Сиёсат

Моҳи октябр, моҳи эътирозҳо дар чанд кишвари ҷаҳон

Густариши шабакаҳои иҷтимоӣ бетардид бар рафтори афрод ва ҷомеаҳо таъсир гузошта ва интизороти онҳоро боло бурдааст. Имрӯза як шаҳрванд дигар худашро фақат бо муҳити перомунии худ муқоиса намекунад, балки худашро бо шаҳрвандони соири ҷомеаҳо ва кишварҳо муқоиса мекунад. Расонаҳои ҷамъӣ мисли Фейсбук ва Твиттер ба наҳви чашмгире огоҳии афрод дар бораи нобаробариҳои ҷаҳониро боло бурдааст.

Моҳи октябрро метавон моҳи эътирозҳо дар ҷаҳон номид. Аз оғози ин моҳ, чанд кишвар дар чанд қорраи ҷаҳон саҳнаи тазоҳурот ва эътирозҳои густурда буд. Ҳамаи ин тазоҳурот дар кишварҳои мухталифе баргузор шуданд, аммо мӯътаризон дар ҳамаи кишварҳо тақрибан шароити мушобеҳе доранд.

Шояд боризтарин тазоҳуроти моҳи октябр, дар Ироқ иттифоқ афтод, ки аз аввали ин моҳ шурӯъ шуд ва ба муддати як ҳафта идома ёфт.

Тазоҳуроти Ироқ; Муқтадо Садр дар як баёнияи оташин, мардуми Ироқро ба тазоҳурот фаро хонд

Тазоҳурот дар Ироқ ҳанӯз ба поён нарасидааст. Ҳамакнун бисёре аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ барои тазоҳуроти оянда барномарезӣ мекунанд ва дар ин замина фарохонҳое мунташир шудааст. Муқтадо Садр, раҳбари ҷараёни Садр дар як баёнияи оташин хитоб ба мӯътаризони Ироқ, мардуми ин кишварро барои ҳузур дар тазоҳурот фаро хондааст. Вай ҳамчунин гуфтааст, сиёсатмадорони Ироқ аз эҳтимоли ҳузури густурдаи мардум дар хиёбонҳо ваҳшатзада ҳастанд. Вазорати кишвари (дохилаи) Ироқ низ ба тамоми нерӯҳои таҳти амри худ дастури омодабоши 100 дарсадӣ дар ин рӯзҳо додааст.

Лубнониҳо ба фасоди ҳокимон ва сахтии зиндагӣ эътироз доранд

Сешанбешаб бори дигар лубнониҳо дар чанд шаҳри бузурги Лубнон ба хиёбонҳо рехтанд ва хостори беҳбуди авзоъи зиндагии худ шуданд. Эътирозоти Лубнон як ҳафта пеш дар эътироз ба таъйини молиёт бар муколимоти савтӣ мисли Вотсопп шурӯъ шуд ва ҳанӯз идома дорад. Бисёре аз нозирон тазоҳуроти Лубнонро аз назари иттиҳоди мардуми ин кишвар, ки мазоҳибу адёни гуногуне доранд, бесобиқа медонанд.

Давлати Саъд Ҳарирӣ барои ором кардани мӯътаризон, ислоҳоти иқтисодии густурдаеро эълом кард, ки шомили коҳиши 50 дарсадии ҳуқуқи мақомоти баландпоя, монанди раисиҷумҳур, намояндагони порлумон ва вазирон мешавад. Ҳарирӣ аз истеъфо худдорӣ карда ва бар зарурати анҷоми ислоҳоти иқтисодӣ таъкид кардааст.

Бо ин ҳол, мӯътаризон ислоҳоти Ҳаририро кофӣ надонистанд ва хостори тағйироти бештаре шуданд. Бархе низ ҳатто шиори барандозии кулли низоми Лубнонро сар доданд.

Тазоҳуроти мардуми Чилӣ дар эътироз ба фақр ва маҳрумият

Се кишвари Чилӣ, Экводур ва Буливӣ дар моҳи октябр шоҳиди эътирозоти хашмгине буданд. Ҳафтаи гузашта мӯътаризони хашмгин дар эътироз ба афзоиши кирояи ҳамлу нақли умумӣ, хиёбонҳои Сонтёгу, пойтахти Чилиро ба ошӯб кашиданд ва ба амволи умумӣ осеб заданд; амре, ки раисиҷумҳури ин кишварро маҷбур кард, ки дар кишвар вазъияти изтирорӣ (фавқулъода) эълом кунад.

Аввалҳои моҳи ҷорӣ, мақомоти Экводур низ барои маҳори эътирозоти хушунатомез ҳамин корро карданд. Дар пайи ҳазфи ёронаҳои сӯхт мардуми Экводур ба хиёбонҳо рехтанд ва тазоҳуроти хушунатомезеро барпо карданд.

Рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта, вақте раҳбари опозисиюни Буливӣ эълом кард, ки дар интихобот тақаллуб шудааст, хиёбонҳои ин кишвар ба саҳнаи даргирии тазоҳуркунандагон ва пулис табдил шуд. Мӯътаризон ба натоиҷи интихобот эътироз карданд ва ҳанӯз ба эътирозоти худ идома медиҳанд.

