, нахуствазири кунунӣ ва муттаҳиди пешини худро ба чолиш хоҳад кашид.

Оби Аҳмад Алӣ, ки ба тозагӣ ҷоизаи Нубели сулҳи соли 2019-ро бурдааст, ҳудуди ду сол пеш аз ин яъне дар 2 апрели соли 2018 қудратро дар ин кишвари офриқоӣ ба даст гирифт. Ҷовир Муҳаммад, ки пеш аз ин муттаҳиди ӯ буд, дар созмондиҳии раъйдиҳандагон ва пирӯзии Оби Аҳмад нақши басазое дошт.

Ҷовир Муҳаммад ҳамчунин Оби Аҳмадро муттаҳам карда, ки ҳамчун сиёсатмадорони гузашта, ба дунболи мутамаркиз кардани қудрат дар дастони худ, хомӯш кардани садои мухолифон ва зиндонӣ кардани мунтақидони сиёсӣ аст.

Бино бар эъломи Афви байналмилал, аз замони қудрат гирифтани Оби Аҳмад Алӣ, мардуми қавми Уруму чанд бор бо мавҷи густурдаи дастгириҳо рӯ ба рӯ будаанд; дастгирии касоне, ки тасаввур мешавад мухолифи давлат буданд.

Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳон

Помечен как:, ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.