Перейти к содержимому

“Исломи сиёсӣ”, тасаввуф, руҳониёни тоҷик

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Изҳори назар дар бораи як масъала аз сӯи мо, одамҳо, ғолибан ба се гуна қобили тасаввур аст. Як вақт ҳаст шумо, бо дар назар гирифтани воқеияти он масъала дар хориҷ аз зеҳнатон, яъне ҳамон тавр ки ҳаст, изҳори назар мекунед, бе он ки чизе аз пеши худатон бар он биафзоед ва ё пешфарзҳои зеҳниатонро дахолат бидиҳед. Як вақти дигар, дар партави пешфарзҳо ва тасаввуроти зеҳниатон аз он масъала, ки пешфарзҳое нодуруст ҳастанд, дар борааш изҳори назар мекунед. Ва як вақти дигар ҳам, шайтанат мекунед ва пеш аз изҳори назар, аввал ба дилхоҳи худ як тасвире аз он дар зеҳни хонанда тарсим мекунед ва сипас бар асоси ҳамин тасвире, ки худатон дуруст кардаед, дар борааш изҳори назар мекунед.

Фарқи севвумӣ бо дуввумӣ дар ин аст, ки дар дуввумӣ шумо шайтанат накардаед, яъне ғаразу маразе надоред, балки тасаввури шумо аз он масъала аз аввал нодуруст будааст ва дар ҳусули ин тасаввур дар зеҳнатон ҳам, шумо тақсиру кӯтоҳие надоред, аммо дар севвумӣ ин шумо ҳастед, ки аз аввал — амдан ва огоҳона – тасвире ғалат ироа мекунед, ва ҳамин тасвири ғалат ва иштибоҳиро асосу пояи довариҳои худ қарор медиҳед.

Як пажӯҳишгар ва касе, ки барои мақоми дониш арҷ мегузорад, воҷиб аст шева ва равишаш дар наққодиҳо ва изҳори назарҳо ва довариҳояш дар бораи масоил, гунаи аввалӣ бошад. Масалан, як пажӯҳшигар – ки бар фарз диндор бошад – агар бихоҳад дар бораи материализми диалектик изҳори назар кунад, ӯ аввал ин назарияро ҳамон тавр ки ҳаст ва ҳамон тавр ки Моркс, Энгелс, Ленин ва Плеханов шарҳу тавзеҳ додаанд, барои хонанда баён бидорад, сипас вақте дар зеҳни хонанда як тасаввури ҳадди ақал ибтидоӣ дар бораи ин назария ҳосил мешавад, он гоҳ ҳақ дорад изҳори назар кунад ва ба наққодии он бипардозад. Имом Фахри Розӣ чунин буд. Ӯ аз мухолифони фалсафаи синавӣ буд, аммо он ҷо, ки дар бораи масоили фалсафӣ изҳори назар кардааст, аввал онҳоро аз забони худи Бӯалӣ баён дошта ба гунае ки ҳатто худи Бӯалӣ – бо он баёни сангину душворфаҳмаш — чунон шуставу рӯфта баён надошта, сипас ба наққодӣ пардохтааст.

Ва як пажӯҳишгар ва муқаққиқи материалист ҳам бояд ингуна бошад. Ба унвони мисол, агар ӯ мехоҳад дар бораи тавассуф ё мактаби эътизол ва ё ашоъира (ва ё ҳар мактабе дигар) ва ё ҳатто дар бораи асли ислом ва Қуръон ва ҳазрати Паёмбар (с) изҳори назар кунад, ибтидо бояд барои хонанда аз забони худи соҳибони ин макотиб андешаҳояшонро баён бидорад, сипас агар нақде дошта бошад, ба наққодӣ бипардозад. Аз донишмандони муосири ғарбӣ, Вил Дуронт – таърихнигор ва файласуф – якчунин шевае дошт. Ӯ, ки як материалист ба тамоми маънои он аст, ҳар ҷо дар бораи ислом ва андешаҳои исломӣ изҳори назар кардааст, аввал онҳоро аз забони худи донишмандони мусалмон ва бо такя бар манобеи дасти аввал ва бидуни дахолат додани пешфарзҳояш, баён дошта.