Тазоҳуроти Ҳункунг

Дар чанд моҳи гузашта, минтақаи Ҳункунг эътирозоти идомадореро таҷриба кард ва вазъият дар онҷо ҳанӯз ҳам шикананда аст. Иллати аслии ин эътирозот, ироаи як лоиҳаи истирдоди муҷримон ба Чин аст. Ин лоиҳа ба хотири эътирозот лағв шуд, аммо тазоҳурот ва нооромиҳо дар Ҳункунг идома ёфт. Бо ин ки Ҳункунг бахше аз хоки Чин ба ҳисоб меояд, аммо ҳункунгиҳо алайҳи Чин шиор доданд ва баъзан хостори ҷудоӣ аз ин кишвар шуданд.

Дар Борселун низ ҷудоиталабони минтақаи Котолуниё эътирозоти хушунатомезеро рақам заданд. Рӯзҳои шанбе ва якшанбеи гузашта мардуми Борселун дар эътироз ба маҳкумияти сангини 9 тан аз раҳбарони ҷудоиталабон тавассути Испониё тазоҳурот карданд ва бо пулис даргир шуданд.

Ҳамзамон бо тазоҳуроти Борселун даҳҳо ҳазор нафар дар эътироз ба хуруҷи Бритониё аз Иттиҳодияи Урупо, дар Ландан тазоҳурот карданд.

Тазоҳуроти ҷудоиталабони Котолуниё

Далели эътирозот

Ҳар кадом аз ин эътирозҳо ҷараққаи хосси худашонро доштанд, аммо ҳамагӣ норизоятиҳои мушобеҳе доштанд. Тақрибан дар аксари эътирозот мӯътаризон аз амалкарди давлатҳо ва сахтиҳои зиндагӣ норозӣ буданд.

Дар Экводур, Чилӣ, Лубнон ва Ироқ ва ҳатто Миср, эътирозоти ахир комилан далоили иқтисодӣ дошт. Мӯътаризон аз бекорӣ, сахтии зиндагӣ, фасоди иқтисодии сиёсатмадорон ва фуқдони хадамоти умумӣ ба сутуҳ омадаанд.

Бисёре аз мӯътаризон дар ин кишварҳо эҳсос мекунанд, ки онҳо барои муддати тӯлонӣ аз сарватҳои миллии худ маҳрум шудаанд ва дар фақру бадбахтӣ нигаҳ дошта шудаанд. Масалан, дар Чилӣ давлат кирояи ҳамлу нақли умумиро афзоиш дод. Ҳамин масъала хашми мардумро барафрӯхт. Давлат барои поён додан ба эътирозот, афзоиши қиматро лағв кард, вале тазоҳурот на танҳо камтар нашуд, балки бештар ҳам шуд. Яке аз донишҷӯёне, ки дар ин тазоҳурот ширкат кардааст, ба хабаргузории Ройтерз гуфт: “Ин як эътирозоти содда ба далели афзоиши билети метру нест. Ин саркӯб барои солҳо идома дошта ва ба фуқаро осеб задааст.”

Тазоҳуроти Экводур дар эътироз ба лағви ёронаҳои сӯхт

Бархе коршиносон мӯътақиданд, ки омилҳои иқтисодӣ, дар бурузи эътирозот дар ҷаҳон муассир будаанд, аммо ҳамаи эътирозот далоили иқтисодӣ надоштаанд. Дар ҳамин робита, Сергей Гурев, иқтисоддони собиқи “Бонки урупоии тавсиъа ва бозсозӣ” бо баёни ин ки ҷаҳони‎созӣ ва пешрафти фанноварӣ ба таври куллӣ нобаробариҳо миёни кишварҳоро ташдид кардааст, ба хабаргузории Ройтерз гуфт: “Ҳамаи эътирозоти феълӣ маншаи иқтисодӣ надоштаанд.”

Бархе дигар бар ин бовар ҳастанд, ки густариши шабакаҳои иҷтимоӣ ва иртибототи ҷамъӣ, бар рафтори ҷомеаҳо таъсир гузошта ва интизороти онҳоро боло бурдааст. Як фард, дигар худашро фақат бо муҳити перомунии худ муқоиса намекунад, балки худашро бо шаҳрвандони соири ҷомеаҳо ва кишварҳо муқоиса мекунад. Аз дидгоҳи Саймун Фринч, иқтисоддони Бонки бритониёии Panmure Gordon, расонаҳои ҷамъӣ ба наҳви чашмгире огоҳии афрод дар бораи нобаробариҳои ҷаҳониро боло бурдааст.

Бисёре аз фаъолони ироқӣ ва лубнонӣ вазъияти кишварашонро бо дигар кишварҳо муқоиса мекунанд ва аз фуқдони рифоҳ дар кишварашон гилоя мекунанд. Шабакаҳои иҷтимоӣ мисли Фейсбук ва Твитер фурсате барои пайванд додани мӯътаризон падид овардаанд. Ҳар бор, ки тазоҳурот дар Ироқ ва Лубнон баргузор мешавад, ҳазорон тасвиру филм аз таҳаррукоти лаҳза ба лаҳзаи мӯътаризон дар хиёбонҳо, дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир мешавад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.