Агар инсон дар баёни масоиле, ки ба онҳо мӯътақид нест ва аз онҳо хушаш намеояд ва онҳоро нодуруст мешуморад, шайтанат кунад яъне он масоилро ба дилхоҳи худаш шарҳу тавзеҳ бидиҳад ва ё ҳатто пешфарзҳо ва пешдодаҳои зеҳнии худро дахолат бидиҳад, ӯ дигар муҳаққиқ ва пажӯҳишгар нест, ҳарчанд унвони дуктурӣ ва ё ановини пуртамтароқе дошта бошад, ӯ як “шайтон” ба тамоми маънои калимаи шайтанат аст.

Хуб, он чи гуфта омадам, як муқаддима аст барои баёни матлабе, ки ҳаминак ба баёни он мепардозам.

* * *

Порае аз масоил, ва дар ҷомеаи мо, ҳастанд, ки воқеан нисбат ба онҳо беинсофӣ сурат мегирад, он ҳам аз сӯи афроде, ки худро “донишманд” мешуморанд. Дар ин навиштор, дар бораи се масъала сухан мекунам: “исломи сиёсӣ”, тасаввуф ва руҳонияти тоҷик.

1) “Исломи сиёсӣ”:

Корбурди иборати таркибии “исломи сиёсӣ” умри чандоне надорад. Ин иборат, ки дар ин рӯзгор зиёд ба кор бурда мешавад, сохта ва пардохтаи афроде аст, ки бо ислом сари хусумат доштанд ва то ҷое, ки медонам, барои нахустин бор аз сӯи коршиносони масоили исломии ғарбӣ ба кор бурда шуда, ва он ҳам замоне ки хилофати усмонӣ фурӯ рехт ва гурӯҳҳое дар ҷаҳони ислом (мисли Ихвонулмуслимин ва ғайра) таъсис гардиданд, ки хоҳони бозгашти ислом ба матни ҷомеа буданд. Касоне, ки ин иборатро ихтироъ карданд, онро дар мавриди ҳамин гурӯҳҳо ба кор мебурданд ва то ба имрӯз ба кор мебаранд.

Хуб, чаро ин иборатро ихтироъ карданд? Далелаш чист? Посух ин аст, ки ин кор аз сӯи онҳо бисёр ҳушмандона будааст. Зеро фарзашон ин будааст, ки дини ислом дар асл ва дар зоти худ, муқайяд ба қайди “сиёсат” нест, ва қайди сиёсат, қайде берун аз ҳақиқати ин дин аст. Дуруст мисли қайди “муҳандис будан” барои инсон. Зеро, инсон, дар зоти худ, муҳандис нест, қайди “муҳандис будан” берун аз зоти инсон аст, ба хилофи қайди “оқил будан” барои ӯ, ки як қайди зотӣ аст. Яъне мо наметавонем инсонеро тасаввур кунем, ки оқил набошад (оқил ба маънои мантиқии он, на ба маъное, ки дар миёни мардум роиҷ аст), аммо метавонем инсонеро тасаввур кунем, ки муҳандис набошад.

Ин ки дар садри ин ёддошт арз шуд, ки инсони боинсоф бахусус як пажӯҳишгар вақте бихоҳад дар бораи як масъала изҳори назар кунад, бояд он масъаларо ҳамон тавр ки ҳаст дар назар бигирад, на ин ки пешфарзҳои худро дахолад диҳад ва ё шайтанат кунад, дар масъалаи мавриди назар яъне дар ба кор бурдани иборати “исломи сиёсӣ” аз тарафи ӯ — бо ин фарз, ки қайди “сиёсат” қайде берун аз зоти ин дин аст – шайтанат кардааст. Зеро, вақте ту мехоҳӣ дар бораи ислом изҳори назар кунӣ, агарчӣ мӯътақид ба он набошӣ ва ё ҳатто бо он сари душманӣ дошта бошӣ, аммо ҳақ надорӣ ин динро он тавре ки дилат мехоҳад тафсир кунӣ, ин дуруст нест. Ислом ҳамон аст, ки чанду чунаш дар Қуръон баён гардида ва ҳамон аст, ки ҳазрати Паёмбар (с) бо гуфтору кирдору тақрираш ба намоиш гузошта. Ва сару кор доштан бо умури ҷомеа ва иҷтимоӣ будан ва сиёсӣ будан, дар зоти ин дин нуҳуфта. Воқеияти ин дин ҳамин аст, чӣ мо бихоҳем ва чӣ нахоҳем.

Хуб, ту инро дӯст надорӣ ва мавриди хушоянду писанди ту нест, хеле хуб, эроде надорад, ту метавонӣ бигӯӣ, ки ин дин бо ин ки дине иҷтимоӣ аст, аммо ман дӯст надорам, ки дин – ҳар дине — дар умури иҷтимоъ дахолат кунад. На ин ки шайтанат кунӣ ва бигӯӣ, ислом дар зоти худ коре ба кори сиёсат надорад, балки ин бархе мусалмонон ҳастанд, ки сиёсиаш мекунанд. Ин камоли беинсофӣ ва балки шайтанат аст, ки шоистаи як донишманд нест. Дар таърихи ислом буданд фармонравоёне, ки дӯст надоштанд ислом ба умури иҷтимоъ дахолат кунад — онҳо мусалмон буданд, аммо дӯст надоштанд дахолат кунад — онҳо нагуфтанд ислом дар зоти худ дине аст, ки коре ба кори сиёсат надорад, балки гуфтанд, ман намехоҳам феълан дин дар умури ҷомеа дахолат кунад. Акбаршоҳ, имперотури Ҳинд (аз наводаҳои Темур) як замон дид намешавад бо қавонини исломӣ Ҳиндустонро якпорча нигаҳ дорад, аз ин рӯ гуфт, феълан ба маслиҳат нест исломро дар масоили хурду бузурги ин малакат дахолат бидиҳем, аммо наёмад аз пеши худ исломро таҳриф кунад.

2) Тасаввуф:

Дар робита бо тасаввуф низ, аз сӯи ин афрод — ки иддаои “донишманд” будан ҳам доранд — изҳори назарҳои бепояву асос сурат мегирад. Ин афрод он чи аз мактаби тасаввуф медонанд, зоҳиран фақат марбут ба чанд омӯзаи ҷараёни “маломатия” будааст. Бинобар ин, огоҳона ё ғайриогоҳона, ҳар замон бихоҳанд дар бораи ин мактаби фикрӣ ва иҷтимоӣ изҳори назар кунанд, номи “маломатия”-ро пеш мекашанд.

Ва ин дар ҳолест, ки мактаби фикрӣ ва иҷтимоии тасаввуф, мисли ҳар мактабу ҷараёне дигар, фарозу нишебҳое дар тӯли таърихаш дошта ва дар байнаш аҳёнан гурӯҳҳое сар дароварда, ки воқеан ба инҳироф рафта буданд ва касе ҳам мункири ин воқеият нест. Аммо ин ки ту биёӣ ва дар бораи ҳамаи сӯфиҳо ва мактаби тасаввуф ҳукме воҳид содир намоӣ ва ҳамаро дар як дег бирезӣ, ин камоли беинсофӣ ва шайтанат аст. Ин кор шоистаи як донишманд нест.

Агар касе бихоҳад бо диде инсоф дар бораи ин мактаб изҳори назар кунад, наметавонад ҷуз ба некӣ аз он ёд кунад ва баҳо гузорад. Нақше, ки ин мактаб дар пешрафти ҷомеаи мо аз худ бар ҷой гузошта, ҳеч мактаб ва ҷараёне дигар нагузошта; дар ҳамаи ҷиҳот бахусус дар ҷиҳати пешрафтҳои илмӣ. Ба унвони намуна, ҷомеаи мо дар даврони фармонравоёни темурӣ – ки ҳама сӯфимаслак буданд ва идеулужии ҳоким тасаввуф буд — ҷомеае бисёр пешрафта буд. Феълан баҳси ман дар бораи зулму ситамҳое, ки Темур ва бархе аз фарзандонаш кардаанд нест, ки мабод як вақт лаб ба эътироз гушоед. Зулму ситаме, ки Темур карда, ҳаргиз қобили тавҷеҳ нест, балки баҳси ман дар бораи вазъияти ҷомеа дар даврони темуриён аст. Асосан, кадом силсила аст, ки зулму ситам накардааст?! Хонадони Сомонӣ, ки ба он ифтихор мекунем, оё дар миёни фармонравоёнаш золиму ситамгар набуд?! Буданд ва балки бештари фармонравоёни Сомонӣ золиму ситамгар буданд. Аз ин рӯ, хоҳиш мекунам арзам дуруст фаҳм бишавад. Улуғбек, ки як донишманд аст, сӯфӣ буд. Имперотурҳои темурии Ҳинд, ки пешрафти ҳосил дар он даврон бар касе пӯшида нест, ҳама сӯфимаслак буданд.

Намехоҳам беш аз ин миқдор дар бораи тасаввуф дар ин ёддошт бинависам. Дар як силсиламақолоти ҷудо таҳти унвони “Мо ва мактаби тасаввуф” дар ин бора баҳс оростаам, дар инҷо танҳо ба ҳамин андоза мехоҳам арз кунам, ки ин мактаб ва куллан сӯфиҳо хадамоти бисёр арзандае кардаанд, ки нодида гирифтани он, кӯрнамакӣ аст. Ҳатто дар истиқлолхоҳӣ ва дифоъ аз сарзамин, касе мисли сӯфиҳо барои сарзамини мо хидмат накардааст. Нигоҳе ба таърихи бузургони сӯфия чун Шайх Наҷмуддини Кубро ва Хоҷа Аҳрори Валӣ ва дигарон, ин муддаоро собит мекунад. Ба унвони намуна, Ҳалабӣ (с.140-141) дар бораи Шайх Наҷмуддини Кубро мегӯяд:

Чун чингизиён мехостанд Хоразмро тасхир ва хароб кунанд, хабар ёфтанд, ки ин марди сӯфӣ (Шайх Наҷмуддини Кубро) дар миёни хоразмиён аст… Қушуни Чингиз ва сарони ӯ ба ин фикр афтоданд, ки вайро аз ин вартаи бало бираҳонанд… Кас пеши ӯ фиристоданд ва паём доданд, ки мо азми разми аҳли Хоразм ҷазм кардаем ва бешак ба ёсо (муҷозот, кайфар) хоҳанд расид. Шайх бояд, ки аз онҷо берун ояд, то офате ба ӯ нарасад. Он ҷаноб дар ҷавоб фармуд, ки: маро дар ин шаҳр хешон ва мутаъаллиқон ва муридонанд. Пеши Худо ва халқ маъзур набошам, ки эшонро гузошта, берун оям. Боз хабар омад, ки Шайх бо даҳ каси худ аз хоразмиён дур шавад. Ҷаноби Шайх гуфт, ки: он ҷамоат аз даҳ зиёдаанд. Шоҳзодагон бори дигар пайғом доданд, ки бо сад нафар берун ояд. Ҷаноби шайх фармуданд, ки аз сад низ зиёдаанд… Ҷавоб омад, ки бо ҳазор нафар берун ояд ва ъинони азимат ба ин тараф маътуф созад…

Шайх гуфт: Чӣ гуна раво бувад, ки бо тоифае – ки дар эътиқоди иттиҳодӣ бошад – дар ҳолати амну сукуну оромиш аз ёрон мувофиқ бошам ва аз дӯстони содиқ ва дар вақти вуруди бало ва нузули қазо эшонро дар вартаи бало ва ъано бигузорам ва худ халос ва наҷот талабам? Муруввати ман ба хуруҷ аз шаҳр рухсат намедиҳад…

Шайх напазируфт ва муғулон ба даруни шаҳр рехтанд. Шайх Наҷмуддин бархоста, хирқаи худро дар бар афканда ва миён баст ва бағал пурри санг сохта, найзае ба даст гирифт ва рӯй ба ҷанги муғулон овард ва барояшон санг мезад, то сангҳое, ки дар бағал дошт, ҳама тамом шуд. Лашкари Чингиз он ҷанобро тирборон карданд. Як тир бар синаи муборакаш омад ва чун он тирро берун кашиданд, мурғи руҳаш ба риёзи биҳишт маъво гузид… Гӯянд, ки Шайх Наҷмуддин дар вақти шаҳодат парчам (мӯйи кокул)-и муғулеро гирифта буд ва пас аз он ки аз по дарафтод, даҳ кас натавонистанд он кофирро аз дасташ халос созанд ва оқибат кокули кофирро буриданд…” (Ҳалабӣ, с.140-141)

Намунаҳои зиёди дигаре ҳам ҳаст, ки дигар маҷоли баёни так-таки онҳо нест. Вақте болшевик ба сарзамини мо юриш овард, ин сӯфиҳо буданд, ки ба дифоъ аз сарзамини худ бархостанд. Шайх Шомил дар Қафқоз, ки ҳудуди 25 сол бо русҳои мутаҷовиз ҷангид, шайхи тариқат буд.

Инҳо ҳама гузашта аз ин аст, ки бештари бузургони адаби мо сӯфӣ ва аз шуюхи тариқат буданд. Ҳофиз, Саъдӣ, Мавлоно, Камоли Хуҷандӣ ва даҳҳо дигар аз мафохири ин миллат ҳама сӯфӣ буданд.

Инсон бояд боинсоф бошад, набояд кӯрнамак буд.

3) Руҳонияти тоҷик:

Руҳонияти тоҷик яъне муллоҳои тоҷик. Албатта, манзурам ҳамаи касоне, ки “мулло” хонда мешаванд нестанд, балки фақат афроде аз онҳо, ки воқеан шоиста аст ба номи мулло хонда шаванд, яъне босаводанд. Ин қишр, ҳадди ақал дар сад соли ахир, дар ҷомеаи мо яке аз мазлумтарини ақшори ҷомеа буданд ва зулму ситамҳое, ки ба онҳо шуда, бар аҳаде нашуда. Ҳамин қишр буданд, ки дар оғози ишғоли болшевик, дар канори озодихоҳон қарор гирифтанд ва дар мавориде онҳоро раҳбарӣ мекарданд ва ба дифоъ аз сарзамини худ бапо хостанд. Бо ишғоли сарзаминамон ба дасти болшевик, аксари муллоҳо ё эъдом шуданд ва ё ба Сибир табъид (бадрақа) гардиданд ва ё ба зиндон андохта шуданд ва ин зулму ситам то поёнҳои фурӯпошии Шӯравӣ идома пайдо кард. Ба унвони мисол, зулму ситаме, ки ба муллоҳое мисли Мавлавӣ Ҳиндустонӣ шуда, ба касе нашуда. Ва дар даҳаи 80-уми қарни пешин, агар касе ба ҷурми озодихоҳӣ ва истиқлолталабӣ ба зиндон рафт, аз ҳаминон буд, касе мисли Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва шогирдонаш. Бо фурӯпошии Шӯравӣ ва истиқлоли кишвар ва сари кор омадани ҳукумати феълӣ низ, боз ҳаминон мавриди зулму ситам қарор гирифтанд, ин бор ҳам ба хотири озодихоҳӣ ва истиқлолталабиашон. Оё касе метавонад мункири ин воқеият бошад? Агар тардид дорад, саре ба зиндонҳо бизанад ва бибинад, ки аксари зиндониёни сиёсӣ чӣ касоне ҳастанд.

Ин аст воқеияти вазъи руҳонияти тоҷик дар ҷомеаи мо, лоақал дар сад соли ахир. Бинобар ин, воқеан таассуфовар аст, ки бархе аз ба истилоҳ, “донишмандон”, бар пояи пешфарзҳои зеҳнии худ, аз ин қишри мазлум ва ситамдида “деву ғулҳое” бисозанд, ки ҳеч рӯшанфикре ҳақ надорад ҳарфе ва ё мақолае дар дифоъ аз онҳо бинависад, ки агар навишт, дигар аз ҷиргаи “рӯшанфикрон” берун хоҳад шуд! Оё ин беинсофӣ нест?! Оё ин навъе шайтанат нест?!

Саломат бошед!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: